Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Масхаранакардани ҳамсар дар Қуръон

Масхаранакардани ҳамсар дар Қуръон

Rate this post

Ҳушдори Қуръон дар бораи масхара кардани ҳамсар

Интиқоди зан ва мард аз якдигар дар зиндагии муштарак бояд тавре анҷом бигирад, ки шахсияти тарафи муқобил поймол нагардад ва ин амр вақте амали мешавад ки шахси интиқод кунанда дар дараҷаи аввал, камолот ва фазилатҳои интиқод шавандаро мавриди таид ва пазириш қарор бидиҳад ва пас аз он аз амале ки анҷом дода, савол намояд.

Фаромуш накунем ки ҳамаи афроди инсони чи бузург ва чи майда, деҳоти ё шаҳри, бесавод ва босавод, фақир ва бой ва зан ва мард дорои шахсият ҳастанд. Зеро ҳар кас билфеъл камолоте дорад ва дар айни ҳол мекушад то фазилатҳои дигареро ба даст оварад.

Имом Содиқ(а) аз Расули Худо(с) нақл карданд ки он ҳазрат дар бораи инсонҳо фармуданд:

“Инсонҳо ҳамонанди маъданҳои гаронбаҳо ва арзишманд ҳастанд бинобар ин тамоми афроди инсони дорои арзиш ва шасхият ҳастанд ва ҳаргиз ҳеҷ инсоне набояд таҳқир шавад.”

Парвардигори Мутаол дар ояти 70 сураи Исро ба суратҳои гуногуне каромат ва шарофати инсонро бозгу карда ва мефармояд:

“Фарзандони одамро гироми доштем ва дар хушки ва дарё бар нишондем ва аз чизҳои покиза рӯзиашон додем ва ононро бар бисёре аз офаридагони хеш бартари бахшидем.”

Бидуни тардид инсонҳо ниёзманди ҳифзи шахсияти хеш ҳастанд ва ҳамаи афрод дуст доранд рафтор ва кирдорашон мавриди таиди дигарон қарор гирад чаро ки таид шудан аз сӯи дигарон ба одами ҷони тозае мебахшад. Аммо нуктаи бисёр зариф ва ҳассосе ки навъан аз он ғафлат дорем ин аст ки тамомияти вуҷуди ҳар фард вобаста ба шахсияти ӯст; яъне агар шахсияти фарде зарбае бубинад ҳамаи ҳастии худро аз даст медиҳад ва агар чи аз назари зоҳири ҳамонанди дигар афроди зинда роҳ меравад ва сухан мегуяд, вале пуёӣ, таҳаррук ва ибдоъ дар ӯ мушоҳида нахоҳад шуд, зеро чунин инсоне мавҷудияти худро аз даст дода аст.

Бинобар ин барои тавсеа ва густариши фаолиятҳо ва талошҳо аввал бояд инсонҳоро маҳфуз дошт, чаро ки адами таваҷҷуҳ ба ин нуктаи муҳим хатароти ҷуброннопазир ба иҷтимоъ ворид мекунад.

Яке аз масъалаҳои асоси ва бисёр ҳассос ки риояти он дар зиндагии хонавода лозим ва зарури ба назар мерасад, ҳифзи шахсияти зан ва мард тавассути якдигар аст. Зан ва мард ба хотири истеҳкоми хонавода ҳар ду вазифадор ҳастанд ҳурмати якдигарро ҳифз кунанд ва ҳаргиз рӯ дар рӯи якдигар қарор нагиранд, зеро душвориҳои хонаводаги вақте оғоз мегардад ки зану мард дар баробари якдигар истода ва пардаи ҳурмат аз миёни онон бардошта шавад. Ошкор аст ки бисёр зариф ва дақиқ аст ва ҳунарманди ва ҳушманди лозим дорад.

Дар зиндагии хонаводаги низ иртибот байни зан ва мард бояд ба гунае танзим шавад ки зимни вуҷуди самимият ва сафо шахсияти тарафайн ҳифз гардад барои вусул ба ин ҳадаф зану мард муваззаф ҳастанд аз анҷоми ҳаргуна рафторе ки ононро ру дар рӯ қарор медиҳад, ба таври ҷидди парҳез кунанд. Дар ин замина ба нуктаҳои зер муфид ва созанда ба назар мерасад:

Яке аз масъалаҳои хатарноке ки дар бархе аз хонавода ривоҷ дорад, ҷангу ҷидоли зану мард бо якдигар аст. Гоҳ зану шавҳар дар бораи мавзуи бисёр майда ва кучак соатҳо бигу магу мекунанд, ки камтарин зиёну зарар ингуна бархурдҳо ин аст ки сафо ва самимияти хонаводаги зарба мебинад ва кина ва душманиро дар дили ҳар дуи онҳо ба вуҷуд меоварад.

Омили дигаре ки кина ва душманиро дар дилҳо мекорад, интиқодҳои кубанда ва таҳқиркунанда ва гоҳан ҳамроҳ бо масхара кардан аст. Дар мавориде мард ҳамсарашро мекубад ва мутақобилан зан ҳам шавҳарашро шадидан мавриди интиқод ва масхара қарор медиҳад. Ошкор аст дар ингуна маворид дар дараҷаи аввал ҳурмат ва шахсияти тарафайн аз байн меравад ва дар дараҷаи дуввум руҳият лаҷоҷат дар зан ва мард ба вуҷуд меояд.

Ногуфта намонад ки манзур ин нест ки зану мард дар баробари хатоҳои якдигар бетафовут ва хомуш набошанд, балки ҳадаф ин аст ки интиқоди зану мард аз якдигар бояд тавре анҷом бигирад ки шахсияти тарафайн поймол нагардад ва ин як воқеият аст ки шахси интиқодкунанда дар дараҷаи аввал, камолот ва фазилатҳои интиқод шавандаро мавриди таид ва пазириш қарор бидиҳад ва пас аз он амале ки анҷом дода, савол намояд.

Дар натиҷаи иртиботи зану мард дар муҳити хонаводаги низ бояд зимни бархурдори аз сафо ва самимият, ҳамроҳ бо эҳтиром ва такрим бошад. Зану мард бояд ҳамдигарро бо эҳтиром бар забон оваранд ва аз ба кор бурдани калимаҳое ки далолат бар тавҳин ва иҳонат мекунад ҷиддан худдори намоянд ва ба хотир дошта бошем ки номи як шахс барои ӯ ширинтарин ва муҳимтарин калимаҳо дар ҳамаи забонҳост.

Инҳо дар ҳоле аст ки бар асоси таолими дини Ислом, таҳқир ва тамасхури ҳеҷ инсоне ҷоиз нест.

Аз нигоҳи Қуръон тафовут намекунад ки фарди мавриди таҳқир ва тамасхур хеши худи инсон, ё хеши ҳамсар ва ё дигарон бошанд. Қуръони Карим дар наҳйи таҳқир ва тамасхури дигарон мефармояд:

یا أَیُّهَا الَّذینَ آمَنُوا لا یَسْخَرْ قَوْمٌ مِنْ قَوْمٍ عَسى‏ أَنْ یَکُونُوا خَیْراً مِنْهُمْ وَ لا نِساءٌ مِنْ نِساءٍ عَسى‏ أَنْ یَکُنَّ خَیْراً مِنْهُنَّ وَ لا تَلْمِزُوا أَنْفُسَکُمْ وَ لا تَنابَزُوا بِالْأَلْقابِ بِئْسَ الاِسْمُ الْفُسُوقُ بَعْدَ الْإیمانِ وَ مَنْ لَمْ یَتُبْ فَأُولئِکَ هُمُ الظَّالِمُون»؛1

“Эй касоне ки имон офардаед! Набояд гуруҳе аз мардони шумо гуруҳи дигарро масхара кунанд, шояд онҳо аз инҳо беҳтар бошанд ва на заноне занони дигарро, шояд онон беҳтар аз инон бошанд ва якдигарро мавриди таън ва айбҷуи қарор надиҳед ва бо лақабҳои зишт ва нописанд якдигарро ёд накунед, бисёр бад аст ки бар касе пас аз имон номи куфромез бигузоред ва онҳо ки тавба накунанд, золим ва ситамгаранд!”

Хитоби ин оят ҳамаи муъминонанд, аам аз мардон ва занон, ин оят дар мақоми баён яке аз одоби муошират аст ва он ин ки аҳли имон якдигарро ба масхара нагиранд ва дар гуфтугу ва рафтор ҳамдигарро сабук нашуморанд ва масхара нанамоянд ва ҳамвора дар назар дошта бошанд имкон дорад ки он шахсе ки ӯро масхара намуда ва сабук шумурдаанд дар воқеъ ва назди Парвардигор беҳтар ва гиромитар бошад.

Беҳтарин муошират бо ҳамсар

Илова бар инки масхара кардани ҳамсар ҷоиз нест, асосан дар омузаҳои дини тавсея шуда аст ки бо ҳамсаронатон ба беҳтарин равиши муоширад дошта бошед:

«… وَ عاشِرُوهُنَّ بِالْمَعْرُوفِ فَإِنْ کَرِهْتُمُوهُنَّ فَعَسى‏ أَنْ تَکْرَهُوا شَیْئاً وَ یَجْعَلَ اللَّهُ فیهِ خَیْراً کَثیرا]2]

“Ва ба онон (занон) ба некуи рафтор кунед. Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чи басо чизҳо ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле ки Худо хайри касире дар он ниҳода бошад.”

Бинобар ин, масхара ва таҳқири ҳамсар бо ин тавсеяи Қуръони ҳамхони надорад ва усулан чунин рафторе бо оромише ки далели аслии издивоҷ аст мунофот дорад:

وَ مِنْ آیاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَکُمْ مِنْ أَنْفُسِکُمْ أَزْواجاً لِتَسْکُنُوا إِلَیْها وَ جَعَلَ بَیْنَکُمْ مَوَدَّةً وَ رَحْمَةً إِنَّ فی‏ ذلِکَ لَآیاتٍ لِقَوْمٍ یَتَفَکَّرُون»[3]؛«[

“Аз нишонаҳои қудрати ӯст ки ҳамсароне аз ҷинси худатон бароятон офарид то ба онҳо ором гиред ва дар миёнатон дусти ва меҳрубони ба вуҷуд овард, ба рости ки ин ибрате аст, барои онон ки меандешанд.”

———————————————————-

[1] Сураи Ҳуҷурот, ояти 11.

[2] Сураи Нисо, ояти 19.

[3] Сураи Рум, ояти 21.

Манбаъ:Тоҷикон