Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Кабирӣ: “Ваҳдат, ниёзи аввалини ҷаҳони Ислом ва мусалмонон”

Кабирӣ: “Ваҳдат, ниёзи аввалини ҷаҳони Ислом ва мусалмонон”

Rate this post

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар гуфтугӯ бо шабакаи “Хабар”-и Эрон, бо ишора ба инки ниёзи аввалини ҷаҳони Ислом ва мусалмонон ваҳдат аст, гуфт: “Шояд баъзе дӯстон бигӯянд, ниёзи аввалияи мо пешрафти илмист ё текнулуҷиву иқтисоду иҷтимоъиёт. Ин комилан дуруст аст, вале ҳеҷ кадоме аз инҳо бидуни ваҳдат миёни мусалмонон ба даст намеояд.”

Вай афзуд: “Агар воқеъан мехоҳем, ки мусалмонон табдил ба миллат ё уммати пешрафта, аз ҷиҳати иқтисодиву техноложӣ ва илмиву фикрӣ бошанд, пеш аз ҳама бояд дунболи ваҳдат бошем, низоъу ҷанҷолҳо ва кашмакашҳои дохилиро аз байн бубарем. Ин худ заминаи рушди иқтисодиву илмӣ ва фарҳангиро барои уммати исломӣ муҳайё хоҳад кард.”

Ба гузориши сойти ҲНИТ, машрӯҳи ин гуфтугӯ ба шарҳи зайл аст:

– «Маҷаллаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз». Дар меҳмонии мо ҷаноби устод Кабирӣ ҳастанд, раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки ишон даъватшудаи вижаи конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ дар Теҳрон буданд ва лутф карданду дар барномаи “Маҷаллаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз” ҳам ҳузур пайдо карданд. Ба ишон салом мегӯем ва арзи табрики айёми милоди Паёмбар (с)- ро дорем.

– Саломат бошед, дуруд бар Шумо ва бинандагони барномаи «Маҷалаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз»

– Ҷаноби устод Кабирӣ! Имрӯз аз ваҳдати исломӣ ба унвони аслитарин ниёзи ҷавомеъи мусалмонон ёд мешавад. Шумо пояҳои асосии шаклгирии ваҳдат миёни мусалмонон ва авомили таквияти онро дар чӣ медонед?

– Бимиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Қабл аз ҳама ташаккур мегӯям барои ин фурсат ҷиҳати каме рушантар кардани вазъият дар Осиёи Марказӣ, ки барои мо ва фикр мекунам барои бинандагон ҳам хеле муҳим аст.

Назари мо ин аст, ки ниёзи аввалини ҷаҳони Ислом ва мусалмонон ваҳдат аст ва ин ҳама як пайкара ва ҷисмеро мемонад, ки агар захме ба вуҷуд омад, аз тамоми бадани он хун мешорад, ҳол зарбаҳои зиёде ба ин бадан зада мешавад. Ба ин хотир, пеш аз ҳама бояд ин ҷисмро муъолиҷа кунем ва доруе ҷуз ваҳдат барои ин бадани захмин вуҷуд надорад.

Дуруст аст, ки ҷаҳони Ислом, шояд аксари мусалмонони ин маҳдуда дар холати фақру камбизоъатӣ ва ақибмондагии техноложӣ ва илмӣ зиндагӣ мекунанд, албатта дар муқоиса бо дигар ақвому манотиқи ҷаҳон.

Шояд баъзе дӯстон бигӯянд, ниёзи аввалияи мо пешрафти илмист ё текнулуҷиву иқтисоду иҷтимоъиёт. Ин комилан дуруст аст, вале ҳеҷ кадоме аз инҳо бидуни ваҳдат миёни мусалмонон ба даст намеояд. Агар воқеъан мехоҳем, ки мусалмонон табдил ба миллат ё уммати пешрафта, аз ҷиҳати иқтисодиву техноложӣ ва илмиву фикрӣ бошанд, пеш аз ҳама бояд дунболи ваҳдат бошем, низоъу ҷанҷолҳо ва кашмакашҳои дохилиро аз байн бубарем. Ин худ заминаи рушди иқтисодиву илмӣ ва фарҳангиро барои уммати исломӣ муҳайё хоҳад кард.

Ҳоло суоли калидӣ ин аст, ки чӣ тавр метавонем ба ваҳдати мусалмонон бирасем? Оё бо шиорҳо ваҳдатро ба даст овардан мумкин аст?

Мутаассифаона, мо мусалмонон, ба хусус пеш аз ҳама уламо ва нухбагони сиёсиву фикрӣ бештар шиорпартоӣ мекардем, ҳоло вақти он расидааст, ки аз шиъор ба амал бигзарем.

Ҳар кас аз худ суол кунад, ки шахсан худам, ҳизби ман, гурӯҳу ҷамоъатам ва тоифае, ки ҳамроҳи онҳо ҳастам, барои расидан ба ваҳдат чӣ кореро анҷом додам? Агар суннимазҳабам, барои ба вуҷуд овардани итминоне дар фикру қалби бародари шиъа чӣ кор кардам ё бародари шиаии ман аз худ суол кунад, ки чӣ кор кардаву чӣ қадаме гузоштааст ба тарафи бародарони сунниаш ё мазҳабҳои дигар, ки ин ваҳдат ба вуҷуд биояд?

Назари ман ин аст, ки конфронсе, ки мо дар он ҳузур доштем, аз конфронсҳои қаблӣ фарқ мекард, чун эҳсос мешуд, ки ҳама дарк карданд ва олами Ислом ниёз ба иқдомҳои мушаххас дорад. Феълан Сурия мушкиле дорад, Мисру Яман, Афғонистон ва Ироқу Лубнон ҳам. Пас бояд бинишинему суҳбатҳои ҷиддӣ дошта бошем ва ҳеҷ мушкиле надорад, агар камбудиҳои якдигар, ҳатто агар Худое нокарда нороҳатиҳое аз ҳамдигар дошта бошем, онҳоро дар рӯ ба рӯ бигуем. Вале матраҳ кардани масъала бояд холисона бошад, он ҳам паси мизи гуфтугӯ.

– Дар ростои ислоҳ бошад.

– Бале, ба хотири ислоҳ ва ҳамбастагӣ бошад.

– Ҷаноби устод Кабирӣ! Аз иқдомоти асосӣ барои уммати воҳидаи ҷаҳони Ислом фармудед. Фикр мекунед, асоситарин иқдом чӣ метавонад бошад, ки мо даст пайдо кунем барои уммати воҳида?

– Бибинед, мо дирӯз суханони оқои Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Иронро шунидем ва дар хидмати Мақоми муаззами ҶИИ будем. Ин бисёр фурсати хуб аст, як кишваре бо роҳбарияташ омода бошад пружаи гуфтугӯ ва гуфтумони дохилихонаводагиро шурӯъ кунанд. Бояд олами Ислом ҳам аз ин фурсат истифодаи дуруст карда бошад, ба хусус неруҳои муътадил, онҳое, ки воқеъан мехоҳанд ихтилофоти дарунии олами Ислом аз байн биравад, бояд аз ин фурсат хуб истифода баранд. Вале бо вуҷуди ин ҳама иқдомҳое ки ҶИИ карда истодааст, ба назарам ҳанӯз ҳам кофӣ нестанд, бояд каме бештар ва бо имконоти бештар ба ин самт ҳаракат кард.

– Ҷаноби Кабирӣ, шумо аз гуфтугӯи дохилихонаводагӣ алъон ишора ва суҳбат кардед. Мехоҳам бипурсам, ки назари Шумо дар хусуси нақш ва саҳми уламову нухбагони сиёсӣ ва шахсиятҳои бонуфузи илмӣ, фаҳангӣ, ҳатто сиёсӣ дар ба ваҳдат расидани мусалмонҳо чӣ метавонад бошад?

– Бубинед, уламо ва нухбагони олами Ислом то имрӯз бештар талош мекарданд, ки пешво, ҳатто қаҳрамони як тоифаи худ бошанд. Барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ талош мекарданд, ки на дар заминаи пуштибонӣ аз ваҳдат, балки пуштибонӣ аз тоифаи худ онро ба даст биёранд. Масалан, барои як нафар душвор нест, ки пешвои як тоифа бошад ва кофист интиқоди бештар фиристодани тарафи дигар ва табдил шудан ба қаҳрамон. Вақти он расидааст, ки уламо бо намояндагӣ аз уммати исломӣ сӯҳбат кунад на бо намояндагӣ аз тоифа ва ё гурӯҳу мазҳабе.

– Ҳатто набояд марзҳои сиёсӣ қоил бишавем барои дифоъ аз ваҳдати мусалмонҳо.

– Бубинед, шарт нест, ки мо ҳамаи мусалмононро якранг бикунем, ба хотири ин ки ба ваҳдат бирасанд, ҳама ба як мазҳаб гароиш дошта бошем, дар як масҷид намоз бихонанд ё ба як шакл намоз бихонанд.

– Дар бораи ҷаҳони Ислом суҳбат мекунем.

– Мо якдигарро эҳтиром кунем. Дуруст аст, мани суннии ҳанафӣ дар паҳлуям як бародари шофеъӣ, ҳанбалӣ, ҷаъфарӣ ва ҳар нафари дигарро дорам, ин қадами аввал аст, ки онро эътироф кардам ва эҳтиром ба ҷо овардам. Табиист, ки интизор дорам тарафи дигар ҳам айни ҳамин фарҳангро дошта бошад. Ҳарчи бештар уламо аз худ эҳтиром ва эътирофи тарафи дигарро нишон бидиҳанд, ки таъсири худро болои мардум ва пайравонашон хоҳад гузошт.
Дуруст аст, ки ҷаҳони Ислом аз лиҳози сиёсӣ, як кишвар ва як низоми малакаист. Мутаассифона, қисме аз он ҳанӯз ҳам таҳти тасаллути низомҳои диктатурӣ қарор дорад. Бояд талош кунем, ки миллатҳои мусалмон дар як шароити беҳтару хубтар аз лиҳози сиёсӣ ба сар баранд, то ин ки заминаи сиёсии ваҳдат ҳам ба вуҷуд биёяд. Имкон надорад, ки як миллати мазлуму мустазъаф ва дар шароити сахти диктатурӣ қарор доштаро даъват кунед ба сӯи ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ. Лизо ин ваҳдату якдигарфаҳмӣ танҳо дар шароити боз, демокросӣ ва мардумсолорӣ ба даст меояд.

– Бисёр хуб, ҷаноби устод. Қабл аз ин ки биравем ба иттифоқи якдигар. Мехоҳам инро бидонам, ки Шумо зоҳиран барномаи «Маҷаллаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз»-ро дар кишвари худ пайгирӣ мекунед?

– Бале, мебинам.

– Онро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Бибинед, баҳсҳои хуберо шуруъ кардаед ва аз мутахассисони дохиливу хориҷӣ даъват сурат мегирад, онҳо касонеанд, ки воқеъан минтақаро хуб мешиносанд. Масалан, дар ин авохир суҳбати оқои Иброҳимиро дар маҷаллаи Шумо пайгирӣ кардам, ишон дар Маскав масъули Ройзании фарҳангӣ буданд ва шинохти хеле хуб аз минтақа, на танҳо аз Осиёи Марказӣ, балки аз Маскав ва дигар манотиқ ҳам доранд. Фикр мекунам, барномаи Шумо метавонад, натанҳо дар рушан кардани вазъияти Осиёи Марказӣ саҳм бигирад, ҳам ҶИИ огоҳӣ пайдо кунад ва ҳам ин кишвар ба Осиёи Марказӣ муаррифӣ шавад, ки ҳатман «Маҷалла» бинандагони зиёдеро дар ин мантақа ба даст хоҳад овард.

– Сипосгузорам аз ин ки барномаи моро ҳамроҳӣ мекунед. Имрӯз Осёи Марказӣ ва Қафқози ҷанубӣ бо фурсату таҳдидҳои хосе мувоҷҷеҳ шудааст, аз як сӯ мавҷи алоқамандон ба Исломи азиз дурнамои рушанеро навид медиҳад, аз сӯи дигар таҳарруки ҷараёнҳои ифротгароёна бо пӯшиши дин, таҳдиди хатарнок ба баданаи миллат ва кишвари мусалмонҳо дорад. Ба назари Шумо чӣ авомиле монеъ аз рушду таҳарруки ҷараёнҳои ифротӣ дар ин мантақа мешавад?

– Воқеъан, баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ як фурсати бисёр хубе барои миллатҳои Осёи Марказӣ ва Қафқоз ба вуҷуд омад, ки давлатҳои миллии худро бисозанд ва дар ин замина фарҳанги миллӣ ва рушди баъдиеро ҳам пайдо намоянд. Вале мутаассифона, равандҳои баъдӣ нишон дод, ки ҳукуматҳои ба сари қудрат омада, тақрибан идомаи нухбагони замони Шӯравӣ будаанд. Онҳо ҳеҷ тағйироти ҷиддиеро дар равиши давлатдорӣ ворид накарданд ва неруҳои муътадили исломиву миллиро ҷазб карда натавонистанду аз онҳо дар бунёди давлатҳои миллӣ истифода набурданд, ки ин боиси боз гаштани барои неруҳои ифротӣ гардид. Табиъист, ки насли ҷавон дар ҷустуҷӯи ҳувийяту ҳайсияти миллӣ ва мазҳабии худ буд, вале чунин шароит барои рушди онҳо пайдо нашуд, дар натиҷа бисёре аз ҷавононро ба тарафи ифротгароӣ кашонд. Мутаассифона, вақте имрӯз оморро мебинем, масалан дар Покистону Афғонистон, ҳатто дар Сурия ҳам иддае аз ҷавонони ин минтақа меҷанганд. Онҳо маъмулан касонеанд, ки натавонистанд аз лиҳози иқтисодӣ, илмӣ ва динӣ худро дар ватанашон бисозанд, барои андешаҳои худ ҷо пайдо намоянд. Чунин шароит онҳоро ба тарафи ифротгароӣ кашондааст.

Фикр мекунам, монеъи аслӣ барои рушд пайдо накардани ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ додани фурсатҳои бештар ба ҷавонон буда метавонад. Фароҳам сохтани шароити бештар барои мардумсолорӣ ва ширкати мардум дар равандҳои сиёсӣ ва дар таъини тақдири хеш. Чӣ гуна метавон дар бораи пешгирии ифротгароӣ суҳбат кард, вақте интихоботҳои озоду шаффоф маъмулан вуҷуд надоранд ва ҳеҷ механизми маъмулии рушди давлат, ки дар кишварҳои пешрафта ҳаст, мисли интихоботҳои озод, плюрализми сиёсӣ ва фикрӣ. Инҳо мутаассифона, вуҷуд надоранд ва қисме аз ҷавонон роҳи наҷотро истифода аз хушунатҳо мебинанд. Наҳзат борҳо даъват кардааст, дар парлумон ва нишасту минбарҳои дигар, ки роҳи ягона муколама аст. Нухбагони сиёсӣ, ба хусус ҳукуматдорон бишинанд паси мизи музокирот бо неруҳои аслӣ ва муътадили исломӣ, либерол-демокроту миллатгаро. Танҳо дар як раванди маслиҳатомез ва гуфтугӯ масъалҳоро ҳаллу фасл кардан мумкин аст. Ба ҷавонон бояд умед бахшид, ки роҳи халосӣ аз мушкилот ҳаст. Наҷот танҳо дар истифодаи силоҳу хушунат нест, интихобот ҳаст, илму таълим ҳаст.

Бале, майдон барои баҳс вуҷуд дорад, метавон бахши зиёде аз ин идда ҷавононро аз роҳи хушунату зӯргӯӣ баргадонд.

– Пас дар воқеъ, иртиботи мустақим ва наздик бо ҳамаи мардум ва гурӯҳҳои сиёсиву динӣ фикр мекунед асоситарин роҳ бошад барои рушди ин кишварҳо, то ба Исломи ноб даст пайдо бикунанду аз ифротгароӣ пешгирӣ карда тавонанд? Бисёр хуб, ҷаноби устод Кабирӣ, дар мавриди нақши уламо ишороте фармудед. Аммо ба назари Шумо бо дарназардошти вижагиҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мухолифати мавҷуд бо уламо арз бикунам, ки давлатҳо ва ҷараёнҳои иҷтимоъӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ то чӣ андоза дар тақвияти фурсатҳо ва ноком гузоштани таҳдидҳо дар минтақа муассир буда метавонанд?

– Бубинед, вақте дар бораи нақши уламо ва пешвоёни мазҳабӣ суҳбат мекунем, бояд аввал ин масъала таъриф ва мушаххас шавад, ки уламо гуфта чӣ касеро дар назар дорем? Маъмулан пешвои рӯҳонӣ ё динӣ ва уламо касеро мегӯянд, ки мардум ба таври табиъӣ ба тарафи онҳо майл доранду қалбан эътироф мекунанд. Имон ба он доранд, ки дар рӯ ба рӯи онҳо олим ва пешвое ҳаст, ки ба саволҳо ҷавоб медиҳад ва ба ҷавобҳо эътимод доранд. Вале, мутаассифона, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, масъулини динӣ, ба хусус уламо, агар ин истилоҳ дуруст бошад, барои истифода бурдан аз тарафи ҳукуматҳо таъин мешаванд ва ё онҳоро болои мардум ба навъе таҳмил мекунанд. Ҳамин гуна «бозӣ»-ҳоянд, ки имом хатиб ва уламоро мардум, ба хусус ҷавонон эътиқодан ҳамчун олиму пешво қабул надоранд ва ҳатман суроғи пешво ва раҳбари дигаре мераванд. Мутаассифона, гоҳо дар домани онҳое меафтанд, ки андешаҳои тунду ифротӣ доранд.

Пас ҳукуматҳо бояд ин роҳро ба таври табиъӣ фароҳам намоянд, ки ҷомеъа ва худи раванд пешво ва роҳбари диниро ба вуҷуд биёрад ва мардум аз ӯ ҳарфшунавӣ дошта бошанд. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, хушбахтона, ин гуна уламо вуҷуд доранду пешвоёне ҳастанд. Вале ҷои таассуф аст, ки на ҳамаи онҳо масъулияти расмӣ доранд, то умури диниро танзим кунанд, ҳамаи онҳоро кашонданд ба ҳошия бо сабабҳои гуногун. Масалан, баъзе аз ҳукуматҳо дар Осиёи Марказӣ аз пешвоёни қавии динӣ ҳарос доранд, ки онҳо дар як ҳолат ва муддате метавонанд пешвои асил қарор бигиранд. Чун ҳукуматҳо талош доранд, ки натанҳо роҳбари сиёсӣ бошанд, балки дар баробари ин роҳбари иқтисодиву фикрӣ ва динӣ ҳам бошанд.

– Яъне ҳокимони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳарос доранд аз алоқамандии мардуми хеш бо раҳбарони динӣ?

– Бале, ҳарос доранд, албатта, ин масъала дар ҳамаи кишварҳои минтақа яксон нест. Масалан, феълан дар Қирғизистон ва то ҷое дар Қазоқистон майл доранд, ки олимони обрӯманди мазҳабиро биёранду матраҳ кунанд ба ҷомеа, то мардум ба онҳо эътиқод кунанду аз пайравӣ бо шахсиятҳои машкук худдорӣ варзанд. Вале дар баъзе кишварҳо мутаассифона, шахсияту пешвоҳои воқеъии динӣ ба таври сунъӣ ба ҳошия кашонда шудаанд ва болои мардум нафарҳоеро ҳамчун пешво таҳмил мекунанд, ки мардум аслан ба онҳо эътиқод надоранд. Ин худ боис шудааст ки халое ба вуҷуд биёяд дар фарҳанги раҳбарӣ ва дар мафҳуми пешвои динӣ. Иддае аз ҷавононро ҳамин омил, ҷустуҷӯи раҳбар ва пешво ба домани шахсияту созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ бурдааст.

– Ҷаноби устод Кабирӣ, воқеъаҳои ахир дар Қафқози ҷанубӣ ба назари Шумо наметавонад барои ҳукуматҳо ҷиҳати ҷилавгирӣ аз рафторҳои ифротгароёна дар мантақа бошад?

– Бубинед, ман он чизе ва ҳодисаеро, ки дар Қафқози ҷанубӣ ахиран рух дод, онро як набарди абарқудратҳо дар минтақа медонам.

– Муқобилаи блокҳои Шарқу Ғарб?

– Бале, Ғарб ҳам барои пайдо кардани шарикҳои худ дар кишварҳои исломӣ талош мекунад ва дар сиёсатҳои ҷаҳони Ғарбу Шарқ ҳамсуянд. Русия аз ин воқеъан азият мекашад, назари ман ин аст, ки ҳукумати Русия, инчунин кишварҳои Қафқози ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ бояд як гуфтугӯи самимиро бо мардуми мусалмони минтақа роҳандозӣ кунанд, то пеши роҳи дахолати берунӣ дар умури динӣ гирифта шавад. Ҳамчунин иҷоза надиҳанд, ки ҷавонони мусалмон дар ин кишварҳо табдил ба як василаи сиёсатҳои хориҷӣ қарор бигиранд, ки ин бар зарари худи Русия ва кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказист. Хушбахтона, дар ин кишварҳо неруҳои солим вуҷуд доранд. Вале ҷои таассуф ин аст, ки таваҷҷуҳ ба онҳо камтар аст ва ҳанӯз ҳам аз ин гуна нерӯҳо ҳарос доранд. Ахиран дар нишасте дар Русия ва дар баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ин дидгоҳҳоро матраҳ кардем ва ҷои қадрдонист, ки аз баъзе доираҳои ин кишварҳо ҳусни тафоҳум ба вуҷуд омад. Умед аст, ин муколима ва гуфтугӯ ҳатман роҳандозӣ хоҳад шуд.

– Бисёр хуб, ҷаноби устод Кабирӣ. Мардуми мусалмони кишвари Тоҷикистон шабоҳатҳои зиёде бо мардуми Ирон доранд. Ислом ва забони форсӣ шоҳбайти ғазали ин муштаракот ба ҳисоб меоянд, ки қатъан муҷиби ифтихор аст. Мехостам каме дар ин хусус барои бинандагони барномаи мо тавзеҳ бифармоед.

– Қабл аз ҳама қадрдонӣ мекунам аз Шумо, ки ин тасовири зеборо аз кишвари азизи ман ба намоиш гузоштед, ки воқеъан бори дигар барои рафтани ҳарчи зудтар ба Ватан ташвиқам кард. Бале, воқеъан муштаракоти мо хеле зиёданд, аслан набояд бигӯем, ки байни мо муштаракот аст, чун ҳама чиз бо ҳаманд, забону дин, таъриху ҳувийяти мо якест. Дуруст аст, ки дар сад соли ахир зери таъсири омилҳои гуногун аз ҳам ҷудо будем ва имрӯз дӯстони иронӣ шинохти камтаре аз Тоҷикистон доранд. Ин зулми ду – ҷониба аст, ҳам ба худ ва ҳам ба дӯстони иронӣ. Ишонро камтар даъват кардем ва шароитро низ камтар ба вуҷуд овардем, то дӯстони иронӣ ҳавсала ва талош намоянд барои шинохти бештари Тоҷикистон.

Ба ҳар ҳол, заминаҳо вуҷуд доранд, аз ҳама муҳимаш рағбат ва иродаи раҳбарияти ду кишвар ҳаст, нухбагони сиёсии Тоҷикистону Ирон майл доранд, ки ин робитаҳо қавитар шаванд. ҶИИ аввалин кӯшише кард, ин сулҳи Тоҷикистон буд. Бо иқдомоти хеле хуби ду кишвари Ирону Русия тоҷикон ба сулҳ расиданд. Дар марҳалаи баъд аз сулҳ ҳам пружаҳои хеле зиёде роҳандозӣ шуда, ҳамкориҳои фарҳангӣ ривоҷ ёфтанд. Мо бояд ин ҳамаро тақвият бахшем, ҳамзамон саҳифаҳои бештареро боз кунем.

Бубинед, ҳеҷ кишвари дигаре, мисли Тоҷикистон барои Ирону ирониҳо наздик нест. Намедонам, чаро гоҳо эҳсос мешавад, ки Тоҷикистонро ҷузъе аз Осиёи Марказӣ медонанд, ҳол он ки набояд чунин бошад. Ба Тоҷикистон бояд таваҷҷуҳи хос сурат бигирад, чӣ аз лиҳози сиёсӣ ва чӣ аз лиҳози иқтисодӣ. Тоҷикистон маҳз ин чунин интизориҳоро аз Ирон дорад, ки ба ҳайси бародари қавитар ва дорои имкониятҳои бештар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Мо намегӯем, ки бо дигар кишварҳо мушкил дорем, аслан мушкил ҳам зиёд нест, вале гоҳо эҳсос мешавад, ки ниёз ба пуштибонии ҶИИ пайдо мешавад.

– Бисёр хуб, сипосгузорам аз ҳузури арзишманди ҳазрати олӣ дар ин барнома ва иродатмандам ва дар охири барнома ёд ва хотираи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки аз пештозони Наҳзати Исломӣ дар Осиёи Марказӣ буданд, гиромӣ медорем. Ба хотири ҳамроҳӣ бо барнома боз ҳам идатон муборак бошад. Худо нигаҳдор.

– Саломат бошед.

Кимиёи саодат