Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Иҷмои саҳоба бар ҷоиз будани талаби ёрӣ аз Паёмбар (с)

Иҷмои саҳоба бар ҷоиз будани талаби ёрӣ аз Паёмбар (с)

Rate this post

Иҷмои саҳоба бар ҷоиз будани талаби ёрӣ аз Паёмбар баъд аз ҳаёташон

Дар хабари саҳеҳе чунин омадааст:

عن مالك الدار وكان خازن عمر على الطعام قال: “أصاب الناس قحط في زمن عمر، فجاء رجل إلى قبر النبي صلى الله عليه(وآله) وسلم فقال: يا رسول الله استسق لأمتك فإنهم قد هلكوا، فأتى النبي صلى الله عليه وآله وسلم في المنام فقال: ائت عمرفاقرئه السلام وأخبره انكم مستقيون وقل له: عليك الكيس عليك الكيس، فأتى عمر فأخبره فبكى عمر ثم قال: يا رب لا ألوا إلا ماعجزت عنه.

«Дар замони Умар қаҳтӣ пеш омад. Марде ба назди қабри Паёмбар «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ» омад ва гуфт: “Эй Расули Худо барои умматат талаби борон кун, ки онҳо наздик аст бимиранд. Пас Паёмбар «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам» ба хоби ў омаданд ва ба ў фармуданд: “Ба назди Умар бирав ва ба ў салом расон ва бигў, ки шумо сероб мешавед ва ба ў бигў бар ту бод, ки ҳушёр бошӣ. Ва он мард ба Умар он хабарро расонд ва Умар гиря кард ва сипас гуфт: Эй Парвардигорам, ман кўтоҳӣ накардам магар дар он чизе, ки аз анҷоми он нотавон шудам.»[1][1]

Ин ҳадис саҳеҳу собит мебошад, ки дар он таваҷҷўҳ ва тавассули ошкор ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам баъд аз ҳаёти он ҳазрат шудааст, ки бояд дар бораи ин хабар ба чанд матлаб ишора кунем:

1-Муҳаддисони исломӣ санади ин хабарро саҳеҳ гуфтаанд.

2-Ибни Ҳаҷар мегўяд: “Шахси тавассулкунанда аз саҳобаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба номи Ҳорис будааст.

3-Ин хабар беҳтарин шоҳид бар ботил будани дастовези ваҳҳобиҳо дар ин маврид аст, ки мегўянд: «Агар тавассул бар мурда ҷоиз буд саҳоба мисли Умар, ба Аббос мутавассил намешуданд, балки ба Паёмбар мутавассил мешуданд. Вале ин хабар ботил будани ин пиндори онҳоро собит мекунад, чун он шахсе, ки бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мутавассил шуд, ба Умар ибни Хаттоб ин хабар ва достони худро бозгў кард ва саҳоба низ аз ин хабар огоҳ шуданд, вале касе мункири он нашуд ва он мардро сарзаниш накард, ки чаро ин корро анҷом додааст!

4-Ва халифа Умар ибни Хаттоб ин хабари аъробиро тасдиқ кард ва бар он амал намуд.

Вале бо вуҷуди ин ки бузургтарин ҳадис ва риҷолшиноси аҳли суннат Ибни Ҳаҷар ва шогирди Ибни Таймия, Ибни Касир санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд ва худи Ибни Таймия, низ онро қабул карда, вале ваҳҳобиҳо мекўшанд онро заиф муаррифӣ кунанд. Оре, ваҳҳобиҳо ҳар ҷо ҳадис ва хабареро диданд, ки бар хилофи эътиқоди онҳост, онро рад ва тазъифу инкор кардаанд.

Албонӣ дар тавассулаш ба саҳеҳ гуфтани Ибни Касир ва Суютӣ ҳеҷ ишорае накарда аст, чун ба назараш расида, ки дар мавриди саҳеҳ гуфтани Ибни Ҳаҷар найрангеро метавонад ба кор бигирад ва дигаронро бифребад, бинобар ин мегўяд:

“Баъзеҳо таваҳҳум кардаанд, ки Ибни Ҳаҷар санади ин хабарро саҳеҳ гуфтааст дар ҳоле, ки ин гуна нест ва Ибни Ҳаҷар гуфта, ки санади ин хабар то Абўсолеҳ саҳеҳ аст на ин ки ҳадиси Молики дорро саҳеҳ гуфта бошад.

Вале шумо худ бубинед, ки Ибни Ҳаҷар чӣ мегўяд, ин аст сухани Ибни Ҳаҷар:

“وروى ابن ابي شيبة باسناد صحيح من رواية ابي صالح عن مالك الدار وكان خازن عمر”.

Ибни Абишайба бо санади саҳеҳ аз ривояти Абўсолеҳ аз Молики дор, ки хазонадори Умар буда, ривоят кардааст.

Ин аст иборати Ибни Ҳаҷар, оре ин бузургворон ҳамаи саъйашон ин аст, ки ҳар хабаре, ки бар ботил будани ақидаашон далолат мекунад ба гунае онро нодуруст ҷилва диҳанд ва боз муддаӣ ҳастанд, ки пайрави осор ва салаф ҳастанд ва ин низ як навъ фиреби мардуме аст, ки бо онҳо ошноӣ надоранд.

Албонӣ Молики дорро, ки Молик ибни Аёз аст шахси шинохтанашуда ва маҷҳул муаррифӣ карда ва бинобар ин, ин хабарро заиф гуфтааст.

Ў дар бораи Молики дор мегўяд: “Ибни Абўҳотам дар “Ҷарҳ-ут-таъдил” гуфта, ки Абўсолеҳ аз ў ҳадис ривоят кардааст ва Мунзарӣ ва Ҳайсамӣ гуфтаанд, ки ўро намешиносем, пас ровӣ аз Молик танҳо ҳамин як нафар аст, баъд мегўяд: Ибни Ҳаҷар, ки гуфта ин санад то Абўсолеҳ саҳеҳ аст ва нагуфта, ки аз Молики дор саҳеҳ аст, шояд бо ин суханаш ба шинохтанашуда будани Молик ишора карда бошад.

Албонӣ, ки дар ин ҷо дурўғи бузург гуфта ва хиёнат кардааст, барои ин ки дигарон роҳаттар бо хондани суханони ў дар бораи Молики дор фиреби ўро бихўранд, ў баъд аз ин суханонаш боз мегўяд:

“Ин илм (илми ҳадис ва риҷолшиносӣ) дақиқ аст ва онро наметавонад бишносад магар касе, ки дар ин илм тамрин карда бошад.”[2][2]

Пас яъне ў дар ин роҳ хеле тамрин карда то тавониста ин гуна мардумфиребиро ёд бигирад ва мардумро дар сиҳҳати ахбори саҳиҳе, ки бо ҳавою ҳаваси ў мухолиф аст ба шак биандозад.

Акнун биёед бо ҳам бо дурўғгўӣ ва хиёнати ў ошно шавем:

Шумо таваҷҷўҳ дошта бошед, ки Албонӣ ҳатто саъй карда бигўяд, ки Молики дор аз назари Ибни Ҳаҷар, низ шинохтанашуда ва маҷҳул буда. Ибни Ҳаҷар дар китоби “Исоба” ҷ.6 шарҳи ҳоли рақами 8362 (ё 8375 дар баъзе чопҳо), ки ин китобро дар муаррифии саҳоба навишта аст, дар шарҳи ҳоли Молики дор мегўяд:

“Молик ибни Аёз ходими Умар (халифаи дуввум) буд ў ҳамон касе аст, ки ба ў Молики дор гуфта мешавад ва ў замони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи-ро дарк кардааст. Ў аз Абўбакру Умар ва Маоз ва Абўубайда ҳадис ривоят карда ва аз ў Абўсолеҳ ва ду фарзандаш Авн ва Абдуллоҳ ҳадис ривоят кардаанд. Баъд ҳамин достонро аз Бухорӣ ва Абўхайсама нақл мекунад… баъд ба ҳадиси дигаре ишора мекунад, ки дар он Абдураҳмон ибни Саид аз Молик он ҳадисро ривоят кардааст, баъд мегўяд: Ибни Саъд ўро аз табақаи аввали тобеин ном бурда ва гуфтааст, ки аз Абўбакру Умар ҳадис ривоят карда ва шахси маъруфе буда аст. Баъд аз Абўубайда нақл карда, ки Умар ва баъд аз ў Усмон ба ў масъулият додаанд ва баъд, аз Алӣ ибни Мадинӣ нақл карда, ки ў гуфта аст: Молик хазонадори Умар буд.

Ибни Абўҳотам, низ гуфта, ки ў аз Абўбакру Умар ҳадис ривоят карда ва ғуломи Умар буда.[3] Бухорӣ, низ ҳамин суханро гуфтааст ва баъд ба достони мавриди баҳси мо ишора кардааст.

Ва ҳамчунин дар илми ҳадис маъруф аст, ки ҳар ҷо Ибни Абиҳотам ва Бухорӣ касеро зикр карданду ҷарҳе дар бораи ў накарданд ба ин маъно аст, ки он шахс назди онҳо сиқа ва мавриди эътимод будааст.[4]

Ва ҳамчунин Ибни Ҳаббон Моликро дар китоби сиқоташ дохил кардааст[5], ки Ибни Ҳаҷар ва дигарон низ ба он ишора кардаанд. Ибни Асокир низ дар шарҳи ҳоли ў чаҳор нафарро ном бурда, ки аз Молик ҳадис ривоят кардаанд ва баъд гуфта, ки Молики дор ҳамроҳи Умар ибни Хаттоб ба Шом омад ва дар фатҳи Байтулмуқаддас ҳамроҳи ў ширкат дошт. Баъд Ибни Асокир аз ҳар кадоми ин чаҳор нафар чандин ҳадис аз Молик ривоят карда ва сухани муҳаддисон, монанди Ибни Мадинӣ, Бухорӣ, Ибни Саъд ва дигаронро нақл кардааст, ки ҳама ба шинохташуда будани Молики дор бо ин суханашон, ки ў ғуломи халифаи дуввум будааст, ишора кардаанд.[6][6]

Пас аз ин суханони муҳаддисон дурўғгўӣ ва хиёнати Албонӣ ба ин хабар, собит мешавад. Ў дар китобаш ба ҳеҷ як аз суханони Ибни Ҳаҷар ва Ибни Асокир ишора накарда аст ва таъкид карда, ки ровӣ аз Молик танҳо як нафар аст дар ҳоле, ки Ибни Ҳаҷар ва Ибни Асокир чаҳор нафарро ном бурдаанд, ки аз ў ҳадис ривоят карда ва ҳамчунин ривоёти онҳоро низ Ибни Асокир нақл кардааст.

Оре, пас ин шахси таҷриба дида ва тамрин карда дар илми ҳадис ва риҷолро, ки ин гуна ба осори исломӣ зиёнат мекунанд бояд хуб шинохт ва аз хиёнатҳои дигар ў низ нисбат ба осори исломӣ огоҳӣ пайдо кард.

Хуб аст ба муносибат ба ин нукта низ ишора кунем, ки шахсе аз уламои шофеӣ ба номи Ҳасан ибни Алии Саққоф се ҷилд китоб ба номи “Ат-Таноқузот-ул Албонӣ ал-возиҳот” навишта ва ў дар ин се ҷилд хиёнатҳои Албониро нисбати ҳадис ва ровиён, фаровон зикр кардааст. Монанди ин, ки Албонӣ як ровии мавриди эътимодро дар як ҳадисе, ки бо ақидаи ў созгор аст сиқа мегўяд ва ё ҳадисашро саҳеҳ мешуморад ва ҳамон ровиро дар ҳадис ё хабаре, ки бо ақидаи ў мухолиф аст заиф мешуморад, ки мо ба як намуна дар ҳадиси уммулмўъминин Оиша, ки мардумро ба паноҳ бурдан ба қабри Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам суфориш карда буд, ишора кардем, ки дар саҳифаҳои оянда хоҳад омад. Пас ҳар ки мехоҳад бо хиёнатҳои ошкори ў ошно шавад, метавонад ба ин китоб муроҷиа кунад. Ва ҳам чунин Саққоф китобҳои дигаре низ дар равшан кардани таноқузот ва каҷравиҳои Албонӣ ва ваҳҳобият навишта, ки хеле қобили истифода ҳастанд.

Албонӣ дар охир боз мегўяд: Дар ин хабар тавассули ба Паёмбар вуҷуд надорад, балки талаби дуо аз он ҳазрат аст, ки ин масъалаи дигар аст ва касе аз олимони салафи солеҳ талаби дуо аз мурдаро нагуфта (ҷоиз надониста аст).[7][7]

Ёдовар мешавем, ки ин яке дигар аз дурўғҳои Албонӣ мебошад, ки дар баҳси талаби борон бо дурўғ будани он ошно хоҳем шуд.

Ибни Таймия дар бораи ҳамин достони Молики дор мегўяд:

“وكذلك أيضا ما يروى أن رجلا جاء إلى قبر النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم فشكا إليه الجدب عام الرمادة فرآه وهو يأمره أنيأتي عمر فيأمره أن يخرج فيستسقي الناس فإن هذا ليس من هذا الباب ومثل هذا يقع كثيرا لمن هو دون النبي صلى الله عليه(وآله) وسلم وأعرف من هذه الوقائع كثيرا”.

“Ва ҳамчунин он чӣ ки ривоят шуда, марде ба назди қабри Паёмбар омад ва ба он ҳазрат аз хушксолӣ шикоят кард, пас он ҳазратро дар хобаш дид дар ҳоле, ки Паёмбар ба ў дастур доданд, ки ба назди Умар ибни Хаттоб биравад ва ўро амр кунад, то барои мардум талаби борон кунад. Пас ба дурустӣ, ки ин масъала аз мавзўи мо нест ва монанди он ҳатто барои ғайри Паёмбар ҳам зиёд воқеъ мешавад ва ман аз ин гуна воқеаҳо зиёд медонам, ки пеш омадааст.”[8][8]

Сад офарин бар Ибни Таймия чӣ гуна бар дуруғгў будани худ гувоҳӣ медиҳад. Дар гузашта дидем, ки фаровон таъкид мекард, ки: Касе аз саҳоба ва салаф бар Паёмбар дар сари қабраш шикоят накарда, вале ин ҷо ба шикояти салаф, ки дар ҳузури саҳоба сурат гирифта, ишора мекунад, вале мегўяд: Ин аз мавзўи баҳси мо хориҷ аст ва гувоҳӣ медиҳад, ки аз ин гуна воқеаҳо фаровон ҳатто ба ғайри Паёмбар низ воқеъ шуда ва ў фаровон аз ин гуна воқеаҳоро медонад.

Воқеан агар диққат бикунем мутаваҷҷеҳ мешавем, ки Ибни Таймия ҳуҷҷатро бар пайравонаш тамом карда ва гўё бо садои расо мегўяд: Мардум бидонед, ман худамро ба шумо муаррифӣ мекунам, мабодо фардо бигўед, ки мо фиреби туро хўрдем, чун ман бо ин гуна суханонам, аз дурўғгў ва пайрави ҳавою ҳавас будани худам ба шумо хабар медиҳам.

Дар воқеъ хеле сахт аст, вақте инсон мебинад ваҳҳобиҳо бо вуҷуди ин ки мебинанд ва комилан огоҳ ҳастанд, ки дар бораи тавассул ва талаби ёрӣ аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ахбори фаровоне вуҷуд дорад, вале Ибни Таймия як навъ найрангу фиреб ва дурўғгўиро дар бораи он ахбор пеш гирифта ва пайравонаш як навъи дигарро. Чӣ қадар Ислому ахбори исломӣ, бозичаи дасти инҳо шудааст. Дар мавриди ҳамин хабар мебинем вақте Ибни Таймия дида аст, ки ин хабар комилан саҳеҳ аст ва саҳоба низ аз он бо хабар шуданд ва онро бо сукуташон ва бо амал ба хабари он шахс таъйид карданд, роҳе барои гурез пайдо накарда, ҷуз ин ки бигўяд, ин чиз аз мавзўи баҳси мо хориҷ аст.

Вале пайравонаш монанди Албонӣ чун дар мавзўи тавассул ва истиғоса бештар аз Ибни Таймия ахбори исломиро ба бозӣ гирифтаанд, ба роҳатӣ ин хабарро, низ тазъиф кардаанд.

Бояд азизони хонанда хуб диққат дошта бошанд ва бидонанд, ки ҳамаи сухани ваҳҳобиҳо дар гирди ин мечархад, ки мегўянд: Саҳоба ва тобеин ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам баъд аз маргаш мутавассил нашуданд бинобар ин, он машрўъ нест. Вале ин хабари Молики дор ин сухани онҳоро комилан такзиб мекунад, чун саҳоба дар раъси онҳо халифаи дуввум аз ин амали аъробӣ хабардор шуданд ва ба дастури Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тибқи хабари ў амал карданд ва ҳатто ҷаноби халифа гиря кард.

Умар инби Хаттоб ё шахси дигар аз саҳоба нагуфт, ки ин мард афсона мегўяд ва ё кори зиште анҷом дода ва ё чаро ба Паёмбар, ки мурдааст ва намешунавад ва аз корҳову аҳволи мо огоҳ нест, шикоят кардааст ва… чӣ расад бар ширк будани он. Ва ин худ далели қотеъ ва маҳкамест бар ин ки шикоят бурдан бар Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, баъд аз ҳаёти он ҳазрат дар он замон ва аз назари саҳоба ҳеҷ монее надошта ва ин Марвон ва Ҳаҷҷоҷҳо буданд, ки бо ин гуна корҳо душманӣ мекарданд, чун дар дил бо худи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ душманӣ доштанд бинобар ин, Ибни Таймия ва пайравонаш низ дар ин мавзўъ пайравӣ аз Марвон ва Ҳаҷҷоҷро пеш гирифтаанд.

Фароҳамоваранда : Ҷомӣ Иброҳимӣ
Китобхонаи Исломии Қалам

[1]]-“Мусаннаф”-и Ибни Абўшайба ҷ.6.с.356.р.32002. Таърихи кабири Бухорӣ ҷ.7. с.304.р.1295. “Истиоб”-и Ибни Абдулбар ҷ.1.с.1149. “Фатҳ-ул-борӣ ҷ.2.с.495. “Исоба”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.6.с.274.р.8362-8375. “Далоил-ун-нубувва”-и Байҳақӣ ҷ.7.с.47. Таърихи Ибни Асокир ҷ.44.с.345.ҷ.56.с.489. Таърихи Ибни Касир ҷ.7.с.101. “Ҷомеъ-ул-масонид”-и Ибни Касир ҷ.1.с.223. “Шарҳи Сунани Ибни Моҷа”-и Суютӣ ҷ.1.с.99.р.1385. Ибни Касир дар ҳар ду китобаш, Ибни Ҳаҷар ва Суютӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

[2]-“Ат-Тавассул анвоуҳу ва аҳкомуҳ”-и Албонӣ саҳ.119-121.

[3]-“Аҷ-Ҷарҳу ват-таъдил” ҷ.8.с.213.р.944.

[4]-“Ар-Рафъу ват-такмил”-и Лакнавии ҳанафӣ. “Қавоид фи илмил ҳадис”-и Зафар Аҳмад Таҳонавӣ.

[5]-“Ас-Сиқот”-и Ибни Ҳаббон ҷ.5.с.384.

[6]-Таърихи Ибни Асокир ҷ.56.с.489.р.7180.

[7]-Ат-Тавассул анвоуҳу ва аҳкомуҳу”-и Албонӣ саҳ.134.

[8]-“Иқтизо-ус-сирот”-и Ибни Таймия ҷ.1.саҳ.373.