Манобеи исломӣ

Забон

Ва итратӣ саҳеҳ аст ё ва суннатӣ?

Муҳаддисон ҳадиси сақалайнро, ки дорои шўҳрати болое аст, ду хел нақл карда ва дар китобҳои ҳадисӣ овардаанд. Пас бояд дид, ки кадом як аз он ду саҳеҳ аст:

1-Китоби Худо ва Аҳли Байтам”

2-Китоби Худо ва суннатам”

Ҷавоб: Ҳадиси саҳеҳ ва собит аз Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳамон лафзи “ва Аҳли Байтам” аст. Ривояте, ки дар он ба ҷои Аҳли Байтам» суннатам омадааст аз назари санад ботил ва ғайри қобили қабул аст ва ҳадиси “ва Аҳли Байтам” аз сиҳҳати комил бархўрдор аст.

Санади ҳадиси “ва Аҳли Байтам”

Ин матнро ду муҳаддиси бузург нақл кардаанд:

1-Муслим дар саҳеҳи худ аз Зайд ибни Арқам нақл мекунад, ки: Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам рўзе дар канори обе ба номи “Хум” миёни Маккаву Мадина, хутбае хонданд ва дар он хутба Худоро сано гуфтанд ва мардумро насиҳат карданд ва онгоҳ чунин фармуданд:

ألا أيها الناس فإنما أنا بشر يوشك أن يأتي رسول ربي فأجيب وإني  تارك فيكم ثقلين: أولهما كتاب الله فيه الهدى والنور فخذوا بكتاب الله واستمسكوا به فحث على كتاب الله ورغب فيه ثم قال: وأهل بيتي أذكركم الله في أهل بيتي أذكركم الله في أهل بيتي أذكركم الله في أهل بيتي”.

“Эй мардум ман башаре беш нестам ва наздик аст фиристодаи парвардигорам биёяд ва ман даъвати ўро қабул кунад ва ман дар миёни шумо ду чизи гаронбаҳо мегузораму меравам, яке китоби Худо, ки дар он ҳидоят ва нур аст. Китоби Худоро бигиред ва ба он чанг бизанед (ва Паёмбар бар амал ба китоби Худо таъкид намуда онгоҳ фармуданд) ва Аҳли Байтам, Худоро дар бораи Аҳли Байтам мутазаккир мешавам, ин ҷумларо се бор такрор фармуданд.”[1]

2-Тирмизӣ ин матнро бо лафзи итратам ва Аҳли Байтам нақл кардааст, ки матни ҳадис чунин аст:

“إني تارك فيكم ما إن تمسكتم به لن تضلوا بعدي أحدهما أعظم من الآخر كتاب الله حبل ممدود من السماء إلى الأرض وعترتي أهل بيتي ولن يتفرقا حتى يردا علي الحوض فانظروا كيف تخلفوني فيهما”.

“Ман дар миёни шумо ду чиз ба амонат мегузорам то вақте, ки аз он ду пайравӣ мекунед ҳаргиз гумроҳ намешавед, он ду яке аз дигарӣ бузургтар аст: Китоби Худо, ки ресмони раҳмат орезон аз осмон ба сўи замин аст ва дигарӣ итрат ва Аҳли Байтам ва ин ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд то дар ҳавз бар ман бипайванданд, бингаред чӣ гуна бо амонатҳои ман рафтор мекунед.”[2]

Муслим ва Тиммизӣ, ки аз муаллифони сиҳоҳ ва сунан мебошанд, ҳар ду бо лафзи Аҳли Байтам таъкид доранд ва ин бар исботи назари мо кофист ва санади ҳар ду дар камоли итқон ва аз эътибори хоссе бархўрдор аст, ки ниёз ба баҳс ва гуфтугў надорад.[3]

 

Санади ҳадиси “ва суннатам”

Ривоёте, ки ба ҷои Аҳли Байтам лафзи суннатамро оварда ҳадисе аст сохташуда, ки илова бар заъфи санад авомили вобаста ба Банӣ Умайя онро сохта ва пардохтаанд:

1-Ҳокими Нишопурӣ дар Мустадрак матни ёд шударо бо санади зер нақл кардааст:

“Аббос ибни Абиувайс, аз Абиувайс, аз Савр инби Зайди Дайламӣ, аз Икрама, аз Ибни Аббос” Паёмбар фармуданд:

“يا أيها الناس إني قد تركت فيكم إن اعتصمتم به فلن تضلوا أبدا كتاب الله وسنة نبيه”!

“Эй мардум ба дурустӣ, ки ман дар миёни шумо ду чиз мегузорам, ки агар бар он ду чанг бизанед ҳаргиз гумроҳ намешавед ва он ду китоби Худо ва суннати Паёмбараш аст”!

Дар миёни ровиёни ин матн падару писаре аст, ки офати санаданд ва он ду  Абўувайс ва писараш ҳастанд падару писаре, ки натанҳо тавсиқ нашудаанд, балки муттаҳам ба дурўғгўӣ ва ҳадис созӣ шудаанд.

Сухани уламои риҷол дар бораи он ду:

Яҳё ибни Муин аз бузургони илми риҷол мегўяд: Абўувайс ва фарзандаш “заиф”-анд ва ҳадисро медузданд ва намешавад ба онҳо эътимод кард ва дурўғ мегўянд. Насоӣ дар бораи фарзандаш гуфтааст: Ў “заиф” аст ва бояд ҳадисаш тарк шавад. Ибни Удай мегўяд: Фарзандаш аз Молик аҳодиси бегонаеро нақл мекунад, ки ҳеҷ кас онро намепазирад.[4]

Ибни Ҳаҷар мегўяд: Ҳаргиз ба ҳадиси Ибни Абиувайс (фарзандаш) намешавад истидлол кард ба хотири ишколоте, ки Насоӣ бар ў кардааст.[5]

Салама ибни Шабиб мегўяд: Аз Ибни Абиувайс шунидам, ки мегуфт: Ҳар гоҳ мардуми Мадина дар бораи масъалае бо ҳам ихтилоф мекарданд ва ду даста мешуданд ман ҳадис месохтам.[6]

Бинобар ин писар (Исмоил ибни Абиувайс) муттаҳам ба ҳадис созӣ аст ва Ибни Муин ба ў нисбати дурўғгўӣ додааст. Гузашта аз ин ҳадиси ў дар ҳеҷ як аз саҳеҳи Муслим ва Тирмизӣ ва дигар китобҳои саҳеҳ нақл нашудааст.

Дар бораи Абиувайс ҳамин бас, ки Абуҳотами Розӣ дар китоби Ҷарҳ ва таъдил мегўяд: Ҳадиси ў навишта мешавад, вале ба он истидлол намешавад ва ҳадиси ў қавиву маҳкам нест.[7]

Ва низ аз Абуҳотам ва Ибни Муин нақл карда, ки Абиувай, мавриди эътимод ва бовар нест.

Ривояте, ки дар санади он ин ду бошанд, ҳаргиз саҳеҳ нест. Гузашта аз ин, бо ривояти саҳеҳ ва собит мухолиф мебошад.

Нуктаи қобили таваҷҷўҳ ин аст, ки нақл кунандаи ҳадис, яъне Ҳокими Нишопурӣ бар заиф будани ҳадис эътироф карда аз ин ҷиҳат онро саҳеҳ нагуфтааст, вале бар сиҳҳати маънои он шоҳиде оварда, ки он низ аз назари санад суст ва аз дараҷаи эътибор афтодааст. Аз ин ҷиҳат ба ҷои тақвияти ҳадис бар заъфи он меафзояд. Ин ки шоҳиди воҳии ў:

 

Санади дуввуми ривояти “ва суннатам”

Ҳокими Нишопурӣ бо санаде, ки хоҳад омад аз Абуҳурайра нақл мекунад:

“إني قد تركت فيكم شيئين لن تضلوا بعدهما كتاب الله وسنتي ولن يتفرقا حتى يردا عليّ الحوض”.

Ин лафзро Ҳоким бо чунин санаде нақл кардааст:

Солеҳ ибни Мўсои Талҳӣ, аз Абдулазиз ибни рофеъ, аз Абусолеҳ аз Абуҳурайра.

Ин ҳадис монанди ҳадиси қабли сохташудааст ва дар миёни ровиён Солеҳ ибни Мўсо омада, ки суханони бузургони илми риҷолро дар бораи ў меоварем:

Яҳё ибни Муин мегўяд: Солеҳ ибни Мўсои Талҳӣ қобили эътимод нест. Абўҳотам мегўяд: Ў “заиф” аст ва аҳодисаш шинохтанашуда ҳастанд. Насоӣ мегўяд: Ҳадиси ў навишта намешавад ва аҳодисаш тарк шудааст.[8]

Ибни Ҳаҷар мегўяд: Абўнаим гуфта: Ҳадиси ў тарк шуда ва мункар аст. Ибни Ҳаббон гуфтааст: Солеҳ ибни Мўсо ба афроди ростгў чизҳоеро нисбат медиҳад, ки монанди суханони онон нест ва мегўяд: Ҳадиси ў ҳуҷҷат нест.[9]

Боз Ибни Ҳаҷар дар “Тақрибаш” мегўяд: Аҳодиси ў тарк шудааст.[10]

Заҳабӣ дар “Мизон-ул-эътидол” ҷ.2.саҳ.302, ин ҳадисро аз мункироти ў донистааст.

Санади севвуми ҳадиси “ва суннатам”

Ибни Абдулбар дар китоби  Тамҳид[11] ин матнро бо санади ёдшуда дар зер нақл кардааст:

Абдураҳмон ибни Яҳё, аз Аҳмад ибни Саид, аз Муҳаммад ибни Иброҳим, аз Алӣ ибни Зайд, аз Ҳунайнӣ аз Касир ибни Абдуллоҳ ибни Амр ибни Авф аз падараш аз бобояш.

Имом Шофеӣ дар бораи Касир ибни Абдуллоҳ гуфтааст: Ў яке аз аркон ва пояи дурўғ аст. Абудовуд мегўяд: Ў яке аз дурўғгўён аст.[12]

Ибни Ҳаббон мегўяд: Касир ибни Абдуллоҳ аз падар ва бобояш китоби ҳадисеро нақл мекунад, ки асоси он дурўғ ва сохтагист, ки нақл кардан аз он китоб ва ривоят аз ў ҳаром аст.[13]

Имом Аҳмад, Ибни Муин, Насоӣ ва Заҳабӣ низ ўро воҳӣ ва аҳодисашро шинохта нашуда муаррифӣ кардаанд.

 

Нақли бидуни санад

Имом Молик низ ин ҳадисро дар китоби “Муваттааш” бидуни санад зикр кардааст, ки дар назди аҳли илм ҳадисе, ки бидуни санад аст холӣ аз арзиш аст ва наметовон бар он истидлол намуд.[14]

Ин баррасӣ ба равшанӣ собит карда, ки ҳадиси “ва суннатам” сохта ва пардохтаи ровиёни дурўғгў ва вобастагон ба дарбори Банӣ Умайя мебошад, ки онро дар муқобили ҳадиси саҳеҳи “ва Аҳли Байтам” сохтаанд. Аз ин ҷиҳат бар хатибони масҷидҳо ва гўяндагони динӣ ва имомон лозим аст ҳадисеро, ки аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ворид нашудааст тарк кунанд ва ба ҷои он мардумро бо ҳадиси саҳеҳ ошно созанд ҳадисе, ки онро Муслим ва Тирмизӣ дар саҳеҳашон бо лафзи “Аҳли Байтам” овардаанд, нақл намоянд. Бар ҷўяндагони дониш лозим аст, ки бар омўзиши илми ҳадис рўй оваранд ва ҳадиси саҳеҳро аз заиф бозшиносанд.

Дар поён ёдовар мешавем, ки мақсади Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз лафзи “Аҳли Байтам” зуррияи он ҳазрат аст, монанди ҳазрати Фотима ва Ҳасану Ҳусайн алайҳим салавотуллоҳ чун Муслим ва Тирмизӣ аз Оиша нақл кардаанд:

“نزلت هذه الآية “إنّما يريد الله ليذهب عنكم الرجس أهل البيت و يطهِّركم تطْهيراً” على النّبيّ صلّي الله عليه و آله وهو في بيت أُمّ سلمة فدعا النّبيّ فاطمة و حسناً و حسيناً و جلّلهم بكساء و عليٌّ خلف ظهره ثمّ قال: اللّهمّ هؤلاء أهل بيتي فاذهب عنهم الرجس و طهّرهم تطهيراً. قالتْ أُّمّ سلمة: و أنا منهم يا رسول الله؟ قال: أنتِ على مكانكِ و أنتِ إلى خير”.

“Ҳангоме ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар хонаи Умми Салама буданд, ояти зер барояшон нозил шуд: “Худованд ирода мекунад, ки фақат аз шумо Аҳли Байт риҷс ва нопокиҳоро дур бикунад ва шуморо комилан пок ва тоҳир созад” Вақте нозил шуд Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайнро ба назди худ хонданд ва онҳоро ба зери ҷомае дохил намуданд, сипас фармуданд: Худовандо инҳо Аҳли Байти ман ҳастанд, гуноҳ ва нопокиҳоро аз инҳо дур бигардон ва инҳоро комилан пок бисоз. Дар ин вақт Умми Салама гуфт: Эй Расули Худо, ман ҳам бо онҳо ҳастам? Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: Ту дар ҷои худат бимон ту дар хайру некӣ ҳастӣ, (вале ту ҷузви ин оят нестӣ)”.[15]

 

Маъно ва мафҳуми ҳадиси Сақалайн

Аз ин ки Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, Аҳли Байтро дар канори Қуръон ёд фармуданд ва ҳар дуро ҳуҷҷати Худо дар миёни мардум эълом карданд, метавон аз он ду натиҷа гирифт:

1-Гуфтори Аҳли Байти Паёмбар, монанди худи Қуръон ҳуҷҷат аст ва дар умури динӣ чи ақоидӣ ва чи фақҳӣ, бояд ба гуфтори онҳо чанг зад ва бо вуҷуди далел аз тарафи онҳо набояд аз дигарӣ пайравӣ кард.

Мусалмонон пас аз даргузашти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ҳар чанд дар масъалаи хилофат ва идораи умури сиёсии уммат, ба ду гурўҳ тақсим шуданд ва ҳар кадом барои худ мантиқ ва далел доранд, агар онон дар чизе ихтилоф доранд, аммо дар марҷаи динӣ будани Аҳли Байт алайҳим салавотуллоҳ набояд ихтилоф кунанд, чун ҳамагон бар сиҳҳати ҳадиси Сақалайн иттифоқ доранд ва ин ҳадис марҷаи илмиро дар ақоид ва аҳком, Қуръон ва Аҳли Байт медонад ва агар уммати исломӣ бар ин ҳадис амал кунад, доираи ихтилоф кўтоҳтар шуда ва ваҳдат ҳамаи ҷавомеи исломиро фаро мегирад.

2-Қуръон ба ҳукми ин ки каломи Худо аст, пок ва дур аз хато ва иштибоҳ аст, чӣ гуна метавон дар он эҳтимоли хато дод дар ҳоле, ки Худованд онро чунин тавсиф мекунад:

“لا يأتيه الباطل من بين يديه و لا من خلفه تنزيل من حكيم حميد”.

Ботил бар он аз пеши рў ва пушти сар роҳ надорад. Китобе аст, ки аз ҷониби Худоӣ ҳаким ва ҳамид нозил гирдидааст.[16]

Агар Қуръон масун ва дур аз хато аст, пас бояд қарину ҳамроҳи он низ дур аз хато бошад, чун саҳеҳ нест, ки афроди хатокор ҳамсанг ва ҳамроҳи Қуръон шаванд.

Ва ин ҳадис гувоҳ бар маъсум будани Аҳли Байт аз ҳар гуна лағзиш ва хато аст. Албатта бояд диққат кард, ки маъсум будан мулозим бо набувват нест, чи басо мумкин аст шахсе маъсум аз гуноҳ бошад, вале дар айни ҳол паёмбар набошад. Ҳазрати Марям ба ҳукми ин оят:

“إنّ الله اصطفاك و طهّرك و اصطفاك على نساء العالمين”.[17]

Пок ва маъсум аст, вале паёмбар нест.

Ҷаъфари Субҳонӣ



[1] -Саҳеҳи Муслим ҷ.4.с.1803.р.2408. Сунани Доримӣ ҷ.2.с.431.

[2] -Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.с.663.р.37788.

[3]  бояд ёдорам шавем, ки ин ҳадис аз аҳодиси мутавотира аст ва мо дар китоби Аҳли Байт дар Қуръон ва суннат муфассал ба он ишора кардем, ки метавонед ба он муроҷиа кунед. Мутарҷим.

[4]-“Таҳзиб-ул-камол”-и Маззӣ ҷ.3.саҳ.127.

[5] “Фатҳ-ул-борӣ”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.1.саҳ.391, “Ҷарҳ ва таъдил”-и Абўҳотам ҷ.5.саҳ.92.

[6] “Фатҳ-ул-малик-ул-ало” саҳ.15.

[7] -АҶ-Ҷарҳ ва ат-таъдил Абуҳотами Розӣ ҷ.5.с.92.

[8] “Таҳзиб-ул-камол”-и Маззӣ ҷ.13.саҳ.96.

[9]  “Таҳзиб-ут-таҳзиб”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.4.саҳ.355.

[10] Тақриби Ибни Ҳаҷар р.2891.

[11] -Ат-Тамҳид ҷ.24.с.331.

[12] Таҳзиб-ут-таҳзиб”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.8.с.377. “Таҳзиб-ул-камол”. ҷ.24. с.138.

[13] “Ал-Маҷруҳин”-и Ибни Ҳаббон ҷ.2.саҳ.221.

[14] Ал-Муватта с.889.р.3.

[15]-Саҳеҳи Муслим ҷ.4.саҳ.8183.р.2424. Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5. с.351-663.р.3205-3788.  ва “Муснад”-и Аҳмад ҷ.1.с.330.р.306. 2.ҷ.4.с.107. ҷ.6.с.292-323.р.26551-26789 . “Сунан-ул-кубро” ҷ.1.саҳ. 107.р.8399 Насоӣ аз мутарҷим.

[16] Фуссилат-42.

[17]  Оли-Имрон-42.