Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Имом Муҳаммади Шайбонӣ

Имом Муҳаммади Шайбонӣ

Rate this post

ИМОМ МУҲАММАД ДАР ШОГИРДИИ БУЗУРГОНИ ФИҚҲУ ҲАДИС

Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Фарқади Шайбонӣ соли 132-и ҳиҷрӣ дар Восити Ироқ дида ба дунё кушода, дар Кӯфа нашъат ёфтааст. Куняташ Абӯабдуллоҳ буда, дар сарчашмаҳои таърихие, ки ба зидагиномаи Имом Муҳаммад ишораҳо рафтааст, ӯро писархолаи ал-Фароъ – имоми наҳвиёни Кӯфа мегӯянд. Шайбонӣ нисбати мавло будани падари ӯст ва ба нисбат доштани ӯ ба Шайбон рабт надорад. Ба қавле зодгоҳи падару бобои ӯ рустои “Ҳарасто” дар наздикии Димишқ будааст. Зиракӣ ва ҳушмандии Муҳаммад ибни Ҳасан таваҷҷӯҳи аҳли хонаводаашонро ба худ ҷалб кард ва ба таълиму тарбияи ӯ таваҷҷуҳи бештар карданд. Пас аз ҳифзи Қуръон Муҳаммад асосҳои улуми исломиро фаро гирифт. Улуми исломӣ донишҳоеро мегӯянд, ки мавзӯъ ва масоили он усулу фуруъи Ислом ё чизҳое аст, ки усулу фуруъи Ислом ба истиноди онҳо исбот мешавад. Яъне Қуръону суннат, монанди илми қироат, тафсир, ҳадис, каломи нақлӣ, фиқҳ ва ғайра. Муҳаммади ҷавон ба таҳсили илм дар назди Имоми Аъзам шарафёб гашт, вале барояш аз ӯ зиёд омӯхтан муяссар нашуд. Ҳанӯз 18-сола буд, ки Имом Абӯҳанифа (р) аз ҷаҳон рахти сафар баст. Ба ҳамин минвол Муҳаммади ҷавон дар назди Абӯҳанифа шогирдии зиёд накард ва барои такмили омӯхтаҳояш Имом Абӯюсуфро устод гирифт. Имом Абӯюсуф аз ҷумлаи шогирдони содиқи Имом Аъзам буд ва Имоми роҳил ӯро ба таълими қозиҳову муфтиён салоҳиятдор медонист. Имом Муҳаммад омӯзиши фикҳи Ироқро дар назди Абӯюсуф такмил дод. Ӯ ба хотири бештару беҳтар омӯхтани ҳадис дар назди Абӯабдуллоҳ Суфён ибни Саид (вафоташ 161-и ҳиҷрӣ) маъруф ба Суфёни Саврӣ – амирулмуъминин дар илми ҳадис дарс хондааст. Дар назди донишманди маъруфи вақт шайхи Шом – Авзоӣ низ илм омӯхтааст. Бо ин ҳама Муҳаммад ба ҳирсе, ки ба илмомӯзӣ дошт қаноат накарда, назди Имом Молик рафт. Имом Молик ибни Анас – муассиси мазҳаби моликӣ дар Ислом буда, дар Мадина ҳалқаи илмӣ дошт ва ҳомиёни суннати набавӣ дар атрофи ӯ ҷамъ шуда буданд. Имом Моликро ҳамчунин шайхи мактаби ҳадис дар Ҳиҷоз мегӯянд. Муҳаммад ибни Ҳасан дар Мадина беш аз се сол иқомат карда, дар ин муддат тавонистааст, ки фиқҳи ҳадисро пурра омӯзад.

Дар китоби “Зуҳо ал-ислом” (Даврони пас аз садри Ислом)-и Аҳмад Амин дар бораи Имом Муҳаммад сухан рафта, ба нақл аз донишмандони ҳамасри Имом ӯ аз суханварону ҳушмандони замонаш гуфта мешавад. Дар баробари ин ӯ дар фиқҳ, адаб, шеър, наҳв ва умуман тамоми илмҳои роиҷи замони худ иттилои мукаммал доштааст.

ДАР БОРГОҲИ ХАЛИФАИ АББОСӢ ҲОРУНАРРАШИД

Имом Муҳаммад дар замони халифаи аббосӣ Абӯҷаъфар Ҳорунаррашид, ки аз соли 175 то 193-и ҳиҷрӣ дар сари хилофати мусулмонон буд, қозӣ таъин шуд. Албатта, Имом Муҳаммад мисли устодаш Абӯюсуф қозиюлқуззот набуд, аммо ба фазли мансаби қазо татбиқи амалии фиқҳ ба ӯ даст дод ва ин барои таълифи осори гаронбаҳояш кӯмаки бамаврид буд. Дар китоби “Таърихи Бағдод” чанд лаҳзаи муҳими ҳаёти Абӯҳанифа дарҷ гардида, дар раҳоии Имом Шофеӣ аз дами теғи аббосиҳо нақш доштани Имом Муҳаммад сухан меравад. Муҳаммад ибни Идриси Қурайшӣ маъруф ба Имом Шофеӣ, ки насаби ӯ дар Абдманоф ба шаҷараи аҷдоди паёмбари акрам Муҳаммад(с) мерасад, муассиси мазҳаби шофеӣ дар Ислом мебошад. Имом Шофеӣ дӯст ва шогирди Имом Муҳаммад буд. Имом Шофеӣ боре ба иттиҳоми созмон додани инқилоб ҷиҳати барандохтани хилофати аббосиҳо дар Яман боздошт ва аз онҷо ба Бағдод оварда шуд. Мебоист Масрур – маъмури қатли гунаҳкорон дар хилофат гардани Имом Шофеиро аз гардан ҷудо мекард. Имом Шофеӣ бо дасту пойи баста пеши халифаи аббосӣ Абӯҷаъфар Ҳорунаррашид оварда шуд. Дами теғи Масрур ташнаи хун дар интизори олудашавӣ бо хуни Шофеӣ буд. Имом Муҳаммад ҷавонмардона дар назди халифа шаҳодат дод, ки Шофеиро тӯҳмат кардаанд ва шаҳодати мунсифонаву одилонаи Имом Муҳаммад ҷони Шофеиро аз куштан раҳо кард. Ҳамин тавр, Имом Муҳаммад ба фазли ҳамнишинӣ бо халифа ва мушовири ӯ буданаш тавонист, шахсиятеро дастгирӣ кунад, ки дар оянда ҳамчун муассиси як мазҳаби муназзами исломӣ шинохта шуд. Зикр мегардад, ки Имом Муҳаммад ҳамчунин пайваста ба Шофеӣ китоб мефиристод ва кӯмаки молӣ ҳам мекард. Имом Муҳаммад муддати зиёд дар мансаби қазо (қозигӣ) намонд ва халифа ӯро барканор кард, вале муносибати халифа бо вай ҳамоно мисли пештара дӯстона боқӣ монд.

ВАФОТИ ИМОМ МУҲАММАД ВА “ДАФНИ ФИҚҲ” ДАР РАЙ

Дар соли 189-и ҳиҷрӣ баробар ба соли 804-и милодӣ халифа Ҳорунаррашид ба ҷониби минтақа ва шаҳри Рай азми сафар кард. Дар он рӯзгор Муҳаммад (р) ҳамчун имоми фиқҳ шӯҳратёр шуда буд ва халифа дар ҳар амри шаръӣ аз ӯ машварат мепурсид. Халифа дар ин сафар Имом Муҳаммадро ҳамроҳ гирифт. Дар ҳамин давра аз торих дар Бағдод имоми забоншиносон ё худ луғавиён Алӣ ибни Ҳамза маъруф ба Кисоӣ буд ва халифа ӯро эҳтиром мекард. Кисоӣ яке аз ҳафт қории машҳури Қуръон аст ва “Рисола фи лаҳн ал-омма” ба қалами ӯ мансуб мебошад. Ҳорунаррашид Имом Кисоиро низ ҳамроҳ бо Имом Муҳаммад ба Рай бурд. Дӯстӣ ва ҳамнишинии ин ду марди донову ҳақшинос боз як далели дигар аз бузургии онҳост. Ҳамагӣ як сол нагузашта буд, ки боди аҷал даррасиду риштаи умри пурбаракати ду марди фозилу фарзонаро дар як рӯз аз вуҷуд барканд. Аммо хидматҳои ин ду абармард номи эшонро то абад зинда медоранд ва ҳар мусулмоне бо шунидани номи ҳар яки онҳо “раҳмати Худо бар ӯ бод” мегӯяд.

Марги бузургони дин халифа Ҳорунаррашидро ба ниҳоят андӯҳгин кард ва бо ёди хайр аз имомон зикр намуд: Фиқҳ ва арабият (улуми забони арабӣ) дар Рай дафн шуданд.

ТАЪЛИФОТИ МУҲАММАД ИБНИ ҲАСАНИ ШАЙБОНӢ

Машҳуртарин китоби имом Муҳаммад (р) “ал-Асл” мебошад, ки бо номи “ал-Мабсут” маъруф аст. Ҷамъе аз дӯстонаш ба қалами ӯ мансуб будани “ал-Мабсут”-ро ривоят кардаанд. Ба Имом Муҳаммад инчунин китобҳои зиёд нисбат дода шудаанд. Дар миёни таълифоти ӯ “Ҷомеи кабир”, “Ҷомеи сағир”, “Сияри сағир”, “Сияри кабир” (дар дуи ахир аҳкоми ҷанг дар фиқҳи исломӣ оварда шудааст) ва “аз-Зиёдот” бо номи нисбии “зоҳири ривоят” машҳуранд. Ҳоким Шаҳиди Марвазӣ (вафоташ соли 334-и ҳиҷрӣ) китобҳои Имом Муҳаммадро ихтисор намуда, бо номи “ал-Кофӣ” навиштааст. Китоби “ал-Мабсут”-ро даҳҳо донишмандони бузург шарҳ навиштаанд. Китобҳои дигаре, ки ба Муҳаммад ибни Ҳасан нисбат додаанд, аз ин қароранд: “Кайсониёт”, “Ҳоруниёт”, “Ҷурҷониёт” ва “Зиёдат ал-зиёдот”.

ИМОМ МУҲАММАД ВА БАҲАМОВАРИИ РАВИЯҲОИ МУХОЛИФ

Тавассути таълиме, ки Муҳаммад ибни Ҳасан дар Кӯфа аз уламои аҳли раъй ва дар Ҳиҷоз аз уламои ҳадис гирифт, тавонист равишеро ташкил диҳад, ки дар он равишҳои роиҷи мухолифи ҳамдигар мувозанат дошта бошанд ва мактабҳои фиқҳии Мадина ва Кӯфа ба ҳам наздик шаванд. Ӯ тавонист, ки уламои замони худро ба ҳайрат оварад. Равиши ӯ ба устодаш Абӯюсуф писанд афтода буд ва аз ҳамин рӯ ӯ барои Муҳаммад ҷойгоҳи хоссеро қоил буд. Гуфтан мумкин аст, ки Имом Муҳаммад дар байни донишмандони олами исломӣ ҷойгоҳеро дар баробари имом Абӯюсуф сазовор ҳаст. Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ нахустин нафарест, ки фиқҳро ба шакли муназзам ба тадвин овардааст. Муаллифи “Зуҳо ал-ислом” менависад, ки навиштани китобҳои оид ба фиқҳ маҳз баъд аз иқдоми Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ инкишоф ёфта, ба авҷи аълои худ расидааст.

МУҲИМТАРИН ХИДМАТИ ИМОМ МУҲАММАД БАРОИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ

Дар таърихи фиқҳи исломӣ Имом Муҳаммад тавонист, ки ду мактаби ба ҳам мухолиф – мактаби Мадина ва Кӯфаро якҷо кунад ва фиқҳи аҳли Ироқро бо фиқҳи аҳли ҳадис пайванд бидиҳад. Равиши имом Муҳаммад аз ҳама бештар ба имом Шофеӣ писанд афтода буд ва ӯ беш аз ҳама аз ин имоми бузург таъсирпазир шуда буд. Аз ҳамин ҷост, ки имом Шофеӣ дар бораи Муҳаммад ибни Ҳасан гуфтааст: “Ҳеҷ касро дар донистани китоби Худо донотар аз Муҳаммад (ибни Ҳасан) надидам. Гӯиё Қуръон ба ӯ нозил шуда бошад”.

Бояд зикр кард, ки имомон Абӯюсуф ва Муҳаммад ибни Ҳасанро дар сарчашмаҳои фиқҳӣ “Шайхайн”, яъне ду шайх мегӯянд.

Мазҳаби ҳанафӣ дар як муддати кӯтоҳ дар манотиқи мусулмоннишин ба таври васеъ интишор ёфт. Сабаби муҳимтарин дар интишор ёфтани мазҳаби ҳанафӣ хидмати шогирдони худи Абӯҳанифа буд, ки фиқҳи устоди хешро тадвин кардаву дар атроф интишор доданд. Аз ҳама бештар дар ин ҷода Абӯюсуфи қозиюлқуззоти аббосиҳо хидмат дорад. Маҳз Абӯюсуф маъмурияти таини қозиҳо дар манотиқи мухталифро дошт. Ӯ ҳамеша касеро қозӣ таъин менамуд, ки равиши иҷтиҳодии ӯро пайравӣ мекард. Ҳамин гуна мазҳаби ҳанафӣ ба мазҳаби расмии давлати аббосиҳо мубаддал шуд. Вақте ки шогирди дигари Абӯҳанифа Муҳаммад ба камоли фиқҳ даст ёфт, тавонист фиқҳи ҳанафиро тадвин кунад ва хидмати бузургеро анҷом диҳад. Пас аз ин ду шогирди содиқ донишмандоне ба майдон омаданд, ки дар хидмати фиқҳи мазҳаб саҳми беандоза гузоштанд. Дар замони аббосиҳо мазҳаби ҳанафӣ дар сарзамини Ироқ густариш ёфт ва ҳам он замон мазҳаби расмиву мардумии ироқиҳо гардид. Сипас ин мазҳаб дар Шом густариш пайдо кард ва бо сари қудрат омадани хилофати Усмониён доманаи интишори мазҳаби ҳанафӣ васеъ шудан гирифт.