Манобеи исломӣ

Забон

Чӣ басо дар мавриди таърихи Имом Алӣ (алайҳис-салом) аз қабили таърихи таваллудаш, ҷангҳояш ва шаҳодаташ чизҳои зиёде шунидаем ва низ дар бораи мўъҷизаҳо ва фазоили ахлоқиаш ҳам шунидаем, вале чизе, ки дар бораи он зиёд намешунавем ҳамоно ҷонибҳои муборизавӣ ва рисолӣ аз ҳаёти Имом Алӣ (алайҳис-салом) аст. Масалан он рўз, ки ҷавон буд боризтарин ҷилваҳои зиндагияш дар ин марҳала аз чӣ иборат буданд? Онгоҳ, ки марҳалаи ҷавониро пушти сар карда ба марҳалаи куҳулат[1] расид, чӣ вижагиҳоеро дар зиндагияш мушоҳида менамоем ва он рўз, ки аз марҳалаи куҳулат ҳам гузашт, рў ба рў бо кадом ҷилваҳо мегардем? Ҳамаи ин ҳам барои он аст, ки то дар ҳар марҳалае аз зиндагияш Имом Алӣ (алайҳис-салом) бароямон муқтадо ва улгуе қарор гирад, ки аз ў пайравӣ намоем.

 

Имом дар ҷавонӣ

Дар марҳалаи ҷавонӣ муҳимтарин вижагиҳои зиндагонии Имом иборат буданд аз хусусиёти зерин:

Кушодагӣ: Мурод аз кушодагӣ яъне ҳамвора омода будан барои пазириши фикри ҷадид ва андешаи нав ва иқдом намудан барои амали тағйировар бидуни он ки пойбанд ба одату тақлидҳои ҷомеа ва парво ба равиш ва тариқи аҷдоду гузаштагон дошта бошад. Модоме, ки андешаи нав ҳаққ ва фикри ҷадид дуруст бошад, лозим аст инсон иқдом ба пазириш ва қабули он намуда ва барои амал ба он шитоб варзад. Ин вижагӣ дар суръати имон овардани Имом Алӣ (алайҳис-салом) ва иқдоми ў барои кўшиш ба хотири Ислом дар нахустин лаҳза аз даъвати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)мушоҳида мешавад. Ба ҳамин хотир аст, ки уламои Ислом чунин лиҳоз намудаанд, ки аз боризтарин вижагиҳои Имом Алӣ (алайҳис-салом) пешдастии ў ба Ислом ва намозгузорӣ ҳамроҳ бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)буд ва ривоятҳо дар ин мавзўъ ба тавотур нақл шудаанд.

Нисоӣ ривоятҳоеро дар аввалин фасл аз китобаш “Вижагиҳои Амири мўъминон Алӣ ибни Абўтолиб” аз тариқи ровиёни гуногуне перомуни ҳамин мавзўъ нақл мекунад.

Дар “Биҳор-ул-анвор” аз Салмони Форсӣ (разияллоҳу анҳу) (ва ў аз Расули гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) чунин ривоят шудааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)фармуд:

“Аввалин касе аз шумо, ки ба назди ман дар ҳавз (дар биҳишт) ворид мешавад, ҳамон аввалин касе аз шумост, ки Ислом овардааст, яъне Алӣ ибни Абўтолиб”.

Аз Абўзари Ғифорӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки фармуд:

“Аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)дар ҳоле, ки дасти Алиро гирифта буд шунидам, ки мефармуд: Ту аввалин касе ҳастӣ, ки ба ман имон овардааст ва аввалин касе мебошӣ, ки дар рўзи қиёмат даст ба дасти ман медиҳад”.

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки фармуд:

“Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)рўзи душанбе барои паёмбарӣ барангехта шуд ва Алӣ рўзи сешанбе Ислом овард”.

Аз Алӣ (алайҳис-салом) вақте пурсиданд:

Эй Алӣ! Оё он замон, ки имон овардӣ бо падарат дар ин мавзўъ машварате кардӣ?” Алӣ (алайҳис-салом) дар посух фармуд: “Оё Худо вақте маро офарид бо падарам машварат карда буд?”

 

Ҳиммат: Имом Алӣ (алайҳис-салом) дар ҷавонӣ дар андешаи ояндаи шахсии худаш ва ин ки чӣ гуна омўзишашро ба поён бирасонад ва ба вазифае ноил гардад ва соҳиби зани зебое шавад ва барояш манзили хубе фароҳам ояд – ҳамон гуна ки бештари ҷавонони мо имрўза чунин меандешанд – набуд. Балки Имом (алайҳис-салом) ба ояндаи давр ва рисолаташ ва вазъи уммати хеш меандешид. Имом ҳиммате бузургтар ва болотар аз ҳиммати шахсӣ дошт. Ҳимматаш ин буд, ки марди шумораи ду (баъд аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар раҳбарии олам ба сўи саодат ва пешравӣ бошад ва он ҳам фақат барои талаби ризои илоҳӣ ва ноил гардидан ба савоб. Дар ҳамон ибтидои даъват вақте, ки Худои мутаол ба паёмбараш ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)дастур фармуд, ки хешовандони наздикашро бим диҳад “Ва бим деҳ хешовандони наздикатро”, Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)аз фарзандони Абдулмутталиб, ки дар он ҳангом аз чиҳил мард иборат буданд, даъват ба амал оварда ва баъди он ки барояшон таом пешкаш кард, аз ҷо баланд шуд ва фармуд:

Эй фарзандони Абдулмутталиб! Ман ба дурустӣ бимдиҳанда ба сўятон аз ҷониби Худои бузург ва башоратоваранда ҳастам. Ба дини Ислом гаравед ва маро итоат кунед, ки онгоҳ ҳидоят ва роҳ хоҳед ёфт. Сипас фармуд:

Чӣ касе дасти бародарӣ ба ман дароз мекунад ва кўмаккори ман мегардад ва валю ҷонишин бароям баъд аз ман ва халифаам дар байни аҳлам мешавад ва қарзамро адо мекунад?” Касе посух надод ва ҳама сокит буданд. Се бор ҳамин дархосташро такрор кард, вале дар ҳар се бор ҳама сукут ихтиёр карда буданд ва танҳо Алӣ (алайҳис-салом) буд, ки мегуфт: “Ман”. Дар бори севвум буд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)фармуд: “Оре, ту”.

 

Эътимод ба нафс: Бо вуҷуди ин ки Имом (алайҳис-салом) хурдсол буд ва дар ҷомеае зиндагӣ мекард, ки бузургсолорӣ дар он ҳоким буд, вале Имом (алайҳис-салом) ин монеаро шикаст ва бар ин арзиши ҷоҳилона саркашӣ намуда ва бо эътимод ба нафси худ кор кард. Масалан, дар воқеаи Хандақ вақте Амр ибни Абдвуд – он ҷанговари машҳур аз қабилаи Бани Омир ибни Луай – ба мубориза баромад ва мардум аз ҳайбати ў ба тарс афтода ва ҷуръати мубориза бо ўро аз даст доданд, Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)нидо дод: “Чӣ касе аз шумо ҳозир аст барои мубориза бо Амр барояд?” Алӣ (алайҳис-салом) аз ҷо баланд шуд ва арз кард: “Ман эй Расули Худо!” Онгоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Алӣ (алайҳис-салом) фармуд: “Ў Амр аст!” Алӣ (алайҳис-салом) фармуд: Ва ман Алӣ ҳастам!”

 

Алӣ дар марҳалаи куҳулат

Баъд аз даргузашти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)мебоист Алӣ (алайҳис-салом) – ба унвони имом ва халифае, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)дар мавориди гуногуне мисли воқеаи машҳури Ғадир сареҳан ба имомат ва хилофати ў баъд аз худ ишора намуда буд – зимоми раҳбарии уммат ва идораи шууни онҳоро ба даст мегирифт. Вале он чи дар воқеъ рўй дод, ин буд, ки хилофат аз Алӣ (алайҳис-салом) баргардонда шуд ва дар Сақифаи Бани Соида бо каси дигаре байъат гардид дар ҳоле, ки Имом Алӣ (алайҳис-салом) дар ҳамон ҳангом машғули кафну дафни Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)буд. Дар оғоз Имом (алайҳис-салом) кореро, ки анҷом гардид эътироф накард ва даст аз байъат кардан бардошт, вале вақте дид, ки пофишориаш бар талаби ҳаққи шаръии хеш дар хилофат шояд хатари тафриқаи умматро ба дунбол дошта ва асли дини Исломро ба хатар андозад ва аз сўе ҳам фурсатро барои нерўҳои зидди Ислом фароҳам оварад, ин ҷо буд, ки маслиҳати асли Ислом ва рисолатро бар ҳаққи шаръияш баргузида ва сукут ихтиёр карда ва дасти байъат ба халифа дароз кард. Имом (алайҳис-салом) дар ин маврид мефармояд:

Аммо баъд, Худованди субҳон Муҳаммадро фиристод то бимдиҳандаи ҷаҳониён ва гувоҳ ва нигаҳбони оини паёмбарони ў бошад. Вақте Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)чашм аз ҷаҳон баст, мусулмонон дар бораи аморат ва хилофат баъд аз ў ба кашокашӣ ва ҷанҷол бархостанд. Ба Худо савганд, ҳаргиз фикр намекардам ва ба зеҳнам намеомад, ки арабҳо баъд аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)амри имомат ва раҳбариро аз аҳли байти ў баргардонанд (ва дар ҷои дигар қарор диҳанд ва бовар намекардам) онҳо онро аз ман дур созанд. Танҳо чизе, ки маро нороҳат кард ҷамъ шудани мардум дар атрофи фалон шахс буд, ки бо ў байъат кунанд. Онгоҳ даст бардоштам, вале вақте ки бо чашми худ дидам гурўҳе аз дини Ислом бозгашта ва мехоҳанд дини Муҳаммадро нобуд созанд, дар ин ҷо буд, ки тарсидам агар Ислом ва аҳлашро ёрӣ накунам, бояд шоҳиди нобудӣ ва шикоф дар Ислом бошам, ки мусибати он барои ман аз раҳо сохтани хилофат ва ҳукумат бар шумо бузургтар буд. Чаро ки ин баҳра даврони кўтоҳи зиндагии дунёст…”

Баъзеҳо талош карданд, ки Имомро таҳрик намоянд, ки даст аз ҳаққаш набардорад, вале биноии расо ва ихлоси Имом (алайҳис-салом) ба маслиҳати умумӣ ўро болотар аз лаббайк гуфтан ба ин таҳрикҳо қарор дод.

Ибни Асир дар таърихи худ чунин ривоят мекунад:

“Абўсуфён наздик шуд ва мегуфт: Ман лаҷоҷате мебинам, ки чизе ҷуз хун онро наметавонад хомўш созад. Эй Оли Абдуманоф! Абўбакр кист, ки зимоми умури шумо ба дасташ қарор гирад? Ин ду бечора ва ду хоршуда Алӣ ва Аббос куҷоянд? Чӣ шудааст, ки аморат дар дасти поинтарин гурўҳи Қурайш қарор гирад?” Сипас ба Алӣ (алайҳис-салом) гуфт: “Дастатро ба ман дароз кун то бо ту байъат кунам. Ба Худо савганд, агар бихоҳӣ бар алайҳи ў тамоми ин ҷоро бо ҷанговарони пиёда ва савора пур месозам”. Алӣ (алайҳис-салом) аз ин пешниҳод рўй бартофт ва ўро сарзаниш кард ва фармуд: “Ба Худо савганд, бо ин кор ҷуз фитна муродат нест ва ба Худо савганд, замони зиёде ба Ислом бадӣ кардӣ, ниёз ба насиҳатат надорем”.

Имом (алайҳис-салом) ҳамчун насиҳатгар, мушовир ва роҳнамо дар ҷониби хулафои сегона Абўбакр, Умар ва Усмон қарор мегирифт, чун дар ҳалли мушкилот ва масоил ба ў муроҷиат мекарданд ва дар назди ў дониши фаровон ва назари саҳеҳ ва ҳалли дуруст пайдо мекарданд, ҳатто ин сухан аз халифаи дуввум Умар ибни Хаттоб машҳур аст, ки гуфтааст: “Паноҳ мебарам ба Худо аз мушкилае, ки Абу Ҳасан – Алӣ ибни Абўтолиб барои ҳалли он вуҷуд надошта бошад.”

Хулоса ин ки Имом (алайҳис-салом) ба ин далел, ки аз ҳаққаш дур карда шудааст, даст аз кўмак ва роҳнамоӣ набардошт.

 

Марҳалаи ахир

Вақте Имом (алайҳис-салом) ба синни пирӣ расид, баъд аз ҳодисаҳое, ки дар таърих нақл шудааст, фурсати раҳбарии уммат барояш фароҳам гардид. Ў дар замони хилофаташ, ки фурсати кўтоҳе буд, намунаи олии як ҳокими идеалро ироа намуд. Имом (алайҳис-салом) худро пойбанд ба татбиқи аҳкоми Ислом ва амалӣ кардани асосҳои одилонаи он намуд ҳарчанд душвориҳо ва мушкилотеро ҳам ба дунбол дошта бошад ва рўй аз пўйидани роҳи “маслиҳат” дар сиёсат бартофт. Ў аз ҳамон оғози хилофати худ ҳамкорӣ бо маслиҳат-андешоне мисли Талҳа, Зубайр ва Муовияро бар ҳисоби маслиҳати уммат радд кард ва ҳамчунин адолати иҷтимоиро дар беҳтарин шаклаш пиёда сохт, на наздике аз наздиконашро бар дигарон бартар медид ва на бо дўсте мудоро дошт.

Баргирифта аз китоби ” Барномаи зиндагӣ аз дидгоҳи Наҳҷулбалоға”  аз Ҳасан Мўсо Саффор.


[1] Куҳулат – миёнсолӣ.