Манобеи исломӣ

Забон

Ба номи Худо

Бас бигардиду бигардад рӯзгор,

Дил ба дунё дар набандад ҳушёр.

Эй ки дастат мерасад коре бикун,

Пеш аз он каз ту наёяд ҳеҷ кор.

Инки дар Шоҳномаҳо овардаанд,

Рустаму руинтани Исфандиёр.

То бидонанд ин худовандони мулк,

Каз басе халқ аст дунё ёдгор.

Ин ҳама рафтанду мои шухчашм,

Ҳеҷ нагрифтем аз ишон эътибор.

Эй ки вақти нутфа буди бехабар,

Вақти дигар тифл буди ширхор.

Муддате боло гирифти то булуғ,

Сарви болои шуди симинъузор,

Ҳамчунин то марди номовар шудӣ,

Фориси майдони сайду корзор.

Ончи диди барқарори худ намонд,

Вин чи бини ҳам намонад барқарор.

Деру зуд ин шаклу шахси нозанин,

Хок хоҳад будану хокаш ғубор.

Гул бихоҳад чид бешак боғбон,

Варначинад худ фуру резад зи бор.

Ин ҳама ҳеҷ аст мебигзарад,

Тахту бахту амру наҳйу гиру дор.

Номи неку гар бимонад зодамӣ,

Беҳ аз ӯ монад сарои зарнигор.

Соли дигарро ки медонад ҳисоб,

Ё куҷо рафт он ки бо мо буд пор.

Хуфтагон бечора дар хоки лаҳад,

Хуфта андар каллаи сар сусмор.

Сурати зебои зоҳир ҳеҷ нест,

Эй бародар сирати зебо биёр.

Ҳеҷ дони то хирад беҳ ё равон,

Ман бигуям гар бидори устувор.

Одамиро ақл бояд дар бадан,

Варна ҷон дар колбад дорад ҳимор.

Пеш аз он каз даст берунат барад,

Гардиши гети зи моми ихтиёр.

Ганҷ хоҳи дар талаб ранҷе бибар,

Хирмане мебоядат тухме бикор.

Чун Худовандат бузурги доду ҳукм,

Хурда аз хурдони мискин даргузор.

Чун забардастит бахшид осмон,

Зердастонро ҳамеша нек дор.

Узрхоҳонро хатокори бибахш,

Зинҳориро ба ҷон деҳ зинҳор.

Шукри неъматро накӯи кун ки ҳақ,

Дуст дорад бандагони ҳақгӯзор.

Лутфи ӯ лутфест берун аз адад,

Фазли ӯ фазлест берун аз шумор.

Гар ба ҳар мӯе забоне бошадат,

Шукри як неъмат нагӯи аз ҳазор.

Номи неки рафтагон зоеъ макун,

То бимонад номи некат пойдор.

Мулкбононро набояд рӯзу шаб,

Гоҳе андар хамру гоҳе дар хумор.

Коми дарвешону мискинон бидеҳ,

То ҳама корат барорад кирдигор.

Бо ғарибон лутфи беандоза кун,

То равад номат ба неки ёдгор.

Зури бозу дориву шамшери тез,

Гар ҷаҳон лашкар бигирад ғам мадор.

Аз даруни хастагон андеша кун,

Ваз дуои мардуми парҳезгор.

Манҷаниқи оҳи мазлумон ба суд,

Сахт гирад золимонро дар ҳисор.

Бо бадон бад бошу бо некон накӯ,

Ҷои гул гул бошу ҷои хор хор.

Дев бо мардум наёмезад матарс,

Бал битарс аз мардумони девсор.

Ҳарки дад ё мардуми бад парварад,

Дер зуд аз ҷон барорандаш димор.

Бо бадон чандон ки некуи кунӣ,

Қатли мор афсо набошад ҷуз ба мор.

Эй ки дори чашми ақлу ҳуш,

Панди ман дар гуш кун чун гушвор.

Нашканад аҳди ман илло сангдил,

Нашнавад қавли ман илло бахтиёр.

Саъдиё чандон ки медони бигу,

Ҳақ набояд гуфтан илло ошкор.

Ҳаркиро хавфу тамаъ дар кор нест,

Аз хато бокаш набошад ваз татор.

Подшоҳонро сано гуянду мадҳ,

Ман дуое мекунам дарвешвор.

Ё раб илҳомат ба некуи бидеҳ,

Ваз бақои умр бархурдор дор.

Ҷовидон аз даври гети комдил,

Дар канорат боди душман барканор.

Саъдӣ