Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Достони фоидаи садоқат

Достони фоидаи садоқат

Rate this post

Эътимод ва садоқат ӯро ба подшоҳӣ расонид

Подшоҳе, ки ҳамаи фарзандонашро аз даст дода буд ва дигар пас аз худ ҷонишине надошт, хост барои худ аз миёни ҷавонони кишвараш ҷонишине интихоб кунад. Подшоҳ ҷавонҳои шаҳрро ба наздаш хонд ва ба ҳар кадоме аз онҳо донаи гиёҳе дод ва аз онҳо хост ҳар яке аз онҳо рафта донаро дар як зарф ва ё гулдоне бикоранд ва пас аз чанд моҳи муайяне гиёҳро ба назди подшоҳ биёранд, то подшоҳ аз миёни онҳо кадоме, ки гиёҳро хубтар парваронидааст барои пас аз худ ӯро ба подшоҳӣ бипазирад.

Яке аз он ҷавонҳо, ки тасмим дошт ба ин кор низ муваффақ гардад ва оянда подшоҳи ин кишвар шавад, тамоми талошашро ба кор бурд. ӯ ҳар чанд талош намуд то он донаро парвариш диҳад аммо дона намерӯид. Ба ин гумон афтод, ки донаро дар обу ҳавои дигар парвариш диҳад, бинобар ин ба куҳистон рафт ва хоки он ҷоро низ озмоиш кард, ин бор ҳам муваффақ нашуд.

Ҷавон ба назди деҳқонон ва кишоварзони таҷрубадидаи атрофи он шаҳр давр мезад, аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо натавонист барои рӯёнидани он гиёҳ ӯро кумак кунад.

Рӯзи мавъуд наздик мешуд аммо асаре аз гиёҳи он ҷавон набуд. Билохира подшоҳ тамоми ҷавонҳоро ба наздаш хонд ва ҳама дар қасри подшоҳ ҷамъ шуданд ва ҳар яке аз онҳо гулдони худро ба подшоҳ нишон медод. Вақте навбат ба ин ҷавон расид, подшоҳ аз ӯ пурсид: гиёҳи ту куҷост?

Ҷавон тамоми моҷаро ва талошҳояшро ба подшоҳ бозгӯ кард.

Подшоҳ дасти ин ҷавонро гирифта болои тахт бурд ва ӯро ҷонишини худ эълон кард. Ҳамаи ҷавонҳо дар тааҷҷуб афтода эътироз карданд, ки ҳеҷ асаре аз гиёҳи ӯ нест, чи гуна ӯро интихоб кард!?

Подшоҳ рӯй ба ҷавонҳо карда гуфт: ин ҷавон дурусткортарини ҷавонҳои шаҳр аст. Ман ҳамаи он донаҳоро пеш аз он ки ба дасти шумо бидиҳам дар об ҷӯшонида будам, ҳеҷ кадоме аз он донаҳо намерӯяд.

Подшоҳ дар идомаи суханаш гуфт: мардум ба подшоҳе ниёз доранд, ки бо онҳо содиқ ва росткор бошад, на подшоҳе, ки барои расидан ба қудрат ба ҳар кори хилофе даст бизанад.

Таҳияи Аҳмади Азиз

Манбаъ : Сомонаи Васатият