Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Гуноҳоне, ки боиси азоби абадӣ мешаванд

Гуноҳоне, ки боиси азоби абадӣ мешаванд

Rate this post

Таъйини ин ки чӣ чизе гуноҳ аст ва чӣ чизе савоб, танҳо аз тариқи китоб ва суннат мақдур аст; зеро дар бисёре аз маворид, гуноҳ будани амале қобили ташхиси ақлонӣ нест ва Худои Мутаол аст, ки ин маворидро аз тариқи ваҳй ва дин барои башар баён намудааст.

Олимони исломӣ гуноҳонро бар ду гуна тақсим намудаанд: гуноҳони кабира (бузург) ва гуноҳони сағира (кучак).

Ин тақсимбандӣ аз Қуръон ва ривоёт сарчашма гирифтааст. Дар Қуръон чунин мехонем: “Агар аз гуноҳони кабирае, ки аз он наҳй шудаед дурӣ кунед, гуноҳони кучаки шуморо мепӯшонем ва шуморо дар ҷойгоҳи хубе ворид месозем.” (Нисо, 31)

Ва дар ҷойи дигар омадааст: “Ва китоб (номаи аъмол) дар он ҷо гузорда шавад; гунаҳкоронро мебинӣ, ки аз он чӣ дар он аст, тарсон ва ҳаросноканд ва мегӯянд: эй вой бар мо! Ин чӣ китобе аст, ки ҳеч амали кучак ва бузурге нест, магар ин ки онро шумора кардааст!..” (Каҳф, 49)

Ва дар бораи биҳиштиён мехонем: “Ва онон, ки аз гуноҳони бузург ва корҳои зишт дурӣ меҷӯянд ва чун ба хашм оянд, дармегузаранд.” (Шӯро, 37)

Аз ин оятҳо ба рӯшанӣ истифода мешавад, ки гуноҳон ду гунаанд: кабира ва сағира. Ва ҳамчунин истифода мешавад, баъзе аз гуноҳон, бидуни тавбаи ҳақиқӣ бахшуданӣ нест, вале баъзе аз онҳо бахшуданӣ аст.

Дар ривоят аст, ки: “Гуноҳон бар се гунаанд: гуноҳи бахшуданӣ ва гуноҳи нобахшуданӣ ва гуноҳе, ки барои соҳибаш, ҳам умеди бахшиш дорем ва ҳам тарс аз кайфар.

Ва аммо гуноҳе, ки бахшуданӣ аст, гуноҳи бандае аст, ки Худованд ӯро дар дунё кайфар мекунад ва дар охират кайфар надорад. Худованд ҳакимтар ва бузургвортар аз он аст, ки бандаашро ду бор кайфар кунад.

Аммо гуноҳе, ки нобахшуданӣ аст, ҳаққуннос аст, яъне зулми бандагон нисбат ба ҳамдигар, ки бидуни ризояти мазлум бахшида намешавад.

Ва аммо навъи сеюм, гуноҳе аст, ки Худованд онро бар бандааш пӯшонда, тавбаро насиби ӯ намудааст, ва дар натиҷа он банда ҳам аз гуноҳаш ҳаросон аст ва ҳам умед ба омурзиши парвардгораш дорад, мо низ дар бораи чунин бандае, ҳам умедворем ва ҳам тарсон.”

Гуноҳони нобахшуданӣ

Оятҳои Қуръони Маҷид азоби абадиро барои ин аъмол ваъда кардааст:

  1. Куфр: “Он касоне ки кофир шуданд ва бо ақидаи куфр мурданд, албатта бар он гурӯҳ аст лаънати Худо ва малоика ва тамоми мардумон!” (Бақара, 161)
  2. Ситамгарӣ: “Касоне ки кофир шуданд ва ситам карданд, Худо бар он нест, ки биёмурзадашон ва на он ки роҳе бинумоядашон, ҷуз роҳи дӯзах, ки ҳамеша дар он ҷовидонанд ва ин бар Худо осон аст.” (Нисо, 168-169)
  3. Нифоқ: “Худо мардону занони мунофиқ ва кофиронро оташи дӯзах ваъда кардааст, ки дар он ҷовидонанд; ҳамон бас аст онҳоро ва Худо лаънаташон карда, ва ононро азобе аст поянда.” (Тавба, 68)
  4. Такаббур: “Пас, аз ҳар дар ба дӯзах дохил шавед, ки дар он ҷо ҳамеша муаззаб хоҳед буд ва ҷойгоҳи мутакаббирон (ки дӯзах аст) бисёр бад манзилгоҳе аст.” (Наҳл, 29)
  5. Такзиб ва бар дурӯғ баровардани оятҳои Худо: “Ва онон, ки оятҳои моро такзиб карданд, онҳо аҳли оташи дӯзах ва дар он ҷовидонанд ва он ҷо бисёр бад манзилгоҳе аст.” (Тағобун, 10)
  6. Қатли амд: “Ҳар кас мӯъминеро ба амд бикашад, муҷозоти ӯ оташи ҷаҳаннам аст, ки дар он ҷовид муаззаб хоҳад буд. Худо бар ӯ хашм ва лаън кунад ва азобе бисёр шадид муҳайё созад.” (Нисо, 93)
  7. Таҷовуз аз ҳудуди илоҳӣ: “Ҳар кӣ нофармонӣ аз Худо ва Расул кунад ва таҷовуз аз ҳудуди илоҳӣ намояд, ӯро ба оташе дарафканад, ки ҳамеша дар он муаззаб аст ва ҳамвора дар азоби зиллату хорӣ хоҳад буд.” (Нисо, 14)
  8. Душманӣ бо Худо ва Расул: “Оё намедонанд, ки ҳар кас бо Худо ва Расулаш ба душманӣ бархезад, оташи дӯзах кайфари доимии ӯст ва ин ба ҳақиқат зиллату хории бузург аст.” (Тавба, 63)
  9. Касе ки гуноҳаш ӯро фаро гирад: “Оре, ҳар кӣ кори баде кунад ва гуноҳаш ӯро фаро гирад, онон дӯзахиёнанд ва дар он ҷовидонанд.” (Бақара, 81)
  10. Рибохорӣ: “Худованд тиҷоратро ҳалол карда ва риборо ҳаром. Ҳар кас пас аз он ки панду андарзи китоби Худо бад-ӯ расид, аз ин амал (рибо хӯрдан) даст кашад, Худо аз гузаштаи ӯ даргузарад ва оқибати кори ӯ бо Худои меҳрубон бошад ва касоне ки аз ин кор даст накашанд, онон аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовид муаззаб хоҳанд буд.” (Бақара, 275)

Кимиёи саодат