Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Васиятномаи сиёсӣ-илоҳии Имом Хумайнӣ (3)

Васиятномаи сиёсӣ-илоҳии Имом Хумайнӣ (3)

Rate this post

Қисмати севвум
3. Ва аз ҳамин қабил тавтиаҳо ва шояд аз он ҳам азияткунандатар, шойиаҳои васеъ дар сатҳи кишвар ва дар шаҳристонҳо, бештар дар бораи ин ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳам коре барои мардум анҷом надод. Бечора мардум бо он шавқу шааф фидокорӣ карданд, ки аз режими золимонаи тоғут раҳоӣ ёбанд, гирифтори режими бадтар шуданд. Мустакбирон мустакбиртару мустазъафон мустазъафтар шуданд. Зиндонҳо пур аз ҷавононе, ки умеди ояндаи кишвар аст, мебошад ва шиканҷаҳо аз режими пешин бадтар ва ғайри инсонитар аст. Ҳар рӯз иддаеро ба исми Ислом эъдом мекунанд. Ва эй кош исми Исломро рӯи ин ҷумҳурӣ намегузоштанд. Ин замон аз замони Ризохон ва писараш бадтар аст. Мардум дар ранҷу заҳмат ва гаронии сарсомовар ғӯта мехӯранд ва сардамдорон оҳиста ин режимро ба режими коммунистие ҳидоят мекунанд. Амволи мардум мусодира мешавад ва озодӣ дар ҳар чиз аз миллат бардошта шудааст. Ва бисёри дигаре аз ин қабил умур, ки бо нақша иҷро мешавад. Ва далели он ки нақша ва фитна аст, ин мебошад, ки ҳар чанд рӯз як амр дар гӯшаву канор ва дар ҳар кӯю барзан сари забонҳо меафтад, дар таксиҳо ҳамин матлаби воҳид ва дар автобусҳо низ ҳамин ва дар иҷтимооти чанд нафара боз ҳамин сӯҳбат мешавад. Ва яке ки ба қадре кӯҳна шуд, якеи дигар маъруф мешавад. Ва мутаассифона баъзе рӯҳониён, ки аз ҳилаҳои шайтонӣ бехабаранд, бо вохӯрдан ба як-ду нафар аз фитнагарон гумон мекунанд, ки матлаб ҳамон аст. Ва асоси масъала он аст, ки бисёре аз онон, ки ин масоилро мешунаванд ва бовар мекунанд, иттилоъе аз вазъи дунё ва инқилобҳои ҷаҳон ва ҳаводиси баъд аз инқилобу гирифториҳои азими иҷтинобнопазири он надоранд (ҳамон тавр иттилои саҳеҳе аз таҳаввулоте, ки ҳама ба суди Ислом аст, надоранд) ва чашм баставу бехабар амсоли ин матолибро шунида ва худ низ бо ғафлат ё амдан бо онон пайвастаанд.

Инҷониб тавсия мекунам, ки қабл аз мутолиаи вазъияти кунунии ҷаҳон ва муқоиса байни Инқилоби Исломии Эрон бо дигар инқилобҳо ва қабл аз ошноӣ бо вазъияти кишварҳо ва миллатҳое, ки дар ҳоли инқилоб ва пас аз инқилобашон бар онон чӣ мегузаштааст ва қабл аз диққат ба гирифториҳои ин кишвари тоғутзада аз ноҳияи Ризохон ва бадтар аз он Муҳаммадризо, ки дар тӯли чаповулгариҳояшон барои ин давлат ба ирс гузоштаанд, аз вобастагиҳои азими хонумонсӯз, то авзои вазоратхонаҳову идорот ва иқтисоду артиш ва марокизи айёшиву мағозаҳои мускиротфурӯшӣ ва эҷоди бебандуборӣ дар тамоми шууни зиндагӣ ва авзои таълиму тарбият ва авзои дабиристонҳову донишгоҳҳо ва авзои синамоҳову ишраткадаҳо ва вазъияти ҷавонҳову занҳо ва вазъияти рӯҳониёну мутадаййинон ва озодихоҳони мутааҳҳиду бонувони афифи ситамдида ва масоҷид дар замони тоғут ва расидагӣ ба парвандаи эъдом шудагону маҳкумон ба ҳабс ва расидагӣ ба зиндонҳову кайфияти амалкарди мутасаддиён ва расидагӣ ба моли сарватмандону заминхорони бузург ва гаронфурӯшон ва расидагии додгустариҳову додгоҳҳои инқилоб ва муқоиса бо вазъи собиқи додгустариву қозиҳо ва расидагӣ ба ҳоли намояндагони маҷлиси шӯрои исломӣ ва аъзои давлат ва устондорҳо ва дигар маъмурон, ки дар ин замон омадаанд ва муқоиса бо замони собиқ ва расидагӣ ба амалкарди давлат ва ҷиҳоди созандагӣ дар рустоҳое, ки аз ҳама мавоҳиб, ҳатто оби ошомиданиву дармонгоҳ маҳрум буданд ва муқоиса бо тӯли режими собиқ бо дар назар гирифтани гирифторӣ ба ҷанги таҳмилӣ ва паёмадҳои он аз қабили оворагони миллионӣ ва хонаводаҳои шуҳадо ва осебдидагон дар ҷанг ва оворагони миллионии Афғонистону Ироқ ва бо назар ба муҳосираи иқтисодӣ ва тавтиаҳои пай дар пайи Амрикову вобастагони хориҷу дохилаш, изофа кунед набуди мубаллиғи ошно ба масоил ба миқдори эҳтиёҷ ва қозии шаръ ва ҳарҷу марҷҳое, ки аз тарафи мухолифони Ислом ва мунҳарифон ва ҳатто дӯстони нодон дар дасти иҷро аст ва даҳҳо масоили дигар, тақозо ин аст, ки қабл аз ошноӣ бо масоил ба ишколтарошиву интиқоди кӯбанда ва фаҳҳошӣ бархезед ва ба ҳоли ин Исломи ғариб, (ки пас аз садҳо сол ситамгарии қулдурҳо ва ҷаҳли тӯдаҳо, имрӯз тифли навпо ва валидае аст маҳфуф ба душманҳои хориҷу дохил), раҳм кунед. Ва шумо ишколтарошон ба фикр бинишинед, ки оё беҳтар нест ба ҷои саркӯбӣ ба ислоҳу кӯмак бикӯшед ва ба ҷои тарафдорӣ аз мунофиқону золимон ва сармоядорону гарон фурӯшони беинсофи аз Худо бехабар, тарафдори мазлумону ситамдидагон ва маҳрумон бошед. Ва ба ҷои гурӯҳҳои ошӯбгару террористҳои муфсид ва тарафдории ғайри мустақим аз онон, диққате ба терроршудагон аз рӯҳониёни мазлум гирифта то хидматгузорони мутааҳҳиди мазлум дошта бошед?

Инҷониб ҳеҷ гоҳ нагуфтаам ва намегӯям, ки имрӯз дар ин ҷумҳурӣ ба Исломи Бузург бо ҳамаи абъодаш амал мешавад ва ашхосе аз рӯи ҷаҳолат ва уқда ва беинзиботӣ бар хилофи муқаррароти Ислом амал намекунанд, локин арз мекунам, ки қувваи муқаннина (парламент) ва қазоия (суд) ва иҷроия (давлат) дар исломӣ кардани ин кишвар бо заҳамоти ҷонфарсо кӯшиш мекунанд ва миллати даҳҳо миллионӣ низ тарафдору мададгори онон ҳастанд. Ва агар ин ақаллияти ишколтарошу коршикан ба кӯмак бишитобанд, таҳаққуқи ин орзуҳо осонтару зудтар хоҳад буд. Ва агар мабодо инон ба худ наоянд, вақте тӯдаи миллионӣ бедор шуда ва мутаваҷҷеҳи масоил аст ва дар саҳна ҳозир аст, орзуҳои инсонӣ-исломӣ ба хости Худованди Мутаол ба таври чашмгир ҷомаи амал хоҳад пӯшид ва каҷравону ишколтарошон дар муқобили ин сели хурӯшон нахоҳанд тавонист муқовимат кунанд.

Ман бо ҷуръат муддаӣ ҳастам, ки миллати Эрон ва тӯдаи миллионии он дар асри ҳозир, беҳтар аз миллати Ҳиҷоз дар аҳди Расули Худо (с) ва Кӯфа ва Ироқ дар аҳди Амир-ал-Мӯъминин ва Ҳусейн ибни Алӣ (салавотуллоҳи ва саломуҳу алайҳимо) мебошанд. Он Ҳиҷоз, ки дар аҳди Расули Худо (с) мусалмонон низ аз эшон итоат намекарданд ва бо баҳонаҳое ба ҷибҳа намерафтанд, ки Худованди Таоло дар сураи Тавба бо оёте онҳоро тавбех фармуда ва ваъдаи азоб додааст. Ва он қадар ба эшон дурӯғ бастанд, ки ба ҳасби нақл, дар минбар ба онон нафрин фармуданд. Ва он аҳли Ироқ ва Кӯфа, ки бо Амир-ал-Мӯъминин (а) он қадар бадрафторӣ карданд ва аз итоаташ саркашӣ карданд, ки шикоёти он ҳазрат аз онон дар кутуб нақл ва дар таърих маъруф аст. Ва он мусалмонони Ироқу Кӯфа, ки бо Саййид-уш-шуҳадо (а) он кореро карданд, ки карданд. Ва онон ки дар шаҳодат даст олуда накарданд, ё аз маърака гурехтанд ва ё нишастанд, то он ҷинояти таърих воқеъ шуд. Аммо имрӯз мебинем, ки миллати Эрон аз қувваҳои мусаллаҳи низомӣ ва интизомӣ ва сипоҳу басеҷ то қувваҳои мурдумӣ аз ашоир ва довталабон аз қувваҳои ҷибҳаҳо ва мардуми пушти ҷибҳаҳо, бо камоли шавқу иштиёқ чӣ фидокориҳо мекунанд ва чӣ ҳимосаҳо меофаринанд. Ва мебинем, ки мардуми мӯҳтарами саросари кишвар чӣ кӯмакҳои арзанда мекунанд. Ва мебинем, ки бозмондагони шуҳадо ва осебдидагони ҷанг ва мутааллиқони онон бо чеҳраҳои ҳимосаофарин ва гуфтору кирдори муштоқона ва итминонбахш бо мо ва шумо рӯ ба рӯ мешаванд. Ва инҳо ҳама аз ишқу алоқа ва имони саршори онон аст ба Худованди Мутаол ва Ислом ва ҳаёти ҷовидон. Дар сурате, ки на дар маҳзари мубораки Расули Акрам (с) ҳастанд ва на дар маҳзари Имоми Маъсум салавотуллоҳи алайҳи. Ва ангезаи онон имон ва итминонашон ба ғайб аст. Ва ин рамзи муваффақият ва пирӯзӣ дар абъоди мухталиф аст. Ва Ислом бояд ифтихор кунад, ки чунин фарзандоне тарбият намудааст. Ва мо ҳама муфтахирем, ки дар чунин асре ва дар пешгоҳи чунин миллате мебошем.

Ва инҷониб дар ин ҷо ба ашхосе, ки ба ангезаи гуногун бо Ҷумҳурии Исломӣ мухолифат мекунанд ва ба ҷавонон, хоҳ духтарон ва хоҳ писароне, ки мавриди баҳрабардории мунофиқону мунҳарифони фурсатталаб ва судҷӯ воқеъ шудаанд, як васият менамоям, ки бетарафона ва бо фикри озод ба қазоват бинишинанд ва таблиғоти онон, ки мехоҳанд Ҷумҳурии Исломӣ соқит шавад ва кайфияти амали онон ва рафторашон бо тӯдаҳои маҳрум ва гурӯҳҳо ва давлатҳое, ки аз онон пуштибонӣ карда ва мекунанд ва гурӯҳҳо ва ашхосе, ки дар дохил ба онон пайваста ва аз онон пуштибонӣ мекунанд ва ахлоқу рафторашон дар байни худ ва ҳаводоронашон ва тағйири мавзеъҳояшон дар пешомадҳои гуногунро бо диққат ва бидуни ҳавои нафс баррасӣ кунед ва мутолиа кунед ҳолоти ононро, ки дар ин Ҷумҳурии Исломӣ ба дасти мунофиқону мунҳарифон шаҳид шуданд ва арзёбӣ кунед байни онон ва донишмандони онҳо. Наворҳои ин шаҳидон то ҳадде дар даст ва наворҳои мухолифон шояд дар дасти шумо бошад, бибинед кадом даста тарафдори маҳрумон ва мазлумони ҷомеа ҳастанд.

Бародарон! Шумо ин авроқро қабл аз марги ман намехонед. Мумкин аст пас аз ман бихонед, дар он вақт ман назди шумо нестам, ки бихоҳам ба нафъи худ ва ҷалби назаратон барои касби мақому қудрате бо қалбҳои ҷавони шумо бозӣ кунам. Ман барои он ки шумо ҷавонони шоистае ҳастед, алоқа дорам, ки ҷавонии худро дар роҳи Худованд ва Исломи Азиз ва Ҷумҳурии Исломӣ сарф кунед, то саодати ҳарду ҷаҳонро дарёбед. Ва аз Худованд Ғафур мехоҳам, ки шуморо ба роҳи мустақими инсоният ҳидоят кунад ва аз гузашта мо ва шумо бо раҳмати восиаи худ бигузарад. Шумоҳо низ дар хилватҳо аз Худованд ҳаминро бихоҳед, ки ӯ Ҳодӣ ва Раҳмон аст.

Ва як васият ба миллати шарифи Эрон ва дигар миллатҳои мубтало ба ҳукуматҳои фосид ва дар банди қудратҳои бузург мекунам. Аммо ба миллати азизи Эрон тавсия мекунам, ки неъмате, ки бо ҷиҳоди азими худатон ва хуни ҷавонони барӯмандатон ба даст овардед, ҳам чун азизтарин умур қадрашро бидонед ва аз он ҳифозату посдорӣ намоед ва дар роҳи он, ки неъмати азими илоҳӣ ва амонати бузурги худовандӣ аст, кӯшиш кунед ва аз мушкилоте, ки дар ин сироти мустақим пеш меояд, наҳаросед, ки:

إِن تَنصُرُوا اللَّهَ يَنصُرْكُمْ وَيُثَبِّتْ أَقْدَامَكُمْ

«Агар Худоро ёрӣ кунед, Худованд шуморо ёрӣ мекунад ва собит қадам мегардонад».

Ва дар мушкилоти давлати Ҷумҳурии Исломӣ бо ҷону дил шарик ва дар рафъи он кӯшо бошед ва давлату маҷлисро аз худ бидонед ва чун маҳбуби гиромие аз он нигаҳдорӣ кунед.

Ва ба маҷлису давлат ва дастандаркорон тавсия менамоям, ки қадри ин миллатро бидонед ва дар хидматгузорӣ ба онон, хусусан мустазъафону маҳрумон ва ситамдидагон, ки нури чашмони мо ва соҳиби неъматҳои ҳама ҳастанд ва Ҷумҳурии Исломӣ раҳоварди онон ва бо фидокориҳои онон таҳаққуқ пайдо кард ва бақои он низ дар гарави хадамоти онон аст, фурӯ гузор накунед ва худро аз мардум ва ононро аз худ бидонед ва ҳукуматҳои тоғутиро, ки чаповулгарони бефарҳанг ва зӯргӯёни каллапӯк буданд ва ҳастанд, ҳамеша маҳкум намоед, албатта бо аъмоли инсонӣ, ки шоиста барои як ҳукумати исломӣ аст.

Ва аммо ба миллатҳои исломӣ тавсия мекунам, ки аз ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ ва аз миллати муҷоҳиди Эрон сармашқ бигиред ва ҳукуматҳои ҷоири худро дар сурате, ки ба хости миллатҳо, ки хости миллати Эрон аст, сар фуруд наёваранд, бо тамоми қудрат бар сари ҷои худ бинишонед, ки мояи бадбахтии мусалмонон, ҳукуматҳои вобаста ба шарқу ғарб мебошанд. Ва акидан тавсия мекунам, ки ба зангҳои таблиғотии мухолифони Ислом ва Ҷумҳурии Исломӣ гӯш фаро надиҳед, ки ҳама кӯшиш доранд, ки Исломро аз саҳна берун кунанд, то ки манфиатҳои абарқудратҳо таъмин шавад.

4. Аз нақшаҳои шайтонии абарқудратҳои бузурги истеъмору истисморгар, ки солҳои тӯлонӣ дар дасти иҷро аст ва дар кишвари Эрон аз замони Ризохон авҷ гирифт ва дар замони Муҳаммадризо бо равишҳои гуногуне дунболагирӣ шуд, ба гӯша кашидани рӯҳоният аст, ки дар замони Ризохон бо фишору саркӯбӣ ва халъи либос ва ҳабсу табъид ва ҳурматшиканиву эъдом ва амсоли он ва дар замони Муҳаммадризо бо нақша ва равишҳои дигар, ки яке аз онҳо эҷоди адоват байни донишгоҳиён ва рӯҳониён буд, ки таблиғоти васее дар ин замина шуд ва мутаассифона ба воситаи бехабарии ҳар ду гурӯҳ (донишгоҳ ва рӯҳоният) аз тавтиаҳои шайтонии абарқудратҳо, натиҷаи чашмгире гирифта шуд. Аз як тараф дар дабистонҳо то донишгоҳҳо кӯшиш шуд, ки муаллимону дабирон ва асотиду раисони донишгоҳҳо аз байни ғарбзадагон ё шарқзадагон ва гумроҳон аз Ислом ва дигар динҳо, интихоб ва ба кор гумошта шаванд ва мутааҳҳидони мӯъмин дар ақаллият қарор гиранд, ки қишри муассирро, ки дар оянда ҳукуматро ба даст мегиранд, аз кӯдакӣ то навҷавонӣ ва ҷавонӣ тавре тарбият кунанд, ки аз адён муталақан ва аз Ислом махсусан ва аз вобастагон ба адён хусусан рӯҳониён ва мубаллиғон, безору мутанаффир бошанд. Ва инонро уммоли Ингилис дар он замон ва тарафдори сармоядорону заминхорон ва тарафдори иртиҷоъ ва мухолифи тамаддун ва таолӣ дар баъд аз он муаррифӣ менамуданд. Ва аз тарафи дигар, бо таблиғоти сӯъ, рӯҳониён ва мубаллиғону мутадаййинонро аз донишгоҳу донишгоҳиён тарсонида ва ҳамаро ба бединӣ ва бебандуборӣ ва мухолиф бо мазоҳири Ислом ва адён, муттаҳам менамуданд. Натиҷа он ки давлатмардон мухолифи адён ва Ислом ва рӯҳониёну мутадаййинон бошанд. Ва тӯдаҳои мардум, ки алоқа ба дину ва рӯҳонӣ доранд мухолифи давлат ва ҳукумат ва ҳар чӣ мутааллиқ ба он аст, бошанд ва ихтилофи амиқ байни давлату миллат ва донишгоҳиву рӯҳонӣ роҳро барои чаповулгарон он чунон боз кунад, ки тамоми шууни кишвар дар таҳти қудрати онон ва тамоми захоири миллат дар кисаи онон сарозер шавад, чунон чӣ дидед ба сари ин миллати мазлум чӣ омад ва мерафт, ки чӣ ояд.

Акнун, ки ба хости Худованди Мутаол ва муҷоҳидати миллат – аз рӯҳонӣ ва донишгоҳӣ то бозорӣ ва коргару кишоварз ва дигар қишрҳо – банди асоратро пора ва садди қудрати абарқудратҳоро шикастанд ва кишварро аз дасти онон ва вобастагонашон наҷот доданд, тавсияи инҷониб он аст, ки насли ҳозиру оянда ғафлат накунанд ва донишгоҳиёну ҷавонони барӯманди азиз ҳар чӣ бештар бо рӯҳониён ва туллоби улуми исломӣ пайванди дӯстӣ ва тафоҳумро маҳкамтар ва устувортар созанд ва аз нақшаҳо ва тавтиаҳои душмани ғаддор ғофил набошанд ва ба муҷарради он ки фард ё афродеро диданд, ки бо гуфтору кирдори худ дар садад аст тухми нифоқро байни онон афканад, ӯро иршоду насиҳат намоянд. Ва агар таъсир накард, аз ӯ рӯйгардон шаванд ва ӯро ба инзиво кашонанд ва нагузоранд тавтиа реша давонад, ки сарчашмаро ба осонӣ метавон гирифт. Ва махсусан агар дар устодон касе пайдо шуд, ки мехоҳад инҳироф эҷод кунад, ӯро иршод ва агар нашуд аз худ ва килоси худ тард кунанд. Ва ин тавсия бештар мутаваҷҷеҳи рӯҳониён ва муҳассилони улуми динӣ аст. Ва тавтиаҳо дар донишгоҳҳо аз умқи вижае бархӯрдор аст ва ҳар қишри мӯҳтарам, ки мағзи мутафаккири ҷомеа ҳастанд, бояд мувозиб тавтиаҳо бошанд.

5- Аз ҷумла нақшаҳо, ки мутаассифона таъсири бузурге дар кишварҳо ва кишвари азизамон гузошт ва осори он боз то ҳадди зиёде ба ҷо мондааст, бегона намудани кишварҳои истеъморзада аз хеш ва ғарбзадаву шарқзада намудани онон аст, ба тавре, ки худро ва фарҳангу қудрати худро ба ҳеҷ гирифтанд ва ғарбу шарқ, ду қутби қудратмандро нажоди бартар ва фарҳанги ононро волотар ва он ду қудратро қиблагоҳи олам донистанд ва вобастагӣ ба яке аз ду қутбро аз фароизи иҷтинобнопазир муаррифӣ намуданд. Ва қиссаи ин амри ғамангез тӯлонӣ ва зарбаҳое, ки аз он хӯрда ва акнун низ мехӯрем, кушандаву кӯбанда аст.

Ва ғамангезтар ин ки онон миллатҳои ситамдидаи зери сулатаро дар ҳама чиз ақиб нигаҳ дошта ва кишварҳои масрафӣ ба бор оварданд ва ба қадре моро аз пешрафтҳои худ ва қудратҳои шайтонияшон тарсонидаанд, ки ҷуръати дастзадан ба ҳеҷ ибтикоре надорем ва ҳама чизи худро таслими онон карда ва сарнавишти худ ва кишварҳои худро ба дасти онон супурда ва чашму гӯшбаста мутеи фармон ҳастем. Ва ин пучӣ ва беақлии сохтагӣ сабаб шудааст, ки дар ҳеҷ коре ба фикру дониши худ такя накунем ва кӯркӯрона аз шарқу ғарб тақлид намоем, балки аз фарҳангу адаб ва санъату ибтикор агар доштем, нависандагону гӯяндагони ғарбу шарқзадаи бефарҳанг, онҳоро ба боди интиқоду масхара гирифта ва фикру қудрати бумии моро саркӯб ва ноумед намуда ва менамоянд ва расму одоби бегонаро ҳар чанд мубтазалу муфтазаҳ бошад, бо амал ва гуфтору навиштор тарвиҷ карда ва бо маддоҳӣ ва саноҷӯӣ онҳоро ба хӯрди миллатҳо дода ва медиҳанд. Филмисл, агар дар китоб ё навишта ё гуфторе чанд калимаи фарангӣ бошад, бидуни таваҷҷӯҳ ба мӯҳтавои он бо эъҷоб пазируфта ва гӯяндаву нависандаи онро донишманду равшанфикр ба ҳисоб меоваранд. Ва аз гаҳвора то қабр ба ҳар чӣ бинигарем, агар бо калимаи ғарбиву шарқӣ исмгузорӣ шавад, марғубу мавриди таваҷҷӯҳ ва аз мазоҳири тамаддуну пешрафт маҳсуб мешаванд ва агар калимаҳои бумии худӣ ба кор равад, матруду кӯҳна ва вопасзада хоҳад буд. Кӯдакони мо агар номи ғарбӣ дошта бошанд ифтихор мекунанд ва агар номи худӣ доранд сар ба зеру ақибафтодаанд. Хиёбонҳо, кӯчаҳо, мағозаҳо, ширкатҳо, дорухонаҳо, китобхонаҳо, порчаҳо ва дигар матоъҳо, ҳар чанд дар дохил таҳия шудааст, бояд номи хориҷи дошта бошад, то мардум аз он розӣ ва ба он рӯй оваранд. Ғарбзадагӣ аз сар то по дар тамоми нишасту бархостҳо ва дар муоширатҳо ва тамоми шууни зиндагӣ сабаби ифтихору сарбаландӣ ва тамаддуну пешрафт ва дар муқобил одобу русуми худӣ, кӯҳнапарастӣ ва ақибафтодагӣ аст. Дар ҳар маразу касолате, гарчи кӯчак ва дар дохили кишвар дармоншунадӣ бошад, бояд ба хориҷ рафт ва духтурҳо ва табибони донишманди худро маҳкум ва ноумед кард. Рафтан ба Ингилистону Фаронса ва Амрикову Маскав, ифтихори пурарзише аст ва рафтан ба ҳаҷ ва дигар маконҳои мутабаррика кӯҳнапарастӣ ва ақибмондагӣ аст. Беэътиноӣ ба он чӣ марбут ба дину маънавиёт аст, аз нишонаҳои равшанфикрӣ ва тамаддун ва дар муқобил, пойбанди ба ин корҳо нишонаи ақибмондагӣ ва кӯҳнапарастӣ аст.

Инҷониб намегӯям мо худ ҳама чиз дорем. Маълум аст моро дар тӯли таърихи начандон дур хусусан ва дар садаҳои ахир аз ҳар пешрафте маҳрум кардаанд ва давлатмардони хоин ва дудмони паҳлавӣ хусусан ва марокизи таблиғоти бар зидди дастовардҳои худӣ ва низ худкӯчакбиниҳо ва ё ночиздиданҳо, моро аз ҳар фаъолияте барои пешрафт маҳрум кард. Ворид кардани колоҳо аз ҳар навъ ва саргарм кардани бонувону мардон, хусусан табақаи ҷавон ба ақсоми аҷноси воридотӣ аз қабили абзори ороиш ва зинативу зебоӣ ва бозиҳои қӯдакона ва ба мусобиқа кашонидани хонаводаҳо ва масрафӣ ба бор овардани ҳар чӣ бештар, ки достонҳои ғамангез дорад, ва саргармкардан ва ба табоҳӣ кашонидани ҷавонҳо, ки узви фаъол ҳастанд бо фароҳам овардани марокиз фаҳшо ва ишраткадаҳо ва даҳҳо аз ин мусибатҳои ҳисоб шуда, барои ақиб нигаҳдоштани кишварҳост. Ман васияти дилсӯзона ва ходимона мекунам ба миллати азиз, ки акнун, ки то ҳудуди бисёр чашмгире аз бисёре аз ин домҳо наҷот ёфта ва насли маҳруми ҳозир ба фаъолияту ибтикор бархоста ва дидем, ки бисёре аз корхонаҳо ва васоили пешрафта, мисли ҳавопаймоҳо ва дигар чизҳо, ки гумон намерафт мутахассисони Эрон қодир ба роҳ андохтани корхонаҳо ва амсоли он бошанд ва ҳама дастҳоро ба сӯи ғарб ё шарқ дароз карда будем, ки мутахассисони онон инҳоро ба роҳ андозанд, дар асари муҳосираи иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилӣ, худи ҷавонони азизи мо қитъаҳои маҳалли эҳтиёҷро сохта ва бо қиматҳои арзонтар арза карда ва рафъи эҳтиёҷ намуданд ва собит карданд, ки агар бихоҳем, метавонем.

Бояд ҳушёру бедор ва муроқиб бошед, ки сиёсатбозони пайваста ба шарқу ғарб бо васвасаҳои шайтонӣ шуморо ба сӯи ин чаповулгарони байн-ал-милалӣ накашанд. Ва бо иродаи мусаммам ва фаъолияту пуштикор, худ ба рафъи вобастагиҳо қиём кунед.

Ва бидонед, ки нажоди ориё ва араб аз нажоди Аврупо ва Амрико камӣ надорад ва агар худии худро биёбад ва ноумедиро аз худ дур кунад ва чашмдошт ба ғайри худ надошта бошад, дар дарозмуддат қудрати ҳамаи кор ва сохтани ҳамаи чизро дорад. Ва он чӣ инсонҳои шабеҳ ба инон ба он расидаанд, шумо ҳам хоҳед расид ба шарти таваккул ба Худованди Матаол ва иттико ба нафс ва қатъи вобастагӣ ба дигарон ва таҳаммули сахтиҳо барои расидан ба зиндагии шарофтамандона ва хориҷ шудан аз таҳти султаи аҷониб.

Ва ба давлатҳо ва дастандаркорон лозим аст, чӣ дар насли ҳозир ва чӣ дар наслҳои оянда, ки аз мутахассисини худ қадрдонӣ кунанд ва ононро бо кӯмакҳои моддӣ ва маънавӣ ба кор ташвиқ намоянд ва аз вуруди колоҳои масрафсоз ва хонабарандоз пешгирӣ намоянд ва ба он чӣ доранд қаноат кунанд, то худ ҳама чиз бисозанд. Ва аз ҷавонон, духтарон ва писарон мехоҳам, ки истиқлолу озодӣ ва арзишҳои инсониро агар чӣ бо таҳаммули заҳмату ранҷ (аст), фидои таҷаммулоту ишратҳо ва бебанду бориҳо ва ҳузур дар марокизи фаҳшо, ки аз тарафи ғарб ва уммоли беватан ба шумо арза мешавад, накунанд, ки онон чунон чӣ тарҷриба нишон додааст, ҷуз табоҳии шумо ва иғфолатон аз сарнавишти кишваратон ва чопидани захоири шумо ва ба банди истеъмору нанги вобатсагӣ кашиданатон ва масрафӣ намудани миллат ва кишваратон ба чизи дигар фикр намекунанд ва мехоҳанд бо ин васоил ва амсоли он шуморо ақибмонда ва ба истилоҳи онон «нима ваҳшӣ» нигаҳ доранд.

Рӯҳуллоҳ Мӯсавии Хумайнӣ‌

Баргардон: Сайидюнуси Истаравшанӣ

Идома дар қисматҳои баъдӣ
Манбаъ:Кимиёи саодат