Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Аз васиятҳои Паёмбар (с)

Аз васиятҳои Паёмбар (с)

Rate this post

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Аз васиятҳои Паёмбари ислом (с) барои умматаш

Бародарону хоҳарони гиромӣ! Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ кори хайреро нагузошт, магар инки умматашро барои амал кардан ба он васият намуд, ва инчунин ҳеҷ кори бадеро нагузошт, магар инки умматашро аз он огоҳ сохт, ва барои дури ҷустан аз он амр кард.

Ва дар ин ҳадиси шариф мехоҳем се васияти бузурги Пайғамбар (с)-ро, ки умматашро барои амал кардан ба он амр кардааст баён намоем.

Дар ҳадисе, ки ҳазрати Абуҳурайра (р) онро ривоят мекунад мефармояд:

عن أبي هريرة – رضي الله عنه – أن رسول الله – صلى الله عليه وسلم –  قال: “من كان يؤمن بالله واليوم الآخر فليقل خيرا أو ليصمت, ومن كان يؤمن بالله واليوم الآخر فليكرم جاره, ومن كان يؤمن بالله واليوم الآخر فليكرم ضيفه” رواه البخاري ومسلم.

“Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо фармуданд: (Ҳар кас, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад бояд сухани нек бигуяд ё хомуш шавад ва ҳар кас, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад пас ҳамсояаашро гиромӣ дорад, ва ҳар кас, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад пас меҳмонашро гиромӣ дорад”.

(Ривояти Бухорӣ ва Муслим)

Дар ин фармоиши Паёмбар (с) нишонаи имон ба Худо  ва рузи қиёматро дар гуфтори хайр ва хомуши аз сухани бад, ва дар иҳтиром ва икром доштани ҳамсоя ва меҳмон қарор дода аст.

Ва ин ҳадиси шариф барои некбахтии ҳар муҷтамаъ ва ҳар инсоният дар дунё ва охират кофӣ аст, зеро агар ҳар муҷтамаъе, ки афроди он ҳама ростгу бошанд, ва саъяшон бар суханони хайр бошад, ва аз гуфтори бад бипарҳезанд, албатта дар чунин муҷтамаъ кашмокаш ва душмани ба вуҷуд намеояд, инчуни агар афроди ҳамаи он муҷтамаъ бо ҳамдигар бародари ва дӯсти дошта бошанд, ва иҳтироми якдигарро ҳифз намоянд, нисбат ба ҳамсояи худ иҳтиром ва хушрафтор бошанд, ва миёнашон ҳамкори бошад, албатта чунин муҷтамаъ беҳтарин ва бо саъодатарин муҷтамаъ мегардад.

Манзур аз ҳамсоя ин нест ки девор ба девор бошад, балки то чиҳил хона аз ҳар тараф ҳамсояи якдигаранд, ва ба ин тартиб ҳар шаҳр аз вуҷуди ҳамсоягон ташкил шуда ва роҳати мардуми ҳар шаҳр аз иҳтиром ва ҳамдӯстии ҳамсоягон нисбат ба якдигар аст, ва роҳати ҳар муҷтамаъ дар ғайбат накардан ва муҳаббати якдигар аст.

Дар ҳадисе омада аст: “Ҳама суханони одамизод ба зиёни ӯст магар ончи ёди Худо ва амр кардан ба хуби ва боздоштан аз бади бошад”.

Ва дар ҳадиси дигар омада аст, ки “Ҳар маҷлисе, ки мардум нишинанд ва ёди Худо дар он накунанд, мояи ҳасрати онҳо дар рӯзи қиёмат хоҳад буд”,  Ва аз инру ёди Худо ва дуруд бар Пайғамбараш (с) ҳамеша ва дар ҳар нишаст лозим аст.

Марде назди Салмони Форс (р) омад ва гуфт: Манро ба коре амр кун ки муфид (фоиданок) бошад, ҳазрат гуфтанд: Сухан магу. Пас он мард гуфт: Одами зинда бидуни сухан наметавонад. Ҳазрати Салмон (р) гуфт: Пас суханро дар роҳи ҳақ бигу ва ё хомуш шав.

Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) гуфт: Чизе нест, ки сазовортар бошад ба зиндон, аз забон.

Ваҳаб ибни Мунабиҳ гуфт: Иттифоқи ҳукамо бар ин аст, ки сар омади ҳикматҳо хомуши аст, магар дар роҳи хайр.

Марде назди расули акрам (с) омад ва гуфт: Эй расули Худо ба ман коре биёмӯз ки манро ба биҳишт бирасонад, он ҳазрат (с) фармуданд: “Гуруснагонро ғизо бидеҳ, ва ташнагонро сероб соз, ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар кун. Агар онро натавони, пас забонатро нигоҳ дор магар дар роҳи хайр”.

Сухан ва хомуширо ба ҳасби мавқеъияти он бояд санҷид, зеро мавридҳое пеш меояд ки хомуши хилофи дастури Паёмбар (с) мешавад, ва ба қавли Саъди (р):

Агар бини нобино ру ба чоҳ аст

Агар хомуш бинишини гуноҳ аст

Гоҳе сукут ва хомуши баробар ба қатли нафс ва ё бештар аз он уқубат дорад, агар ҳамсоя ба мавриди ҷиноят қарор гирад ва туро ба мадад хоҳад ва ту хомуш биншини то кушта шавад, дар ҳамин хомуши бо кушанда ба як андоза гуноҳ дори.

Масали маъруфе аст, ки аз Луқмони ҳаким пурсиданд: Пасттарин аъзои бадан кадом аст? Гуфт: Дил ва забон. Ва боз пурсиданд: Беҳтарин аъзои бадан кадоманд? Гуфт: Дил ва забон.

Чун агар ин ду рост бошанд тамоми бадан ба рости ва дурусти гароянд, ва агар ин ду нодуруст бошанд норостии ҳамаи аъзоро бор меоваранд.

Ва дар меҳмондори аз такаллуф ва заҳмат андохтан манъ шуда аст, дар ҳадис мудати зиёфат се руз таъин шуда аст, ва бояд донист ки қабули меҳмон барои касе лозим аст, ки тавонои онро дошта бошад, бинобар ин меҳмон шудан назди касеки оҷиз аз меҳмондори аст, ҳаром аст, магар дар суратеки  аз имони қави ба дараҷае бошанд, ки битавонанд исор кунад.

Дар ҳадисе омада ки марде ба хидмати Паёмбар (с) омад ва гуфт: Эй расули Худо дар заҳмат ҳастам, расули Худо шахсеро фиристод назди ҳамсарони худ ки оё дар дег таъоме барои як меҳмон доред? Ҳама гуфтанд: Қасам ба он Худое, ки туро ба ҳақ ба Паёмбари баргузид, ба ғайр аз об чизи дигаре дар хона надорем, онгоҳ ҳазрат фармуд: Кадоме аз шумо ин меҳмонро имшаб меҳмондори мекунад? Яке аз ансор гуфт: Ман имшаб ӯро ба хона мебарам. Ва ӯро бо худ ба хона бурд ва ба ҳамсараш гуфт: Меҳмони Паёмбар (с)-ро гироми бидор. Ҳамсараш гуфт: Ғайр аз таъоми кудакон чизи дигаре надорем. Он мард гуфт: Кудаконро дилхуш кун, то хоб раванд ва он таъомро барои меҳмон биёр. Чароғро хомуш кунем ва даҳонро бо ҳам занем то меҳмон гумон кунад ки худамонҳам ҳамроҳаш таъом мехурем ва ба ин тартиб ҳамаги бо шиками гурусна хоб карданд ва меҳмонро меҳмондори карданд! Ва дар Қуръон дар бораи онон оят нозил шуда аст.

﴿وَيُؤۡثِرُونَ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ وَلَوۡ كَانَ بِهِمۡ خَصَاصَةٞۚ وَمَن يُوقَ شُحَّ نَفۡسِهِۦ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ٩﴾ [الحشر 9]

“Ва дигаронро (муҳоҷиронро) бар худ тарҷеҳ (афзалият) медиҳанд, ҳар чанд худ  (ансор) мӯҳтоҷ бошанд. Ва онон, ки аз бухли хеш дар амон монда бошанд, растагоронанд!”

(Сураи Ҳашр, ояти 9)

Таҳияи: Абдусаттори Ҳақназарзода

Сомонаи Ислом