Манобеи исломӣ

Забон

Чанд рӯзест, ки номи гурӯҳи мавсум ба ДИИШ мавҷе аз руъбу ваҳшат дар миёни миллати Ироқ эҷод кардааст. Ин гурӯҳи теруристӣ дар Сурия ҳам хобу оромишро дар бархе манотиқ аз ҷумла шаҳри Арриққа, бар мардуми ин кишвар ҳаром кардааст.

Теруристҳои ДИИШ, ки номи “Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Шом”-ро бар худ гузоштаанд, муддаии талош барои ташкили “Хилофати исломӣ” ва иҷрои шариъати исломӣ ҳастанд, аммо ҳарфу амали онҳо комилан аз ҳам фосила дорад; зеро бар хилофи иддаои талош барои иҷрои шариъати исломӣ, ваҳшиёнатарин ҷиноёт, ки авҷи он сар буридани инсонҳои бегуноҳ ва мухолифони худ бо гуфтани калимаи “Аллоҳи Акбар” ва бозӣ кардан бо сарҳои онҳост, ба тафреҳ ва хушгузаронии теруристҳои ин гурӯҳ табдил шудааст, ва муҳимтарин натиҷаи ин иқдомоти ғайриинсонӣ ва ваҳшиёна, махдуш шудани виҷҳаи дини Ислом аст; дине, ки инсонсоз аст ва дини сулҳ ва эътидол аст ва додани баҳона аст ба душманони Ислом ва саҳюнизми ҷаҳонӣ барои ташдиди ҳаҷмаи худ ба Ислом.

Хабари сайтараи теруристҳои ин гурӯҳ бар шаҳри Мусили Ироқ ва густариши доманаи ҳамалоти мусаллаҳонаи онҳо дар Ироқ, ҳамзамон бо фаъолиятҳои фазояндаи онҳо дар Сурия, ин суолро матраҳ мекунад, ки далоили густариши таҳаррукоти ин гурӯҳи такфирӣ чист? Гурӯҳе, ки ҳар касро, ки монанди ин гурӯҳ фикр накунад ва ақидаи мухолиф дошта бошад, кофир ва рехтани хунашро мубоҳ медонад.

Бархӯрдорӣ аз имконоти густардаи низомӣ ва таслеҳотӣ ин ҳақиқатро нишон медиҳад, ки онҳо бидуни ҳимояти бархе кишварҳои минтақа ба вижа Арабистон ва Қатар, наметавонистанд ба ин суръат ба яке аз хатарноктарин ва қудратмандтарин гурӯҳҳои теруристии такфирӣ табдил шаванд; нуктае, ки борҳо дар суханони мақомоти баландпояи Ироқ ба вижа Нури Моликӣ, нахуствазири Ироқ, мавриди таъкид қарор гирифт, ки “Арабистон ва Қатар аз ҳомиёни аслии терурисм дар Ироқ ҳастанд”, ки анвоъи ҳимоятҳои низомӣ ва молиро аз онҳо бо ҳадафи пешбурди аҳдофи хатарнокашон, ки шӯълавар кардани оташи фитнаи мазҳабӣ бо ҳадафи таҷзияи он аст, ба амал меоваранд ва агар ҳимоятҳои ин кишварҳо набуд, ин теруристҳо ҷое дар Ироқ надоштанд.

Ошноӣ бо ДИИШ

“Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Шом”, ки ба ихтисор ДИИШ хонда мешавад, як гурӯҳи теруристии мусаллаҳ аст, ки андеша ва шеваи салафӣ-ҷиҳодӣ дорад ва аъзои он ташкили “Хилофати исломӣ” ва иҷрои шариъат дар Ироқ ва Сурияро ҳадафи ниҳоияшон медонанд.

Ташкили “Давлати Исломии Ироқ” дар 15 октябри 2006 дар пайи нишасти чандин гурӯҳи мусаллаҳ эълом шуд, ки дар чорчӯби муъоҳидаи мавсум ба “Ҳилфул-мутайибин”, Абӯумар Албағдодӣ ба унвони саркардаи ин гурӯҳи ҷадид интихоб шуд. Ин гурӯҳи теруристӣ пас аз эъломи мавҷудият, чандин амалиёти мусаллаҳона дар дохили Ироқ анҷом дод.

Пас аз ҳалокати Абӯумар Албағдодӣ дар рӯзи душанбеи 19 апрели 2010, Абӯбакр Албағдодӣ ба унвони саркардаи ҷадиди ин гурӯҳак интихоб шуд. Даврони саркардагии Абӯумар шоҳиди густариши амалиётҳои теруристии ҳамзамон ҳамонанди ҳамла ба бонки марказӣ, Вазорати додгустарӣ, юриш ба зиндонҳои Абӯғурайб ва Алҳут буд.

Пас аз ҳаводиси кунунӣ дар Сурия ва даргирии гурӯҳҳои ба истилоҳ “инқилобӣ” ва гурӯҳи мусаллаҳи мавсум ба “Артиши Озод” бо артиши Сурия, “Ҷабҳатун-нусра” дар авохири соли 2011 эъломи мавҷудият кард ва тӯле накашид, ки тавонмандии ин гурӯҳи теруристӣ бо таваҷҷӯҳ ба ҳимоятҳои густардаи бархе кишварҳои минтақаӣ, ба таври чашмгире афзоиш ёфт, то дар тайи чанд моҳ ба яке аз муҳимтарин ва қудратмандтарин гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Сурия табдил шавад. Дар рӯзи 9-уми апрели 2013, дар як паёми савтӣ, ки аз тариқи шабакаи мавсум ба “Шумухул-Ислом пахш шуд, Абӯбакр Албағдодӣ идғоми онро бо “Давлати Исломии Ироқ” таҳти унвони “Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Шом” эълом кард ва нуфузи ин гурӯҳи теруристӣ ба сабаби ҳимоятҳои густардаи ҳомиёни минтақаияшон рӯз ба рӯз дар Сурия бештар шуд.

“Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ) амалиёти теруристӣ алайҳи сафорати Эрон дар Бейрутро дар соли гузашта анҷом дод ва теруристҳои ин гурӯҳ бар шаҳри Фаллуҷаи Ироқ аз авохири декабри 2013 мусаллат шуданд, ки ҳамчунон ба сайтараи худ бар ин шаҳр идома медиҳанд.

Теруристҳои ДИИШ ба тозагӣ бар шаҳри Мусил ва бархе манотиқи устони Найнаво мусаллат шудаанд ва доманаи таҳаррукоти теруристии худро ба шиддат густариш додаанд, ки албатта идомаи ин фаъолиятҳо бидуни ҳимоятҳои густардаи ҳомиёнашон, ки мухолифони аслии раванди сиёсӣ пас аз Саддом Ҳусайн ҳастанд, имкон надошт.

Албатта, ин гурӯҳи теруристӣ бо номи Абӯмисъаб Аззарқовӣ гиреҳ хӯрдааст. Пас аз ташкили “Ҷамоати тавҳид ва ҷиҳод” ба саркардагии Абумисъаб Аззарқовӣ дар соли 2004, ки дар пайи он байъати худро бо Усома бен Лодан, саркардаи собиқи Алқоъида, эълом кард, то ба “Танзими Алқоъида фи билодир Рофидайн” табдил шавад.

Ин ташаккул амалиёти теруристиро ба андозае афзоиш дод, ки ба яке аз қавитарин гурӯҳҳои мусаллаҳ дар саҳнаи Ироқ табдил шуд ва шурӯъ ба густариши нуфузи худ дар манотиқи густардае аз Ироқ кард, то ин ки дар соли 2006 Аззарқовӣ аланан дар як навори видеоӣ ташкили он чиро “Шӯрои муҷоҳидин” хонд ба саркардагии Абдуллоҳ Рашид Албағдодӣ эълом кард. Пас аз ҳалокати Аззарқовӣ дар ҳамон сол, Абӯҳамза Муҳоҷир ба саркардагии ин гурӯҳ таъйин шуд ва дар поёни ҳамон сол “Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Шом” ба саркардагии Абӯумар Албағдодӣ ташкил шуд.

Аз Абӯмисъаб Аззарқовӣ то Абӯбакр Албағдодӣ

Душанбеи 19 апрели 2010, низомиёни ироқӣ тайи як амалиёти низомӣ дар минтақаи Ассарсор манзилеро ҳадаф қарор доданд, ки Абӯумар Албағдодӣ ва Абӯҳамза Муҳоҷир дар он ҳузур доштанд. Пас аз даргирҳои шадид миёни ду тараф, ин манзил ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ қарор гирифт ва дар натиҷа он ду саркардаи теруристҳо ба ҳалокат расиданд ва тасвири ҷасади онҳо дар расонаҳо мунташир шуд. Як ҳафта баъд, ин гурӯҳи теруристӣ дар баёнияе ҳалокати Албағдодӣ ва Муҳоҷирро расман эълом кард ва пас аз ҳудуди 10 рӯз, маҷлиси Шӯрои “Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Шом” ташкили ҷаласа дод ва Абӯбакр Албағдодиро ба унвони ҷонишини Абӯумар Албағдодӣ ва “Анносир лидиниллоҳ Сулаймон”-ро ба унвони вазири ҷанги худ интихоб кард.

Чанд моҳ пас аз оғози бӯҳрони Сурия, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ барои ҷанг бо артиши Сурия оғоз шуд. Дар авохири соли 2011, гурӯҳи мавсум ба “Ҷабҳатун-нусра” ба саркардагии Абӯмуҳаммад Алҷулонӣ ташкил шуд. Ин гурӯҳ ҳамчунон ба ҳамалоти мусаллаҳонаи худ идома дод, то ин ки гузоришҳои иттилоотӣ аз робитаи фикрӣ ва ташкилотии ин гурӯҳ бо шохаи “Давлати Исломӣ дар Ироқ” парда бардошт. Пас аз он, Омрико ин гурӯҳро дар феҳристи гурӯҳҳои теруристии худ қарор дод. Дар 9-уми апрел, як навори савтии мунтасаб ба Абӯбакр Албағдодӣ пахш шуд, ки дар он эълом мекунад, ки “Ҷабҳатун-нусра” имтидоди “Давлати Исломӣ дар Ироқ” аст ва дар ин навор, ташкили он чӣ “Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Шом” хонд, бо идғоми “Ҷабҳатун-нусра” ва “Давлати Исломӣ дар Ироқ” эълом кард.

Тӯле накашид, ки як навори савтии мунтасаб ба Абӯмуҳаммад Алҷулонӣ пахш шуд, ки дар ин навор аз робитаи худ бо “Давлати Исломӣ дар Ироқ” сухан мегӯяд, аммо вай иддаъои идғом бо ин гурӯҳро напазируфт ва байъати худро бо шабакаи Алқоъида дар Афғонистон эълом кард. Бо вуҷуди ин, “Давлати Исломӣ дар Ироқ” ва “Ҷабҳатун-нусра” чандин амалиёти теруристии муштаракро дар манотиқе, ки дар Ироқ ва Сурия ҳузур доранд, анҷом доданд.

Имконоти низомии ДИИШ

Гурӯҳи ДИИШ дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёде тонк, мушак ва худравҳои зиреҳӣ ва анвоъи силоҳ дар ихтиёр дорад, ки аз ҳомиёни худ ба вижа Арабистон ва Қатар дарёфт кардааст.

Бархе манобеъ эълом мекунанд, ки ин гурӯҳи теруристӣ, 15 ҳазори ҷангҷӯ дорад, ки аз тамоми ақсо нуқоти олам гирд омадаанд; аз Урупо ва Омрико бигир то кишварҳои арабӣ ва осиёӣ ва ҳатто кишварҳои Русия ва Осиёи Марказӣ.

Кимиёи саодат