Манобеи исломӣ

Забон

Абдурраҳмон ибни Сахр аз қабилаи Давси Яман буда, бо лақаби Абўҳурайра машҳур аст. Абўҳурайра (р) соли 7-уми ҳиҷрӣ, ки фатҳи Хайбар сурат гирифт, ба Ислом гаравид ва худи ҳамон сол ба сўҳбати Пайғамбари Худо (с) мушарраф шуд. Ў ҳамеша дар дарбори хилофати хулафо ичозати ривояти ҳадис дошта аст  вале дигрон ин ичозатро ба чузъ чанд нафар надоштанд  ва ҳамчинин  дар замони хилофати Муовия бин Абусуфён хатиби хукумати  Муовия   буданаш  сабаб  шуд, ки Абўҳурайра аз дигар саҳобагон дида ҳадиси бештаре ривоят намояд. Тибқи гуфтаи муҳаддисон Абўҳурайра (р) аз Пайғамбар (с)  5374 ҳадис ривоят кардааст ва соли 57 ҳиҷрӣ дар Мадинаи мунаввара аз дунё гузаштааст. Ибни Халдун дар китоби Мукаддима  зикр намуда аст ,ки  Абуханифа  Ниъмон бин Собит  Абуҳурайраро   мувассақ намедониста аст ва ҳадисҳоеро ки Аубҳурайра  ривоят мекардаро қабулнамекард.