Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Абулқосим Фирдавсӣ

Абулқосим Фирдавсӣ

Rate this post

Абулқосим лақаб ва Фирдавсӣ тахаллуси шоир аст. Вай 18 декабри соли 932 таваллуд шудааст. Волидон ӯро Мансур ном ниҳода буданд. Зодгоҳи ӯ деҳаи Божи ноҳияи Табарони вилояти Тӯс будааст, ки ҳоло ба вилояти Хуросони Эрон дохил мешавад. Бож деҳе бузург буда, аз он, ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ (асри XII), ҳазор мард берун меомадааст. Падари Фирдавсӣ Ҳасан ном дошт ва аз деҳгонон (деҳқонон)-и Тӯс ба ҳисоб мерафт. Дар он замон табақаи давлатманду заминдор ва аъёну ашрофро деҳқон мегуфтанд. Бинобар ин шароити моддӣ имкон дод, ки Мансури ҷавон ба таҳсили илмҳои гуногун пардозад ва маълумоти хубе гирад. Аз Шоҳнома пайдост, ки Фирдавсӣ ғайр аз забони форсии модариаш боз аз забонҳои арабӣ ва паҳлавӣ огоҳии комил доштааст. Адабиёти форсиву арабӣ, таърих, илоҳиёт, ҳикмат (фалсафа) ва амсоли инҳоро хуб медонистааст. Баъдан, ӯро бо унвони ифтихории Ҳаким ёд кардан гувоҳи он аст, ки Фирдавсӣ то ба дараҷаи донишманди забардасте расидааст.
Баъди таҳсил ба кадом кору вазифаи расмӣ машғул шудани ӯ маълум нест. Аммо ҳамин қадар маълум аст, ки қариби 25-солагӣ хонадор шуд. Ҳамсараш зани босавод ва донандаву хонандаи китобҳои бостон буд, к ибо хоҳиши ӯ соли 365 ҳ. (975 м) достони Бежан ва Манижаро навишт. Ин маъниро худи Фирдавсӣ дар оғози Достони Бежан ва Манижа зикр мекунад. Шоир ҳамсари худро бо сифатҳои зиёд ёд оварда, ҳикоят мекунад, ки ҷуфти меҳрубонаш он қиссаро аз китоби қадимаи паҳлавӣ ба ӯ хондааст ва сипас шоир онро ба риштаи назм кашидааст.
Инчунин маълум аст, ки дар сини 28-солагии Фирдавсӣ яке аз фарзандони ӯ ба дунё меояд ва баъдтар соли 999 дар синни 37-солагӣ вафот меёбад, ки дар ин вақт Фирдавсӣ 65-сола буд.
Фирдавсӣ дар давраи таҳсил ба навиштани шеър cap кард. Баъзе порчаҳои шеърии китъа, рубоӣ, қасида ва ғазалро ба ӯ нисбат медиҳанд, ки шояд дар ҳамин давра навишта шуда бошанд.
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
(Абулқосим Фирдавсӣ)

Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.
(Абулқосим Фирдавсӣ)

Манбаъ:http://literatura.tarena.tj