Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Фадак

Фадак

  • Муҳибуллоҳ
  • Манобеи исломӣ
Rate this post

Аҷоиботи Фадак

Фадак моҷарои пинҳонмонда Фадак номи қаряест бисёр сарсабз дар атрофи Мадина ба фосилаи даҳ ё понздаҳ фарсахии он, ки даромади солиёнаи онро то дувоздаҳ ҳазор динор навиштаанд. Бархе дарахтони хурмои онро ба андозаи дарахтони хурмои Куфа дар қарни шашуми ҳиҷрии қамарӣ донистаанд (Шарҳи Наҳҷулбалоға, 16, 136) Ин қаряи васеъ ба иттифоқи таърихнависон дар дасти ҳазрати Фотима (а) буд ва намояндагони вай дар он кор мекарданд. Баъд аз риҳлати Паёмбари Акрам (с) Абубакр намояндаи ҳазрати Фотимаро ихроҷ ва Фадакро соҳибӣ кард. Ҳазрати Фотима (а) фармуданд: Фадак ҳадияи падарам ба ман аст. Ривоёти фаровоне ҳатто аз аҳли суннат низ дар зери ояти каримаи: ОТИ ЗАЛҚУРБО ҲАҚҚАҲУ ҳаминро таъйид мекунад, аммо Абубакр ва Умар манъ карданд ва аз он ҳазрат шоҳид хостанд ва ингуна буд, ки моҷарои Фадак оғоз шуд ва аҷоибе дар он намудор шуд, ки ба 20 мавриди он ишора мекунем:

1.    Медонем, ки назди ҳамаи ҷаҳониён, ҳар гоҳ шахсе чизеро дар ихтиёр дорад, агар каси дигаре омад ва иддао кард, ки он мол аз они ӯст бояд шоҳид ва гувоҳ биёварад ва ҳаргиз аз касе ки мол дар дасти ӯст шоҳид намехоҳанд. Бо ин ҳол ҷои бисёр тааҷуб аст, ки Абубакр аз духтари Паёмбар (с) дархости шоҳид мекунад бо ин ки Фадак дар дасти ҳазрати Фотима (а) буд!

2.    Абубакр ва ҳамаи мусулмонон медонистанд, ки ояти Татҳир дар шаъни ҳазрати Заҳро (а) ва Амиралмуъминин ҳазрати Алӣ (а) нозил шудааст ва онҳоро аз ҳар гуна палидӣ пок донистааст. Акнун ҷои тааҷуб аст, ки чӣ гуна Абубакр ҳазрати Фотимаи Заҳроро муттаҳам ба иддаои дурӯғ дар мавриди Фадак мекунад?!

3.    Дар ҷараёни мубоҳила Паёмбари Акрам(с) он қадар ба ҳазрати Алӣ ва Фотимаи Заҳро ва имом Ҳасан ва имом Ҳусайн (а) аҳмият дод, ки танҳо онҳоро барои мубоҳила овард, то ҳамроҳони ҳазрат дар исботи набувват ва қарор додани лаънат бар дурӯғгӯён бошанд (ФА НАҶЪАЛ ЛАЪНАТАЛЛОҲИ АЛАЛ КАЗИБИН) ва тааҷҷуб аз ин ки Абубакр ҳамин афродро муттаҳам ба дуруғгӯӣ дар масъалаи Фадак мекунад. Оре Худованд нафрини инҳоро бар дурӯғгӯён мепазирад, аммо Абубакр инҳоро дурӯғгӯ мепиндорад.

4.    Усқуфии масеҳӣ дар ҷараёни мубоҳила гуфт: Эй насрониён ман суратҳое мебинам, ки агар нафрин кунанд як масеҳӣ боқӣ намемонад! Оре ӯ ба арзиш ва азамати он суратҳои пок пай мебарад, аммо Абубакр ҳамин обрумандонро муттаҳам ба дурӯғгӯӣ мекунад.

5.    Паёмбари Акрам (с) дар ҳадисҳои фаровоне, ки шиъа ва суннӣ дар китобҳои худ овардаанд ҳазрати Алӣ (а)-ро сиддиқ номидааст ва балки ба ӯ фармуданд: АНТА СИДДИҚУЛ АКБАР. (Мустадракус саҳеҳайн; Мизонул еътидол; Усдул ғоба ва ғ.) Ва ояти каримаи: АЛЛАЗИНА АМАНУ БИЛЛАҲИ ВА РУСУЛИҲИ УЛАИКА ҲУМУС СИДДИҚУН. Ба гуфтаи шиъа ва суннӣ дар шаъни вай нозил шудааст. Бо ин ҳол Абубакр вайро муттаҳам ба дурӯғгӯӣ ва ҷонибдорӣ аз ҳамсар мекунад.

6.    Худованди Мутаол дар ояти каримаи: АФАМАН КАНА АЛА БАЙИНАТИМ МИРРАББИҲИ ВА ЯТЛУҲУ ШАҲИДУН МИНҲ. Амиралмуъмининро гувоҳ ва шоҳиди нубуват медонад ва ҳамчунин мефармояд: ҚУЛ КАФА БИЛЛАҲИ ШАҲИДАН БАЙНӢ ВА БАЙНАКУМ ВА МАН ИНДАҲУ ИЛМУЛ КИТАБ. Дар ин оят Амиралмуъминин гувоҳи нубувват шинохта шудааст, бо ин ҳол ҷаноби Абубакр шаҳодати ҳазрати Алиро барои масъалаи Фадак намепазирад.

7.    Паёмбари Акрам шаҳодати Хузайма ибни Собитро баробари ду шоҳид қарор дод ва онро пазируфт ва ӯ ба зушшаҳодатайн маъруф шуд, аммо Абубакр шоҳидии Амиралмуъмининро,ки дар азамат ва фазилат қобили муқоиса бо Хузайма нест ва бо иддаои ҳазрати Фотима ва гувоҳии имом Ҳасан ва имом Ҳусайн (а) ва умми Айман низ ҳамроҳ буд намепазирад.

Идома дорад