Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Тавсеяҳое дар бораи саломатии бадан

Тавсеяҳое дар бораи саломатии бадан

  • Мудири сомона
  • Сомонаи Тоҷикон
Тавсеяҳое дар бораи саломатии бадан
3 (60%) 1 vote

Маъмун дар замони ҳукуматаш донишмандон ва олимони пизишкиро аз нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон даъват кар ва ҷаласаҳои баҳси илми ташкил медод то ба ин васила ҳам илмро густариш диҳад ва ҳам номи худро дар нуқтаҳои ҷаҳон маъруф кунад. Имом Ризо(а) низ дар ин

ҷаласаҳо ширкат дошт ва яке аз аъзои собити он буд. Маъмун ва афроди ҳозир дар он ҷаласаҳо дар баҳси илми аз вуҷуди имом баҳраи зиёде меҷустанд. Имом дар рисолаи пизишкии худ хитоб ба Маъмун тавсеяҳои беҳошти фаровонеро оварда аст. Инак ба чанд намуна аз тавсеяҳои имом:

Касе ки намехоҳад медааш озор ва осеб бубинад, ҳангоми хурок хурдан об нанушад. Касоне ки ҳамроҳ бо хурок хурдан об менушанд, дастгоҳи ҳозимаро аз аввали кораш, аз кор боз медоранд. Инҳо ба оризаи заъфи дастгоҳи гувориши мубтало хоҳанд шуд зеро нушидани об дар аввали хурок, меъдаро аз ҳам боз мекунад ва оризаи гушоди меъда падид меоварад.

Ононки мехоҳанд аз дарди бавосир ва ранҷи рудаи ва дарди қисмати пушти бадан дар амон бошанд, ҳар шаб даҳ дона хурморо бо равғани гов бихуранд.

Касе ки намехоҳад аз дарди масона бинолад, ҳатто набояд як лаҳза ҳам идрорашро нигаҳ дорад, агар чи дар пушти асбе савор шуда бошад.

Касоне ки ба заъфи ҳофиза дучоранд, беҳтар аст ҳама рӯза ҳафт мисқол кишмиш (мавиз)-и сиёҳ ношто субҳ бихуранд ва низ се тикка занҷабиле ки дар асал хобонда бошад бо каме хардал зимни хуроки рӯзонаи худ бихуранд. Барои тақвияти нерӯи фикри хуб аст, ҳама рӯза се донаи ҳалела бо наботи кубида бихуранд.

Касе ки мебинад нохунҳояш зард мешавад ва аз ҳам мешикофад, ё инки атрофи нохунҳояш хароб мешавад, бояд одат кунад ки нохунҳояшро дар ҳар панҷшанбе бичинад ки одат ба ин кор аз шикофтани нохунҳо ва хароби даври сари ангуштҳо пешгири хоҳад кард. Агар касе мехоҳад ки ба дарди гуш гирифтор нашавад, ҳар шаб ҳангои хоб андаке пахта дар гушҳояш бигузорад.

Ҳар кас мехоҳад дар фасли зимистон аз бемори сармохурдаги (грип) дар амон бимонад, ҳама рӯза се қошуқ асал бихурад. Асали солим нишонаҳое дорад. Он даста аз асалҳое ки вақте пеши бини мегиред бӯи тундаш шуморо ба атса во медорад ё асале ки одамро дучори беҳоли ва сусти мекунад ва он асале ки забони одамро месӯзонад, асалҳои хубе нестанд. Ин асалҳо қотили ҷони одами мебошанд.

Дар фасли зимистон гули наргис бибуед, бӯидани ин гулро ба таври доим риоят кунед то аз шарри сармохурдаги дар амон бимонед. Ҳамчунин истишмоми (сиёҳдона) одамиро аз сармохурдаги иман медорад.

Барои пешгири аз сармохурдаги дар рӯзҳои тобистон, парҳез аз офтоб ва хурдани рӯзе як адад бодиринг фоидаи фаровон дорад.

Касоне ки мехоҳанд аз сардард ва боди шикам дар амон бошанд, моҳи тоза бихуранд. Ин амалро ҳам дар фасли зимистон ва ҳам дар тобистон анҷом диҳанд, чун моҳии тоза барои пешгири аз ин гуна дардҳо бисёр судманд мебошад.

Ононки мехоҳанд ҳамеша бо нишот бошанд, то метавонанд аз шоми шаб бикоҳанд ва шабҳо сабук бор ба рахтихоб бираванд.

Касоне ки намехоҳанд гушҳояшон суст ва фуру овехта бошад ва ё инки аз афтодан ва бузург шудани лузтини худ, бимнок ҳастанд беҳтар аст ҳар вақт ки ширини мехуранд, ба дунболаш андаке сирка (чиснок) ғар ғара кунанд.

Касоне ки мехоҳанд аз ибтило ба марази ярқин дар амон бимонанд, дар фасли тобистон ба хонаҳои дарбаста ва дам карда ва бидуни таҳвия ворид нашаванд ва ҳамчунин дар фасли зимистон як мартаба аз хонаи гарм ба ҳаҷои сард нараванд, балки сабр кунанд, то баданашон бо ҳавои тоза маънус шавад.

Ононки аз бодҳои дарднок ва шадид дар бадани худ метарсанд, ҳафтае як бор сир(чиснок) бихуранд.

Касоне ки ба дандони худ алоқаманданд пеш аз хурдани ширини, касе нон бихуранд (иллати ин кор ин аст ки хурдаҳои нон миёни дандонҳоро пур кунад ва нагузорад маводи ширини ба онҳо осеб бизанад.)

Ононки мехоҳанд хурокашон зуд ҳазм шавад ва дастгоҳи ҳозимаашон кори худро ба осони анҷом диҳад ҳар вақт ки мехоҳанд бо шиками сер бар рахтихоб бираванд, ба паҳлуи рост бихобанд ва пас аз муддате аз паҳлуи рост ба чап биғалтанд ва ба хоби роҳат фуру раванд.