Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Тавсеяи Паёмбар(с) барои издивоҷи муваффақ

Тавсеяи Паёмбар(с) барои издивоҷи муваффақ

  • Мудири сомона
  • Тоҷикон
Rate this post

Бояд эҳтиёт кунем, ки аз чи касе духтар мегирем. Бояд эҳтиёт кунем ки ин писар кист ва чист ва билохира дар издивоҷҳо бояд эҳтиёти ду чиз бошем. Ахлоқ ва дин. Дигар чизҳоро бигузорем канор ва чизе ки ин рӯзҳо барои ҷавонони мо дигар камранг шуда аст.

Дар ҳоле ки Паёмбари Ислом(с) рӯи минбар борҳо ва борҳо мегуфтанд ин иштибоҳ аст ончи муҳим аст:

إِذَا جَاءَكُمْ مَنْ‏ تَرْضَوْنَ‏ خُلُقَهُ‏ وَ دِینَهُ‏ فَزَوِّجُوهُ‏ إِلَّا تَفْعَلُوهُ تَكُنْ فِتْنَةٌ فِی الْأَرْضِ وَ فَسادٌ كَبِیرٌ»[

Ҳангоме ки барои духтари шумо хостгоре омад ки шумо аз ахлоқ ва дини ӯ рози ҳастед пас духтаратонро ба ӯ бидиҳед агар ин корро накардед шумо фитнае дар замин ва фасоди бузурге мураткиб шудаед.

Паёмбар(с) мефармуд эй уммати ман! Дар издивоҷҳо ба фикри дину ахлоқ бошед. Бубинед ки духтар афиф ҳаст ё не ва писар ғайрат дорад ё не. Бубинед ин писар намозхон ҳаст ё не ва бубинед ин зан ба одоб ва аҳкоми исломи пойбанд ҳаст ё не ва билохира бубинед ахлоқи ин писар ва ин духтар чист ва дини ин духтар ва писар чист ва мо бақи таваккул ба Худо кунед, онгоҳ дуруст мешавад.

Марди шоиста ва зани шоиста он аст ки зино намедиҳад ва дӯсти номаҳрам ҳам надорад. Қуръон дӯсти номаҳрамро бо зино додан ва зино кардан пеши ҳам гузошта аст. Алаёзу биллоҳ зани зония метавонад баччаи солеҳ таҳвили ҷомеа диҳад! Як марде ки ба фикри занҳои дигар аст, оё метавонад насли хубе таҳвили ҷомеа диҳад?

Паёмбар(с) табиб барои ҳама аст ва шифо медиҳад. Мо агар шифо бихоҳем, мо агар бихоҳем ингуна балоҳо дар ҷомеаи мо набошад ва аз байн бираванд, бояд ба суханони Паёмбар(с) амал кунем.

Аз Паёмбар(с) нақл шуда аст ки:

لا یُختارُ حُسنُ وَجهِ المَرأةِ على حسُنِ دِینِها

Набояд ҳусни занро бар ҳусни диндории ӯ баргузинед.

Беҳтарин ҳамсар кист?

Аз имом Ҳасан(а) нақл шуда аст ки:

لرجل جاءَ إلَیهِ یَستَشِیرُهُ فی تَزویجِ ابنَتِهِ: زَوِّجْها مِن رَجُلٍ تَقِیٍّ، فإنّهُ إن أحَبَّها أكرَمَها وإن أبغَضَها لَم یَظلِمْها؛‌

Имом Ҳасан(а) хитоб ба марде ки бо ишон дар бораи издивоҷи духтари худ машварат кард: Ӯро бар марди бо тақво шавҳар деҳ, зеро агар духтари туро дӯст дошта бошад гиромиаш медорад ва агар дӯсташ надошта бошад ба вай ситам намекунад.

Манбаъ: сомонаи Тоҷикон