Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Саид Абдуллоҳи Нурӣ
4 (80%) 1 vote

Саид Абдуллоҳи Нурӣ (15 марти 1947 – 9 августи 2006) – яке аз бунёдгузорон ва раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Раиси Кумисюни оштии миллӣ пас ҷанг дар ин кишвар буд.

1 Зиндагинома
2 Таҳсил
3 Фаъолият
4 Осор
5 Манобеъ
Зиндагинома
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 15 марти соли 1947 дар деҳаи Оштиёни ноҳияи Сангвор зода шудааст. Вай чаҳорумин фарзанди Нуриддин Саидов (1900 – 1982), раиси райпо ва ҷамоати деҳои Арғанкӯл, буд. Соли 1953, пас аз он ки ноҳияи Сангвор барҳам зада ва мардумаш ба водии Вахш кӯчонда шуданд, хонаводаи Нурӣ дар совхози «Туркманистон» дар ноҳияи Вахш сокин шуд.
Таҳсил
Мактаби миёнаи маълумоти ҳамагониро соли 1964 дар ноҳияи Вахш хатм кардааст. Аз падараш ва бархе аз уламо, аз ҷумла муддарисон ва донишмандони маъруф Сиёмиддин Наҷмиддинов ва Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷон маъруф ба Ҳиндустонӣ, улуми исломиро, аз ҷумла «Сарфу наҳви арабӣ», «Маонӣ», «Мантиқ», «Фиқҳ», «Усули Фиқҳ», «Шарҳи ақида», «Таърихи Ислом», «Ҳадис» ва «Тафсири Қуръон», фаро гирифта аст.
Ҳамзамон дар муассисаи байниноҳиявии баҳисобгирии техникии шаҳри Қӯрғонтеппа давраи муҳандисиро хатм карда сипас то миёнаҳои соли 1986 дар идораи мазкур инженер–геодезист буда аст.
Фаъолият
Моҳи июни соли 1986 мақомоти амниятӣ Нуриро бо иттиҳоми «паҳн кардани хабарҳои бардурӯғе, ки сохти ҷамъиятиву давлатии сотсиалистиро бадном мекунанд» ба ҳабс гирифта ва моҳи феврали соли 1987 бо ҳукми Додгоҳи вилояти Қӯрғонтеппа аз рӯи моддаи 203 Кодекси Ҷиноии ҶШС Тоҷикистон барои якуним сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Мӯҳлати ҷазоро дар маҳбасҳои Сибир ва Шарқи Дур сипарӣ намудааст.
Дар солҳои 1989 – 1992 сардабири нашрияи «Минбари Ислом» – органи чопии Идораи расмии Мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар паи ҷанги шаҳрвандӣ аввалҳои соли 1993 ба Афғонистон ҳиҷрат гузашта ва дар он ҷо Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистонро таъсис дод ки ҳастаи аслии Оппозисюни муттаҳиди тоҷик дар ҷанг бо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон буд. Ин Ҳаркат масъулияти нигаҳбониву пуштибонии беш аз 60 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Афғонистон ва муборизаи сиёсиву низомиро барои бозгардонидани ҳуқуқҳои аз дастрафтаи муҳоҷирин ва оворагони тоҷик ба дӯши худ мегирад.
Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо роҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар оғоз гардидани музокироти Сулҳи тоҷикон дар моҳи апрели соли 1994 нақши калидиро дошт. Раванди музокироти Сулҳи тоҷикон (апрели 1995 то июни соли 1997) таҳти раҳбарии бевоситаи Нурӣ қарор дошт. Барои ҳарчӣ зудтар расидан ба оштиву тавофуқи ниҳоӣ Нурӣ ҳафт бор хориҷ аз кишвар бо Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ мекунад. Ин мулоқотҳо дар раванди музокироти Сулҳ нақши сарнавиштсоз доштанд.
Нурӣ аз июли соли 1997 то 31 марти соли 2000 Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ буд. Аз сентябри соли 1999 то даргузашташ Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд.
Сайид Абдуллоҳ Нурӣ 9 августи 2006 аз бемории саратон дар Душанбе даргузашт. Мазораш дар гӯристони Сари Осиё наздики Масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ аст.
Осор
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ муаллифи чандин китобҳои илмӣ, сиёсӣ ва дарсӣ, аз ҷумла «Дар он сӯи сиёсат» (1996), «Назаре ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом», «Имрӯзу фардои Тоҷикистон» (2001), аст.
Барои хизматҳои арзанда барои татбиқи нуктаҳои шартномаи истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо ордени «Исмоили Сомонӣ» сарфароз гардида аст.