Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Номаи Имом Хоманаӣ ба ҷавонони Аврупо ва Амрикои шимолӣ

Номаи Имом Хоманаӣ ба ҷавонони Аврупо ва Амрикои шимолӣ

  • Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ
Rate this post

ПАЁМИ РАҲБАРИ ЭРОН ХИТОБ БА ҶАВОНОНИ АВРУПО ВА АМРИКОИ ШИМОЛӢ

Дар пайи ҳаводисе, ки ахиран дар Фаронса иттифоқ афтод аст, Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон Сайид Алии Хоманаӣ паёмеро содир намудаанд, ки дар нашрияҳои аврупоӣ ва амрикоӣ садо додааст. Матни тоҷикии паёме, ки сомонаи интернетии Раҳбари Эрон нашр намудааст, ба ин шарҳ мебошад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Ба тамоми ҷавонон дар Аврупо ва Амрикои шимолӣ! Ҳаводиси ахир дар Фаронса ва воқеаҳои мушобеҳ дар баъзе аз дигар кишварҳои ғарбӣ маро ба ин натиҷа расондааст, ки дар бораи онҳо бевосита бо Шумо сӯхан бигӯям. Ман Шумо ҷавононро мухотаби худ қарор медиҳам; на ба ин сабаб, ки падарону модарони шумро нодида мегирам, балки ба ин сабаб, ки ояндаи миллат ва сарзаминатонро дар дастони шумо мебинам ва низ ҳисси ҳақталабиро дар қалбҳои шумо зиндатар ва ҳушёртар меёбам. Ҳамчунин дар ин навиштор ба сиёсатмадорон ва давлатмардони Шумо хитоб намекунам, чун бар ин бовар ҳастам, ки онон огоҳона роҳи сиёсатро аз масири садоқат ва дурӯстӣ ҷудо кардаанд. Сӯхани ман бо Шумо дар бораи Ислом аст; ва ба таври хос дар бораи тасвир ва чеҳрае, ки аз Ислом ба шумо ироа мегардад. Аз ду даҳа пеш ба ин тараф, яъне тақрибан пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ (СССР) талошҳои зиёде шудааст, то ин дини бузург дар ҷойгоҳи душмани тарснок нишон дода шавад. Таҳрики эҳсоси руъбу ваҳшат ва нафрат ва баҳрагирӣ аз он, бо таассуф собиқаи тулонӣ дар таърихи сиёсии ғарб дорад. Ман дар инҷо намехоҳам ба ҳаросҳои гуногӯне, ки то кунун ба миллатҳои ғарбӣ илқо шудааст, бипардозам. Шумо худ бо муруре кутоҳ бар мутолиоти интиқодии ахир пиромуни таърих, мебинед, ки дар таърихнигориҳои ҷадид рафторҳои ғайри содиқона ва музаввирона(шайтанатомез)и давлатҳои ғарбӣ бо дигар миллатҳо ва фарҳангҳои ҷаҳон накуҳиш шудааст. Таърихи Аврупо ва Амрико аз бардадорӣ шармсор аст, аз давраи истеъмор сарафканда аст, аз ситам бар рангинпустон ва ғайри масеҳиён хиҷил(шармсор) аст; муҳаққиқон ва муаррихони Шумо аз хунрезиҳое, ки ба номи мазҳаб байни Котолик ва Протистон ва ё ба исми миллияту қавмият дар ҷангҳои аввалу дуюми ҷаҳонӣ сурат гирифтааст, амиқан ибрози сарафкандаг мекунанд. Ин ба худии худ ҷои таҳсин дорад ва ҳадафи ман низ аз бозгӯкардани бахше аз ин феҳристи дароз, сарзаниши таърих нест, балки аз Шумо мехоҳам аз равшанфикрони худ бипурсед, чаро виждони ҳамагонӣ дар ғарб бояд бо таъхире чандаҳсола ва гоҳе садсола бедор ва огоҳ шавад? Чаро бознигарӣ дар виждони ҷамъӣ, бояд фақат дар бораи гузаштаҳои дур бошад, на масъалаҳои рӯз? Чаро дар мавзӯи муҳимме ҳамчун шиваҳои бархурд бо фарҳангу андешаҳои исломӣ, аз шаклгирии огоҳии ҳамагонӣ, пешгирӣ мешавад? Шумо ба хубӣ медонед, ки таҳқир ва эҷоди нафрат ва тарси хиёлӣ аз дигарон, заминаи мушатраки ҳамаи он судҷӯиҳои ситамгарона будааст. Акнун ман мехоҳам аз худ бипурсед, ки чаро сиёсати қадимии ҳаросафканӣ ва нафратпароканӣ, ин бор бо шиддати бемонанд (ва бисёр) Ислом ва мусалмононро ҳадаф гирифтааст? Чаро сохтори қудрат дар ҷаҳони имрӯз мойил аст (мехоҳад) тафаккури исломӣ дар ҳошия ва канор, дар ҳоли инфиъол (таъсирпазирӣ) қарор гирад? Магар чӣ маъонӣ ва арзишҳое дар Ислом музоҳими барномаҳои қудратҳои бузург аст ва чӣ манфиатҳое дар сояи тасвирсозии ғалат аз Ислом, таъмин мегардад? Пас, хостаи аввали ман ин аст, ки дар бораи ангезаҳои ин сиёҳнамоии густурда бар зидди Ислом пурсиш ва ковуш кунед. Хостаи дуюми ман ин аст, ки дар вокуниш ба сейли пешдовариҳо ва таблиғоти манфӣ, талош кунед шинохти бевосита аз ин дин ба даст оваред. Мантиқи солим иқтизо мекунад, ки ҳадди ақал бидонед он чи шуморо аз он мегурезонанд ва метарсонанд, чист ва чӣ моҳийяте дорад. Ман исрор намекунам, ки бардошти ман ё ҳар талаққии дигаре аз Исломро бипазиред, балки мегӯям иҷоза надиҳед ин воқеияти пуё ва асаргузор дар дунёи имрӯзӣ бо ғаразу ҳадафҳои олуда ба шумо шиносонда шавад. Иҷозат надиҳед риёкорона терористҳои таҳти хидмати худро ҳамчун намояндагони Ислом ба шумо муаррифӣ кунанд. Исломро аз роҳи манобеи аслӣ ва маъхазҳои дасти аввали он бишиносед. Бо Ислом аз роҳи Қуръон ва зиндагии Паёмбари бузурги он (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ошно шавед. Ман дар инҷо мойилам бипурсам; Оё то кунун худ бевосита ба Қуръони мусалмонон муроҷиа кардаед? Оё таълимоти Паёмбари Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва омӯзаҳои инсонӣ ва ахлоқии Ӯро мутолиа кардаед? Оё то имрӯз ба ҷуз (аз) расонаҳо, паёми Исломро аз манбаи дигаре дарёфт кардаед? Оё ҳаргиз аз худ пурсидаед, ки ҳамин Ислом чӣ гуна ва бар мабнои чӣ арзишҳое дар қарнҳои зиёд, бузургтарин тамаддуни илмӣ ва фикрии ҷаҳонро парвариш дод ва бартарин донишмандон ва мутафаккиронро тарбият кард? Ман аз Шуммо мехоҳам иҷозат надиҳед бо чеҳрапардозиҳои тавҳиномез ва паст, байни Шумо ва воқеият девори отифӣ ва эҳсос эҷод кунанд ва имкони доварии бетарафонаро аз шумо бигиранд! Имрӯз, ки абзорҳои иртиботӣ марзои ҷуғрофиёиро шикастааст, иҷозат надиҳед шуморо дар марзҳои сохтагӣ ва зеҳнӣ маҳсур (зиндонӣ) кунанд. Агар чи ҳеҷ кас ба сурати фардӣ наметавонад шикофҳои эҷодшударо пур кунад, аммо ҳар як аз Шумо метавонад ба қасди равшангарии худ ва муҳити атрофаш, пуле аз андеша ва инсоф бар рӯи он шикофҳо бисозад. Ин чолиши (мушкилӣ ва монеа) аз пеш тарҳрезӣ шуда байни Ислом ва Шумо ҷавонон, ҳарчанд ногувор аст, аммо метавонад пурсишҳои навинеро дар зеҳни кунҷков ва ҷустуҷӯгари Шумо эҷод кунад. Талош дар роҳи ёфтани посӯхи ин пурсишҳо фурсати муғтанам(пурсамар)ро барои кашфи ҳақиқатҳои нав пеши рӯи Шумо қарор медиҳад. Бинобар ин, ин фурсатро барои фаҳми саҳеҳ ва дарки бидуни пешдоварӣ аз Ислом, аз даст надиҳед, то шояд ба юмни (баракати) масъулиятпазирии Шумо дар боробари ҳақиқат, ояндагон ин бахш аз таърихи таомули ғарб бо Исломро бо озурдагии камтар ва виждони осудатар ба нигориш дароваранд.

Сайид Алии Хомана

1,11,1393 ҳ.ҷ

21,1,2015 м

29/5/1436 ҳ.қ

Баргардон: С.А