Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Падидаи ваҳй

Падидаи ваҳй

  •  Нигориш ёфта тавасути Мудири сомона
  • Сомонаи asiaquran
Rate this post

Баҳс дар бораи ваҳй,аз ин ҷиҳат дорои аҳамият аст ки пояи шинохти каломи худо ба шумор меравад.қуръон ки баёнгари сухани ҳақтаъоло ва ҳомили паёми осмонӣ аст,ба василаи ваҳй нозил шуда аст.ваҳй ҳамон паёми ғайбӣ аст ки аз ҷониби малакути аъло ба ҷаҳони модда фуруд омада аст. 


худованд аз забони Паёмбари акрам(с)чунин нақл мекунад:

«و اوحي الي هذا القرآن لا نذركم به و من بلغ»
аз ин ру асоситарин баҳс дар заминаи масоили қуръонӣ, баҳс дарбораи ваҳй аст.яъне баҳс дарбораи  шинохти ваҳй,ҷигунагии барқарории иртиботи байни олами боло ва дунёи поён ва инки оё миёни ду ҷаҳони модда ва мофавқи модда имкони барқарории иртибот аст? 
ингуна мавзуот дар ин замина матроҳ аст ва посухи онҳо ;роҳ ро барои дарки боварҳои қуръонӣ ҳамвор месозад.
Ваҳй дар луғат
ваҳй дар луғат ба маъноҳои мухталиф омадааст аз ҷумла:ишорат,китобат,навишта,рисола,паём,сухани пушида,еълом дар пинҳонӣ,шитоб ва аҷала ва ҳарчи аз калом ё навишта ё пайғом ё ишорат ки ба дигарӣ ба дур аз таваҷҷуҳи дигарон илқоъ ва фаҳмонда шавад ваҳй гуфта мешавд.

Гуфторашон бидон ва ба гуфтор кор кун то аз худои бузург ваҳят оваранд.

اصل الوحي الاشارة السريعة Роғиби  Исфаҳонӣ мегӯяд

 

Ваҳй паёме пинҳонӣ аст ки ба гунаи ишорат ва бо суръат анҷом мегирад.  

اصل الوحي في اللغة كلها اعلام في خفا و لذلك سمي الالهام وحيا Абӯ Исҳоқ низ гуфтааст:  

асли ваҳй дар луғат ба маънои паёми пинҳонӣ аст.бинобарин илҳом ро;ваҳй номидаандчунин аст сухани ибни Бари:

 

«وحي اليه و أوحي: كلمه بكلام يخفيه من غيره و وحي و اوحي: اوما، وحي اليه

пинҳон аз дигарон бо ӯ сухан гуфт

وحي و أوحيматлаб ро бо ишора расонед :

فأوحت إلينا و الأنامل رسلها Шоир низ гуяд:

Бар мо паём фиристод дар ҳоле ки сари ангуштонаш паёмрасони ӯ буданд

Дигари мегуяд:
نظرت إليها نظرة فتحيرت دقائق فكري في بديع صفاتها
فأوحي إليها الطرف اني احبها فأثر ذاك الوحي في وَجَناتِها
бо нигоҳе ки бар вай афкандам фикри борик мебинам дар сифоти бадии ӯ дар ҳайрат монд,пас гушаи чишмам ба ӯ пайғом дод ки дусташ дорам ва осори он паём дар гунаҳои вай намоён гардид.

Ваҳй дар қуръон
калимаи ваҳй дар қуръон ба чаҳор маъно омадааст:
ишораи пинҳонӣ ки ҳамон маънои луғавӣ аст чунон ки дарбораи Закариё(ъ)дар қуръон мехонем:

«فخرج علي قومه من المحراب فاوحي اليهم ان سبحوا بكرة و عشيا»

 ӯ аз меҳроби ибодаташ ба сӯи мардум берун омад ва бо ишора ба онон гуфт:ба шукронаи ин неъмати илоҳӣ субҳу шом худоро тасбиҳ кунед.
ҳидояти ғаризӣ:яъне роҳнамоиҳои  табиӣ ки дар решаи тамоми мавҷудот ба амонат дода шудааст ҳар мавҷуде шомили ҷимод,набот,ҳайвон ва инсон,ба тавре ғаризӣ роҳи бақо ва тадовуми ҳаёти худро медонад.аз ин ҳидояти табиӣ ба номи ваҳй дар қуръон ёд шуда аст:

 «و اوحي ربك الي النحل ان اتخذي من الجبال بيوتا و من الشجر ومما يعرشون ثم كلي من كل الثمرات فاسلكي سبل ربك ذللا،

Парвардигорат ба занбури асал ваҳй(илҳоми ғаризӣ) намуд ки аз куҳу дарахту дорбастҳое ки мардум месозанд,хонаҳое бисоз,сипас аз ҳамаи меваҳо (шираи гулҳо)бихур ва роҳҳои парвардигорат ро ба осонӣ тай кун.
ҳидояти гаризӣ ки дар решаи ашёъ қарор дорад,худ розе нуҳуфта аз асрори табиат ба шумор меравад ки асари шигифтовари он ошкор ,вале маншаъ ва мабдаи он пинҳон аз дидаҳо буда ва шойиста онаст ки онро ваҳй гӯянд

 و اوحي في كل سما امرها

 ва дар ҳар осмоне кори он осмон ро ваҳй(муқаррар)фармуд.
илҳом(паёми ғайбӣ):гоҳ инсон паёме ро мегирад ки маншаи он ро намедонад,ба хусус дар ҳолати тарс ки гумон мебарад роҳ ба ҷое надорад;ногаҳон дурахшише дар дили ӯ бавуҷуд меояд ки роҳро барои ӯ равшан месозад ва ӯ ро аз он тангно берун меоварад.ин паёмҳои роҳгушо,ҳамон паёми ғайбӣ аст ки аз пушти парда зоҳир шуда ва ба кумак ва мадади инсон меояд;аз ин паёми ғайбӣ  ки аз инояти илоҳӣ сарчашма гирифта,дар қуръон баноми ваҳй таъбир ва гуфта шудааст.

Қуръон дарбораи модари Мусо(ъ)мефармояд:
))و اوحينا الي ام موسي ان ارضعيه فاذا خفت عليه فالقيه في اليم و لا تخافي و لا تحزني انا رآدوه اليك و جاعلوه من المرسلين» «و لقد مننا عليك مرة اخري اذ اوحينا الي امك ما يوحي ان اقذفيه في التابوت فاقذفيه في اليم فليلقه اليم بالساحل ياخذه عدو لي و عدوله فرجعناك الي امك كي تقر عينها و لا تحزن((.
бар пояи ин оёт,ҳангоме ки Мусо(ъ) таваллуд шуд,модараш нигарони ҳоли ӯ шуд. ногаҳон илҳоме аз хотираш гузашт ки бо таваккул бар худо ӯро шир диҳад ҳаргоҳ еҳсоси хатар кард ӯро дар сандуқи чубин қарор дода бар руи об роҳо кунад ва низ бар хотираш гузашт ки тифл ба ӯ боз мегардад ва ҳаргиз набояд ғамгин бошад,зеро бар худо иътимод карда ва тифл ро ба ӯ супурдааст.инҳо хотироҳое буд ки бар андешаи модари Мусо(ъ) гузар кард ва барқи  умеде буд ки дар дили ӯ дурахшид.ин гуна хотироҳое равшан кунандаи роҳ ва наҷот диҳанда аз тарсу ҳарос ро илҳоми роҳмонӣ ва инояти раббонӣ аст ки дар мавқеи зарурат ба кумаки бандагони солиҳ меояд.
қуръон ваҳй ро ба маънои васвасаҳои шайтон низ бакор бурдааст,

كذلك جعلنالكل نبي عدوا شياطين الا نس و الجن يوحي بعضهم الي بعض زخرف القول غروراو إن الشياطين ليوحون الي اوليائهم ليجادلوكم

ингуна ваҳйи шайтонӣ ҳамонаст ки дар сураи Нос омада:

من شر الوسواس الخناس، الذي يوسوس في صدور الناس، من الجنة و الناس.
Ваҳйи ирсоли :

ваҳй ба ин маъно шохисаи нубувват аст ва дар қуръон беш аз ҳафтод бор аз он ёд шудааст:

و كذلك اوحينا اليك قرآنا عربيا لتنذر ام القري و من حولها

نحن نقص عليك احسن القصص بما اوحينا اليك هذا القرآن

Паёмбарон мардони такомул ёфтае ҳастанд ки омодагии дарёфти ваҳй ро дар худ фароҳам сохтаанд.дар ин бора эмом ҳасани Аскари (рз) мефармояд:

ان اللّه وجد قلب محمدافضل القلوب و اوعاها فاختاره لنبوته

 Худованд,қалбу равони Паёмбар ро беҳтарин ва пазеротарин қалбҳо ёфт ва онгоҳ  ӯро барои нубувват интихоб кард.
ин ҳадис ишора ба ин воқеият дорад ки барои дарёфти ваҳй ончи муҳим аст афзоиши огоҳӣ  ва омодагӣ барои пазиро шудани ин паёми осмонӣ аст.барои расидан ба ингуна омодаги Паёмбар бояд пирояҳои ҷисмонӣ  ро аз худ дур кунад ва шоистаи тамос ба малакутиён шавад.

Паёмбари ислом(с)фармудаанд:

«و لا بعث اللّه نبيا و لا رسولا حتي يستكمل العقل و يكون عقله افضل من جميع عقول امته،

Худованд,бар наангехт ,магар онки ақли(худ ва андешаи)худро ба камол расонда бошад ва ақлу хиради ӯ аз тамоми ақлу хиради тамоми умматаш бартар бошад.
тибқи гуфтаи Садриддини Шерозӣ,пешаз онки зоҳири Паёмбар ба нубувват ороста гардад,ботини ӯ ҳақиқати нубувватро дарёфт карда буд. Паёмбар ибтидо ботини худро ба камоли инсонӣ ороста гардонд  сипас ин оростагӣ аз ботин ба зоҳири вай намоён гашт.дар воқеъ Паёмбар нахуст сафари халқ ба ҳаққ ро оғоз кард ва пас аз расидан ба ҳақ,сафаре аз ҷониби ҳаққ ба сӯи халқ бозгашт.
аз инру,ваҳй чизе нест ҷуз огоҳии ботин ки бар асари паёми ғайбӣ анҷом мегирад.

))قل من كان عدوا لجبريل فانه نزله علي قلبك باذن اللّه(())نزل به الروح الا مين علي قلبك لتكون من المنذرين((

  

Падидаи ваҳй ҳам монанди илҳом,ба тобнок шудани дарун дар мавқеи хос итлоқ мешавад бо ин фарқийят ки бар илҳомгиранда пушидааст,вале маншаи ваҳй бар гиранда ки Паёмбаронанд равшан мебошад.ба ҳамин иллат, Паёмбарон ҳаргиз дар гирифтани паёми осмонӣ гирифтори ҳайрату иштибоҳ намешаванд;зеро бар маншаи ваҳй ва кайфияати анҷоми он огоҳи ҳузурӣ  комиле доранд.
Зурора аз Эмом Ҷъфари содиқ(рз)мепурсад:чигуна Паёмбар мутмаин шуд ончики ба ӯ расид ваҳйи илоҳӣ аст ,на васвасҳои шайтонӣ?
Эмом(ъ)фамуд:

))ان اللّه اذا اتخذعبدا رسولا انزل عليه السكينة و الوقار فكان الذي ياتيه من قبل اللّه مثل الذي يراه بعينه((ҳаргоҳ худованд бандае ро барои рисолат интихоб кунад,ба ӯ оромиш ва виқори вежаи ба ӯ мебахшад,багунае ки ончи аз ҷониби ҳақ ба ӯ мерасд,ҳамонанди чизе хоҳад буд ки бо чашми боз мебинад.дар ҳадиси дигар суол шуд:чигуна Паёмбарон донистанд ки Паёмбаранд?
Эмом(рз)дар посух фармуд

كشف عنهم الغطا

барои онон парда аз миён бардошта шуд.
ба иборате Паёмбарон ҳангоме ки ба Паёмбарӣ мабъус мешаванд ки аз марҳалаи илмуляқин ва айнуляқин ро тай карда ва ба марҳалаи ҳаққуляқин расида бошанд.пас шигифте надорад ки мардони озмуда ва пок аз миёни тудаи мардум,барои рисолат интихоб мешаванд,ва ҳомили паёми осмонӣ барои мардум бошанд.чунон ки қуръон мефармояд:

كان للناس عجبا ان اوحينا الي رجل منهم ان انذر الناس و بشر الذين آمنوا ان لهم قدم صدق عند ربهم قال الكافرون ان هذا لساحر مبين؛

Оё  барои мардум шигифте буд ки ба марде аз худашон ваҳй кардем ки мардумро аз кайфари гуноҳ бо хабар ва ба касоне ки имон овардаанд хабар биде  ки барои онон,тӯшаи нек ва подоши шоиста назди парвардигорашон аст.
аммо кофирон гуфтанд:ин мард афсунгаре ошкор аст.яъне мардум андаке андеша кунанд ва ба худ оянд,ин гумони нораво дар мавриди Паёмбар(с) аз онон пок мешавад.