Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Нигоҳе ба зиндагии Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ

Нигоҳе ба зиндагии Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ

Rate this post

Муслим, Абулҳусайн Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ибни Муслим ибни Вард ибни Кушози Қушайрии Нишопурӣ, муҳаддиси маъруф ва нависандаи китоби муҳимми ҳадисии “Ал-ҷомеъ-ус-саҳеҳ” маъруф ба “Саҳеҳ Муслим” мебошад.

Таърих ва маҳалли таваллуд

Бино ба қавли машҳур ва саҳеҳтар Муслим дар соли 206 ҳ.қ. дар Нишопур таваллуд шуда, дар хонаводаи илмӣ тарбият ёфтааст. Аз падараш ба унвони яке аз машоихи ҳадисӣ ёд мешавад ва ба хотири ҳамин падараш ӯро барои ёдгирии улуми исломӣ ташвиқ намудааст.

Таҳсилот:

Муслим дар синни 12 солагӣ таҳсили илмро дар ватани худ оғоз намуд ва он гоҳ барои комил кардани дониши худ сафарҳои илмиашро оғоз кард.

Сафарҳои илмӣ:

Муслим барои бештар касб кардани илми ҳадис монанди дигар муҳаддисон ба шаҳрҳои мухталифе ҳамчун Макка, Мадина, Куфа, Басра, Балх, Миср, Шом, Ҳиҷоз, Ироқ, Бағдод ва Рай сафар карда аз муҳаддисони бузурги ҳадис дарс омӯхт. Бештарин ва охирин сафари Муслим ба шаҳри Бағдод будааст.

Мусофиратҳои Муслим ду хел будааст:

1) Сафарҳое, ки барои таҳсил ва ёдгирии ҳадис ва шинохти асноди ровиён анҷом додааст.

2) Сафарҳое, ки барои таълим ва интишори ҳадис дар байни мардум кардааст.

Ишқу алоқаи Муслим ба ин кор чунон буд, ки ба ҷуз як бор, ки барои адои фаризаи ҳаҷ раҳсипори Макка шуд, дигар мусофиратҳои ӯ ба хотири таҳсил ё таълими улуми ҳадис анҷом гирифт.[1]

Мазҳаб

Дар бораи мазҳаби фиқҳии Муслим ихтилоф аст. Ибни Қайим ӯро ҳанбалӣ медонад, чунонки Ибни Абияъло низ ӯро ҳанбалӣ донистааст.[2] Баъзе ӯро ба унвони асҳоб ва шогирди Аҳмад ибни Ҳанбал ва баъзе низ ӯро моликимазҳаб донистаанд.[3]

Муслим аз назари мазҳаби каломӣ аҳли ҳадис аст. Чун ӯ дар ин замина аз устодҳое ҳамчун Бухорӣ, Ибни Ҳанбал ва Ибни Роҳуя баҳра бурдааст. Муслим зимни эътиқод ба мақоми болои Худованд монанди Бухорӣ ба халқи Қуръон бовар дорад.[4]

Таълифот:

Муслим илова бар китоби Саҳеҳаш дорои китобҳои дигаре низ ҳаст, ки баъзе аз онҳо вуҷуд доранд ва баъзе аз байн рафтаанд. Дар муқаддимаи Саҳеҳ номи 36 китоби ӯ бурда шуда, ки аз байни он китобҳо метавон ба инҳо ишора кард:

1. Китоби Ал- асомӣ вал- куня,

2. Китоби Асмо-ур-риҷол,

3. Китоби Ал- тамйир,

4. Китоби Ал- табақот,

5. Китоби Табақот-ут-тобиъин,

6. Китоби Ал- мухазрамин.

Таҳияи Ҷамшед Абдусамад

———————————————————————
[1] . Саҳеҳ Муслим, саҳ. 15.

[2] . Табақоти ҳанобала.

[3] . Аъломул масоъин с. 26-27.

[4] . Аъломул масоъин с. 43-44.