Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Истилоҳи насх, оят ва маънои онҳо

Истилоҳи насх, оят ва маънои онҳо

Rate this post

Нахуст: насх

“Насх” дар луғат, аз байн бурдани чизе бо чизи дигар аст, ки пас аз он меояд. Масалан мегӯянд: Насахатиш шамсу аз-зилла,- Офтоб сояро аз байн бурд.

Насх дар истилоҳи исломӣ, аз байн бурдани аҳкоми як шариат бо аҳкоми шариати дигар аст, монанди: насхи бархе аҳкоми шариатҳои гузашта бо аҳкоме, ки дар шариати Хотами Анбиё(с) омада аст. Ҳамчунин, насхи ҳукми муваққат бо ҳукм доим дар шариати Хотами Анбиё(с) монанди: ҳукми ирс бурдан аз якдигар бар асоси ақди бародарӣ миёни муҳоҷирин ва ансор пеш аз фатҳи Макка дар Мадина, ки бо ҳукми ирс бурдани хешовандон аз якдигар пас аз фатҳи Макка, насх гардид.[1]

Дуввум: оят

“Оят” дар истилоҳи исломӣ лафзе аст муштарак миёни се маъно:

1Мӯъҷизаи анбиё, чунонки дар сураи Намл ба Мӯсо ибни Имрон мефармояд:

Вадхил ядака фũ ҷайбика тахруҷ байзо’а мин ғайри сỹин фũ тисъи оётин ило Фиръавна ва қавмиҳи…Ê

Дастро дар гиребон бибар то сафед ва дурахшандаи беайб берун ояд. Ин дар зумраи мӯъҷизот нӯҳгонае аст, ки ту бо онҳо ба сӯи Фиръавн ва қавмаш фиристода мешавӣ…[2]

2– Таркибе аз алфози Қуръонӣ, ки бо шуморае мушаххас шудаанд, чунонки дар сураи Намл мефармояд:

То сũн тилка оётул Қур’они ва китобун мубũнÊ

То, син. Ин оятҳои Қуръон ва китобест мубин.[3]

3– Бахш ё бахшҳое аз китоби Худо, ки хукме аз аҳкоми шариатро баён мекунад.[4]

Пас мулоҳиза шуд, ки мақсад аз номгузории бахше аз Қуръон ба “оят” далолаткунанда ба маънои он, яъне ҳукме аст, ки дар он бахш омада ва “насх” мутаваҷҷеҳи ҳамон ҳукм аст ва алфози қуръонӣ дарбардорандаи он ҳукмро шомил намешавад.

Ва низ, дониста шуд, ки маъно дар лафзи муштарак бо қаринае, ки дар калом аст ва бар мақсуд далолат дорад, мушаххас мешавад.

—————————————————————————————

[1] Тафсири Табарӣ, ҷ. 10, саҳ. 26-27, Тафсири Ибни Касир ҷ. 2, саҳ. 221 ва 328; ва тафсири Дуррулмансур, ҷ. 2, саҳ. 207.

[2] Сураи Намл, ояи 12.

وَأَدْخِلْ يَدَكَ فِي جَيْبِكَ تَخْرُجْ بَيْضَاء مِنْ غَيْرِ سُوءٍ فِي تِسْعِ آيَاتٍ إِلَى فِرْعَوْنَ وَقَوْمِهِ…   }12{

[3]  Сураи Намл, ояи 1.

طس تِلْكَ آيَاتُ الْقُرْآنِ وَكِتَابٍ مُّبِينٍ }1{

[4] Шарҳи муфассали он дар баҳси Мусталаҳот дар китоби “Қуръони карим ва ривоёти ду мактаб”, ҷ. 2 омадааст.