Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Имом ба маънои эътиқодӣ

Имом ба маънои эътиқодӣ

Имом ба маънои эътиқодӣ
4.67 (93.33%) 3 votes

“Имом” вожаест, ки асли арабӣ дорад ва яке аз нодиркалимоте ҳаст, ки дар байни мусулмонҳо истифодаи густурда мешавад. Муродифи тоҷикии он “роҳбар” ва ё “пешво” ҳаст. Мусулмонҳо аз дидгоҳи эътиқодӣ ба ду дастаи асосӣ тақсим мешаванд: суннӣ ва шиъа. Сунниҳо, ки 90 фоизи мусулмонҳоро дар ҷаҳон ба шумули аксарияти мутлақи мусулмонҳои кишвари мо ташкил медиҳанд, калимаи “имом”-ро ба маъноҳои гуногун истифода мебаранд. Аз ҷумла:

 

“Имоми масҷид” ба касе, ки дар намоз пеш медарояд, мо дар Тоҷикистон “имом” мегӯем. На танҳо мо, балки ҳамаи мусулмонҳо, “пешво” ва ё “роҳбар”-и намозро “имом” мегӯянд. “Имом” ба маънои “роҳбар” ва ё “пешво”-и намоз вақте истифода мешавад, ки лафзи “имом” изофа ба масҷид ва намоз шавад. Пас дар он сурат маънои “имом” мушахассан ба маънои “пешвои намоз” мешавад. Ин лақабро ҳар мусулмон бо пешвоӣ дар намоз метавонад касб кунад, ҳатто агар муваққатан ва барои як лаҳзаи кӯтоҳ ҳам бошад.

 

“Имом хатиб” яке аз истифодаҳои дигари калимаи имом дар байни муслимин, истифодаи он бо изофа ба вожаи “хатиб” аст. Хатиб касе ҳаст, ки дар намозҳои хутбадор, мисли ҷумъа ва намозҳои ид хутба мехонад. Хутба баромаде ҳаст, ки бо ҳамду санои худованд ва дуруду салавот шурӯъ шуда, дар мавзӯъоти гуногуни динӣ ва марбут ба умури мусулмонҳо эрод мешавад. Пас масҷидҳо ду намуд “имом” доранд. Яке, имоме, ки фақат дар намоз пешвоӣ мекунад ва яке имоме, ки илова ба пешвоӣ хутба ҳам мехонад, ки онро “Имом хатиб” меноманд.

 

“Имоми қавм” гоҳҳо дар байни мардуми мо ин вожа “имоми қавм” ҳам ба гӯш мерасад, ки метавонад ҳам ба маънои мӯйсафед ва ё ба риши қавм бошад ва ҳам ба маънои имоми намоз.

 

“Имом” вақте дар танҳоӣ ва барои яке аз бузургони аҳли Ислом ва барои донишмандон истифода шуд, ин фақат як лақабе ҳаст, ки барои эҳтиром ва қадршиносии донишманде истифода мешавад. Ин ягон рутбаи илмии хосе ё ягон дараҷаи муайяни касбӣ нест. Ва чунин истифодаи ин лақаби зебо барои бузургворе чун Абу Ҳанифа ба касрат истифода шудааст: “Имоми Аъзам”. Вақте мо мегӯем “Имоми Аъзам” ин ба маънои ин нест, ки ин бузургвор ба дараҷаи имомӣ расидаасту дигар касе аз ӯ болотар нест. Дар ҳақиқат ӯ дар илми фиқҳ (масъала) яке аз пешвоён ҳаст, вале фақат барои пайравони мазҳабаш. Масалан, барои як шофеъимазҳаб Имом Шофеъӣ пешво ҳаст, на Абу Ҳанифа. Пайравони дигар мазҳабҳо ҳам вақте номи Абу Ҳанифаро бигиранд, қабл аз номаш вожаи “имом”-ро истифода мебаранд ва мо ҳам пайравони Имоми Аъзам вақте масалан, пешвои мазҳаби шофеъиро ном бибарем, Имом Шофеъӣ мегӯем, ки ин аз рӯйи одоб ва қадрдонист.

 

“Имоми масҷид” ба касе, ки дар намоз пеш медарояд, мо дар Тоҷикистон “имом” мегӯем. На танҳо мо, балки ҳамаи мусулмонҳо, “пешво” ва ё “роҳбар”-и намозро “имом” мегӯянд. “Имом” ба маънои “роҳбар” ва ё “пешво”-и намоз вақте истифода мешавад, ки лафзи “имом” изофа ба масҷид ва намоз шавад. Пас дар он сурат маънои “имом” мушахассан ба маънои “пешвои намоз” мешавад. Ин лақабро ҳар мусулмон бо пешвоӣ дар намоз метавонад касб кунад, ҳатто агар муваққатан ва барои як лаҳзаи кӯтоҳ ҳам бошад.

 

“Имом хатиб” яке аз истифодаҳои дигари калимаи имом дар байни муслимин, истифодаи он бо изофа ба вожаи “хатиб” аст. Хатиб касе ҳаст, ки дар намозҳои хутбадор, мисли ҷумъа ва намозҳои ид хутба мехонад. Хутба баромаде ҳаст, ки бо ҳамду санои худованд ва дуруду салавот шурӯъ шуда, дар мавзӯъоти гуногуни динӣ ва марбут ба умури мусулмонҳо эрод мешавад. Пас масҷидҳо ду намуд “имом” доранд. Яке, имоме, ки фақат дар намоз пешвоӣ мекунад ва яке имоме, ки илова ба пешвоӣ хутба ҳам мехонад, ки онро “Имом хатиб” меноманд.

 

“Имоми қавм” гоҳҳо дар байни мардуми мо ин вожа “имоми қавм” ҳам ба гӯш мерасад, ки метавонад ҳам ба маънои мӯйсафед ва ё ба риши қавм бошад ва ҳам ба маънои имоми намоз.

 

Вожаи “имом”, ки дар байни шиъамазҳабон истифодаи бештар мешавад, бар иловаи “имоми масҷид” ва “имоми ҷумъа” истифодаҳои дигаре низ дорад, ки махсуси аҳли ташайуъ аст:

 

“Имом” ба маънои раҳбари инқилоб. Дар Ҷумҳурии Исломии Ирон вожаи “имом” ба чанд нафари калидӣ ҳамеша истифода мешавад, ки асосан ба маънои “пешво” ва “раҳбар” меояд. Мисли истифодаи ин калима барои раҳбари инқилоби исломии Ирон: “Имом Хумайнӣ”. Ҳар гоҳ дар ҶИИ гуфта шавад, ки “имом” мардум Имом Хумайниро мефаҳманд.

 

“Имом” ба маънои эътиқодӣ.

Машҳур аст, ки аҳли ташайуъ яке аз фарқиятҳояшон аз аҳли суннат вал ҷамоъат ин аст, ки илова бар мафҳуми нубувват эътиқод ба мафҳуми дигаре доранд, ки онро “имомат” мегӯянд. Бинобар эътиқоди шиъаён дин амонати илоҳӣ ҳаст, ки танҳо афроди махсус  ва интихоб шуда аз тарфи Худо  метавонанд онро ба наслҳои баъдӣ интиқол диҳанд ва онро ҳифз намоянд. Шиаён бар ин боваранд, ки чунин афрод ҳатман бояд аз насли хонадони нубувват, ба хусус аз насли ҳазрати Алӣ   ва  Фотима разияллоҳу анҳумо  бошанд. Асосан силсилаи писарии насли ҳазрати Алӣ силсислаи “имомон”-и шиамазҳабро ташкил медиҳанд.  Шиъаҳо бо истифода аз оятҳои қуръонӣ ва аҳодиси шарифи Паёмбар (с) ва далелхои ақлӣ  имомони худро афроди баргузидаи илоҳӣ, поку маъсум аз гуноҳ ва дар маҷмӯъ афроди ғайри оддӣ ва бузургворе  ба исбот мерасонанд.  Пас дар назди аҳли ташайуъ “имом” нафақат барои эҳтиром, балки барои “бузургӣ” истифода мешавад. Шиаё тибқи ҳадиси Сақалан  ва Ҳадиси 12 халифа ва амир баъди Паёмбар ( с) иътиқод ба давоздах Имом доранд,ки охирини онро Имом Маҳдӣ медоннад ки уро ба амри Худо зинда ва аз чашми мо гойиб мхисобанд  ва итоъати ва маваддати ин давоздаҳ  имомро  мисли итоъати Ҳазрати Муҳаммад (с) фарзу ваоҷиб медонанд.

Хулосаи баҳси мо то ин ҷо ин аст, ки лафзи “имом” истифодаи бисёр зиёде ва ба маъноҳои гуногуне мешавад……

Ин мақола