Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Зебоии Қуръон

Зебоии Қуръон

  • Мудири сомона
  • Маҷмаи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби Исломӣ
Rate this post

Қуръон, ниме аз муваффақияти худашро аз ин роҳ дорад, ки аз мақулаи зебоӣ ва ҳунар аст. Қуръон фасоҳате дорад фавқи ҳадди башар, ва нуфузи худро марҳуни зебоияш аст. Фасоҳат ва зебоии сухан, худаш беҳтарин васила аст барои ин ки сухан битавонад муҳтавои худашро ба дигарон бирасонад.

Ва худи Қуръони Карим ба ин зебоӣ ва фасоҳати худ чӣ қадр менозад ва чӣ қадр дар ин заминаҳо баҳс мекунад, ва аслан роҷеъ ба таъсири оёти Қуръон дар худи Қуръон чӣ қадр баҳс шудааст! Ин таъсир марбут ба услуби Қуръон яъне фасоҳат ва зебоии он аст.

اللَّهُ نَزَّلَ أَحْسَنَ الْحَدِیثِ کِتَابًا مُّتَشَابِهًا مَّثَانِیَ تَقْشَعِرُّ مِنْهُ جُلُودُ الَّذِینَ یَخْشَوْنَ رَبَّهُمْ ثُمَّ تَلِینُ جُلُودُهُمْ وَقُلُوبُهُمْ إِلَى ذِکْرِ اللَّهِ ذَلِکَ هُدَى اللَّهِ یَهْدِی بِهِ مَنْ یَشَاء…

“Худо зеботарин суханро нозил карда; китобе, ки оёташ (аз назари зебоӣ ва умқи муҳтаво) ҳамонанди якдигар аст; оёте мукаррар дорад (такроре шавқангез), ки аз шунидани оёташ ларза бар андоми касоне ки аз Парвардигорашон хошеъанд меуфтад, сипас буруну дарунашон нарм ва мутаваҷҷеҳи ёди Худо мешавад. Ин ҳидояти илоҳӣ аст, ки ҳар касро бихоҳад, бо он роҳнамоӣ мекунад…” (Зумар, 23)

Ва дар ояти дигаре мефармояд:

إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِینَ إِذَا ذُکِرَ اللّهُ وَجِلَتْ قُلُوبُهُمْ وَإِذَا تُلِیَتْ عَلَیْهِمْ آیَاتُهُ زَادَتْهُمْ إِیمَانًا وَعَلَى رَبِّهِمْ یَتَوَکَّلُونَ

“Мӯъминон ҳамон касоне ҳастанд, ки ҳар вақт номи Худо бурда шавад, дилҳояшон тарсон мегардад, ва ҳангоме ки оёти ӯ бар онҳо хонда мешавад, имонашон афзун мегардад ва танҳо бар Парвардигорашон таваккул доранд.” (Анфол, 2)

Дар баъзе оёт ҳам, аз афроде ёд мекунад, ки ҳангоми шунидани Қуръон, бар рӯйи замин меуфтанд (Исро, 107), ва ё дар бораи баъзе масеҳиён мегӯяд: вақте ки оёти Қуръонро мешунаванд, ашкҳояшон ҷорӣ мешавад. (Моида, 83)

Аслан, инқилоби Ҳабаша чӣ гуна рух дод? Инқилоби Ҳабашаро чӣ чиз оғоз кард? Ҳабаша чаро мусалмон шуд, маншаи исломи Ҳабаша чӣ буд?

Оё ғайр аз Қуръон ва зебоии Қуръон?

Он достони муфассал, ки Ҷаъфар ибни Абӯтолиб (р) дар Ҳабаша вориди он маҷлис мешавад ва баъд шурӯъ мекунад оёти Қуръонро хондан ва ҷаласаро якҷо мунқалиб мекунад, чӣ буд?

Қуръон аз назари баён ва фасоҳат, равонӣ ва ҷозиба ва қудрати таъсир ба гунае сохта шудааст, ки рӯйи дилҳо инчунин асар мегузорад.

Зебо хондани Қуръон

Боз масъалаи дигаре арз бикунам: худи Қуръон хондан чӣ тавр? Албатта, Қуръон мисли азон нест. Барои азон як нафар болои маъзана ё манора меравад ва азон мегӯяд, вале Қуръонро ҳама мехонанд. Ҳамаи касоне ки мехонанд, муваззафанд онро ҳарчӣ метавонанд зебо бихонанд. Ин, ҳам дар руҳи қорӣ беҳтар асар мегузорад ва ҳам дар руҳи шунаванда.

Ин масъалаи тартил дар Қуръон, “Ва раттилил Қуръона тартила” (Муззаммил, 4) яъне чӣ? Яъне, вақте ки калимотро мехонӣ, он қадр тунд нахон, ки часпида ба якдигар бошад, он қадр ҳам байни онҳо фосила наяндоз, ки ин калима аз он калима бехабар бошад, балки тавре ин калимотро бихон, ки ҳолати илқоӣ дошта бошад, яъне тавре бихон, ки гӯӣ касе бо ту ҳарф мезанад. Ба қавли урафо, инсон ҳамеша бояд Қуръонро тавре бихонад, ки фарз кунад, ки гӯянда Худост ва мухотаб худаш, ва худаш мустақиман ин суханро аз Худо мешунавад ва талаққӣ мекунад.

Иқболи Лоҳурӣ мегӯяд:

Падарам сухане ба ман гуфт, ки дар сарнавишти ман фавқулъода асар бахшид. Мегӯяд, рӯзе дар утоқи худ нишаста ва машғули хондани Қуръон будам. Падарам, ки омад аз ҷилави утоқи ман бигузарад, рӯ кард ба ман ва гуфт: Қуръонро ончунон бихон, ки гӯӣ бар худат нозил шудааст. Аз он вақт, ман ҳаргоҳ ба оёти Қуръон муроҷеа мекунам ва онҳоро қироат мекунам, чунин фарз мекунам, ки ин Худои ман аст, ки бо ман, ки Муҳаммад Иқбол ҳастам, ҳарф мезанад.

Дар ҳадис дорем, ки Қуръонро бо оҳангҳои бисёр зебо бихонед. Албатта, на он оҳангҳое, ки муносиби маҷолиси лаҳву лаъиб ва шаҳватомезу шаҳватолуд бошад, ки ҳаром ва номашрӯъ аст.

Яке аз мӯъҷизоти Қуръон, оҳангпазирии он аст, он ҳам оҳангҳои маънавӣ ва руҳӣ на оҳангҳои муносиби маҷолиси лаҳву лаъиб. Қуръони Абдулбосит чаро ин қадр дар тамоми кишварҳои исломӣ тавсиъа пайдо кардааст? Барои ин ки Абдулбосит бо садо ва оҳанги олӣ ва бо донистани анвоъи қироатҳо ва оҳангҳо ва шинохтани ин ки ҳар сураеро бо чӣ оҳанге бояд хонд, мехонад.

Достоне, ки Сайид Қутб нақл мекунад

Сайид Қутб, муфассири олимақом ва донишманди рӯшангари даврони ҷадид ва соҳиби тафсири гаронсанги “Фи зилолил-Қуръон” (дар сояи Қуръон), дар зимни тафсири ояти 37-и сураи Юсуф достони ҷолиберо, ки барои худаш иттифоқ уфтодааст нақл мекунад. Мегӯяд:

Мо 6 нафар мусалмонон бо як киштии мисрӣ уқёнуси Атласро ба сӯи Ню-йорк мепаймудем. Мусофирони киштӣ 120 марду зан буданд, ки дар байни онон ҷуз мо мусалмонони дигаре набуд. Як мубашшири масеҳӣ дар дохили киштӣ даст аз барномаи таблиғии худ барнамедошт ва ҳатто моил буд моро низ ба дини масеҳият дароварад.

Рӯзи ҷумъа ба ин фикр уфтодем, ки намози ҷумъаро дар қалби уқёнуси Атлас ва бар рӯйи киштӣ ба ҷой оварем, то илова бар иқомаи фаризаи динӣ, ҳамосае дар муқобили он мубаллиғи масеҳӣ биёфаринем.

Киштибон, ки як нафар англисӣ буд мувофиқат кард, ки мо намозро дар арсаи киштӣ бихонем ва ба коркунони киштӣ, ки аз мусалмонони Офриқо буданд, иҷоза дод, ки бо мо намоз бихонанд ва онон низ бисёр хушҳол шуданд; зеро нахустин боре буд, ки намози ҷумъа бар рӯйи киштӣ иқома шуд.

Ман худам ба хондани хутба ва иқомаи ҷумъа пардохтам ва дидам, ки соири мусофирони ғайримусалмон низ дар атрофи мо ҳалқа задаанд ва бо диққат кори моро зери назар доранд.

Пас аз намоз, гурӯҳи зиёде назди мо омаданд ва бо мо сӯҳбат карданд. Дар он миён, хонуме – ки баъдан фаҳмидем аҳли Югословӣ будааст ва аз дасти кумунистҳо фирор карда, фавқулодда таҳти таъсири намози мо қарор гирифта буд; ба ҳадде ки ашк аз чашмонаш сарозер буд ва қодир ба идораи худ набуд. Ӯ, ба забони англисӣ ва омехта бо таассури шадид ва бо хоксории хоссе эҳсосот худро баён мекард ва гуфт:

“Ончи таваҷҷӯҳи маро хеле ҷалб кард ин буд, ки дар байни хутбаи имоми шумо ҷумлаҳое вуҷуд дошт, ки аз дигар ҷумлаҳо фарқ мекард. Онҳо дорои оҳанги фавқулодда таъсирнок ва амиқе буданд, ончунон ки ларза бар андоми ман андохт. Фикр мекардам, ҳангоме ки имоми шумо ин ҷумлаҳоро ба забон меовард, ҷону дилам пур аз Руҳул-қудс шуда буд.”

Мо каме фикр кардем ва баъд фаҳмидем, ки мурод аз он ҷумлаҳо оятҳои Қуръон будаанд, ки дар байни хутба ва намоз тиловат мешуд. Ин мавзӯъ моро сахт ба такон овард ва мутаваҷҷеҳи ин нукта сохт, ки оҳанги махсуси Қуръон ончунон муассир аст, ки ҳатто инсонеро ки як калима аз мафҳуми онро намефаҳмад,боз таҳти тасири шадиди худ қарор медиҳад.

Маҷмаи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби Исломӣ