Манобеи исломӣ

Забон
  1. Саҳифаи асосӣ

  2. article

  3. Гуфтугуҳои имонӣ (1)

Гуфтугуҳои имонӣ (1)

  • Ҷосим Алмутаввиъ
  • Тураҷон
Rate this post

Гуфтугу бо дунё

Ҳамеша барои фирор аз дунё, аз ҷойе ба ҷойи дигар нақли макон мекардам ва ниҳояти саъям ин буд, ки ҳаддал-имкон аз он дури биҷуям, вале ҳеҷгоҳ муваффақ нашудам. Шуғл, манзил, иҷтимоъ, шаҳр ва ҳар чизеро, ки қобилияти интиқол дошт тағир медодам, вале боз ҳамчунон дунё дар қалбам буд. Ва дар он ҷо фитнаангези мекард, вале билахира бароям ошкор шуд, ки дунё бо тамоми сифот ва аломатҳояш ҳаргиз бо тағири замон ва макон, тағир пайдо нахоҳад кард ва ҳамонгуна аст, ки буд. Орзуи қалбам ин буд, ки эй кош! Рузе дунё дар муқобилам ба сурати инсон муҷассам мешуд, то бо у мубориза кунам ва ба қатл бирасонамаш, то ба кулли аз дасташ халоси ёбам. Бадин тартиб муҳаббаташ барои ҳамеша аз қалбам хориҷ шавад…

Якбор ба танҳои нишаста ғарқи дар ин афкор будм, ки дунё дар муқобилам муҷассам шуд ва сари суҳбатро бо ман боз кард:

-Дунё: эй Абдуллоҳ! Аз ман чи мехоҳи? Ман акнун дар муқобилат ҳастам!

-Абдуллоҳ: ман аз ин, ки туро дуст дорам ва ошиқат ҳастам нороҳат ва дилхурам ва аз ту ҳам наметавонам дил биканам.

-Дунё: ин як эҳсоси табиъист ва агар касе даъво кунад, ки маро дуст надорад, дуруғ гуфтааст. Зеро ман офаридаи Худованд ва маҳбуби ҳар касе ҳастам.

-Абдуллоҳ: ин як эҳсоси табиъист?

-Дунё: оре ин эҳсос комилан табиъист. Аммо иштибоҳе, ки бештари мардум муртакиби он мешаванд, ин аст ки маро бар охирати худашон тарҷиҳ медиҳанд.

-Абдуллоҳ: оё ман ҳам яке аз онҳо ҳастам?

-Дунё: бале, вале дар ту сифоти некуи вуҷуд дорад.

-Абдуллоҳ: ман чигуна метавонам ҳақиқати вуҷуди туро бишносам?

-Дунё: ба василаи фармоиши Расули Худо (с), ки мефармояд:

(الدُّنْيا حُلْوَةٌ خضِرَةٌ)

Паёмбари Худо (с) маро ширин ва хушманзар тавсиф кардааст, аммо бояд дар назар дошт, ки ман нисбат ба фарди муъмин зиндоне беш нестам. Чун Паёмбар (с) мефармояд:

(الدُّنْيَا سِجْنُ الْمُؤْمِنِ وَجَنَّةُ الْكَافِرِ)

дунё барои муъмин зиндон аст ва барои кофир биҳшт.

-Абдуллоҳ: вале ман баъзе аз муъминонро мешиносам, ки комилан дар рафоҳу неъмат ба сар мебаранд.

-Дунё: манзури ман аз зиндон онгуна, ки ту фикр мекуни зиндони оҳанин нест. Балки манзури ман муқайяд шудан ба авомири Худованд аст. Медони, ки зиндон низ чизе ҷуз муқайяд шудан нест ва дар ин маврид орифи машҳур Муҳаммад Самок (раҳ) мегуяд: эй одамизод! Ту ҳамеша дар ҳабс будаи, маҳбус дар салби падар, сипас дар шиками модар ва баъд дар қундоқи гаҳвора ва дар пайи он маҳбус дар мадраса ва ниҳоятан маҳбус дар талош барои касбу рузӣ. Бинобарин бояд барои зиндагони баъд аз марг ба гунае талош бикуни, ки ҳадди ақал дар он ҷо маҳбус набошӣ.

-Абдуллоҳ: ҳарфатро чиқадр зебо ва адибона баён карди, аммо ростӣ ба ман бигу чаро номи туро дунё гузоштанд?

-Дунё: агар мардум маънои номи маро медонистанд, ҳаргиз фареби маро намехурданд. Номи ман ду маъно дорад: яке аз решаи <<дунув>> (яъне сариъуз-завол ва фанопазир.) Дуввуми аз решаи <<диноат>> (яъне зишт ва кариҳул-манзар.) Албатта замоне, ки кори маро бар охират тарҷиҳ диҳи.

-Абдуллоҳ: чигуна бо ту рафтор кунам то фиреби туро нахурам?

-Дунё: ин суол хеле муҳим аст, чун ту маро дар баробари розе аз асрори вуҷуди ман қарор доди. Зеро гоҳе мардумро бо амвол, гоҳе бо ҳамсар, гоҳе бо мақому мансаб шикор мекунам. Албатта ҳамаи инҳо ҷузъе аз зиннатҳои ман ҳастанд ва ту медони хусусияти ҳар зиннат зудгузар ва муваққати аст. Мисол ту дидаи, ки зиннати як арусу домод ҳамешагӣ бошад?

-Абдуллоҳ: суоламро посух бидеҳ! Зиёд тараф нарав, чигуна бо ту рафтор кунам то мафтуни ту нашавам?

-Дунё: дусти ман! Каме ба ман муҳлат бидеҳ ва аҷала накун… муҳимтарин сифате, ки бояд дар робита бо ман муроъот куни <<бедорӣ ва камоли ҳушёрист.>> Зеро ман ҳуфрае аз лаззатҳо ва шаҳавот ҳастам. Ҳар касе маро ба унвони гузаргоҳе барои убур ба охираташ қарор додааст, наҷот пайдо кардааст. Вале ҳар касе тасаввур кардааст, ки ман макони истиқрор ҳастам ба сахти зиён дидааст. Зеро ман сарои билоғам на дори қарор! Имом Ҳасани Басри (раҳ) мефармояд: аз машғулиятҳои дунё бисёр барҳазар бошед, ки шуморо хеле ғофил хоҳад кард. Ҳеҷ кас як дар, аз машғулиятҳои дунёро накушодааст, магар ин ки он дар, даҳ дарро барояш боз кард.

-Абдуллоҳ: бинобарин ман ба кулли аз ту канорагири мекунам то аз ту наҷот ёбам.

-Дунё: албатта манзури ман ин набуд. Балки он чи дар мавриди робита бо ман шоистатар он аст, ки бо ҳузур ва эҳтиёт рафтор куни ва ҳарбор, ки як дар аз дунё бароят кушода шуд, ту низ як дар аз охиратро бикушои то насибатро аз охират фаромуш накуни ва комилан ба сурати мутаъодил ва мутавозин зиндагӣ куни. Чуноне, ки Худо амр мекунад.

-Абдуллоҳ: вале ман метарсам.

-Дунё: ҳаросе надошта бош, балки кушиш кун ёд бигири, ки бо зиннатҳои ман чигуна рафтор куни. Ҳамонгуна, ки ибни Масъуд (р) мегуяд: эй мардум! Бикушед монанди қатраби наҳор набошед.

-Абдуллоҳ: қатраби наҳор чист?

-Дунё: қатраби наҳор номи паррандаи кучак аст, ки гоҳе ин ҷо ва замоне он ҷо менишинад ва тамоми рузашро бо талош ва бидуни вақфу истироҳат сипари мекунад ва шабонгоҳ хаста ба бистар меравад. Баъзе аз мардум низ дуруст ҳамингуна ҳастанд ва дар робита бо дунёи хеш аз субҳ то шом давандаги мекунанд, вале аслан ба фикри охираташон нестанд. Одамизод хеле мискин аст, агар ба ҳамон андозае, ки аз фақр метарсид аз оташи ҷаҳаннам метарсид бегумон вориди биҳишт мешуд.

-Абдуллоҳ: маро насиҳате бикун!

-Дунё: ман туро бо каломи Худо насиҳат мекунам, ки мефармояд: эй Расули Худо! Барои онон дар бораи зиндаги дуняви мисоли он оберо биёвар, ки аз осмон мефиристем ки бо донаҳои замини ба ҳам омехта ва ҳама ҷойро сарсабз мекунад, сипас хушк шуда бодҳо онҳоро пароканда мекунанд ва дигар асаре аз он сабза ва тароват боқи намемонад ва Худованд бар ҳама чиз қодир аст.

Агар ту то ба ҳол ҳар руз якбор ҳазар мекарди, аз ин пас ҳазор бор бар ҳазар бош.

-Дунё: ба зоғ гуфтанд алорағми талхи собун чаро онро медузди? Гуфт озор расонидан ҷузъи табиъат ва сиришти ман аст. Ва ба қавли маъруф неши ақраб на аз роҳи кин аст, иқтизои табиъаташ ин аст. Ман низ ба ту мегуям, ки фитнаангези сиришти ман аст. Бинобарин мувозиб бош, ки аз ошиқони дунё ва ҳаммонанди қатраби наҳор набоши…

Сипас ногаҳон дунё аз пеши чашмони Абдуллоҳ нопадид шуд ва ҳар чи Абдуллоҳ фарёд зад дунё! Дунё! Касе ҷавобашро надод ва Абдуллоҳ дар ҳоле, ки сарашро такон медод гуфт: паноҳ ба Худо, ман чи нияте доштам мехостам дунёро ба қатл бирасонам… ва зери лаб мегуфт: ман яқин дорам тамоми ҳаёти ман монанди лаҳзаи кутоҳ ва гузарост, пас чаро онро дар роҳи ислоҳу хайр сарф накунам?

Мутарҷим: Ораз Муҳаммад Тақвои