Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Шабоҳату шаҳодатҳои ҳамсони мардони асили торих

    Шабоҳату шаҳодатҳои ҳамсони мардони асили торих

    Rate this post

    Устод Раббонӣ ва устод Нурӣ

    Дар мавриди шахсиятҳои бузург, мисли устод Бурҳониддин валади Муҳаммадюсуф Раббонӣ, абармарди таърихи Ислом, раҳбари ҷиҳоду муқовимат дар муқобили коммунизм ва терроризм, ки аз даврони хурдсолӣ озода буду барои миллати шарифаш то ба охирин лаҳзаҳои пурпечутоби зиндагии хеш озодагӣ мехост, иншо кардани на танҳо як мақола, ҳатто ду-се ҷумлае ҳам мушкил аст. Эҳтимол нависандаҳое аз худ чизе бофта тавонанд, чун кори онҳоҳамин аст, дастуре мегиранд ва дар заминаи хостаҳои ҳамон ҷониб бофтану тофтани масъалаеро оғозу анҷом мебахшанд. Аммо банда ба ин боварам, ки таҷассум кардани як чеҳраи воқеъӣ, он ҳам исломӣ ва дар мавриди афкору амалкардаш чизе гуфтан, вақте имконпазир мегардад, ки ҳадди ақал лаҳзае дидору муколама ё қисмате аз ҷараёни зиндагии ӯро аз манбаъҳои нашршуда хондаву ҳазм карда бошӣ. Муҳимтар аз ҳама раванди рӯзгор ва дидгоҳу пайкорҳои ин гуна инсонро на ба таври сохта, балки ботинӣ бояд қабул бинамоӣ. Танҳо дар ин сурат метавон чизе гуфту навишт. Хушбахтона, банда устод Раббониро зимни ҳиҷрат дар ин кишвари нодир дидаам ва аз тамоми кору пайкори ӯ дар заминаи барномаҳои Наҳзати Исломии Тоҷикистон шиносоӣҳам дорам. Тавре баъдан, ба умқи кору пайкори таърихии ин ду ҳаракати илоҳӣ: наҳзатҳои исломии афғонистонӣ ва тоҷикистонӣ то ҷое расидагӣ пайдо кардам, онҳо шабоҳатҳое зиёде ба ҳам доштаанд.

    Ёде аз раҳбари шаҳид

    Ҳафтае қабл миллати шаҳидпарвар ва қаҳрамони Афғонистон ҷаласаву нишастҳоеро ба хотири дусолагии бузургдошти шаҳодати устод Раббонӣ баргузор сохт ва аз ин бузургмарди ҷаҳони Ислом ёдоварӣ кард, банда ҳам шарики дуъо фиристодан ба рӯҳи поки ин шаҳиди роҳи Худо дар чунин як нишасте дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон бо даъвати дӯстони афғонистонӣҳузур пайдо кардам. Умед мекунам, Худованд шаҳодати устод Раббонӣ ва дуъои моро ба даргоҳи хеш пазируфта бошад.

    Суҳбату дуъо фиристоданҳо дар ин нишасти нур, албатта, зиёд буданд, вале танҳо ду суханрониро барои худ қалбиву беҳтарин дарёфтам, ки яке суханронии бародар Абдулҳамики Аюбӣ ва дигаре тавзеҳи муҷоҳидонаи дӯстам Амир Ҳамза Саҳроӣ буд. Фикр мекунам, он чӣ дар боло дар бораи шинохту эҳтиромгузории роҳи муборизаи як чеҳраи исломӣ ишора рафт, дар суҳбати эшон эҳсос кардам. Агарчи дар дигар суҳбатҳо ҳам кӯшишҳое ҷиҳати изҳори муҳаббат ба устод Раббонӣ эҳсос мешуд, бахусус дар суханронии дӯстам Мирзо Шакурзода, вале дигар ҳама ташрифотӣ буданд, на қалбӣ. Ҳатто суханронии Давлати Усмон ҳам орӣ аз гуфтаҳои боло буд, ки эҳтимол мушкил дар омода набудани эшон ба чунин як суханронӣ бошад. Суоли матраҳ ин аст, ки оё бовар кардан мумкин аст, ки вақтеҷиҳод дар роҳи Худо, ҳатто мафҳуми он дар афкори инсон асл надошта бошад, боз ӯ аз роҳбари ҷиҳодӣ ба истилоҳтавсиф намояд, бахусус дар марҳалаи феълии кишвари мо, ки тамоми талошҳо барои аз афкори ҷомеъа берун кардани ин мафҳум равона шудаанд?

    Дар феҳристи суханронҳо номи Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии президенти ҶТ-ро ҳам дидам, вале ӯ дар нишасти мазкур ҳузур надошт. Аслан, ягон мақомдори Ҳукумати Тоҷикистон дар ин шаби бузургдошти устод Раббонӣҳузур пайдо накард, ки бароям хеле ҳайратовар буд. Бузургдошти марди шарифе, ки заминагузори машруъияти ҳукумати Э. Раҳмон буд ва тамоми кӯшишҳоро барои таҳаққуқ пайдо кардани бахшиши ҳамдигарии ду раҳбари гурӯҳҳои мутахосими тоҷик анҷом дод ва дар имзои протоколи муҳими сулҳ миёни онҳо саҳми муассир гузошт, бидуни ширкати мақомдорони ҳукумат гузашт; марди мусалмони воқеъие, ки ба устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мегуфт, «Қуръонеро дар ҷайби Эмомалӣ Раҳмон дидаам ва дар гуфтору афкори ӯҷанбаҳои тоҷикиятро эҳсос кардаам, ҳадди ақал аз ҳамин зовия бо ӯ канор биёеду сулҳро ба кишвар баргардонед», ҷавонмарде, ки музокироти муҳимтарин ва тақдирсозро дар як дараи танг ва деҳае бо номи Хостдеҳ, дар ноҳияи Фархори Афғонистон миёни устод Нурӣ ва ҷаноби Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳони эшон тӯли ду рӯз миёнҷигарӣ кард. Ва эҳтимоли комили ба тавоффуқ нарасидани ҷонибҳо ҳам вуҷуд дошт, ҳар лаҳза фазои баҳсу талошҳо дар утоқи музокирот тағйир мекард ва аз нигоҳи равонӣ барои берунбудаҳо низ таъсир мегузошт, ҳатто силоҳбадастони ҷаноби Раҳмон ва устод Нурӣ дар чунин ҳолатҳо гоҳе канор меомаданд ва гоҳе дар муқобили ҳам сангар мегирифтанд. Гуфторҳое низ буданд дар мавриди тарк кардани музокирот аз сӯи ҷаноби Раҳмон, вале боз ҳам устод Раббонӣӯро ба таҳаммулпазирӣ даъват карда тавонист.

    Марде, ки ғамхори Ислом буду баъд аз имзои протоколи сулҳи Хостдеҳ дасти ду бародарро ба ҳам гузошту барои ҳамбастагии миллати мусалмони тоҷик дуъо кард, имрӯз кадоме аз мақомдорони ҳукумати ҷаноби Раҳмон дар маҳфили бузургдошти ӯ ба рӯҳи поки шаҳид на танҳо дуъо накарданд, ҳатто ҳузури хомӯшонаи хешро лоиқ надиданд. Эҳтимол ин ҷо кадом сабабу омилҳои дигаре дар миён бошанд, ки мо надонем, вале ҳамроҳӣ кардани сарвари давлат дар лентабурии муттасил дар навоҳӣ барои мақомоти кишвари мо беҳтар аз ҳама гуна маросиму масоил будааст.

    Шабоҳатҳои устод Раббонӣ ва устод Нурӣ

    Тавре дар боло ишора рафт, ҳиҷрат ба кишвари шаҳидпарвар ва нодири Афғонистон боис гардиду ба шароиту воқеъиятҳои таъсиси ҳаракатҳои ҷиҳодӣ дар ин кишвар аз наздик огоҳӣ пайдо кардам, ки маншаи таъсисии ҳар кадоме аз куҷост ва чӣ робитаҳое миёни онҳо ҷой дорад. Маълумам гашт, ки Ҷамъияти Исломии Афғонистон аввалин наҳзати исломиест дар кишвари Афғонистон ва ҳар ҳизбу ҳаракате агар арзи вуҷуд пайдо кардаанд, аз баданаи ҳамин наҳзат будааст. Зарурати тавзеҳи омилу сабабҳои ин масъаларо дар матлаби хеш намебинам. Гузашта аз ин дар ин маврид хеле зиёд навиштаанду гуфтаанд ва мавзӯе, ки ҳоло атрофи он кӯшиш мекунам, назари хешро шарҳу тавзеҳ диҳам, самташ дигар аст.

    Бале, дар мавриди иддае аз шабоҳатҳои ду абармарди таърихи Ислом, ки худ бардошт кардаам, ин ҷо гуфтаниам. Устод Раббонӣ ва устод Нурӣ таълими аввалини Исломро аз падарони худ, донандагони илми исломӣ Муҳаммадюсуф ва Нуриддин гирифтаанд, ки ҳар кадоме аз ин хонадонҳо дар минтақаи хеш соҳибэҳтиром буданд. Устод Раббонӣ ва устод Нурӣ дар даврони наврасиву ҷавонӣ миёни ҳамтоёни хеш намуна ва бартарӣ доштанд. Баъди гирифтани таълими аввалия устод Раббонӣ барои идомаи дарёфти илми бештари исломӣба Дор-ул-улуми шаръияи Кобул ба номи Абуҳанифа дохил шуда, онро хатм мекунад, ҳамчунин донишгоҳи шаръиёти Кобулро низ. Ба хотири он ки дониши ӯ нисбат ба дигарон хеле боло буд, дар як вақт дар ҳамин донишгоҳ устодӣҳам доштааст.

    Устод Нурӣҳам барои дарёфти илми бештари исломӣ назди донишмандони маъруфи замон бо усули таълими «хуҷрагӣ» пардохта, дар ниҳоят «донишҷӯи мадрасаи қорӣ Муҳаммадҷон», болотарин низоми тадриси исломии вақт дар Тоҷикистони шуравӣ мегардад, замоне ки аллакай худ то ҷое мақоми устодиро касб карда буду шогирдонеро бо усули ба худ хос таълим медод.

    Устод Раббонӣ тавонист ҳамроҳбо дӯстону ҳамақидаҳои ҷавони хеш дар соли 1963 дар Кобул як ҷамъияетро бо маънии наҳзати исломӣ созмон диҳанд ва соли 1973 масъулияти роҳбари ин ҳаракати исломӣ ба дӯши устод Раббонӣ вогузор мегардаду чанде баъд ба худ номи Ҷамъияти Исломии Афғонистонро мегирад. Ӯ бо дирояти хеш метавонад, ки намояндангони тамоми қавмиятҳои ин кишварро шомили ин ҳаракати илоҳӣ намояд.

    Устод Нурӣҳам соли 1973 дар як шароити номусоид ва авҷи нуфузи низоми лодинӣҷиҳати асос гузоштани як раванди хоси ақидаи исломӣ тасмим мегирад, ки гурӯҳеро ба хотири эҳёи фарҳанги исломӣ ва расидан ба таълими фарогири исломӣ гирдиҳам биёрад ва ин корро ҳадафи он қарор бидиҳад. Бо гузашти як марҳалаи хос ин гурӯҳ ва нафароне, ки баъдан, ба он шомил шуданд, бо худ номи Наҳзати ҷавонони исломихоҳро мегирад ва дар солҳои 80-ум бо номи Наҳзати Исломии Тоҷикистон маъруф мегардад.

    Устод Раббонӣ ва устод Нурӣ дирояту тавонмандӣ ва ҷасорати хосеро дар худ доштанд. Ҳарду ба дарҷае таҳаммулпазир буданд, ки ҳатто мавриди интиқоди атрофиён ҳам қарор мегирифтанд. Дар гузашт бо дӯст ва бародари исломӣ шабоҳати комил доштанд. Ҳамсуҳбати хешро новобаста аз мусалмон ва ғайримусалмон будан то ба охир гӯш карда метавонистанд. Ҳар нафаре агар бо ин ду чеҳраи исломӣ ва нуронӣ барои суҳбат шарафёб мегардид, пас аз он дар дидгоҳу назари ӯ нисбати онҳо тағйироти мусбӣ ба вуҷуд меомад, чун қаблан онҳоро аз як домуллое беш намедонистанд. Нарму ширингуфтории ин ду марди шариф натанҳо атрофиён, балки ширкаткунандагони ҳар маъракаву маросимро дар ҳайрат мегузошт.

    Устод Раббонӣ ва устод Нурӣ дар давраҳои хос ба хотири ҳифзи ақида ва ҷаҳонбинии исломӣ шаҳди ҳиҷрат чашидаанд.

    Устод Раббонӣ баъди ҳаводиси маълум дар Афғонистон бе ягон муқовимат масъулияти раҳбарии давлатро ба ҷаноби Карзай таслим кард ва роҳбарии Шӯрои олии сулҳро барои таҳаққуқи бештар пайдо кардани сулҳ ба зимма гирифту дар ин роҳ ба шаҳодат расид, асли роҳи тайкардаи ӯ роҳбарӣ кардан ба ҷиҳоду муқовимат, талош дар барқарории сулҳ ва озоду озода зистани миллати Афғонистон будааст.

    Устод Нурӣҳам ба хотири бозгашти сарбаландонаи муҳоҷирин раҳбари ҷиҳоду муқовимат ва гурӯҳи музокиротиро ба уҳда дошт. Ӯ бо дирояти хос тавонист тавассути Маскав Душанберо маҷбур созад, ки роҳи сулҳро қабул намояд. Дар ниҳоят Созиши умумии сулҳ ва ризоияти миллиро имзо гузошту корвони истиқрор пайдо кардани сулҳи комилро зери номи Комиссияи оштии миллӣ сарбаландона ба нуқтаи лозим расонид. Зери роҳбарии устод Нурӣ фаъолияти дубораи Наҳзати Исломии Тоҷикистон таҳаққуқ ва кафолати конститутсионӣҳам пайдо кард. Устод Раббонӣ ва устод Нурӣ раёсати як ҳаракати илоҳӣ ва расонидани хидмат ба мардуми мусалмонро барои худ болотарин мақом медонистанд.

    Метавон гуфт, ки миёни эшон дӯстӣ ва бародарии қалбӣ вуҷуд дошт; эҳтироми ҷонибайни онҳо бе ҳадду ҳудуд буд, то он ҷое, ки устод Раббонӣ мегуфт, то ҳар вақте муҳоҷирини тоҷик мехоҳанд дар Афғонистон бошанд, касе кадом ғаразе гирифта наметавонад, чунки ҳар яке ватандор ҳастанду сари мо ҳақ доранд.

    Дар воқеъ, ин ду абармарди таърихи Ислом ва шаҳидони роҳи озодӣ ва озадагии миллатро Худованди доно маҳз ба хотири сарварии ҷиҳод дар роҳи Худо ва муқовамати гурӯҳҳои тангназару ифротии мухталиф дар ҷомеъаҳои худ халқ карда будааст ва шаҳодати олиро насиби онҳо гардонида.

    Дар нишасти бузургдошти шаҳодати устод Раббонӣ, ки дар сафорати ҶИА дар Тоҷикистон баргузор гардид, дӯстони тоҷик бештар аз музокироти Хостдеҳ лаҳзаҳоеро ба ёд оварданд ва банда ҳам мехоҳам лаҳзаеро аз он замони нодир ва фаромӯшношуданӣ ин ҷо қисса намоям, ки баъд аз анҷоми мулоқот ва худоҳофизӣ бо ҷаноби Э.Раҳмон сурат гирифт ва худ шоҳиди он будам. Дар як утоқе, ки хеле барҳаво ва кушода буд, устод Нурӣ ва устод Раббонӣҳамроҳи дигар дӯстон, аз ҷумла Аҳамадшоҳи Масъуд нишаста будем. Устод Нурӣ назди мизе машғули навиштани кадом паёме буд. Дар миёни нишастагон бештар аз ҳама Аҳмадшоҳи Масъуд суҳбат мекард, мисле ки дар ҳар як маврид чизеро дақиқ кардан мехост, ҳатто миқдори истеҳсоли тилло дар Тоҷикистонро ҳам. Аммо бештар аз ҳама таваҷҷуҳи бандаро суоле ба худ ҷалб сохт ва ҳайратамро ба вуҷуд овард, ки чаро мардуми Тоҷикистон вақти баланд шудани садои азон дар замин менишинанд. Касе ба ин суоли матраҳшуда эҳтимол маҷоли посух гуфтан надошт ва устод Нурӣ ин хомӯширо эҳсос карду гуфт, вақте дар Тоҷикистон фазои майдондориҳо шиддат пайдо мекард, қорие як оятро аз Қуръон мехонд, то фазо ба оромӣ баргардад.

    Барои Аҳмадшоҳи Масъуд шунидани ин ҳарфу амал аҷиб ба назар расид ва чеҳраи ӯро аз дур устод Раббонӣ мушоҳида мекард. Ба ин хотир, баъди хомӯшии тӯлонӣ ба як лаҳни шево ва нарму ширине гуфт, «ин фарҳанги бухороист, ки дар буродарони порадарёии мо ҳифз шудааст».

    Иқрор карданам аз ин лаҳзаи хос ба он хотир аст, ки бардошти хубе ҳосил кардам аз як матлаби гуворо ва зебои дӯстам Амир Ҳамзаи Саҳроӣ ба хотири бузургдошти шаҳодати устод Раббонӣ дар нашрияи «Рӯзгор», ки дар аввали мақолааш аз забони ин марди ватандӯсту миллатпарвар овардааст: «Ишқ ба дин ва арзишҳои динӣ, ишқ ба мардум аз даврони кӯдакӣ дар фикр ва эҳсоси ман вуҷуд дошт, дар он рӯзҳое, ки модаркалонам ин шеъри Орифи Чаёбиро замзама мекард (як минтақаи марзие ҳаст дар Афғонистон, ки дар рӯ ба рӯйи минтақае миёни ноҳияи Фархору Ҳамадонии мо қарор дорад ва онро Чаёб ё дақиқтараш Чоҳи Об мегӯянд).

    Воҳасрато, ки мулки Бухоро хароб аст,

    Дин шуд залилу душмани дин комёб аст…

    Ва мепурсидам, ки Бухоро куҷост?…».

    Хонандаи азиз, ту хеле хуб медонӣ, ки Бухоро барои як тоҷики мусалмон чӣ мақому манзалате дошту дорад, вале дар як гӯшаи кӯҳистони дури Афғонистон қалби саршор аз меҳри диёри Бурҳониддини ҷавонро то ба куҷо такон додааст, ки навиштааст: «Аз он рӯзҳо буд, ки ҷавонаҳои андешаи сиёсӣ дар фикри ман эҷод шуд ва дар зеҳнам пурсишҳо ва тарҳҳое ба миён омаданд…»

    Бубинед, раванди майл пайдо кардан ба сиёсати Ислом дар ботини устод Раббонӣ ва устод Нурӣҳамсон будааст, он ҳам бад дидани низоми лодинии шӯравӣ! Ҳатто гузаштагони ин ду абармарди таърихи Ислом аз Бухоро ва Самарқанд будаанд, аз ду маркази тамаддунхези ҷаҳони Ислом, ки бо сифатҳои аҷибу мантиқи гуворое ном баровардаанд:

    Бухоро маркази ислому дин аст,

    Самарқанд сайқали рӯи замин аст.

    Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, таҳлилгари масоили сиёсӣ

    Манбаъ:nahzat.tj