Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Тафсири сураи Ёсин Оёти 69-79

    Тафсири сураи Ёсин Оёти 69-79

    Rate this post

    Тафсири сураи Ёсин  Оёти 69-79

    بسم الله الرحمن الرحیم

    Оёти 69-70

    وَمَا عَلَّمْنَاهُ الشِّعْرَ وَمَا يَنبَغِي لَهُ إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ وَقُرْآنٌ مُّبِينٌ ﴿69﴾ لِيُنذِرَ مَن كَانَ حَيًّا وَيَحِقَّ الْقَوْلُ عَلَى الْكَافِرِينَ ﴿70﴾

    Тарҷумаи оёти 69-70

    69 – Мо ҳаргиз шеър ба ў наёмўхтем ва шоистаи ў нест. Ин (китоб осмонӣ) танҳо Зикр ва Қуръони Мубин аст.

    70 – Ҳадаф ин аст, ки афродеро, ки зиндаанд инзор кунад ва бар кофирон итмоми ҳуҷҷат шавад ва фармони азоб бар онҳо мусаллам гардад.

    Тафсир:

    Ў шоир нест, ў инзор кунандаи зиндагон аст!

    Гуфтем, ки дар ин сура баҳсҳои зиндаву ҷомее перомуни усули эътиқодии тавҳид, маод, нубувват матраҳ шуда ва дар мақтаъҳои мутафовите суханро аз яке ба дигаре мунтақил месозад.

    Дар оёти гузашта баҳсҳои мухталифе перомуни тавҳиду маод матраҳ буд, дар ду ояти боло ба баҳси нубувват бозмегардад ва яке аз роиҷтарин иттиҳомотеро, ки барои Паёмбари Ислом (с) матраҳ мекарданд, унвон карда посухи дандоншикану омўзандае ба он медиҳад ва он иттиҳоми шеъру шоирӣ аст, мегўяд:

    وَمَا عَلَّمْنَاهُ الشِّعْرَ وَمَا يَنبَغِي لَهُ

    Мо ба ў шеър таълим надодем ва шоиста ў нест, ки шоир бошад.

    Чаро Паёмбар (с)-ро ба чунин мавзўъе муттаҳам мекарданд, дар ҳоле ки ў ҳаргиз шеър насуруда буд? Ин ба хотири он буд, ки ҷозибаву нуфузи Қуръон дар дилҳо барои ҳама кас маҳсус буд ва зебоиҳои лафзу маъно ва фасоҳату балоғати он қобили инкор набуд, ҳатто худ мушрикон чунон маҷзуби оҳангу баёни Қуръон мешуданд, ки гоҳ шабона ба таври махфиёна ба наздикии манзилгоҳи Паёмбар (с) меомаданд, то замзамаи тиловати ўро дар дили шаб бишунаванд.

    Чӣ бисёр касоне, ки бо шунидани чанд оят аз Қуръон шефтаву дилбохтаи он шуданд ва дар ҳамон маҷлис Исломро пазируфтанд ва ба оғўши Қуръон паноҳ бурданд.

    Ин ҷо буд, ки барои тавҷеҳи ин падидаи бузург ва иғфоли мардум аз ин ваҳйи осмонӣ, замзама шеъру шоирии Паёмбар (с)-ро дар ҳама ҷо сар доданд, ки ин худ эътирофи зимние буд ба нуфузи фавқ-ул – оддаи Қуръон!

    Аммо чаро шоистаи Паёмбар (с) нест, ки шоир бошад, ба хотири ин ки хатти ваҳй аз хатти шеър комилан ҷудо аст, зеро:

    1 – Маъмулан сарчашмаи шеъри тахайюлу пиндор аст, шоир бештар бар болу пари хиёл савор мешавад ва парвоз мекунад, дар ҳоле ки ваҳй аз мабдаи ҳастӣ сарчашма мегирад ва бар меҳвар воқеиятҳо мегардад.

    2 – Шеър аз авотифи мутағаййири инсонӣ меҷўшад ва доим дар ҳол дигаргунӣ аст, дар ҳоле ки ваҳй баёнгари ҳақоиқи собити осмонӣ мебошад.

    3 – Лутфи шеър дар бисёре аз маворид дар иғроқгўиҳо ва муболиғаҳои он аст, то он ҷо ки гуфтаанд:

    احسن الشعر اكذبه !

    Беҳтарин шеър дурўғомезтарини он аст, дар ҳоле ки дар ваҳй ҷуз садоқат чизе нест.

    4 – Шоир дар бисёре аз мавридҳо ба хотири зебоиҳои лафз ночор аст худро таслими алфози кунад ва дунболарави он бошад ва чӣ басо ҳақоиқе, ки дар ин миён поймол гардад.

    5 – Саранҷом ба таъбири зебои яке аз муфассирон шеър маҷмўаи шавқҳое аст, ки аз замин ба осмон парвоз мекунад, аммо ваҳй маҷмўаи ҳақоиқе аст, ки аз осмон ба замин нозил мегардад ва ин ду хат комилан мутафовит аст!

    Боз дар ин ҷо лозим аст барои шоироне, ки дар хатти аҳдофи муқаддасе қадам бармедоранд ва аз аворизи номатлуби шеър худро бар канор месозанд, ҳисоби ҷудогонае боз кунем ва арзиши мақому ҳунари онҳоро фаромўш накунем, вале ба ҳар ҳол табиати ғолиби шеър ҳамон аст, ки гуфта шуд.

    Ба ҳамин далел Қуръони Маҷид дар охири сураи Шуароъ мегўяд:

    وَالشُّعَرَاءُ يَتَّبِعُهُمُ الْغَاوُونَ

    Шуароъ касоне ҳастанд, ки гумроҳон аз онҳо пайравӣ мекунанд!

    Сипас дар як иборати кўтоҳу пурмаъно ба зикр далели он пардохта чунин мегўяд:

    أَلَمْ تَرَ أَنَّهُمْ فِي كُلِّ وَادٍ يَهِيمُونَ

    Оё надидӣ, ки онҳо дар ҳар водие саргардонанд (ҳамвора ғарқи пиндорҳову ташбеҳоти шоиронаи хеш ҳастанд, таслими мавҷҳои ҳаяҷоноту ҷаҳишҳои хиёланд) ва илова бан ин намебинӣ, ки суханоне мегўянд, ки амал намекунанд. (Сураи Шуароъ оят 224-226).

    Албатта дар поёни ҳамон оёт низ шоирони боимону солеҳро, ки ҳунарашон дар масири аҳдофашон аст, истисноъ мекунад ва ба онҳо арҷ мениҳад ва ҳисобашонро аз дигарон ҷудо месозад.

    Вале ба ҳар ҳол паёмбар наметавонад шоир бошад ва ҳангоме ки мегўяд: «Худо ба ў таълим шеър надодааст», мафҳумаш ин аст, ки аз шеър барканор аст, зеро ҳамаи таълимот ба зоти поки Худо бармегардад.

    Ҷолиб ин ки дар тавориху ривоёт такроран нақл шудааст, ки ҳар вақт Паёмбари Ислом (с) мехост ба шеъре тамассул ҷўяд ва онро шоҳиди сухан қарор диҳад, онро дар ҳам мешикаст, то баҳонае ба дасти душман наяфтад, чунон ки рўзе Паёмбар (с) мехост, ки ин шеъри маъруфи арабро бихонад:

    ستبدى لك الايام ما كنت جاهلا و ياتيك بالاخبار من لم تزود

    Ба зудӣ айём ҳақоиқеро барои ту ошкор мекунад, ки аз он огоҳ набудӣ – ва ахбореро касоне барои ту меоваранд, ки зоду тўшае барои онҳо таҳия надидаӣ.

    Паёмбар (с) ба ҳангоме ки мехост шеъри болоро бихонад ҷумлаиро пас ва пеш намуду фармуд:

    ياتيك من لم تزود بالاخبار

    Қуръон дар баробари нафйи шеър аз Паёмбар (с) изофа мекунад:

    إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ وَقُرْآنٌ مُّبِينٌ

    Ин оёт чизе ҷуз василаи бедорӣ ва Қуръони Ошкор нест.

    لِيُنذِرَ مَن كَانَ حَيًّا وَيَحِقَّ الْقَوْلُ عَلَى الْكَافِرِينَ

    Ҳадаф аз он ин аст, ки афродеро, ки зиндаанд инзор кунад ва бар кофирон итмоми ҳуҷҷат шавад, то фармон азоб бар онҳо мусаллам гардад.

    Оре, ин оёт зикр асту мояи ёдоварӣ ва василаи бедорӣ, ин оёт Қуръони Мубин аст, ки ҳақро бидуни ҳеҷ гуна пардапўшӣ бо қотеияту сароҳат баён мекунад ва ба ҳамин далел омили бедорӣ ва ҳаёту зиндагӣ аст.

    Бори дигар дар ин ҷо мебинем, ки Қуръон имонро ба унвони ҳаёт ва мўъминонро зиндагон ва афроди беимонро мурдагон талаққӣ кардааст, дар як сў унвон «ҳайй» (حَيًّا)-(зиндагон) ва дар сўи муқобили унвони «кофирин» (كَافِرِينَ) қарор гирифтааст, ин ҳамон ҳаёту марг маънавӣ аст, ки аз маргу ҳаёти зоҳирӣ ба маротиб фаротар меравад ва осори он густардатару васеътар аст, агар ҳаёту зиндагӣ ба маънои нафас кашидану таом хўрдан ва роҳ рафтан бошад, ин чизе аст, ки ҳамаи ҳайвонот дар он шариканд, ин ҳаёти инсонӣ нест, ҳаёт инсонӣ шукуфо шудани гулҳои ақлу хирад ва малакоти барҷаста дар рўҳи инсон ва тақво ва эсору фидокорӣ ва тасаллут бар нафс ва фазилату ахлоқ аст ва Қуръон парвариш диҳандаи ин ҳаёт дар вуҷуд инсонҳост.

    Ба ҳар ҳол инсонҳо дар баробари даъвати Қуръон ба ду гурўҳ тақсим мешаванд: гурўҳе зиндаву бедоранд, ки даъвати онро лаббайк мегўянду ба инзорҳояш таваҷҷўҳ мекунанд, гурўҳи дигар куффори дилмурдае ҳастанд, ки ҳаргиз дар баробари он вокуниши мусбате нишон намедиҳанд, вале ин инзор мояи итмоми ҳуҷҷат бар онҳо ва таҳаққуқ ёфтани фармони азоб бар онон аст.

    Нукта:

    Ҳаёту марг дилҳо!

    Инсон дорои чанд навъ ҳаёту марг аст: Нахуст ҳаёту марги наботӣ, ки мазҳари ҳамон рушду намо ва тағзияву тавлиди мисл аст ва аз ин назар бо тамоми гиёҳон ҳамқадам мебошад.

    Дигар ҳаёту марги ҳайвонӣ аст, ки нишонаи боризи он эҳсосу ҳаракат аст ва дар ин ду хусусият низ бо тамоми ҳайвонот ҳамроҳ аст.

    Аммо навъи севвўме аз ҳаёт аст, ки махсуси инсонҳост ва онҳоро аз гиёҳону ҳайвоноти дигар ҷудо мекунад ва он ҳаёти инсонӣ ва рўҳонӣ аст, ин ҳамон чизе аст, ки дар ривоёти исломӣ аз он ба унвон ҳаёт – ул – қулуб таъбир шудааст, ки манзур аз қалб дар ин ҷо ҳамон рўҳ ва ақлу авотифи инсон аст.

    Дар суханони Амири Мўъминон Алӣ (а) дар хутбаҳову калимоти қисори Наҳҷулбалоға рўи ин масъала бисёр такя шудааст, дар хутбае дар бораи Қуръон мегўяд:

    تفقهوا فيه فانه ربيع القلوب

    Дар бораи Қуръон бияндешед, ки он баҳори ҳаётбахши дилҳост.

    Ва дар ҷои дигар дар бораи ҳикмату дониш мефармояд:

    هى حياة للقلب الميت

    Ҳикмат мояи ҳаёти дилҳои мурда аст.

    Гоҳ бемории қалбро дар баробари бемории бадан қарор дода мефармояд:

    و اشد من مرض البدن مرض القلب

    Бадтар аз бемории тан бемории дил аст.

    Ва замоне мегўяд:

    و من قل ورعه مات قلبه

    Ҳар кас рўҳи вараъ дар ў кам шавад, қалбаш мемирад.

    Ва таъбироти фаровони дигаре аз ин қабил.

    Аз сўи дигар Қуръони Маҷид барои инсон навъи хоссе аз биноиву шунавоӣ ва дарку шууре ғайр аз биноиву шунавоӣ ва шуури зоҳир қоил шудааст, чунон ки дар бораи кофирон мефармояд:

    صُمٌّ بُكْمٌ عُمْيٌ فَهُمْ لاَ يَعْقِلُونَ

    Онҳо карону лолон ва кўронанд ва ба ҳамин далел чизе намефаҳманд! (Бақара – 171).

    Дар ҷои дигар мунофиқонро бемордилоне меномад, ки Худованд бар бемории онҳо меафзояд:

    فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ فَزَادَهُمُ اللّهُ مَرَضاً

    Дар дилҳои онон як навъ беморӣ аст ва Худованд бар бемории онон афзудааст. (Бақара – 10).

    Ва касонеро, ки тарс аз Худо дар вуҷудашон нест сангдилоне муаррифӣ кардааст, ки қалбашон аз санги хоро низ сахттар аст:

    ثُمَّ قَسَتْ قُلُوبُكُم مِّن بَعْدِ ذَلِكَ فَهِيَ كَالْحِجَارَةِ أَوْ أَشَدُّ قَسْوَةً

    Сипас дилҳои шумо баъд аз ин воқеа сахт шуд, ҳамчун санг ё сахттар. (Бақара – 7 4 ).

    Ва дар бораи гурўҳе аз кофирон таъбире дорад, ки зимни он онҳоро ба унвони нопокдилон муаррифӣ карда мегўяд:

    أُوْلَئِكَ الَّذِينَ لَمْ يُرِدِ اللّهُ أَن يُطَهِّرَ قُلُوبَهُمْ

    Онҳо касоне ҳастанд, ки Худо намехоҳад дилҳои онҳоро пок созад. (Моидаи – 41).

    Дар ҷои дигар мегўяд:

    Даъвати туро танҳо зиндагоне, ки гўши шунаво доранд иҷобат мекунанд, на мурдагон!

    إِنَّمَا يَسْتَجِيبُ الَّذِينَ يَسْمَعُونَ وَالْمَوْتَى يَبْعَثُهُمُ اللّهُ ثُمَّ إِلَيْهِ يُرْجَعُونَ

    Танҳо касоне, ки гўши шунаво доранд иҷобати даъвати туро мекунанд, аммо мурдагонро Худо дар қиёмат бармеангезад, сипас ба сўи ў бозмегарданд. (Анъом – 36).

    Аз маҷмўи ин таъбирот ва таъбироти фаровони дигаре, ки мушобеҳи он аст, ба хубӣ равшан мешавад, ки Қуръон меҳвари ҳаёту маргро ҳамон меҳвари инсонӣ ва ақлонӣ мешумурд, зеро тамоми арзиши инсон низ дар ҳамин қисмат нуҳуфта шудааст.

    Дар ҳақиқат ҳаёту зиндагӣ ва дарку диду шунуд ва монанди онҳо, дар ин бахш аз вуҷуди инсон хулоса мешавад, гарчи баъзе аз муфассирон ин таъбиротро маҷоз донистаанд, вале онҳо дар ин ҷо бо рўҳи Қуръон ҳамоҳанг нашудаанд, зеро аз назари Қуръон ҳақиқат ҳамин аст ва зиндагиву марги ҳайвонӣ маҷозе беш нест! Авомили маргу ҳаёти рўҳонӣ бисёр зиёд аст, вале қадри мусаллам ин аст, ки нифоқ ва кибру ғурур ва асабияту ҷаҳл ва гуноҳони бузург қалбро мемиронад, чунон ки дар муноҷоти «Тоибин» аз муноҷотҳои понздаҳгонаи Имом Зайнулобидин, Алӣ ибни Ҳусейн (а) мехонем:

    و امات قلبى عظيم جنايتى

    Ҷинояти бузурги ман қалби маро мирондааст.

    Оёти мавриди баҳс низ таъкиде аст бар ин ҳақиқат.

    Оё касоне, ки танҳо аз зиндагӣ ба ин қонеъ шудаанд, ки дар олами бехабарӣ ва дар доимо айшу нўш басар баранд, на нолаи мазлумеро бишунаванд, на нидои мунодиёни ҳақро лаббайк гўянд, на аз зулми золим нороҳат шаванд ва на аз маҳрумияти мазлумон таконе бихўранд, танҳо ба хештан бияндешанд ва аз ғайри худ ва ҳатто аз хештани хеш бегона бошанд, зиндаанд?!

    Оё ин зиндагӣ аст, ки маҳсули он фақат сарфи миқдоре таомо ва пора кардани теъдоде либос ва хобиданҳову бедор шуданҳои такрорӣ бошад? Агар зиндагӣ ин аст чӣ фарқе миёни ҳайвон ва ҷаҳон одамият аст? Пас бояд пазируфт, ки дар моварои ин зоҳири зиндагӣ, мағзу ҳақиқате аст, ки Қуръон рўи он такя мекунад ва аз он сухан мегўяд.

    Ҷолиб ин ки мурдагоне, ки маргашон дорои осори ҳаёт инсонӣ аст, аз назари Қуръон зиндагон ҳастанд. Аммо зиндаҳое, ки ҳеҷ як аз осори ҳаёти инсонӣ дар онҳо дида намешавад, дар мантиқи Қуръон мурдагон ҳастанд, марги ҷонкоҳува риққатборе.

     

    Оёти 71-76

     

     أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّا خَلَقْنَا لَهُمْ مِمَّا عَمِلَتْ أَيْدِينَا أَنْعَامًا فَهُمْ لَهَا مَالِكُونَ ﴿71﴾ وَذَلَّلْنَاهَا لَهُمْ فَمِنْهَا رَكُوبُهُمْ وَمِنْهَا يَأْكُلُونَ ﴿72﴾ وَلَهُمْ فِيهَا مَنَافِعُ وَمَشَارِبُ أَفَلَا يَشْكُرُونَ ﴿73﴾ وَاتَّخَذُوا مِن دُونِ اللَّهِ آلِهَةً لَعَلَّهُمْ يُنصَرُونَ ﴿74﴾ لَا يَسْتَطِيعُونَ نَصْرَهُمْ وَهُمْ لَهُمْ جُندٌ مُّحْضَرُونَ ﴿75﴾ فَلَا يَحْزُنكَ قَوْلُهُمْ إِنَّا نَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ ﴿76﴾

    Тарҷумаи оёти 71-76

    71 – Оё онҳо надиданд, ки аз он чӣ бо дастони қудрати худ ба амал овардаем, чаҳорпоёне барои онҳо офаридем, ки онон молики он ҳастанд?

    72 – Онҳоро роми эшон сохтем, ҳам маркаби онон аз он аст ва ҳам аз он тағзия мекунанд.

    73 – Ва барои онон манофеи дигаре дар он (ҳайвонот) аст ва нўшиданиҳои гуворое. Оё бо ин ҳол шукргузорӣ намекунанд?

    74 – Онҳо ғайр аз Худо маъбудоне барои хеш баргузиданд ба ин умед, ки ёрӣ шаванд.

    75 – Вале онон қодир ба ёрии эшон нестанд ва ин (ибодат кунандагон дар қиёмат) лашкари онҳо хоҳанд буд, ки дар оташи дўзах ҳузур меёбанд!

    76 – Бинобар ин суханони онҳо туро ғамгин масозад, мо он чиро пинҳон медоранд ва ё ошкор мекунанд медонем!

    Тафсир:

    Манфиатҳои саршори чаҳорпоён барои шумо

    Бори дигар Қуръони Маҷид дар ин оёт ба масъалаи тавҳиду ширк бозмегардад ва зимни баршумурдани қисмате аз нишонаҳои азамати Худо дар зиндагии инсонҳо ва рафъи ниёзмандиҳои онҳо аз сўи Худо, ба заъфу нотавонӣ ва бенавоии бутҳо ишора карда, дар як муқоисаи равшан ҳаққонияти хатти тавҳид ва бутлони хатти ширкро ошкор месозад.

    Нахуст мегўяд:

    أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّا خَلَقْنَا لَهُمْ مِمَّا عَمِلَتْ أَيْدِينَا أَنْعَامًا فَهُمْ لَهَا مَالِكُونَ

    Оё онҳо надиданд, ки аз он чӣ бо дастони қудрати худ ба амал овардаем, чаҳорпоёне барои онҳо офаридем, ки онон молик он ҳастанд.

    وَذَلَّلْنَاهَا لَهُمْ

    Ва барои ин ки ба хубӣ битавонанд аз ин чаҳорпоён баҳра гиранд, «онҳоро барояшон ром сохтем».

    فَمِنْهَا رَكُوبُهُمْ وَمِنْهَا يَأْكُلُونَ

    Ҳам аз онҳо маркаби роҳвор барои худ фароҳам месозанд ва ҳам аз онҳо тағзия мекунанд.

    وَلَهُمْ فِيهَا مَنَافِعُ وَمَشَارِبُ

    Манофеи онҳо ба ҳамин ҷо хатм намешавад, балки «барои онон манофеи дигаре низ дар ин ҳайвонот ва нўшиданиҳои гуворое аст».

    أَفَلَا يَشْكُرُونَ

    Оё бо ин ҳол шукри ин неъматҳоро ба ҷо намеоваранд?!

    Шукре, ки василаи маърифати Аллоҳ ва шинохти соҳиби неъмат аст.

    Дар ин ҷо чанд нукта қобили таваҷҷўҳ аст:

    1 – Аз миёни неъматҳои гуногуне, ки инсон дар он ғўтавар аст, дар ин ҷо ангушт рўи неъмати вуҷуди чорпоён гузорида шудааст, зеро онҳо дар зиндагии рўзмарраи инсон ҳузури доим доранд, ба ҳадде зиндагии инсон бо онҳо гиреҳ хўрдааст, ки агар аз саҳифаи зиндагии ў пок гардад ба ростӣ кор бар ў мушкилу печида хоҳад шуд, вале ба далел ҳузури доимашон камтар мавриди таваҷҷўҳ қарор мегиранд.

    2 – Ҷумлаи «عَمِلَتْ أَيْدِينَا» (Дастони мо онро анҷом додааст), киноя аз эъмоли қудрати мустақими Парвардгор аст, зеро инсон муҳимтарин узве, ки бо он қудраташро ба кор мегирад дастҳои ўст, ба ҳамин ҷиҳат «يد» (даст) киноя аз қудрат аст, масалан касе мегўяд, ки: фалон минтақа дар даст ман аст, яъне дар сайтараи қудрати ман қарор гирифтааст. Қуръони Маҷид мегўяд:

    يَدُ اللَّهِ فَوْقَ أَيْدِيهِمْ

    Дасти Худо болои дасти онҳо аст. (Фатҳ – 10).

    Ба ҳар ҳол зикр «дастон» (ايدى) ба сурати ҷамъ ишора ба мазоҳири гуногуни қудрати Парвардгор мебошад.

    3 – Ҷумла «فَهُمْ لَهَا مَالِكُونَ» – «Онон молики он ҳастанд», (бо “фои” тафреъ), ишора ба ин аст чаҳорпоёнро мо ба қудрати хеш офаридаем, аммо моликияташро ба инсонҳо бахшидем ва ин ниҳояти лутфи Парвардгорро баён мекунад, бинобар ин ишколе, ки барои баъзе аз муфассирон дар “фои” тафреъ дар ин ҷо пайдо шудааст, мавриде надорад, ин монанди он аст, ки мо ба касе мегўем ин боғро мо обод кардаем, аммо ту баҳраи онро мебарӣ ва ин нишонаи ниҳояти муҳаббат ва эсору гузашт аст.

    4 – Ҷумлаи «онҳоро барояшон ром сохтем», ишора ба масъалаи муҳимми роми шудани чаҳорпоён барои инсон аст, ин ҳайвоноти зўрманди пурқудрат, ки гоҳ ба таври нодир, ба фармон Худо ром шуданашонро фаромўш карда, сар ба исёну туғён бармедоранд, чунон хатарнок мешаванд, ки даҳҳо нафар дар муқобили онон оҷиз мешаванд, вале дар ҳолати оддӣ гоҳе як қатор шутурро ба ресмоне баста ва ба дасти кўдаки чандсолае месупоранд ва он кўдак ҳар ҷо ки хотирхоҳи ўст, онро мебарад!

    Ба ростӣ аҷиб аст, инсонҳо на қодиранд магасеро биёфаринанд ва на ҳатто метавонанд магасеро роми хеш кунанд, аммо Худованди Қодири Маннон миллионҳо миллион чаҳорпоёни гуногунро офарида ва роми инсонҳо сохтааст, ки доимо дар хидмати ононанд.

    5 – Ҷумлаи «Ҳам аз онҳо маркаби саворӣ барои худ фароҳам месозанд ва ҳам аз онҳо тағзия мекунанд», бо таваҷҷўҳ ба ин ки «ركوب» (ракуб) сифат мушаббаҳа аст ва ба маънои «مركوب» (маркуб), яъне ҳайвоне, ки бар он савор мешаванд) мебошад, ишора ба ин аст, ки инсонҳо порае аз чаҳорпоёнро ба унвон маркаб интихоб мекунанд ва баъзеро барои тағзия.

    Гарчи гўшти ҳамаи чаҳорпоёни маъмулӣ (ғайр аз ҳайвоноти ҳаромгўшт) аз назари Ислом ҳалол аст, вале амалан танҳо бахше аз онҳо барои хўрдан ва тағзия мавриди истифода қарор мегирад.

    6 – Ҷумлаи «وَلَهُمْ فِيهَا مَنَافِعُ» – «Барои онон манофеи дигаре низ дар ин ҳайвонот аст», ишора ба фавоиди зиёди дигаре аст, ки аз чаҳорпоёни оиди инсон мешавад, аз ҷумла пашми онҳо барои навъҳои либосҳо ва фаршҳову хаймаҳо ва пўсти онҳо барои либосу кафш ва кулоҳу васоили гуногуни зиндагӣ ва ҳатто имрўз, ки санъатҳо чеҳраи зиндагии

    инсонро ба куллӣ дигаргун сохтааст, боз ниёзи мубрами инсонҳо ҳам аз назари тағзия ва ҳам аз назари либос ва дигар васоили зиндагӣ ба чаҳорпоён ба қуввати боқӣ аст.

    Ҳатто имрўз навъҳои сирумҳо ва воксанро, ки барои мубориза бо бемориҳо ё пешгирӣ муассиртарин василаанд, бо истифода аз чаҳорпоён ва маводде, ки аз хун онҳо мегиранд, таҳия мешавад.

    Ҳатто беарзиштарин умур дар зиндагии чаҳорпоён, ки мадфўоти (ахлоти) онҳо аст низ мавриди истифода аст, заминҳоро ба василаи он ободу дарахтонро пурбор месозанд.

    7 – Таъбир ба «مَشَارِبُ» – «нўшиданиҳо» ишора ба ширҳое аст, ки аз чорпоёни гуногун гирифта мешавад ва қисмати муҳимме аз маводди ғизоии инсон аз он ва фаровардаҳои он таъмин мегардад, ба тавре ки санъатҳои ширсозӣ ва фаровардаҳои ширӣ дар дунёи имрўз қисмати муҳимме аз содироту воридоти кишварҳоро ташкил медиҳад, ҳамон шире, ки як ғизои комил барои инсон аст ва аз миёни таомҳои ҳазми шуда ва хун ин шири холису гуворо хориҷ мегардад, ки барои нўшандагон мояи лаззат ва барои нотавонҳо мояи қудрат аст.

    8 – Ҷумлаи «أَفَلَا يَشْكُرُونَ» – «Оё бо ин ҳол шукри ин неъматҳоро ба ҷо намеоваранд?!», ки ба сурати истифҳоми инкорӣ матраҳ шудааст, ба манзур барангехтани фитрату авотифи инсонҳо барои шукргузорӣ дар баробари неъматҳои бепоёне аст, ки гўшае аз он дар оёти боло омадааст ва чунон ки медонем лузуми шукри мунъим пояе аст барои маърифатуллоҳ, зеро шукр бидуни шинохти бахшандаи неъмат имконпазир нест, илова бар ин мутолиаи ин неъматҳо ва ин ки ҳаргиз бутҳо дар он дахолату таъсире надоранд василае хоҳад буд барои ибтоли ширк.

    Лизо дар оёти баъд ба ташреҳи ҳоли мушрикон пардохта чунин мегўяд:

    وَاتَّخَذُوا مِن دُونِ اللَّهِ آلِهَةً لَعَلَّهُمْ يُنصَرُونَ

    Онҳо ғайр аз Худо маъбудоне барои хеш баргузиданд ба ин умед, ки аз сўи онҳо ёрӣ шаванд (ва мавриди ҳимояти бутон қарор гиранд).

    Чӣ хиёли хому фикри ботиле, ки ин мавҷудот заифро, ки ҳеҷ қудрате бар дифоъ аз хештан надоранд, то чӣ расад ба дигарон, дар канори Холиқи замину осмон ва бахшандаи он ҳама бахшишҳо қарор диҳанд ва дар ҳодисаҳои мушкили зиндагӣ аз онон ёрӣ талабанд?

    Оре, онҳо гоҳ барои ин ба суроғи бутҳо мерафтанд, ки мояи иззаташон бошад:

    وَاتَّخَذُوا مِن دُونِ اللَّهِ آلِهَةً لِّيَكُونُوا لَهُمْ عِزًّا

    «Ва онон ғаёр аз Худо маъбудонеро барои худ баргузиданд, то мояи иззаташон бошад! (Чӣ пиндори хоме?!). (Марям – 81).

    Ва гоҳ онҳоро шафоат кунандагон дар даргоҳи Худованд мепиндоштанд:

    وَيَعْبُدُونَ مِن دُونِ اللّهِ مَا لاَ يَضُرُّهُمْ وَلاَ يَنفَعُهُمْ وَيَقُولُونَ هَؤُلاء شُفَعَاؤُنَا عِندَ اللّهِ

    Онҳо ғайр аз Худо мавҷудотеро мепарастанд, ки на зиёне метавонанд ба онҳо бирасонанд ва на суде, мегўянд инҳо шафоат кунандагони мо дар даргоҳи Худо ҳастанд! (Юнус – 18).

    Ба ҳар ҳол тамоми ин пиндорҳо нақши бар об аст ва чунон ки Қуръон дар ояти 192 сураи Аъроф мефармояд:

    وَلاَ يَسْتَطِيعُونَ لَهُمْ نَصْرًا وَلاَ أَنفُسَهُمْ يَنصُرُونَ

    Ва наметавонанд ононро (ибодаткунандагонро) ёрӣ расонанд ва на худашонро ёрӣ медиҳанд.

    Лизо дар ояти баъд меафзояд:

    لَا يَسْتَطِيعُونَ نَصْرَهُمْ وَهُمْ لَهُمْ جُندٌ مُّحْضَرُونَ

    Онҳо қодир ба нусрату ёрии ибодат кунандагони хеш нестанд ва ин ибодат кунандагон дар қиёмат лашкари онҳо хоҳанд буд ва ҳамагӣ дар оташи дўзах ҳузур меёбанд.

    Чӣ дарднок аст, ки ин пайравон дар он рўз ба сурати лашкариёне пушти сари бутҳо қарор гиранд ва ҳамагӣ дар додгоҳи адли Худо ҳузур ёбанд ва баъд аз он ҳамагӣ ба дўзах фиристода шаванд, бе он ки битавонанд гиреҳеро аз кори лашкари худ бикушоянд.

    Усулан таъбир ба «مُّحْضَرُونَ» (ҳузур меёбанд) дар ҳама ҷо нишонаи таҳқир аст ва ҳозир сохтан афроди бе он ки худашон тамоюл дошта бошанд нишонаи ҳақорати онҳо аст.

    Ба ҳар ҳол ин таъбирҳо танҳо дар мавриди маъбудони соҳиб шуур монанди шаётину гарданкашони ҷинну инс содиқ аст, вале ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки дар он рўз Худованд дар бутҳое, ки аз сангу чўб сохтанд низ ақлу шууре меофаринад, то ибодат кунандагони худро сарзаниш кунанд ва зимнан ҳамин сангу чўбҳо ба унвони оташгираҳои ҷаҳаннам дар канори онон хоҳанд буд, чунон ки Қуръон дар ояти 98 сураи Анбиё мегўяд:

    إِنَّكُمْ وَمَا تَعْبُدُونَ مِن دُونِ اللَّهِ حَصَبُ جَهَنَّمَ أَنتُمْ لَهَا وَارِدُونَ

    Шумо ва он чиро ғайр аз Худо мепарастед ҳезуми ҷаҳаннам хоҳед буд ва ҳамагӣ дар он ворид мешавед!

    Саранҷом дар охирин ояти мавриди баҳс ба унвони дилдории Паёмбар (с) ва тақвияти рўҳияи ў дар баробари ин ҳама коршиканиҳову фитнаангезиҳо ва афкору аъмоли хурофӣ, мефармояд:

    فَلَا يَحْزُنكَ قَوْلُهُمْ إِنَّا نَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ

    «Акнун ки чунин аст суханони онҳо туро ғамгин накунад», ки гоҳе туро шоир мехонанд ва гоҳе соҳир ва гоҳ тўҳматҳои дигаре мебанданд, «зеро он чиро онҳо дар дил махфӣ медоранд ва ё бо забон ошкор месозанд, ҳамаро мо медонем».

    На ниёти онҳо бар мо пўшида аст ва на тавтиаҳои махфиёнаи онҳо ва на инкорҳову шайтанатҳои ошкорашон, ҳамаро медонем ва ҳисоби онҳоро барои рўзи ҳисоб нигаҳ медорем ва туро аз шарри онҳо дар ин ҷаҳон низ дар амон хоҳем дошт.

    На танҳо Паёмбар (с), балки ҳар мўъмине метавонад бо ин гуфтори илоҳӣ дилгарм бошад, ки ҳама чиз дар ин олам дар ҳузури Худованд аст ва чизе аз макоиду найранги душманон бар ў махфӣ нахоҳад буд, ў дўстони худро дар лаҳзаҳои сахт танҳо нахоҳад гузошт ва ҳамвора ҳомию ҳофизи онҳо хоҳад буд.

    Нукта:

    Биниши тавҳидӣ барои ҳудопарастон роҳу равиши хоссе дар зиндагӣ эҷод мекунад, ки онҳоро аз хутут ширколуд, ки мубтанӣ бар интихоби бутҳо ё паноҳ бурдан ба инсонҳои заифе ҳамчун хеш аст, ҷудо месозад.

    Сареҳтар бигўем: Дар дунёи имрўз, ки ҷаҳон дуқутбӣ шуда ва ду қудрати бузурги шарқ ва ғарб бар он ҳоким аст, маъмулан ин фикр барои бисёре аз кишварҳои кўчак ва мутавассит пайдо мешавад, ки барои ҳифзи хештан бояд ба яке аз ин ду бут! паноҳ бурд ва дар ҳавзаи ҳимояти ў қарор гирифт, дар ҳоле ки таҷрибиёт нишон додааст, ки ҳангоми буруз ҳодисаҳои сахт ва мушкилоту бўҳронҳо, ин қудратҳои ба зоҳири бузург на гиреҳе аз кори худ метавонанд бикушоянд ва на аз кори ақмору пайравонашон ва чӣ зебо мегўяд Қуръон:

    وَلاَ يَسْتَطِيعُونَ لَهُمْ نَصْرًا وَلاَ أَنفُسَهُمْ يَنصُرُونَ

    Ва наметавонанд ибодаткунандагони худро ёрӣ расонанд ва на худашонро ёрӣ медиҳанд.

    Ин ҳушдоре аст ба ҳамаи мусулмонон ва раҳравони тавҳиди холис, ки аз ҳамаи ин бутҳо бибурранд ва ба сояи лутфи илоҳӣ паноҳ бибаранд, танҳо такя ба хештан ва нерўи имону маънавияти ҷавомеи исломӣ дошта бошанд ва ҳаргиз ин афкори ширколудро, ки бояд барои рўзи ҳодиса аз ин қудратҳо кўмак гиранд ба мағзи худ роҳ надиҳанд ва асосан фарҳанги ҷавомеи исломиро аз ин гуна афкор поксозӣ кунанд ва бидонанд, ки то кунун зарбаҳои фаровоне аз ин раҳгузар – чӣ дар муқобила бо Исроил ғосиб ва чӣ дар баробари душманони дигар – хўрдаанд, дар ҳоле ки агар ин асли асил қуръонӣ дар миёни онҳо ҳоким буд, ҳаргиз гирифтори ин шикастҳои дарднок намешуданд, ба умеди он рўз, ки ҳамагӣ дар сояи ин таълими қуръонӣ афкори хешро навсозӣ кунем, такя ба хештан дошта бошем ва ба сояи лутфи Аллоҳ паноҳ барем ва сарбаланду озод зиндагӣ кунем.

     

    Оёти 77-79

    أَوَلَمْ يَرَ الْإِنسَانُ أَنَّا خَلَقْنَاهُ مِن نُّطْفَةٍ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٌ مُّبِينٌ ﴿77﴾ وَضَرَبَ لَنَا مَثَلًا وَنَسِيَ خَلْقَهُ قَالَ مَنْ يُحْيِي الْعِظَامَ وَهِيَ رَمِيمٌ ﴿78﴾ قُلْ يُحْيِيهَا الَّذِي أَنشَأَهَا أَوَّلَ مَرَّةٍ وَهُوَ بِكُلِّ خَلْقٍ عَلِيمٌ ﴿79﴾

    Тарҷумаи оёти 77-79

    77 – Оё инсон надид (намедонад), ки мо ўро аз нутфаи беарзише офаридем ва ў (чунон соҳиби қудрат ва шууру нутқ шуд, ки) ба душмании ошкор бархост!

    78 – Ва барои мо мисоле зад ва офариниши худро фаромўш карду гуфт: Кӣ ин устухонҳоро зинда мекунад, дар ҳоле ки пўсидааст?

    79 – Бигў: Ҳамон касе онро зинда мекунад, ки нахустинбор онро офарид ва ў ба ҳар махлуқе огоҳ аст!

    Шаъни нузул:

    Дар ғолиби тафосир нақл шудааст, ки марде аз мушрикон ба номи Убай ибни Халаф ва ё Умайя ибни Халаф ва ё Ос ибни Воил қитъаи устухони пўсидаеро пайдо карду гуфт, ки бо ин далели маҳкам ба душманиву мухосамаи бо Муҳаммад (с) бармехезам ва сухани ўро дар бораи қиёмату маод ибтол мекунам онро бардошт ва назди Паёмбар Ислом (с) омад (ва шояд миқдоре аз онро дар ҳузури Паёмбар (с) нарм карда ба рўи замин рехт) ва гуфт: Кӣ метавонад ин устухонҳои пўсидаро аз нав зинда кунад (ва кадом ақл онро бовар мекунад).

    Оёти боло ва чаҳор ояти баъд аз он ки маҷмўан ҳафт оятро ташкил медиҳад, нозил шуд ва посухи мантиқиву дандоншикане ба ў ва ҳамфикрони ў дод.

    Тафсир:

    Офариниш нахустин далел қотие аст бар маод

    Гуфтем, ки баҳсҳои марбут ба мабдау маод ва нубувват дар сураи Ёсин, ки қалб Қуръон аст, ба сурати мақтаъҳои мухталифе матраҳ шудааст, ин сура бо баҳс дар бораи Қуръони Маҷид ва масъалаи нубувват оғоз шуд ва бо ҳафт ояти мунсаҷим, ки қавитарин баёнотро дар бораи маод дарбар дорад поён меёбад.

    Нахуст дасти инсонро мегирад ва ба оғози ҳаёти худаш дар он рўз, ки нутфаи беарзише беш набуд мебарад ва ўро ба андеша вомедораду мегўяд:

    أَوَلَمْ يَرَ الْإِنسَانُ أَنَّا خَلَقْنَاهُ مِن نُّطْفَةٍ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٌ مُّبِينٌ

    Оё инсон надид, ки мо ўро аз нутфа офаридем ва ў он чунон қавию нерўманд ва соҳиби қудрат ва шууру нутқ шуд, ки ҳатто ба муҷодала дар баробари Парвардгораш бархост ва мухосама кунандаи ошкоре шуд.

    Чӣ таъбири зиндаву гўёе? Нахуст рўи унвони инсон такя мекунад, яъне ҳар инсоне бо ҳар эътиқоду мактабе ва ҳар миқдор донише метавонад ин ҳақиқатро дарёбад.

    Сипас сухан аз нутфа мегўяд, ки дар луғат дар асл ба маънои оби ночизу беарзиш аст, то ин инсон мағруру азхудрозӣ каме дар андеша фурў биравад ва бидонад, ки рўзи аввал чӣ буд? Ва тоза тамоми ин қатраи оби ночиз мабдаи нашъу намои ў набудааст, балки селлули зиндаи бисёр кўчаке, ки бо чашм дида намешавад аз миёни ҳазорон селлул, ки дар он қатраи об шиновар буданд, бо селлули зиндаи бисёр кўчаке, ки дар раҳими зан қарор дошт бо ҳам таркиб шуданд ва инсон аз он мавҷуди заррабинӣ (молекулавӣ) по ба арсаи ҳастӣ гузошт! Марҳалаҳои такомулро яке баъд аз дигаре паймуд, ки шаш марҳалаи он тибқи гуфта Қуръон дар авоили сураи Мўъминун дар даруни раҳим мебошад (марҳалаи нутфа, сипас алақа, баъд музға ва баъд аз он зоҳир шудани устухонҳо, сипас пўшида шудани устухонҳо бо гўшт ва саранҷом пайдоиши рўҳ, яъне ҳиссу ҳаракат).

    Баъд аз таваллуд, ки навзоди бисёр заифу нотавоне буд марҳалаҳои такомулро низ ба суръат пушти сар гузошт, то ба сарҳадди рушду булуғи ҷисмонӣ ва ақлонӣ расид.

    Оре, ин мавҷуд заифу нотавон он чунон қавию нерўманд шуд, ки ба худ иҷозат дод, то ба пархошгарӣ дар баробари даъвати Аллоҳ бархезад ва гузаштаву ояндаи хешро ба дасти фаромўшӣ бисупорад ва мисдоқи равшани «хасими мубин» (душмани ошкор) шавад.

    Ҷолиб ин ки таъбири «хасимун мубин» – (ҷидолкунанда ва пархошгари ошкор) – дорои як ҷанбаи қувват аст ва як ҷанбаи заъф, ки зоҳиран Қуръон ба ҳар ду ҷиҳат дар ин ҷо нозир аст.

    Аз як сў ин кор ҷуз аз инсоне, ки дорои ақл ва фикру шуур ва истиқлоли иродаву ихтиёр ва қудрат аст, сохта нест. Ва медонем, ки муҳимтарин масъала дар зиндагии инсон сухан гуфтан аст. Суханоне, ки мўҳтавои он қаблан дар андеша ҳозир мешавад, сипас дар қолиби ҷумлаҳо қарор мегирад ва монанди гулўлаҳое, ки мусалсалвор ба ҳадаф шиллик мешавад аз махориҷи даҳан берун мепарад, ин коре аст, ки аз ҳеҷ ҷондоре ҷуз инсон ҳосил намешавад.

    Ва ба ин тартиб қудратнамоии Худоро дар ин нерўи азиме, ки ба қатраи оби ночизе додааст, муҷассам мекунад.

    Аммо аз сўи дигар инсон як мавҷуди фаромўшкору мағрур аст ва ин неъматҳоеро, ки валии неъматаш ба ў бахшидааст, бар зидди ў ба кор мегирад ва ба муҷодалаву мухосама бармехезад. Зиҳӣ бехабариву хирасарӣ! Барои бехабарии ў ҳамин бас аст, ки ў масале барои мо зад ва ба пиндори худаш далели дандоншикане пайдо кард ва дар ҳоле ки офариниши нахустини худро ба дасти фаромўшӣ супурда буд, гуфт:

    وَضَرَبَ لَنَا مَثَلًا وَنَسِيَ خَلْقَهُ قَالَ مَنْ يُحْيِي الْعِظَامَ وَهِيَ رَمِيمٌ

    Кӣ метавонад ин устухонҳоро зинда кунад, дар ҳоле ки пўсидааст?!

    Манзур аз масал дар ин ҷо зарбулмасали оддӣ ва ташбеҳу киноя нест, балки манзур баёни истидлол ва зикри мисдоқ ба манзури исботи як матлаби куллӣ аст.

    Оре, ў (Убай ибни Халаф, ё Умайя ибни Халаф ва ё Ос ибни Воил) дар биёбон қитъаи устухони пўсидаеро пайдо мекунад ва устухоне, ки маълум набуд аз чӣ касе аст? Оё ба марги табиӣ мурда? Ё дар яке аз ҷангҳои асри ҷоҳилӣ ба тарз фаҷие кушта шудааст? Ё бар асари гуруснагӣ ҷон додааст? Ба ҳар сурат фикр мекард, ки далел дандоншикане барои нафйи қиёмату маод пайдо кардааст, бо хашми ҳамроҳ бо хушҳолӣ қитъаи устухонро бардошта, мегўяд:

    لاخصمن محمداً

    Ман бо ҳамин далел ба хусумат бо Муҳаммад бармехезам.

    Он чунон ки натавонад ҷавобе диҳад! Бо аҷалаву шитоб ба суроғи Паёмбари Ислом (с) омаду фарёд зад: Бигў бибинам чӣ касе қудрат дорад, ки бар ин устухони пўсида либоси ҳаёт бипўшонад? Ва сипас қисмате аз устухонро нарм карду рўи замин пошид ва фикр мекард, ки Паёмбари Ислом (с) ҳеҷ посухе дар баробари ин мантиқ нахоҳад дошт.

    Ҷолиб ин ки Қуръони Маҷид бо ҷумлаи кўтоҳи «Ва офариниши худро фаромўш кард» (وَنَسِيَ خَلْقَهُ) тамоми посухи ўро додааст, ҳар чанд пушти сари он тавзеҳи бештару далоили афзунтаре низ зикр кардааст.

    Мегўяд: Агар офариниши хешро фаромўш накарда будӣ, ҳаргиз ба чунин истидлолӣ воҳию сусте даст намезадӣ. Эй инсони фаромўшкор! Ба ақиб бозгарду офариниши худро бингар, чӣ гуна нутфа ночизе будӣ ва ҳар рўз либоси тозае аз ҳаёт бар тани ту пўшонид, ту доимо дар ҳоли маргу маод ҳастӣ, аз ҷимодӣ мурдию номӣ (рушду намо кунанда) шудӣ ва аз ҷаҳон наботот низ мурдию аз ҳайвон сар задӣ, аз олами ҳайвон низ мурдию инсон шудӣ, аммо туи фаромўшкор ҳамаи инҳоро ба тоқи нисёну фаромўшӣ задӣ, ҳоло мепурсӣ, ки чӣ касе ин устухони пўсидаро зинда мекунад?! Ин устухон ҳар гоҳ комилан бипўсад дубора хок мешавад, магар рўзи аввал хок набудӣ?! Лизо било фосила ба Паёмбари Ислом (с) дастур медиҳад, ки ба ин хирасари мағруру фаромўшкор бигў:

    قُلْ يُحْيِيهَا الَّذِي أَنشَأَهَا أَوَّلَ مَرَّةٍ

    Касе ўро зинда мекунад, ки дар рўзи нахуст ўро эҷод кард.

    Агар имрўз устухони пўсидае аз ў ба ёдгор мондааст, рўзе ҳам буд, ки ҳатто ин устухони пўсида ҳам набуд ва ҳатто хоке ҳам вуҷуд надошт. Оре, он кас ки ўро аз нестию адам офарид, таҷдиди ҳаёти устухони пўсидае барояш осонтар аст.

    Ва агар фикр мекунед, ки ин устухони пўсида вақте ки хок шуд ва дар ҳама ҷо пароканда гашт чӣ касе метавонад он аҷзоро бишиносад ва аз нуқоти гуногун гирдоварӣ кунад, посухи он низ равшан аст:

    وَهُوَ بِكُلِّ خَلْقٍ عَلِيمٌ

    Ў аз ҳар махлуқе огоҳ аст ва тамоми хусусиёти онҳоро медонад.

    Касе, ки дорои чунин илм ва чунон қудрате аст масъалаи маоду зинда кардани мурдагон мушкиле барояш эҷод нахоҳад кард.

    Як қитъа оҳанруборо агар дар миёни харворҳои хок, ки зарраҳои кўчаке аз оҳан дар он пароканда аст бигардонем, зуд тамоми ин зарраҳоро ҷамъоварӣ мекунад, дар ҳоле ки оҳанрубо як мавҷуди беҷон беш нест, пас Худованд ба осонӣ метавонад тамоми зарраҳои бадани ҳар инсонеро дар ҳар гўшае аз кураи замин, ки бошад бо як фармон ҷамъоварӣ намояд.

    На танҳо ба асли офариниш инсон огоҳ аст, балки аз ниёту аъмоли онҳо низ огоҳ мебошад ва ҳисобу китоби он назди ў равшан аст.

    Бинобар ин муҳосибаи аъмол ва ниёту эътиқодоти дарунӣ низ мушкиле барои ў эҷод намекунад, чунон ки дар ояти 284 сураи Бақара омадааст:

    وَإِن تُبْدُواْ مَا فِي أَنفُسِكُمْ أَوْ تُخْفُوهُ يُحَاسِبْكُم بِهِ اللّهُ

     Ва агар он чиро дар дил доред пинҳон кунед ё ошкор созед Худо медонад.

    Ва ба ҳамин далел Мўсо (а) маъмур мешавад, ки дар ҷавоби Фиръавн, ки дар масъалаи қиёмату маод шакку тардид мекард ва аз зинда шудани қуруни пешин ва ҳисобу китобашон изҳори тааҷҷуб менамуд, бигўяд:

    قَالَ عِلْمُهَا عِندَ رَبِّي فِي كِتَابٍ لَّا يَضِلُّ رَبِّي وَلَا يَنسَى

    Илму огоҳии он дар пешгоҳи Парвардгори ман дар китобе сабт аст ва Парвардгори ман на иштибоҳ менамояд ва на фаромўш мекунад. (Тоҳо – 52).

    Бар гирифта аз тафсири Намуна,  Оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ

    Баргардонанда: Абдулҳаким Камолӣ