Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Тафсири сураи Ёсин Оёти 1-10

    Тафсири сураи Ёсин Оёти 1-10

    Rate this post

    Тафсири сураи Ёсин  Оёти 1-10

    بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

    يس ﴿1﴾ وَالْقُرْآنِ الْحَكِيمِ ﴿2﴾ إِنَّكَ لَمِنَ الْمُرْسَلِينَ ﴿3﴾ عَلَى صِرَاطٍ مُّسْتَقِيمٍ ﴿4﴾ تَنزِيلَ الْعَزِيزِ الرَّحِيمِ ﴿5﴾ لِتُنذِرَ قَوْمًا مَّا أُنذِرَ آبَاؤُهُمْ فَهُمْ غَافِلُونَ ﴿6﴾ لَقَدْ حَقَّ الْقَوْلُ عَلَى أَكْثَرِهِمْ فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ ﴿7﴾ إِنَّا جَعَلْنَا فِي أَعْنَاقِهِمْ أَغْلاَلاً فَهِيَ إِلَى الأَذْقَانِ فَهُم مُّقْمَحُونَ ﴿8﴾ وَجَعَلْنَا مِن بَيْنِ أَيْدِيهِمْ سَدًّا وَمِنْ خَلْفِهِمْ سَدًّا فَأَغْشَيْنَاهُمْ فَهُمْ لاَ يُبْصِرُونَ ﴿9﴾ وَسَوَاءٌ عَلَيْهِمْ أَأَنذَرْتَهُمْ أَمْ لَمْ تُنذِرْهُمْ لاَ يُؤْمِنُونَ ﴿10

    Тарҷумаи оёти 1-10

    Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

    1 – Ёсин.

    2 – Савганд ба Қуръони Ҳаким.

    3 – Ки ту қатъан аз расулон (-и Худованд) ҳастӣ.

    4 – Бар тариқи мустақиме.

    5 – Ин Қуръоне аст ки аз сўи Худованд Азиз ва Раҳим нозил шуда.

    6 – То қавмеро инзор кунӣ ки падарон онҳо инзор нашуданд ва лизо онҳо ғофиланд.

    7 – Фармони (илоҳӣ) дар бораи аксари онҳо таҳаққуқ ёфтааст, ба ҳамин хотир имон намеоваранд.

    8 – Мо дар гарданҳои онҳо ғуллҳое қарор додем, ки то чонаҳо идомаи дорад ва сарҳои онҳоро ба боло нигаҳдоштааст.

    9 – Ва дар пеш рўи онҳо садде қарор додем ва дар пушти сарашон садде ва чашмони онҳоро пўшондаем, лизо чизеро намебинанд!

    10 – Барои онҳо яксон аст, чӣ инзорашон кунӣ ё накунӣ, имон намеоваранд.

    Тафсир:

    Сароғози қалби Қуръон

    Ин сураи монанди 28 сураи дигари Қуръони Маҷид бо ҳуруфи муқаттаа оғоз мешавад

    يس

    (Ё ва Син).

    Дар бораи тафсири ҳуруф муқаттааи Қуръон дар оғози сураҳои Бақара ва Оли Имрон ва Аъроф баҳсҳои фаровоне доштаем. Вале дар хусуси сураи Ёсин тафсирҳои дигаре низ барои ин ҳуруфи муқаттаа вуҷуд дорад: аз ҷумлаи ин ки: ин калима мураккаб аз ё (ҳарф нидо) ва син яъне шахси Паёмбари Ислом (с) аст ва ба ин тартиб Паёмбар (с)-ро барои баёни матолиби баъдӣ мухотаб месозад.

    Дар аҳодиси мухталифе низ омадааст, ки ин калима яке аз номҳои Пайғамбар Гиромии Ислом (с) аст.

    Дигар ин ки мухотаб дар ин ҷо инсон аст ва син ишора ба ўст, вале ин эҳтимол бо оёти баъдӣ созгор нест, зеро дар ин оёт рўи сухан танҳо ба Паёмбар (с) аст. Лизо дар ривояте аз Имом Содиқ (а) мехонем, ки фармуд:

    يس اسم رسول الله (صلى‏الله‏عليه‏وآله‏وسلّم) و الدليل على ذلك قوله تعالى انك لمن المرسلين على صراط مستقيم

    Ёсин номи Расули Худост ва далел бар он ин аст, ки баъд аз он мефармояд ту аз расулон ва бар сироти мустақим ҳастӣ (Нур – ус – сақалайн ҷилди 4 саҳифаи 375).

    Ба дунболи ин ҳуруф муқаттаа – монанди бисёре аз сураҳое ки бо ҳуруф муқаттаа оғоз шудаанд – сухан аз Қуръони Маҷид ба миён меоварад, мунтаҳо дар ин ҷо ба он савганд ёд карда мегўяд:

    وَالْقُرْآنِ الْحَكِيمِ

    Савганд ба Қуръони ҳаким

    Ҷолиб ин ки Қуръонро ба ҳаким тавсиф мекунад, дар ҳоле ки ҳикмат маъмулан сифати шахси зиндаву оқил аст, гўё Қуръонро мавҷуди зиндаву оқил ва раҳбару пешво муаррифӣ мекунад, ки метавонад дарҳои ҳикматро ба рўи инсонҳо бикушояд ва ба сироти мустақиме, ки дар оёти баъд ба он ишора кардааст, роҳнамоӣ кунад.

    Албатта Худованд ниёзе ба савганд надорад, вале савгандҳои Қуръон ҳамвора дорои ду фоидаи муҳим аст: нахуст таъкид рўи матлаб ва дигар баёни азамати чизе ки ба он савганд ёд мешавад, зеро ҳеҷ кас ба мавҷудоти камарзиш савганд ёд намекунад.

    Ояти баъд чизеро, ки савганди ояти қабл ба хотири он будааст, бозгў мекунаду мефармояд:

    إِنَّكَ لَمِنَ الْمُرْسَلِينَ * عَلَى صِرَاطٍ مُّسْتَقِيمٍ

    Мусалламан ту аз расулон (-и Худованд) ҳастӣ. Бар тариқи мустақиме.

    Рисолате, ки ҳамроҳ бо ҳақиқат ва бар сироти мустақим будани ту аст.

    Сипас меафзояд:

    تَنزِيلَ الْعَزِيزِ الرَّحِيمِ

    Ин Қуръоне аст ки аз ноҳияи Худованди Азиз ва Раҳим нозил шудааст.

    Такя рўи азиз будан Худованд барои баёни қудрати ў бар чунин китоби бузурги шикастнопазире аст, ки дар тамоми тўли аъсору қуруни ба сурати як мўъҷизаи ҷовидон боқӣ мемонад ва ҳеҷ қудрате наметавонад азамати онро аз саҳифаи дилҳо маҳв кунад.

    Ва такя рўи раҳимият Худованд барои баёни ин ҳақиқат аст, ки раҳмати ў эҷоб кардааст, ки чунин неъмат бузургеро дар ихтиёри инсонҳо бигузорад.

    Баъзе аз муфассирон ин ду тавсифро барои баёни ду навъ аксуламали мутафовит медонанд, ки мумкин аст мардум дар баробари нузули ин китоби осмонӣ ва фиристодани ин расул нишон диҳанд, яъне: агар ба инкору такзиб бар хезанд, Худованд бо иззату қудраташ онҳоро таҳдид кардааст ва агар аз дари таслиму қабул дароянд Худо бо раҳматаш онҳоро башорат додааст.

    Бинобар ин иззату раҳматаш, ки яке мазҳари инзор ва дигарӣ мазҳари башорат аст, бо ҳам омехта ва ин китоб бузурги осмониро дар ихтиёри инсонҳо гузоридааст.

    Дар ин ҷо саволе матраҳ аст, ки магар метавон ҳаққонияти як паёмбар ё китоби осмониро бо савганду таъкид исбот кард? Вале посух ин савол дар дил оёти боло нуҳуфта аст, зеро аз як сў Қуръонро тавсиф ба ҳаким будан мекунад, ишора ба ин ки ҳикматаш бар касе пўшида нест ва худ далел бар ҳаққонияти хеш аст.

    Дигар ин ки Паёмбар (с)-ро ба раҳ супурдан бар сироти мустақим тавсиф кардааст, яъне мўҳтавои даъвати ў худ баён мекунад, ки масири ў масири мустақиме аст, савобиқи зиндагӣ ў низ нишон медиҳад, ки ў тариқе ҷуз тариқи мустақим надорад.

    Ва мо дар баҳсҳои далоили ҳаққонияти паёмбарон ин матлабро ишора кардаем, ки яке аз беҳтарини роҳҳо барои пай бурдан ба ҳаққонияти онҳо ин аст, ки мўҳтавои даъвати онон дақиқан баррасӣ шавад, ҳар гоҳ ҳамоҳанг бо фитрат ва ақлу виҷдони буд ва дар сатҳе қарор дошт, ки аз инсон бо нерўи башарӣ имконпазир нест, илова бар ин савобиқи зиндагии шахси Паёмбар (с) чунон буд, ки нишон медод марди амонат ва садоқат аст, на дурўғ ва макру тазвир, ин умур қароини зиндае мешавад бар ин ки ў фиристодаи Худо аст ва оёти боло дар ҳақиқат ишорае ба ҳар ду матлаб аст, бинобар ин савганд ва иддиои боло ҳаргиз бедалел нест.

    Аз ин гузашта аз назари фанни мунозира барои нуфуз дар дилҳои мункирони лаҷуҷ ҳар қадар ибороти маҳкамтару қотеътар ва ҳамроҳ бо таъкиди бештар матраҳ шавад, ин афродро бештар таҳти таъсир қарор медиҳад.

    Боз саволи дигаре матраҳ мешавад, ки чаро мухотабро дар ин ҷумлаи шахси Паёмбар (с) қарор додааст, на мушрикон ва на умум мардум? Посух ин ки ҳадаф ин будааст, ки таъкид кунад, ки ту бар ҳаққӣ ва бар сироти мустақимӣ, хоҳ онҳо бипазиранд ва хоҳ напазиранд, ба ҳамин далел дар рисолати сангини худ кўшо бош ва аз қабул накардани мухолифон камтарин сустӣ ба худ роҳ мадеҳ.

    Ояти баъд ҳадафи аслии нузули Қуръонро ба ин гуна шарҳи медиҳад:

    لِتُنذِرَ قَوْمًا مَّا أُنذِرَ آبَاؤُهُمْ فَهُمْ غَافِلُونَ

    Қуръонро бар ту нозил кардем, то қавмеро инзор кунӣ, ки падарони онҳо инзор нашуданд ва ба ҳамин далел онҳо дар ғафлат фурў рафтаанд

    Мусалламан манзур аз ин қавм ҳамон мушрикони араб мебошад ва агар гуфта шавад ба эътиқоди мо ҳеҷ уммате бидуни инзор кунанда набуда ва замин ҳаргиз аз ҳуҷҷати Худо холӣ нахоҳад шуд, илова бар ин дар ояти 24 сураи Фотир мехонем:

    وَإِن مِّنْ أُمَّةٍ إِلَّا خلَا فِيهَا نَذِيرٌ

    Ҳеҷ уммате набуд, магар ин ки бимдиҳандае дар онҳо вуҷуд дошт.

    Дар посух мегўем манзур аз оят мавриди баҳс инзоркунандаи ошкор ва паёмбари бузурге аст, ки овозаи ў ҳама ҷо бипечад, вагарна дар ҳар замоне ҳуҷҷати илоҳӣ барои муштоқону толибон вуҷуд дорад ва агар мебинем даврони миёни ҳазрати Масеҳ (а) ва қиёми Паёмбар Ислом (с) -ро даврони фатрат шумурдаанд, на ба ин маъност, ки мутлақан ҳуҷҷати илоҳӣ барои онҳо вуҷуд надоштааст, балки фатрат аз назари қиём паёмбарони бузургу улулъазм аст.

    Амири Мўъминон Алӣ (а) дар ин замина мефармояд:

    ان الله بعث محمدا (ص) و ليس احد من العرب يقرأ كتابا و لا يدعى نبوة!

    Худованд ҳангоме Муҳаммадро мабъус сохт, ки касе аз араб китоби осмонӣ намехонд ва иддиои нубувват намекард. (Наҳҷулбалоға хутбаи 33 ва 104).

    Ба ҳар ҳол ҳадаф аз нузули Қуръон ин буд, ки мардуми ғофилро ҳушёр ва хобзадагонро бедор созад ва хатароте, ки онҳоро иҳота карда ва гуноҳоне, ки дар он фурў рафтаанд ва ширку фасоде, ки ба он олуда шудаанд, ба онҳо ёдоварӣ кунад, оре Қуръон, ки пояи огоҳию бедорӣ ва китоби поксозиидилу ҷон аст.

    Сипас Қуръон ба унвон як пешгўӣ дар бораи сарони куфру сардамдорони ширк мегўяд:

    لَقَدْ حَقَّ الْقَوْلُ عَلَى أَكْثَرِهِمْ فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ

    Фармону ваъдаи илоҳӣ бар аксари онҳо таҳаққуқ ёфтааст ва ба ҳамин далел онҳо имон намеоваранд.

    Дар ин ки манзур аз «қавл» дар ин ҷо чист, муфассирон эҳтимолоте додаанд, вале зоҳиран манзур ҳамон ваъдаи азоби ҷаҳаннам барои пайравони шаётин аст, чунон ки дар ояти 13 сураи Саҷда омадааст:

    وَلَكِنْ حَقَّ الْقَوْلُ مِنِّي لَأَمْلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنَ الْجِنَّةِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِينَ

    Вале сухани ман дар бораи онҳо таҳаққуқ ёфтааст, ки дўзахро аз ҷинну инс пур мекунам.

    Ва дар ояти 71 сураи Зумар мехонем:

    وَلَكِنْ حَقَّتْ كَلِمَةُ الْعَذَابِ عَلَى الْكَافِرِينَ

    Вале ҳукму ваъдаи азоб дар бораи кофирон муҳаққақ шудааст.

    Ба ҳар ҳол ин дар мавриди касоне аст, ки тамоми хутути иртиботии худро бо Худо қатъ карда буданд, пайвандҳоро гусаста ва тамоми даричаҳои ҳидоятро ба рўи худ баста буданд ва лаҷоҷату инод ва хирасариро ба ҳадди аъло расондаанд, оре инҳо ҳаргиз имон нахоҳанд овард ва роҳи бозгаште надоранд, чаро ки тамоми пулҳоро дар пушти сари худ вайрон кардаанд.

    Ҳақиқат ин аст, ки инсон дар сурате ислоҳпазиру қобили ҳидоят аст, ки фитрати тавҳидии худро бо аъмол зишту ахлоқи олудааш ба куллӣ поймол накарда бошад, вагарна торикии мутлақ бар қалби ў ғолиб хоҳад шуд ва тамоми равзанаҳои умед барои ў баста мешавад.

    Зимнан аз ин сухан равшан шуд, ки манзур аз ин аксарияте, ки ҳаргиз имон намеоваранд, сарони ширку куфранд ва ҳамин гуна шуд, ки гурўҳе дар ҷангҳои исломӣ дар ҳоли ширку бутпарастӣ кушта шуданд ва баъзе ки боқӣ монданд то поёни кор дар дил имон надоштанд, вагарна аксарияти мушрикони араб баъд аз фатҳи Макка ба мафодди «ядхулуна фи диниллоҳи афвоҷан» (сураи Наср ояти 2) гурўҳ- гурўҳи вориди Ислом шуданд.

    Оёти баъдӣ, ки сухан аз вуҷуди садде пеши рў ва пушти сари онҳо мегўяд ва чашмҳои онҳоро нобино мешумурд ва тасреҳ мекунад, ки инзор кардан ва нокардан барои онҳо яксон аст, шоҳиди ҳамин маъно аст.

    Ба ҳар ҳол ояти баъд идомаи тавсифи ин гурўҳи нуфузнопазир аст, дар нахустин тавсифи онҳо мегўяд:

    إِنَّا جَعَلْنَا فِي أَعْنَاقِهِمْ أَغْلاَلاً فَهِيَ إِلَى الأَذْقَانِ فَهُم مُّقْمَحُونَ

    Мо дар гарданҳои онҳо ғуллҳое қарор додем, ки то чонаҳои онҳо идома дорад ва сарҳои онҳоро ба боло нигоҳ доштааст.

    «Ағлол» (اغلال) ҷамъ «ғулл» дар асли аз моддаи «ғалал» (غلل) ба маънои чизе аст ки дар васати ашёе қарор гирифта, масалан ба об ҷорӣ ки аз лобалои дарахтон убур мекунад «ғалал» (غلل) мегўянд (бар вазни амал) ва ғулл ҳалқае буд, ки бар гардан ё дастҳо қарор медоданд, сипас онро бо занҷир мебастанд ва аз он ҷо ки гардан ё даст дар миёни он қарор мегирифт, ин калима дар мавриди он ба кор рафтааст, гоҳ ғуллҳое, ки бар гардан буд ҷудогона ба занҷир баста мешуд ва ғулҳои даст ҷудо буд, аммо гоҳе дастҳоро дар ғулл мекарданд ва ба ҳалқае ки бар гардан буд мебастанд ва шахси зиндонию асирро шадидан дар маҳдудияти фишору шиканҷа қарор медоданд.

    Ва агар ба ҳолати ташнагӣ ё шиддати андўҳу хашм «ғулла» (غله) (бар вазни қулла) гуфта мешавад, он низ ба хотири нуфузи ин ҳолат дар даруни қалбу ҷисми инсон аст, асосан моддаи «ғалл» (бар вазни ҷадд) ҳам ба маънои дохил шудан ва ҳам дохил кардан омадааст, лизо даромади хонаи ё зироат ва монанди онро ғалла мегўянд.

    Дар ҳар сурат гоҳе тавқи ғулл, ки бар гардан гузорида мешуд, то чона идома пайдо мекард ва сарро ба боло нигаҳ медошт ва дар ҳоле ки асиру зиндонӣ фавқулъодда аз ин ҷиҳат шиканҷа медид, аз мушоҳидаи атрофи худ бозмемонд.

    Ва чӣ ҷолиб аст ташбеҳе, ки аз ҳоли бутпарастони лаҷуҷ ба чунин инсонҳое шуда, онҳо тавқи тақлиду занҷири одоту русуми хурофиро бар гардан ва дасту пои худ бастаанд ва ғулҳои онҳо он қадр паҳну густарда аст, ки сари онҳоро боло нигаҳдошта аз дидани ҳақоиқ маҳрум сохтааст, онҳо асироне ҳастанд, ки на қудрати фаъолияту ҳаракат доранд ва на қудрати дидан!

    Ба ҳар ҳол ояти боло ҳам метавонад тарсиме аз ҳоли ин гурўҳи беимон дар дунё бошад ва ҳам баёни ҳоли онҳо дар охират, ки таҷассуме аст аз масъалаҳои ин ҷаҳон ва агар ин ҷумла ба сурати замони гузашта зикр шудааст, мушкиле эҷод намекунад, зеро дар бисёре аз оёти Қуръони Маҷид ҳодисаҳои мусаллами оянда бо сиғаи феъли мозӣ баён шудааст ва ин ҳамон аст, ки дар забони адибон маъруф аст, ки «музореи мутаҳаққақ – ул – вуқўъ ба шакл мозӣ дармеояд» ва низ метавонад ишора ба ҳар ду маъно бошад, ҳам ҳоли онҳо дар ин ҷаҳон ва ҳам ҳолашон дар ҷаҳони дигар.

    Ҷамъе аз муфассирон шаъни нузулҳое барои ояти боло ва ояти баъдӣ зикр кардаанд, ки дар бораи Абўҷаҳл ё марде аз тоифаи Бани Махзум ё қабилаи Қурайш нозил шуда, онҳо чандин бор тасмим бар қатл Пайғамбар (с) гирифтанд, вале Худованд аз тариқи эъҷоз онҳоро аз ин кор боздошт ва дар он лаҳзаи ҳассос, ки ба Паёмбар (с) расиданд ва мехостанд зарбаи корӣ бизананд, чашмонашон аз кор афтод, ё қудрати ҳаракат аз онҳо гирифта шуд.

    Вале ин шаъни нузулҳо монеъ аз умумияти мафҳуми оят ва густардагии маънои он дар бораи ҳамаи сардамдорони куфру мутаассибони лаҷуҷ нахоҳад буд, зимнан таъйиде аст бар он чӣ дар боло дар тафсири ҷумлаи «Онҳо имон намеоваранд» ва баёни кардем, ки манзур аз он аксарият мушрикон нест, балки аксарияти сардамдорони ширк ва куфру нифоқ аст.

    Ояти баъд тавсифи дигаре аз ҳамин афрод аст ва тарсими гўёе аз авомили нуфузнопазирии онҳо, мефармояд:

    وَجَعَلْنَا مِن بَيْنِ أَيْدِيهِمْ سَدًّا وَمِنْ خَلْفِهِمْ سَدًّا

    Мо дар пеш рўи онҳо садде қарор додем ва дар пушти сарашон садде.

    Онҳо дар миёни ин ду сад (монеа) чунон муҳосира шудаанд, ки на роҳи пеш рафтан доранд ва на роҳи бозгашт!

    فَأَغْشَيْنَاهُمْ فَهُمْ لاَ يُبْصِرُونَ

    Ва дар ҳамин ҳол чашмони онҳоро пўшондем, лизо чизеро намебинанд.

    Аҷаб тарсим гўёе? Аз як сў ҳамчун асироне ҳастанд, ки дар ғуллу занҷиранд ва аз сўи дигар ҳалқаи ғулл чунон паҳну густарда аст, ки сарҳои онҳоро ба осмон мутаваҷҷеҳ сохта ва мутлақан аз атрофи худ чизе намебинанд! Аз сўи севвум садде аз пеши рў ва пушти сар онҳоро дар муҳосираи худ қарор додааст ва роҳи пешу пасро бар онҳо бастааст.

    Аз сўи чаҳорум чашмони онҳо баста шуда қудрат дид ва босираи онҳо ба куллӣ аз кор афтодааст.

    Хуб фикр кунед: касе, ки дорои чунин сифоте аст, чӣ коре метавонад бикунад? Чӣ чизеро мефаҳмад? Чӣ чизеро метавонад бибинад? Ва чӣ гуна метавонад қадам бардорад? Ва чунин аст ҳоли мустакбирони худхоҳу худбин ва муқаллидони кўру кар ва мутаассибони лаҷуҷ дар баробари чеҳраи ҳақоиқ! Ба ҳамин далел дар охирин ояти мавриди баҳс сареҳан мегўяд:

    وَسَوَاءٌ عَلَيْهِمْ أَأَنذَرْتَهُمْ أَمْ لَمْ تُنذِرْهُمْ لاَ يُؤْمِنُونَ

    Барои онҳо яксон аст, чӣ онҳоро инзор кунӣ, ё накунӣ, имон намеоваранд!

    Гуфтори ту ҳар қадар нофиз ва ваҳй осмонӣ ҳар қадар муассир бошад, то дар заминаи омода ворид нашавад, таъсир нахоҳад гузошт, агар ҳазорон сол офтоби оламтоб бар шўразор битобад ва боронҳои пурбаракат бар он нозил шавад ва насими баҳорӣ мураттабан аз он бигузарад, маҳсуле ҷуз хасу хошок нахоҳад дошт, ки қобилияти қобил дар канори фоилияти фоил шарт аст.

    Нуктаҳо:

    1 – Аз кор афтодани абзори шинохт!

    Инсон барои ин ки битавонад аз олами берун вуҷуд худ огоҳ шавад аз васоилиу абзоре баҳра мегирад, ки ба он абзори шинохт гуфта мешавад. Қисмате аз онҳо дарунзотӣ ҳастанд ва қисмате бурунзотӣ. Ақлу хирад ва виҷдону фитрат аз абзори шинохти дарунзотӣ аст ва ҳавосси зоҳирии инсон ҳамчун биноию шунавоӣ ва монанди он абзори шинохти бурунзотианд.

    Ин васоили худододӣ агар мавриди баҳрабардории саҳеҳ қарор гиранд, рўз ба рўз қавитару нерўмандтар мешаванд ва беҳтару дақиқтар ҳақоиқро нишон медиҳанд. Аммо агар муддате дар масирҳои инҳирофӣ қарор гиранд ва ё аслан аз онҳо истифода нашавад, тадриҷан таҳлил рафта ва ё ба куллӣ дигаргун мешаванд ва ҳақоиқро воруна нишон медиҳанд, дуруст монанди оинаи софе, ки гарду ғубори захиме онро бипўшонад ва ё харошҳои зиёду амиқе бар чеҳраи он ворид шавад, ки дигар наметавонад чизеро нишон диҳад ва агар нишон диҳад ҳаргиз бо воқеияти он татбиқ намекунад.

    Ин аъмол нодурусту мавзеъгириҳои инҳирофии инсон аст, ки неъмати бузурги абзори шинохтро аз ў мегирад ва ба ҳамин далел муқассир аслӣ худ ў мебошад ва гуноҳ он низ бар гардани худ ўст.

    Оёти боло тарсими гўёе аз ҳамин масъалаи муҳимму сарнавиштсоз аст, ҳавасбозони мустакбиру худхоҳони мутаассиб ва дунболаравони беқайду шартро ба касоне ташбеҳ мекунад, ки аз як сў дар ғуллу занҷир гирифторанд, ин ҳамон занҷирҳои ҳавас ва кибру ғурур ва тақлиди кўркўрона аст, ки худ бар дасту гардани хеш ниҳодаанд ва бар касоне ташбеҳ мекунад, ки дар муҳосираи ду садди нерўманд ва ғайри қобили убур қарор гирифтаанд.

    Ва аз сўи дигар чашмонашон низ баставу нобино аст. Ғуллу занҷир ба танҳоӣ барои пешгирӣ аз ҳаракати онҳо кофӣ аст, он ду садди азим низ ба танҳоӣ монеи фаъолияти онҳо аст, надоштани чашм ва нобиноӣ худ низ омили мустақилле аст.

    Ин ду сад гўё ба қадре баланду наздик аст, ки ба танҳоӣ қудрати диди онҳоро мегирад, ҳамон гуна ки қудрати ҳаракатро аз онҳо салб мекунад.

    Такроран гуфтаем, ки ҳидоятпазирии инсон то замоне аст, ки ба ин марҳала нарасида бошад, аммо ҳангоме ки ба ин марҳала бирасад, агар тамоми анбиёю авлиё низ ҷамъ шаванд ва тамоми кутуби осмониро бар ў бихонанд, муассир нахоҳад шуд!

    Ва ин ки дар ривоёти исломӣ ва ҳамчунин дар оёти Қуръон таъкид шудааст, ки агар лағзише барои инсон пайдо шуд ва гуноҳе аз ў сар зад, зуд тавба кунад ва ба сўи Худо боз гардад ва аз имрўзу фардо ва исрору такрор бипарҳезад, барои ин аст, ки ба ин марҳала нарасад, зангорҳоро бишўяд, мавонеи кўчакро қабл аз табдил шудан ба як садди бузург вайрон кунад ва роҳи пешрафту ҳаракатро боз нигаҳдорад ва гарду ғуборро аз муқобили дидагони худ фурўбиншонад, то назар тавонад кард.

    2 – Садҳое аз пешу пас!

    Ин савол барои баъзе аз муфассирон матраҳ шудааст, ки монеи аслӣ барои идомаи ҳаракат садҳои пеши рў аст, садди пушти сар чӣ маъно дорад? Баъзе посух гуфтаанд: Инсон дорои ду гуна ҳидоят аст, ҳидояти назарию истидлолӣ ва ҳидояти фитрию виҷдонӣ, садди пеши рў ишора ба ин аст, ки ў аз ҳидоят назарӣ маҳрум мегардад, мехоҳад ба ақиб боз гардад ва ба ҳидояти фитрӣ назар бияфканад, садду монеи пушти сар ўро аз бозгашт ба фитрат бозмедорад.

    Баъзеи дигар гуфтаанд: Садди пеши рў ишора ба мавонее аст, ки ўро аз расидан ба охират ва саодати ҷовидон бозмедорад ва садди пушти сар чизе аст, ки ўро ҳатто аз расидан ба саодату оромиш дар дунё монеъ мешавад.

    Ин эҳтимол низ дар тафсири оят вуҷуд дорад, ки инсон ҳангоме ки дар тариқ ба сўи мақсад ба монее бархўрд кунад ба ақиб бармегардад, то роҳи дигаре ба сўи мақсад пайдо кунад, аммо вақте дар ду тараф садде эҷод шудааст, аз пайдо кардани роҳ ба сўи мақсад ба ҳар ҳол маҳрум мешавад.

    Зимнан посухи ин савол, ки чаро сухане аз садду монее дар тарафи росту чап ба миён наёмадааст, низ равшан шуд, зеро рафтан ба росту чап ҳаргиз инсонро ба мақсад намерасонад, бояд роҳе ба пеш бикушояд.

    Илова бар ин маъмулан садро дар ҷое эҷод мекунанд, ки тарафи росту чап он бастааст, танҳо гузаргоҳе миёни он ду қарор дорад, ки бо эҷод сад он гузаргоҳ низ баста мешавад ва амалан инсон дар муҳосира қарор мегирад.

    3 – Маҳрумият аз сайри офоқӣ ва анфусӣ

    Барои шинохти Худованд маъмулан ду роҳ барои мутолиа вуҷуд дорад: 1 – мутолиа дар нишонаҳои Худо, ки дар ҷисму ҷони инсон аст ва онро оёти анфусӣ меноманд. 2 – мутолиа дар оёте, ки дар беруни вуҷуди ў дар замину осмон ва савобиту сайёрот ва кўҳу баҳрҳо вуҷуд дорад ва онро оёти офоқӣ мегўянд, ки Қуръон Маҷид дар оят 53 сураи Фуссилат ба он ишора карда мефармояд:

    سَنُرِيهِمْ آيَاتِنَا فِي الْآفَاقِ وَفِي أَنفُسِهِمْ حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ الْحَقُّ

    Ба зудӣ оёти худро дар офоқу анфус ба онҳо нишон медиҳем, то барои онҳо собит шавад, ки Худованд ҳақ аст.

    Ҳангоме ки қудрати шинохти инсон аз кор меафтад, ҳам тариқи мушоҳидаи оёти анфусӣ бар ў баста мешавад ва ҳам мушоҳидаи оёти офоқӣ.

    Дар оёти боло ҷумлаи «Мо дар гарданҳои онҳо ғуллҳое қарор додем, ки то чонаҳои онҳо идома дорад ва сарҳои онҳоро ба боло нигоҳ доштааст», ишора ба маънои аввал аст, зеро ғулҳо чунон сари онҳоро ба боло нигоҳ медорад, ки ҳатто қудрати дидани хештанро надоранд ва садҳои пешу пас чунон чашми онҳоро аз мушоҳидаи атрофи худ бозмедорад, ки ҳар чӣ нигоҳ мекунанд, ҷуз девори сад чизеро намебинанд ва аз мушоҳидаи оёти офоқӣ маҳрум мешаванд.

    Бар гирифта аз тафсири Намуна, Макорими Широзӣ

    Баргардонанда:Абдулҳаким Камолӣ