Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Мўҳтавои ва фазилати сураи Ёсин

    Мўҳтавои ва фазилати сураи Ёсин

    Мўҳтавои ва фазилати сураи Ёсин
    Rate this post

    Мўҳтавои сураи Ёсин

    Чунон ки медонем, ин сура дар Макка нозил шудааст, бинобар ин мўҳтавои он аз назари куллӣ ҳамон мўҳтавои умумии сураҳои маккӣ аст, ки аз тавҳиду маод ва ваҳю Қуръон ва инзору башорат сухан мегўяд, дар ин сура чаҳор бахши умда махсусан дида мешавад:

    1 – Нахуст сухан аз рисолати Паёмбари Ислом (с) ва Қуръон Маҷид ва ҳадаф аз нузули ин китоби бузурги осмонӣ ва гаравандагон ба он аст ва то оят ёздаҳ онро идомаи медиҳад.

    2 – Бахши дигаре аз ин сура аз рисолати се нафар аз паёмбарони илоҳӣ ва чигунагии даъвати онҳо ба сўи тавҳид ва муборизаи пайгиру тоқатфарсои онҳо бо ширк сухан мегўяд, ки дар ҳақиқат як навъ тасаллию дилдорӣ ба Паёмбар (с) ва роҳ нишон додан дар анҷоми рисолати бузурги ўст.

    3 – Бахше аз ин сура, ки аз ояти 33 шурўъ мешавад ва то ояти 44 идома дорад, пур аз нукот ҷолиби тавҳидӣ ва баёни гўёе аз оёту нишонаҳои азамати Парвардгор дар олами ҳастӣ аст, дар қисматҳои ахири сура низ аз нав ба ҳамин баҳси тавҳидӣ ва оёти илоҳӣ боз мегардад.

    4 – Бахши муҳимми дигаре аз ин сура дар масъалаҳои марбут ба маод ва далоили гуногуни он ва чигунагии ҳашру нашр ва саволу ҷавоб дар рўзи қиёмат ва поёни ҷаҳон ва биҳишту дўзах сухан мегўяд, ки дар ин қисмат нуктаҳои бисёр муҳимму дақиқе нуҳуфта шудааст.

    Ва дар лобалои ин баҳсҳои чаҳоргона оёти такон диҳандае барои бедорию ҳушёрии ғофилону бехабарон омадааст, ки асари нерўманде дар дилҳову ҷонҳо дорад.

    Хулоса ин ки: дар ин сура инсон бо саҳнаҳои мухталифе аз офаринишу қиёмат ва зиндагию марг ва инзору башорат рўбарў мешавад, ки маҷмўаи бедоркунанда ва нусхаи шифобахшеро ташкил медиҳад.

    Фазилати сураи Ёсин

    Сураи Ёсин ба гувоҳии аҳодиси мутааддиде, ки дар ин замина ворид шудааст, яке аз муҳимтарин сураҳои қуръонӣ аст, ба гунае ки дар аҳодис ба унвон қалби Қуръон номида шудааст.

    Дар ҳадисе аз Паёмбари Ислом (с) мехонем:

    ان لكل شى‏ء قلبا و قلب القرآن يس

    Ҳар чиз қалбе дорад ва қалби Қуръон Ёсин аст!

    Дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а) низ ҳамин маъно омадааст ва дар зайли он меафзояд:

    فمن قرء يس فى نهاره قبل ان يمسى كان فى نهاره من المحفوظين و المرزوقين حتى يمسى ، و من قرأها فى ليله قبل ان ينام و كل به الف ملك يحفظونه من كل شيطان رجيم و من كل آفة

    Ҳар кас онро дар рўз пеш аз он ки ғуруб шавад бихонад, дар тамоми тўл рўз маҳфузу пур рўзӣ хоҳад буд ва ҳар кас онро дар шаб пеш аз хуфтан бихонад, Худованд ҳазор фариштаро бар ў маъмур мекунад, ки ўро аз ҳар шайтони раҷим ва ҳар офате ҳифз кунанд. .. ва ба дунболи он фазоили муҳимми дигаре низ баён мефармояд.

    Боз дар ҳадисе аз Паёмбар (с) мехонем, ки фармуд:

    سورة يس تدعى فى التوراة المعمة ! قيل و ما المعمة ؟ قال تعم صاحبها خير الدنيا و الاخرة …

    Сураи Ёсин дар Таврот ба унвони умумиятофарин номида шудааст. Савол шуд чаро ба он умумиятофарин гуфта мешавад? Фармуд: Ба хотири ин ки касе ки ҳамдаму ҳамнишини ин сура бошад, ўро машмули тамоми хайри дунёву охират мекунад…

    Ривоёти дигаре низ дар ин замина дар кутуби исломӣ омадааст, ки агар бихоҳем ҳамаи онҳоро нақл кунем, сухан ба дарозо мекашад.

    Ба ин тартиб бояд эътироф кард, ки шояд камтар сурае дар Қуръон Маҷид дорои ин ҳама фазилат буда бошад.

    Ва ҳамон гуна ки борҳо гуфтаем ин фазилат барои касоне нест, ки танҳо алфози онро бихонанду мафоҳими онро ба тоқи нисён зананд, балки ин азамат ба хотири мўҳтавои азими ин сура аст.

    Мўҳтавои бедоргару имонбахш ва масъулиятофарину тақвозо, ки вақте инсон дар он андеша кунад ва ин андеша дар аъмоли ў партавафкан гардад, хайри дунёву охиратро барои ў ба армуғон меоварад.

    Фил – мисл дар оят 60 ин сура сухан аз паймоне ба миён меоварад, ки Худованд аз тамоми фарзандони Одам гирифта, ки шайтонро парастиш накунанд, ки шайтон душмани ошкоре аст:

    أَلَمْ أَعْهَدْ إِلَيْكُمْ يَا بَنِي آدَمَ أَن لَّا تَعْبُدُوا الشَّيْطَانَ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُّبِينٌ

    Равшан аст, ки ҳар гоҳ инсон ба ин паймони илоҳӣ пойбанд бошад, ҳамон гуна ки дар аҳодиси боло омадааст, аз ҳар шайтони раҷиме дар амон хоҳад буд, вале агар ин оятро сарсарӣ бихонад ва дар амал аз дўстони мухлису ёрон вафодори шайтон бошад, наметавонад ба ин ифтихори бузург ноил гардад, ҳам чунин дар бораи фард – фарди оёту калимоти ин сура бояд ин муҳосибаро анҷом дод.

    Бар гирифта аз тафсири Намуна, Макорими Широзӣ

    Баргардонанда:Абдулҳаким Камолӣ