Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Имом Табарӣ

    Имом Табарӣ

    Имом Табарӣ
    5 (100%) 1 vote[s]

    Имом Табарӣ

     

    Имом Табарӣ яке аз олимони маъруф ва шаҳири оламиИслом мебошад. Ин шахсияти маъруфи исломӣ, тўли ҳаёт ва зиндагии пурмоҷарои худ миёни табақаҳои гуногуни ҷомеъа мақом ва манзалати хосса касб карда буд. Ў аз зумраи донишмандоне ба ҳисоб мерафт, ки қариб тамоми илмҳои замони худро таълим гирифтаву дар бештари соҳаҳои илм нақше дар сафҳаи таърих гузоштааст. Табарӣ аз олимони маъруфи аҳли суннат ба ҳисоб меравад.  Албатта, қайд кардан ба маврид аст, ки он чизе ки то имрўз шўҳрат ва мақому манзалати Табариро то замони мо оварда расонидааст, асарҳои безаволи ў мебошанд. Ҳамин аст, ки ўро то имрўз донишмандон ва муҳаққиқон  дар ҳама соҳаҳои илм мақом медиҳанд. Аз ҷумла, ўро як олими таърихнигор, ҳадисшинос, фақеҳ ва тафсиркунандаи Қуръон ном мебаранд.
    Ғайр аз ин зуҳд ва тақводории Табарӣ ҳаёти ўро боз ҳам рўшантар ва мақоми ўро миёни инсоният намоён намуд. Рафтор ва сулуки неки ў мактаберо мемонад, ки барои ҳар инсон метавонад созгор бошад. Яъне дар баробари омўзиши асарҳои Имом Табарӣ метавон аз фаъолияти зиндагӣ ва рафтору кирдори хирадмандонаи ў панду андарзҳоеро касб кард.

    Зиндагиномаи
    Имом Табарӣ
    Абуҷаъфар Муҳаммад писари Ҷарир писари Кассир писари Ғолиби Табарӣ дар Омил, яке аз шаҳрҳои Табаристон (Мозандарон) ба дунё омадааст. Ў дар солҳои пеш аз навҷавониаш, яъне дар синни ҳафтсолагӣ машғули омўзиши илм гашт. Дар ин замон дар зодгоҳаш касби илм мекард.
    Ба қавли баъзе аз олимон, Табарӣ даврони ибтидоии илмомўзии худро, яъне то синни дувозадаҳсолагӣ дар зодгоҳаш сипарӣ кардааст. Ў то синни дувоздаҳсолагӣ дар зодгоҳи худ аз бештари илмҳои замон, ки муқаддимаи таҳсили ўро ташкил медоданд, бохабар гардид. Тавре худи ў мегўяд, “дар синни ҳафтсолагӣ Қуръонро ҳифз кардам. Дар ҳаштсолагӣ барои мардум намоз гузоридам ва дар нўҳсолагӣ порае аз аҳодисро нигоштам”. Сипас меафзояд, ки ба хотири рўъёе, ки ба суроғи падараш омада буд, падар аз даврони хурдсолӣ ба таҳсили ў дар улуми дин эҳтимом нишон додааст ва бинобар ин аз 12 -солагӣ ба ташвиқи падар ба Рай рафтааст.
    Дар он замон шаҳри Рай яке аз бузургтарин шаҳрҳои Ирон ва аз назари омўзиши улуми замон, нисбати дигар шаҳрҳо шўҳрати зиёде доштааст. Дар Рай аз Муҳаммад, писари Ҳамиди Розӣ илми ҳадисро фаро гирифт ва мағозӣ (ғазваҳо ва ҷангҳои замони Паёмбар (с) ) – ро аз Муҳаммад, писари Исҳоқи Воқидӣ биомўхт. Сипас барои боз ҳам такмил додани илм ва омўзиш озими Бағдод шуд. Замоне ки Табарӣ дар Бағдод расид, аз марги Имом Аҳмад, писари Ҳанбал чанд рўзе гузашта буд. Табарӣ аз Бағдод ба Восит, шаҳре дар миёни Басра ва Кўфа рафт ва илми ҳадисро, то ҷое ки тавон дошт, аз худ кард. Аз он пас ў ба унвони як фақеҳ ва донишманди исломӣ бар асоси мазҳаби шофеъӣ фатво медод.
    Муҳаммад писари Ҷарир пас аз муддате Байнаннаҳрайнро тарк кард ва барои ошноӣ бо асҳоби раъй ба Миср сафар кард. Ў дар ин сафар аз роҳи Шом ва Бейрут гузашт ва дар соли 253 қ. ҳангоми ҳукумати Аҳмад писари Тулун ба Миср ворид шуд. Табарӣ се сол дар он диёр монд ва дар шаҳри Фустоти Миср назди чанде аз донишмандони он диёр шогирдӣ кард. Дар ин замон ў як олими бузурги замон ба ҳисоб мерафт.

    Сафарҳои
    Имом Табарӣ
    Табарӣ тайи сафарҳои бисёри худ бештар сафарномаҳоеро, ки дарбаргирандаи таърих ва ҷуғрофиёи пеш аз замони худ буд, мутолиа кард. Ҳамчунин дар ин сафарҳо сиранависони гуногунеро дар  ҷаҳони Ислом вохўрд ва иттилооти зиёде аз онҳо  ба даст овард. Ў пас аз зиндагии сесола дар Миср аз роҳи Шом ба Бағдод бозгашт ва пас аз замони кўтоҳе барои дидор аз ватанаш роҳсипор шуда, соли 290 қ. ба Омил омад. Табарӣ пас аз он ки муҳити Омилро барои идомаи таҳсили худ мусоид надид ба Бағдод бозгашт ва дар маҳаллаи Раҳияи Яъқуб иқомат намуд ва мутолиоти худро идома дод.
    Табарӣ дар Бағдод зимни он ки дониши худро дар фиқҳ, таърих, ҳадис такмил мекард, шогирдоне низ  тарбият намуд ва замоне ки дар маҳаллаи Қантараи Албурдони Бағдод зиндагӣ мекард, нигориши таърихи худро бо номи “Таърихир русул вал мулук ва ахбориҳим ва ман кона фи замани кулли воҳидим минҳум”, ки бо номи “Таърихи Табарӣ” шинохта мешавад, ба забони арабӣ оғоз кард. Ў наздики чил сол ба нигоштани “Таърихи Табарӣ” машғул шуд. Ба ин тартиб, аз 48 – солагӣ шурўъ ба гирдоварии нусхаҳои пароканда, сафарномаҳо намуд ва аз 65- солагӣ ба таври мустамир дар Бағдод ёддоштҳои парокандаи худро ба муддати 23 сол танзим кард, то он ки пеш аз маргаш онро ба поён расонид. Табарӣ дар танзим намудани таърихи худ ба хоҳиши Алмуктафӣ, халифаи аббосӣ китобе дар заминаи вақф навишт, ки дарбаргирандаи назари ҳамаи донишмандон ва фақеҳони мусалмон, то он замон буд. Ҳамчунин китобе бо номи “Алфазоил” навиштааст, ки дарбаргирандаи зиндагии хулафои рошидин ва исботу дурустии “Ҳадиси Ғадир” буд ва онро бо зикри фазоили ҳазрати Алӣ (р) ба поён расонд. Инчунин тайи он солҳо китоби “Албаён ат таъвили Қуръон” – ро низ дар тафсири Қуръон навишт.

    Маълумоти мухтасар
    Тамоми ҳаёт ва фаъолияти Табариро муҳаққиқон чунин муайян кардаанд: соли 224 қ. дар Омил ба дунё омадааст. Соли 231 қ. имоми мардуми Омил шуд. Соли 233 қ. нигориши ҳадисро оғоз кардааст. Соли 236 қ. фарогири улуми диниро дар шаҳри Рай назди Муҳаммад писари Ҳамиди Розӣ ва Мусаннӣ писари Иброҳим идома дод. Соли 241 қ. барои баҳрагирӣ аз дарси Абўабдуллоҳ Аҳмади Ҳанбал ба Бағдод рафт, аммо ҳангоме ки ба он шаҳр расид, Аҳмади Ҳанбал даргузашта буд. Соли 242 қ. ба Басра, Кўфа ва Восит рафт ва аз дарси устодони он шаҳрҳо, аз ҷумла Абўкуреби Муҳаммад писари Алои Ҳамадонӣ баҳраманд шуд. Сипас ба Бағдод бозгашт.
    Соли 253 қ. ба Миср рафт, то аз дониши уламои он сарзамин баҳраманд шавад. Ў ҳадисҳои зиёдеро аз Анас писари Молик ва Шофеъӣ ва Ибни Ваҳаб навишт. Соли 270 қ. нигориши тафсири худро ба поён расонид. Соли 290 қ., дар синни 65 -солагӣ  барои дуввумин бор ба зодгоҳи худ Табаристон бозгашт, аммо замони зиёде дар он ҷо намонд. Соли 310 дар Бағдод даргузашт.

    “Таърихи табарӣ”
    Китоби “Таърихи Табарӣ” шарҳи зиндагии башар аз хилқати Одам (а) то замони нигорандаи он аст. Ҳадафи Табарӣ аз нигориши таърих пешкаши таърихи ҷаҳон аз оғози офариниш то замони худи ўст. Аз дидгоҳи ў, сайри рўйдодҳои таърихи ҷаҳон аз замони муайяне оғоз шуда  ва ба рўйдодҳои замони зиндагии нависанда анҷомидааст. Аз назари Табарӣ, таърих дар ҳукми ҷараёни воҳидест, ки дар он ҳар яке аз қавмҳо нақши вижаи худро бозӣ кардааст ва инояти илоҳӣ бо фиристодани паёмбарон (а) ва фиристодани китобҳои осмонӣ бо мардум ҳамроҳ буда, ҳамаи мардумро дар рўдхонае, ки номаш таърих аст, ба сўи мақсаде маълум, рўзи растохез, роҳнамун менамояд.
    Табарӣ таърихи Исломро аз он ҷиҳат менависад, ки ин дини бузург саросари дунёи мутамаддини он замонро фаро гирифта, фарҳангҳои Ирон, Рум ва пайравони динҳои гуногун: масеҳӣ, буддоӣ, зартуштӣ назди он зону задаанд ва падидае, ки натиҷаи омезиши фарҳанг ва тамаддунҳои қадим бо мабонии фарҳанги исломӣ аст, ба вуҷуд омадааст. Табарӣ таърихро дарси ибрат дар дабистони маърифат медонад. Барои намуна, ҳангоме ки саргузашти Хусрави Парвизро мегўяд, ба корҳо ва рафторҳои ў мепардозад. Зеро ў аз гузаштагони худ ибрат нагирифта ва ба чи сарнавиште дучор шудааст. Шеваи ў дар нигориши таърих шеваи муҳаддисон аст, яъне ҳар гоҳ матлаберо аз китобе бардошт кардааст, номи китобро ба рўшанӣ меоварад ва санади худро ном мебарад.
    “Таърихи Табарӣ” ганҷинаи саршор аз одоб ва русуми қавмҳо ва миллатҳо низ ҳаст ва аз лиҳози баррасии вазъияти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дар даврони исломӣ аз манбаъҳои муҳим барои аҳли пажўҳиш ва мутолиа аст.
    Табарӣ аввалин касе аст, ки таърихро аз сиранависӣ ба таърихи умумӣ кашонд. Ў вақте таърихи “Аррусул ва Мулук” – ро менависад, ба таври комил аз устураҳои давраи бостони Ирон оғоз мекунад. Ҳамчуноне ки Ҳиродот дар Юнон аз метолужӣ (устурашиносӣ) оғоз кард.
    Ў таърихи пеш аз Исломро бо иттилооти судманде, ки аз “Худойнома” ва тарҷумаи арабии он, яъне “Сайрул мулукил фурс” ба даст оварда ва ба нигориш даровардааст. “Худойнома” маҷмўае аз гузоришҳои асотирӣ ва таърихӣ дар бораи сарзамин ва мардуми Ирон ва подшоҳони форс то поёни давраи Сосониён будааст.

    Тарҷумаи
    “Таърихи табарӣ”
    Китоби маъруфи ў “Таърихи Табарӣ” бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда мавриди мутолиаи мардум қарор гирифтааст. Аз ҷумла, ҳанўз панҷоҳ сол аз даргузашти Табарӣ паси сар нашуда буд, ки “Таърихир русул ва мулук” – и ўро Абўалӣ писари Муҳаммади Балъамӣ, вазири донишманди Мансур писари Нўҳи Сомонӣ бо тағйирҳое, аз ҷумла ҳазфи номи ровиён ва гоҳҳо ривоятҳои гуногун ба форсӣ даровард. Балъамӣ ба андозае дар “Таърихи Табарӣ” дахл ва тағйирот дароварда, ки нахустин тарҷумаи онро аз арабӣ ба форсӣ ба номи “Таърихи Балъамӣ” ёд кардаанд. Нахустин аврупоӣ, ки бо Табарӣ ошно шуд, Туомс Арпенус (Thomas Erpenius) ховаршиноси ҳолландӣ буд, ки хулосаи “Таърихи Табарӣ” – ро ба забони лотин тарҷума ва аврупоиҳоро бо “Ҳиродоти олами Ислом” ошно кард. Сипас дар садаи нуздаҳуми милодӣ Зутенберг (Zotenberg) ин китобро бо забони фаронсавӣ дар чор ҷилд дар Порис ба чоп расонид. Инчунин олими дигари аврупоӣ Нулдек (Noeldeke)  ва ховаршиноси олмонӣ бахши Сосониёни ин китобро ба забони олмонӣ тарҷума кард. Ҳамин тариқ, шўҳрати китоби таърихии Табарӣ боз ҳам афзун мегардид. Бояд гуфт, ки дигар китобҳои Табарӣ низ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақом доранду хонандаи  беандозаи худро пайдо кардаанд.

    Вафоти Табарӣ
    Табарӣ дар синни 88 -солагӣ, дар хонаи маскунии хеш, дар рўзи шанбе,  дар ду рўзи ахири шавволи соли 310 қ., дар Бағдод даргузашт ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд.
    ҲУВАЙДОИ АБДУЛЛО

    Манбаъ: nahzat.tj