Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Дидгоҳи донишмандон дар бораи Ибни Таймия

    Дидгоҳи донишмандон дар бораи Ибни Таймия

    Rate this post

    Дидгоҳи донишмандон дар бораи Ибни Таймия

    Аз ҳамон рӯзҳои нахустини зуҳури Ибни Таймия ва ибрози ақоиди аҷибу ғарибаш, уламо ва донишмандони зиёде ба мухолифати ӯ пардохта ва гумроҳӣ ва лағзишҳои вайро баён ва равшан намуданд.

    Инак, барои хонандаи азиз аввалан исмҳои донишмандони ҳамасри Ибни Таймияро ҳамроҳ бо дидгоҳҳояшон дар бораи Ибни Таймия оварда, сипас ишорае ҳам ба уламо ва донишмандони баъд аз ӯро ёдовар мешавем.

    Донишмандони муосири Ибни Таймия

    1. Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Атоуллоҳи Искандарии Моликӣ (вафотёфтаи соли 709 ҳ. )

    Заҳабӣ дар бораи вай мегӯяд: “Ў аз бузургонест, ки бар зидди Ибни Таймия қиём кардаанд”. [1]

    Шавконӣ мегӯяд: “Ў аз ҷумлаи касонест, ки бар зидди Ибни Таймия қиём карда ва дар ин роҳ зиёдаравӣ карданд. Ў китобе низ бар радди Ибни Таймия навишт”. (“Ал-бадрут толеъ”-и Шавконӣ, ҷ 1, саҳ 74).

    2. Имом Қозӣ Абдулғанӣ ибни Яҳёи Ҳурронии Ҳанбалӣ (вафотёфтаи 709 ҳ. )

    Ибни Ҳаҷар ӯро ҷузъи уламое зикр карда, ки бо Ибни Таймия мухолифат кардаанд”. [2] Ва ба ҳамин хотир Ибни Касир ӯро шахси кам-илм муаррифӣ карда,[3] дар ҳоле, ки Заҳабӣ дар бораи ӯ мегӯяд: “Имом, қозии қозиҳо, аз раҳбарони бузург, дар мазҳаб миёнарав буд, сираи маҳмуде дошт ва макориму хубиҳои зиёде дошт”. [4]

    3. Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Рафъаи Шофеӣ (вафотёфтаи 710 ҳ. )

    Ў Ибни Таймияро ба баҳсу мунозира фаро хондааст. Бинобар ин аст, ки Шавконӣ аз мақоми ӯ кам карда, гуфтааст: “Ў наметавонад ба Ибни Таймия наздик шавад”. [5]

    Ибни Қозии Димишқӣ дар васфи ӯ мегӯяд: “Шайх, олим, аллома, шайхулислом ва ҳамлкунандаи парчами шофеиҳо дар замони худ”. [6]

    4. Аҳмад ибни Иброҳими Сарӯҷии Ҳанафӣ (вафотёфтаи 710 ҳ. )

    Ибни Тағрии Бардӣ дар бораи ӯ мегӯяд: “Дар илмҳои гуногун саромад буд ва ӯ эътирозҳое дар илми калом (дар ақоид) бар Ибни Таймия дорад”. [7]

    Ибни Ҳаҷар дар шарҳи ҳолаш мегӯяд: “Аз ҷумла китобҳояш “Ар-рад ало Ибни Таймия” аст ва ӯ дар ин китоб боинсоф ва адаб баҳс кардааст. Ва он гоҳ ки хабари он ба Ибни Таймия расид, шурӯъ кард ба навиштани рад бар зидди ӯ”. [8]

    Ибни Касир низ бар радди ӯ ишора карда ва ӯро масхара кардааст. (Таърихи Ибни Касир, ҷ 14, саҳ 67).

    5. Абулфазли Искандаронӣ.

    Ў низ хеле бо Ибни Таймия мухолифат мекард. (“Дурар-ул-комина”, ҷ 1, саҳ 273).

    6. Алӣ ибни Асмаҳи Яъқубии Шофеӣ (вафотёфтаи 710 ҳ. )

    Ибни Ҳаҷар дар бораи ӯ мегӯяд: “Ў аз мухолифони сарсахти Ибни Таймия буд”. [9]

    7. Алӣ ибни Муҳаммади Боҷии Мисрӣ (вафотёфтаи 714 ҳ. )

    Ў мегӯяд: “Дар мунозирае нодурустии чаҳордаҳ маврид аз мавориде, ки Ибни Таймия дар китобҳояш оварда буд, барояш собит кардам”.

    “Ў сахт бо Ибни Таймия мухолиф буд”. [10]

    8. Муҳаммад ибни Абдураҳими Ҳиндии Шофеӣ (вафотёфтаи 715 ҳ.)

    Субкӣ мегӯяд: “Ў дар ҳузури Амир Такиз ва уламои дигар бо Ибни Таймия мунозира кард ва Ибни Таймия аз ин баҳс ба он баҳс ва аз он баҳс ба баҳси дигар фирор мекард. Ба Ибни Таймия гуфт: “Туро монанди гунҷишке ёфтам, ки ҳар ҷо хостам ӯро бигирам, ба ҷои дигар фирор мекунад. . . ” [11]

    Заҳабӣ дар васфи ӯ мегӯяд: “Алломаи ягона,. . дорои эътиқоди хуб ба мазҳаби салаф”. (Зайли Таърихи Ислом, с 137).

    9. Муҳаммад ибни Умари Маккии маъруф ба Ибни Вакили Шофеӣ (вафотёфтаи 716 ҳ. )

    Субкӣ мегӯяд: “Ў бо Ибни Таймия мунозираҳои хубе дошт. . . ” [12]

    Ибни Ҳаҷар мегӯяд: “Ибни Вакил бо Ибни Таймия ҳамеша мунозира мекард”. (“Дурар-ул-комина”, ҷ 4, саҳ 116-123).

    Ибни Касир, Ибни Таймия ва пайравонашон хеле бар ӯ тӯҳмат задаанд. [13]

    10. Зайниддин Алӣ ибни Махлуфи Моликӣ (вафотёфтаи соли 717 ҳ.)

    Ибни Ҳаҷар ӯро ҷузъи уламое, ки бо Ибни Таймия мухолифат кардаанд, ном бурдааст. (“Дурар-ул-комина”, ҷ 1, саҳ 147).

    Ибни Касир ӯро қозии қозиҳо ва ҳокими Миср гуфтааст. (Таърихи Ибни Касир, ҷ 14, саҳ 103).

    11. Наср ибни Сулаймони Мунбаҷӣ (вафотёфтаи 719 ҳ. )

    Ў дар номае Ибни Таймияро насиҳат кард. Аммо Ибни Таймия ӯ ва асҳобашро ба мулҳид ва кофир будан муттаҳам кард. [14]

    Заҳабӣ дар васфи ӯ мегӯяд: “Шайх, имом, муҳаддис, наҳвӣ, зоҳид, обид, қаноатпеша, фақеҳи салаф. . . ” (Зайли “Таърихи Ислом”-и Заҳабӣ, с 167).

    12. Наҷмуддин Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Солим ибни Сасурӣ (вафотёфтаи 723 ҳ. )

    Ў аз мухолифини сарсахти Ибни Таймия буд ва Миззиро, ки аз шогирд ва дӯстони Ибни Таймия буд, зиндонӣ кард ва бо Ибни Таймия дар ин бора сахт мушоҷира дошт. [15]

    Заҳабӣ дар васфи ӯ мегӯяд: “Имом, олим, қозии қозиҳо, бузурги пешвоҳо. . . ”[16]

    13. Алӣ ибни Яъқуби Бакрии Шофеӣ (вафотёфтаи 724 ҳ. )

    Ў бар асоси гуфтаи хеле аз уламо, бо Ибни Таймия мухолифатҳо доштааст. [17]

    Заҳабӣ ва Ёфиӣ дар китобҳои худ Бакриро “имоми ҷалилулқадр ва зоҳиду боҳуш“ васф кардаанд. Аммо Ибни Касир бар ӯ таъна задааст, чун мухолифи устодаш буда.

    14. Фахр ибни Муаллими Шофеӣ (вафотёфтаи 725 ҳ. )

    Ў китобе ба номи “Наҷм-ул-муҳтУдай ва раҷм-ул-муътУдай”-ро бар радди Ибни Таймия навиштааст. [18]

    15. Қозии қузот Муҳаммад ибни Алии Замликонии Шофеӣ (вафотёфтаи 727 ҳ. )

    Ў шефтаи Ибни Таймия буд, вале баъдан аз ӯ дурӣ кард ва ду китоб бар радди вай навишт. (“Дурар-ул-комина”, ҷ 4, саҳ 75).

    Ибни Касир мегӯяд: “Аз ниятҳои хабиси Замликонӣ ин буд, ки мехост баргардад ба Шом ва Ибни Таймияро озор диҳад, ки Худо ба орзуяш нарасонид ва пеш аз расидан ба он ҷо, бо дуо ва нафрини Ибни Таймия аз дунё рафт ва мурд”. [19] Ҳол он ки Ибни Ҳаҷар мегўяд: Ў масмум аз дунё рафт (ва шояд ҳаводорони Ибни Таймия монанди Ибни Касир ба ў заҳр додаанд). Заҳабӣ дар бораи ў мегўяд: Олими замон ва амири шофеиҳо. Ибни Ҳаҷар низ ўро хеле сутуда аст [20], вале Ибни Касир ба ин роҳатӣ ўро муттаҳам мекунад, чун мухолифи устоди дурўғгўяш буда.

    16. Иброҳим ибни Абдураҳмони Фаззории Шофеӣ (вафотёфтаи 729 ҳ. )

    Ибни Ҳаҷар ӯро аз мухолифони Ибни Таймия хондааст. [21]

    17. Алӣ ибни Исмоили Қунавии Шофеӣ (вафотёфтаи 729 ҳ. )

    Ҳасании Димишқӣ дар бораи ӯ мегӯяд: “Ў имом, аллома ва шайхулислом дар замонаш буд”. [22]

    Қунавӣ дар бораи Ибни Таймия мегӯяд: “Ў аз ҷоҳилонест, ки намефаҳмад чӣ мегӯяд. Ў ин масоили тафриқаандозро аз устоди яҳудии паст ва залилаш, ки ба зоҳир мусулмон шуда буд, гирифтааст…”(“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с 88).

    18. Имодуддин Абӯлфидо Исмоил ибни Алӣ ибни Маҳмуд (вафотёфтаи 732 ҳ. )

    Ў дар китоби “Ал-мухтасар фи ахборил башар” (2 с 392) мегӯяд: “Ибни Таймия дар соли 705 ҳ. ба Димишқ эҳзор шуда ва ба хотири ақидааш, ки Худоро ҷисм муаррифӣ мекард, муохиза ва танбеҳ шуд”.

    19. Муфтӣ ва муҳаддис Шаҳобуддин Аҳмад ибни Яҳё ибни Исмоили Ҳалабӣ (вафотёфтаи 733 ҳ. )

    Заҳабӣ дар бораи ӯ мегӯяд: “Аллома, муфтии мусулмонон”. (Зайли “Таърихи Ислом”, с 307).

    Субкӣ дар китоби “Табақотуш шофеия” китоберо ном бурда, ки дар он Муфтӣ Шаҳобуддин дар мавзӯи “ҷиҳат” ба Ибни Таймия рад навиштааст.

    20. Шаҳобуддин Аҳмад ибни Абдулваҳҳоби Бакрӣ (вафотёфтаи 733 ҳ. )

    Ў дар китоби “Ниҳоятул  араб” (с 160) гуфтааст: “Ибни Таймия фатво дода, ки на зиёрати қабри Паёмбар ҷоиз аст ва на қабри Иброҳим ва дигар анбиё ва авлиё. Ва шогирдаш Ибни Қаййим низ дар Байтулмуқаддас чунин суханонеро дар минбар гуфт ва мардум хостанд ӯро бикушанд, вале сарпарасти ҳарам нагузошт. Уламо баъд аз машварат дар бораи гуфтаҳои Ибни Таймия, ба куфри ӯ фатво доданд. Қозӣ Сайфиддини Танкиз қозиҳо ва уламоро ҷамъ кард ва он гоҳ Қозӣ Бадруддин Муҳаммад ибни Ҷамоати Шофеӣ гуфт, ки ӯро бояд боздошт кард ва аз фатво додан манъ ва зиндонӣ намуд. Пас чунин ҳукме содир шуд… Қозии қузот шогирдони Ибни Таймияро дар Димишқ фаро хонд, ки Ибни Касир низ байни онҳо буд. Аз онҳо дар бораи ин сухани Ибни Таймия, ки гуфтааст: “Таврот ва Инҷил таҳриф нашудааст” суол кард. Ибни Касир онро инкор намуд. Аммо дигарон шаҳодат доданд, ки ӯ ин суханро гуфтааст. Сипас ба хотири ин суханаш шаллоқ заданд ва баъд озодаш карданд. Ҳамчунин дигар шогирдони ӯ монанди Ибни Қаййимро низ шаллоқ зад. . . ” Заркалӣ ин китоби Бакриро хеле сутудааст. (“Ал-аълом”-и Заркалӣ, ҷ 1, саҳ 165).

    21. Муҳаммад ибни Абулямани Лахмии Фокиҳии Моликӣ (вафотёфтаи соли 734 ҳ. )

    Ў китобе ба номи “Ат-туҳфатул мухтора фир рад ало мункириз зиёра” бар радди Ибни Таймия навишт. [23]

    22. Имом, қозӣ ва фақеҳ Абумаҳосин Ҷамолуддин Юсуф ибни Иброҳим ибни Ҷамлаи Шофеӣ (вафотёфтаи 738 ҳ. )

    Заҳабӣ ва Ибни Ҳаҷар дар шарҳи ҳолаш мегӯянд: “Ў дар озору азияти Ибни Таймия зиёдаравӣ мекард… Аммо ӯ Худо ва Паёмбарро дӯст дошт ва бидъатгузоронро озор медод. Ў шахси диндор ва дорои эътиқоди хуб буд”. (“Дурар-ул-комина”, ҷ 4, саҳ 441. Зайли “Таърихи Ислом”-и Заҳабӣ, с 342).

    Заркалӣ мегӯяд: “Ў аввалин ҳанбалие буд, ки ба мазҳаби Шофеӣ гаравид ва қозӣ буд ва ба ҳадис таваҷҷӯҳ дошт”. (“Ал-аълом”, ҷ 8, с 212).

    Лозим ба ёдоварист, ки дар ин ҷо Заҳабӣ ва Ибни Ҳаҷар Ибни Таймияро аз бидъатгузорон муаррифӣ кардаанд.

    23. Шаҳобиддин ибни Мисрӣ.

    Ў аз уламои Миср аст. Дар дарсаш ба Ибни Таймия ҳуҷум мекард ва ӯро маҳкум менамуд. Вақте ин хабар ба Валиюддини Мардовии Ҳанбалӣ, ки аз пайравони Ибни Таймия буд расид, ба назди Ибни Мисрӣ рафта, ӯро зад”. [24]

    24. Аҳмад ибни Усмони Туркмонии Ҳанафӣ (вафотёфтаи 744 ҳ. )

    Ў китобе ба номи “Ал-абҳосул ҷалила фир рад ало Ибни Таймия” бар радди Ибни Таймия навиштааст. [25]

    25. Абуҳайён Муҳаммад ибни Юсуф ибни Ҳайёни Андалусӣ (вафотёфтаи 745 ҳ. )

    Ў аз дӯстони Ибни Таймия буда ва баъд аз огоҳӣ аз баъзе эътиқодоташ, аз ӯ дурӣ ҷустааст. Ў дар тафсири “Ан-наҳр” зайли ояти “Курсӣ” мегӯяд:

    قال في قوله تعالى: {وسع كرسيه السموات والأرض} ما صورته: وقد قرأت في كتاب لأحمد ابن تيمية هذا الذي عاصرناه وهو بخطه سماه ( كتاب العرش): إن الله يجلس على الكرسي وقد أخلى مكانا يقعد معه فيه رسول الله صلى الله عليه وسلم.

    “Дар китоби ҳамон Ибни Таймияе, ки ҳамасри мост хондам, ки навиштааст: “Ҳамоно Худо бар курсӣ менишинад ва ҷоеро ҳам холӣ гузошта, ки дар он Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳи) ва саллам) менишинад”(Тафсири “Ан-наҳр”, ҷ 1, с 254. “Дафъуш шабаҳ анир Расул”, с 100).

    Ибни Ҳаҷар мегӯяд: “Аввалҳо Ибни Ҳайён Ибни Таймияро хеле бузург мешуморид ва дар шеъре ӯро мадҳ намудааст. Вале баъдҳо аз ӯ мунҳариф шуда ва дар тафсираш ӯро бо хеле бУдай ёд карда ва ӯро ба муҷассима будан нисбат дод. Гуфта шуда, ки ӯ китоби “Арш”-и Ибни Таймияро хонда, мӯътақид шуд, ки Ибни Таймия Худоро ҷисм медонад”. (“Дурар-ул-комина”-и Ибни Ҳаҷар, ҷ 4, саҳ 308).

    Зубайдӣ мегӯяд: Субкӣ гуфтааст: “Китоби “Арш”-и Ибни Таймия аз қабеҳтарини китобҳои ӯст. . . Вақте Ибни Ҳайён ин китобро дид ва хонд, ҳамеша Ибни Таймияро лаънат мекард, то ин ки аз дунё рафт. Ва ин воқеа баъд аз он буд, ки ӯро таъзим ва эҳтиром мекард”. (“Итҳофус-содатил муттақин”, ҷ 1, саҳ 106. “Сайфус сақил”-и Субкӣ, с93).

    26. Шамсиддини Заҳабӣ (вафотёфтаи соли 748 ҳ. )

    Заҳабӣ низ дар ибтидо аз дилдодагон ба Ибни Таймия буд. Бинобар ин Субкӣ менависад: “Ибни Таймия ба Заҳабӣ, Миззӣ, Барзолӣ ва хеле дигар аз пайравонашон зарари ошкоре ворид карда… .” (“Табақотуш шофеия”, ҷ 10, саҳ 400).

    Аммо Заҳабӣ баъд аз огоҳӣ, ба мухолифат бо Ибни Таймия бархостааст. Ў мегӯяд: “Ман бо Ибни Таймия дар масъалаҳои аслӣ ва фаръӣ мухолиф ҳастам”. (“Дурар-ул-комина”-и Ибни Ҳаҷар, ҷ 1, саҳ 151).

    Заҳабӣ дар номаи тӯлоние ба Ибни Таймия, ки машҳур ба “Насиҳати Заҳабия” аст, ба порае аз ин ихтилофҳо ишора карда, ки мо тарҷумаи баъзе аз фақароти муҳимми онро меоварем:

    Субкӣ менависад:

     Номае, ки Заҳабӣ ба Ибни Таймия навишта ва ман (Субкӣ) онро аз хатти қозии қозиҳо Бурҳониддин ибни Ҷамоат навиштам ва ў ин номаро аз хатти Ҳофиз Абўсаид ибни Алоӣ навишта ва ў ин номаро аз хатти Заҳабӣ навиштааст: Ситоиш Худоро бар зиллату хориам, Худоё ба ман раҳм намо ва лағзишамро кам кун ва имонамро ҳифз фармо. . . во шавқам бар бародарони мўъмине, ки маро дар гиря кардан ёрӣ мекунанд. . . Хушо ба ҳоли касе, ки айби худаш ўро аз айби дигарон боз доштааст. То кай зарраеро, ки дар чашми дигарон аст мебинӣ, вале шохаи чашми худатро фаромўш мекунӣ!. То кай худат ва суханонатро мадҳу ситоиш ва олимонро сарзаниш мекунӣ ва аз паи айби мардум мегардӣ. . . Оре, медонам, ки ту ба ман барои ёрии худат мегўӣ: Сарзаниши инҳо, ки бўи Исломро начашидаанд ва Исломро нашинохтаанд, ҷиҳод аст. . . Эй мард туро ба Худо аз мо ҷудо шав, ҳамоно ту, ситезагар ва дорои забони донову бурро ҳастӣ. Паёмбар аз масоиле кароҳат дошт ва аз зиёд савол кардан, манъ кард ва фармуд: “Бештарин чизе, ки барои умматам аз он метарсам, мунофиқони бурро ва доно забон аст” зиёд сухан гуфтани белағзиш агар аз ҳалолу ҳаром бошад, қалбро сахт мекунад чӣ расад бар ин ки ибороти юнусия ва фалсафа бошад ва он куфр аст, ки қалбро мемиронад ва кўр мекунад. . . то кай куфриёти фалсафаро мековӣ то ба ақлҳои мо баргардонӣ, эй мард ҳамоно файласуфҳо ва китобҳои онҳоро борҳо балъидӣ. . . ба зиён ва нокомии касе, ки аз ту пайравӣ кунад ҳамин бас, ки ҳатман чунин касе дар маърази зиндиқ (кофир) шудан ва нобудӣ қарор хоҳад гирифт ба хусус, ки агар кам-илм ва дин ва шаҳватрон бошад. Вале ў барои ту фоида дорад, назди ту бо дасту забонаш ҷиҳод мекунад ва дар ҳақиқат душмани туст. Ғайри ин аст, ки аксари пайравонат ҳамнишинони вобаста, кам ақл ё ҷоҳилу каззобу бефаҳм ё бо маҳорат дар фиребу ҳилагарӣ ҳастанд. Агар маро тасдиқ намекунӣ, пас худат онҳоро бисанҷ ва одилона имтиҳонашон кун. Эй мусулмон хари шаҳвататро барои ситоиши худат пеш наандоз. То кай худатро тасдиқ мекунӣ ва хубонро душман медорӣ. То кай худатро бузург мешуморӣ ва дигаронро кўчак. То кай сухани худатро мадҳ мекунӣ ба гунае, ки ба Худо қасам аҳодиси саҳеҳайнро он гуна мадҳ намекунӣ. . . оё вақти он нарасида аст, ки тавба кунӣ? Ту дар 70 солагӣ ба сар мебарӣ ва марг наздик шудааст. Ба Худо қасам фикр намекунам, ки ту маргро ба ёдат биоварӣ, балки касеро, ки ёди марг мекунад таҳқир мекунӣ. Гумон намекунам, ки суханамро қабул кунӣ ва майле ҳам ба мавъизаи ман нахоҳӣ кард ва ту ҳиммати бузурге дорӣ бар навиштани чандин ҷилд китоб барои ботил кардани ин навиштаи ман. . . ва агар ҳоли ту назди ман, ки дўстдору мушфиқ ҳастам, ин бошад, пас назди душманонат чӣ ҳол дошта бошӣ. Ба Худо қасам байни душманони ту шахсиятҳои солеҳ, оқил ва фозил вуҷуд дорад чунон, ки байни дўстонат дурўғгўёну фоҷирон ҷоҳилону кўрону говҳо вуҷуд доранд. Ман аз ту розӣ ҳастам, ки маро ошкоро дашном диҳӣ, вале дар пинҳонӣ аз суханонам фоида барӣ. Худо раҳмат кунад касеро, ки айбамро ба ман ҳадя диҳад… . [26]

    Ёдовар мешавем, ки ваҳҳобиҳо имрўза ин номаро такзиб мекунанд ва мегўянд: Онро дигарон сохта ва ба Заҳабӣ нисбат додаанд. Вале шумо ба китобҳои Заҳабӣ ба хусус китоби “Сияру аъломун набало”-и ў муроҷиат кунед хоҳед дид, ки ў чӣ гуна дар бораи истиғоса ва тавассул ва дуо назди қубури авлиё, матолиб нақл мекунад ва бо Ибни Таймия мухолифат мекунад. Ва мо намунаҳоеро дар китоби “Тавассул ва истиғоса дар Ислом” зикр кардем ва ҳатто дар баъзе маворид муҳаққиқони он китоб, ки ваҳҳобӣ ҳастанд ба равшанӣ баён кардаанд, ки Заҳабӣ он суханро бар радди Ибни Таймия гуфтааст ва суханони зер низ, ки аз Заҳабӣ аст ва ҳеҷ шакку ихтилофе дар он нест, ба ҳақиқати ин номаи Заҳабӣ ва назари ў дар бораи Ибни Таймия далолат мекунад.

    Заҳабӣ баъд аз нақли талаби шифо намудани Аҳмад ибни Ҳанбал бо оби мӯи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ), бо сарзаниши Ибни Таймия мегӯяд:

    “أين المتنطع المنكر على أحمد وقد ثبت ان عبد الله سأل أباه عمن يلمس رمانة منبر النبي ويمس الحجرة النبوية، فقال: لا ارى بأس. اعاذنا الله واياك من رأي الخوارج ومن البدع. ”

    “Куҷост он забондарози мункир бар Аҳмад?. . Ҳамоно собит шуда, ки Абдуллоҳ дар бораи касе, киба ҷиҳати табаррук дастаи минбарро ламс мекунад ва ҳуҷраи Паёмбарро низ (барои табаррук) масҳ мекунад, аз падараш Аҳмад ибни Ҳанбал савол кард. Аҳмад гуфт: “Ман ҳеҷ мушкиле бар он намебинам. ” Сипас Заҳабӣ бо ишора ба назари амсоли Ибни Таймия, ки табуррукро навъе ширк медонанд, мегӯяд: “Худо мо ва шуморо аз раъйу назари Хавориҷ ва бидъатгузорӣ паноҳ диҳад”. [27]

    Дар гузашта низ дидем, ки Заҳабӣ ба бидъатгузор будани Ибни Таймия ишора кард он ҷо, ки дар бораи Юсуф ибни Иброҳим, ки Ибни Таймияро озор медода, гуфт: Ў бидъатгузоронро озор медод.

    Бояд хуб диққат дошта бошем, ки Заҳабӣ бо ин суханонаш раъю назари Ибни Таймияро мувофиқ бо назари хавориҷ муаррифӣ карда ва таҳрими тавассул ва табаррук ва. . . ро аз бидъатҳои ў донистааст.

    27. Тақиюдин Муҳаммад ибни Абӯбакри Ихноии Моликӣ (вафотёфтаи 750 ҳ. )

    Ў китобе навишта ба номи “Ал-мақолатул марзия фир рад ало ман юнкиру зиёратал муҳаммадия”. Ў қозии қузот будааст. Ибни Ҳаҷар низ дар бораи вай мегӯяд: “Аз мухолифони сарсахти Ибни Таймия ва пайравонаш буд”. (“Рафъ-ул-иср”-и Ибни Ҳаҷар, с 353).

    28. Алӣ ибни Абдулкофии Субкии Шофеӣ (вафотёфтаи 756 ҳ. )

    Ў аз қузот ва уламои барҷастаи аҳли суннат ва шофеимазҳаб мебошад. Субкӣ дар ақида ва фиқҳ шаш китоб бар радди Ибни Таймия навиштааст ба номҳои:

    ● “Шифоус сиқом фи зиёрати хайрил аном”;

    ● “Ад-дурратул музия фир рад ало Ибни Таймия”;

    ● “Ал-эътибор би бақоил ҷаннати ван нор”;

    ● “Аш-шиннул ғора ало ман анкара сафариз зиёра”;

    ● “Ан-назарул маҳаққақ фил ҳалф биттилоқил муаллақ”;

    ● “Нақдул иҷтимоъ вал ифтироқ фи масоилил имони ват талоқ”.

    Ба зудӣ баъзе аз суханони ӯ дар бораи ақидаи Ибни Таймия хоҳад омад.

    29. Салоҳуддин Халил ибни Кайкалидии Димишқии Мақдисӣ (вафотёфтаи 760 ҳ. )

    Ў дар рад бар фатвоҳои Ибни Таймия (перомуни зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)) аҳодиси ворида дар бораи зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро барои устодаш Бурҳонидини Фаззорӣ ҷамъ овардааст.

    30. Баҳоуддин Абдулваҳҳоб ибни Абдураҳмони Шофеӣ (вафотёфтаи 764 ҳ. )

    Ў китобе ба номи “Ал-ҳаводис ло аввала лаҳо” бар радди Ибни Таймия навиштааст. Ҳамчунин дар китоби “Ал-мунқизу миназ залал” низ бар Ибни Таймия рад навиштааст.

    31. Изз ибни Ҷамоати Канонӣ (вафотёфтаи 767 ҳ. )

    Ў дар бораи Ибни Таймия мегӯяд: “Ў касест, ки Худо ӯро гумроҳ карда ва либоси зиллату хориро бар ӯ пӯшондааст”. (“Ҷавҳар-ул-муназзам”-и Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, с 30. “Шавоҳид-ул-ҳаққ”-и Набаҳонӣ, с 15).

    Замоне ки фатвои Ибни Таймия дар бораи манъи сафар барои зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба ӯ расид, бар ҷавози он фатво дода, гуфт: “Гӯяндаи ин сухан гумроҳ ва бидъатгузор аст”. (“Дафъу шабаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”-и Абӯбакри Ҳасанӣ, с 325).

    32. Абдуллоҳ ибни Асъад ибни Алии Ёфиии Макии Шофеӣ (вафотёфтаи 768 ҳ. )

    Ў мегӯяд: “Дар соли 705 ҳ. фитнаи шайхи ҳанбалиҳо Ибни Таймия воқеъ шуд”. Сипас ба чандин бор зиндонӣ шудани Ибни Таймия ишора карда, мегӯяд: “Ў дар Миср ба мардум мегуфт: “Худо дар ҳақиқат рӯи Арш қарор гирифта ва ҳамчунин Худованд бо ҳарф ва овоз сухан мегӯяд”. Сипас дар Дамишқ ва ғайри он нидо дода шуд, ки: “Ҳар ки ҳамақидаи Ибни Таймия бошад, хуну молаш ҳалол аст”. (“Дурар-ул-комина”-и Ибни Ҳаҷар, ҷ 2, саҳ 249).

    Ёфиӣ аз таърихнависони бузурги аҳли суннат ва ҳамасри Ибни Таймия ва аз шофеиҳои Яман буда ва дар Макка зиста ва он ҷо низ аз дунё рафта ва аз ҷумлаи китобҳояш “Миръот-ул-ҷинон” аст. [28]

    Ибни Қозӣ Шаҳба дар бораи Ёфиӣ мегӯяд: “Имом, ориф, фақеҳ, олим, шайхи Ҳиҷоз. . . ”. (“Табақотуш шофеия”, ҷ 3, саҳ 246).

    33. Қозии қузот ва муҳаддис Тоҷиддин Абдулваҳҳоб ибни Алии Субкии Шофеӣ (фарзанди Субкии қаблӣ) (вафотёфтаи 771 ҳ. )

    Ҳам ӯст, ки гуфтааст: “Ибни Таймия ба Заҳабӣ, Миззӣ, Барзолӣ ва пайравонашон зарари ошкоре расонда ва. . . ”[29]

    Ў дар мадҳи падараш, ки дар радди бидъатҳои Ибни Таймия қиём кардааст, ишора карда ва падарашро сутудааст. [30]

    34. Зиёуддин Халил ибни Исҳоқи Моликӣ (вафотёфтаи 776 ҳ. )

    Қасталонӣ мегӯяд: “Дар “Мансак” Алломаи Халил гуфтааст: “Ба Паёмбар тавассул ҷӯед ва аз Худо бихоҳед, ки ба обрӯи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҳоҷатамонро бароварад. Чун ӯ маҳалли фурӯ рехтани кӯҳҳои гуноҳ аст. . . Бузургии он ҳазрат пеши Худо чунон аст, ки ҳеҷ гуноҳе бо он баробарӣ намекунад. Ҳар ки ақидааш бар хилофи ин бошад, маҳрумест, ки Худо биноияшро аз байн бурда ва дилашро гумроҳ кардааст. Оё чунин касе гуфтаи Худоро, ки фармуда: “Ва эй кош онҳо замоне ки бар ҷони хеш ситам намуданд, пеши ту (эй Муҳаммад!) омада ва аз Худо талаби мағфират ва бахшиш менамуданд ва Паёмбар барояшон талаби мағфират менамуд!” (Сураи Нисо, ояти 64)нашунидааст?”

    Қасталонӣ гуфтааст: “Шояд мақсудаш таъна бар Ибни Таймия бошад”. [31]

    35. Муҳаммад ибни Абдуллоҳ маъруф ба Ибни Батута (вафотёфтаи 779 ҳ. )

    Ў дар китобаш менависад:

    “Бузурги фуқаҳои ҳанбалиҳо дар Дамишқ Тақиюддин ибни Таймия буд… ӯ ҳарчанд дар ҳар фанне сухан мегуфт, вале дар ақлаш чизе буд (яъне ақлаш норасо буд). Ман дар он вақт дар Дамишқ будам ва ба намози ҷумъа ҳозир шудам. Ибни Таймия, ки дар минбар барои мардум суханронӣ мекард, аз ҷумлаи суханонаш ин буд, ки гуфт: “Худо ба осмони дунё фуруд меояд ба монанди ин фуруд омадани ман”. Инро гуфта, як пилла аз минбар поин омад. Яке аз фуқаҳои моликӣ маъруф ба Ибни Заҳро бар ӯ эътироз намуда, гуфтаҳояшро инкор кард. Мардум ба ӯ ҳуҷум оварда, ӯро бо дасту кафшҳояшон заданд, то ҳадде, ки салла аз сараш афтод. . . ӯро ба хонаи қозии ҳанбалиҳо Иззуддин ибни Муслим бурданд. Ў вайро ибтидо зиндонӣ кард, вале баъд ёрияш намуд. Қозии моликиҳо ва шофеиҳо ин амал ва ёрӣ кардани қозиро сарзаниш карда, масъаларо ба амири амирон Сайфуддин Танкир шикоят карданд. . . Он гоҳ ӯ ба малик Носир нома навишта ва барои вай чанд кори ношоист (ва фатвоҳои) Ибни Таймияро гузориш дод. Аз ҷумлаи онҳо ин фатво буд, ки: “Касе, киқасди сафар барои зиёрати қабри Паёмбарро кунад, намозашро қаср нахонад (чун сафари гуноҳ анҷом додааст)” ва ғайр аз ин фатвоҳо. . . Он гоҳ малик фармон дод, ки Ибни Таймия дар қалъа зиндонӣ шавад. Сипас ӯро зиндонӣ карданд, то ин ки дар зиндон мурд”. [32]

    36. Зайниддин Абдураҳмон ибни Раҷаби Ҳанбалӣ (вафотёфтаи 795 ҳ. )

    Ў китобе бар радди Ибни Таймия навиштааст. Абӯбакри Ҳасанӣ мегӯяд:

    وكان الشيخ زين الدين ابن رجب الحنبلي ممن يعتقد كفر ابن تيمية وله عليه الرد وكان يقول بأعلى صوته في بعض المجالس: معذور السبكي يعني في تكفيره.

    “Шайх Зайнуддин ибни Раҷаби Ҳанбалӣ аз ҷумлаи касоне буд, ки ба кофир будани Ибни Таймия мӯътақид буданд ва ӯ китобе бар радди Ибни Таймия навишта ва дар баъзе аз маҷолис ҳамеша бо овози баланд мегуфтааст: “Субкӣ дар ин ки Ибни Таймияро кофир хонда, маъзур аст”. (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с 214).

    Заркалӣ дар бораи Ибни Раҷаб мегӯяд: “Абдураҳмон ибни Аҳмад ибни Раҷаб ҳофиз ва аз ҷумлаи уламост”. (“Ал-аълом”, ҷ 3, саҳ 295).

    37. Муҳаммад ибни Арафаи Тунисии Моликӣ (вафотёфтаи 803 ҳ. )

    Ў мегӯяд: “Аз зишттарин чизҳое, ки аз Ибни Таймия нақл шудаааст, суханаш дар бораи китоби “Шифо”-и Қозӣ Айёз аст, ки гуфтааст: “Ин мағрибича ғулув кард”. (Фаҳрисул фаҳориси Тунисӣ, ҷ 1, саҳ 278).

    38. Зайниддин Абдураҳмон ибни Ҳусайни Ироқӣ (вафотёфтаи 804 ҳ. )

    39. Абӯҳасан Иброҳим ибни Умар ибни Ҳасан (вафотёфтаи 805 ҳ. )

    Саховӣ мегӯяд: “Ў ба равшанӣ душмании худ бо Ибни Таймияро дар масоили зиёде баён кардааст”. (“Аз-зуул ломеъ ли аҳлил қарнит тосеъ, ҷ 1, саҳ 107).

    40. Қозии қозиҳо Бурҳониддин Иброҳим ибни Муҳаммад маъруф ба Ибни Хатиб (вафотёфтаи 825 ҳ. )

    Ў ба китоби Абӯбакри Ҳасанӣ, ки дар зер зикр хоҳад шуд, ҳошия навишта ва суханони Ҳасанӣ дар бораи Ибни Таймияро таъйид карда, гуфтааст: “Хатоҳои Ибни Таймия ва пайравонаш равшантар аз ин аст, ки баён шавад”. [33]

    41. Ҳофиз АбӯЗуръа  Валиюддин ибни Зайниддини Ироқӣ (фарзанди Ироқии қаблӣ) (вафотёфтаи 826 ҳ. )

    АбӯЗуръа  мегӯяд: “Шайх Ибни Таймия дар дунё зоҳид буд, вале чунон ки гуфта шудааст, илмаш бештар аз ақлаш буд. Иҷтиҳодаш ӯро ба пора кардану зери по гузоштани иҷмоъ дар масъалаҳои зиёде кашонд. Гуфта шуда, ки он ба 60 масъала мерасад. . . Олимони замонаш ба суръат ба ӯ рад навиштанд ва хатокорӣ ва бидъатгузории ӯро равшан карданд. Ба ҳамин сабаб дар зиндон буд ва он ҷо мурд. . . Мухолифатҳои Ибни Таймия бо иҷмои мусулмонон, танҳо дар фурӯъ набуд, балки хеле аз онҳо дар усул буд. . . Чӣ қадар зишт буд ду фатвои ӯ дар бораи талоқ ва зиёрати (қабри Паёмбар), ки Имом Тақиюддини Субкӣ дар ин ду мавзӯъ бар ӯ рад навишта ва хеле кори хубе кард”. [34]

    42. Абӯбакр ибни Муҳаммад Тақиюддин Ҳасании Димишқӣ (вафотёфтаи 829 ҳ. )

    Умарризо Каҳола дар васфи Ҳасанӣ мегӯяд: “Ҳасании Дамишқии Шофеӣ фақеҳ ва муҳаддис аст”. (“Мӯъҷамул муаллифин”, ҷ 3, саҳ 84).

    Заркалӣ мегӯяд: “Имом Тақиюддини Ҳасанӣ (вафотёфтаи 829 ҳ. ) фақеҳи ботақвост. Ў дорои китобҳои зиёдест, ки аз ҷумлаи онҳост китоби “Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада” аст. (“Ал-аълом”-и Заркалӣ, ҷ 2, саҳ 69).

    Тақиюддини Ҳасанӣ ин китобро, ки Заркалӣ ном бурд, бар радди Ибни Таймия навиштааст, ки мо бархе аз суханони ӯро дар бораи Ибни Таймия ин ҷо зикр мекунем.

    Ў мегӯяд: “Ҳамоно сабаби навиштанам ин чанд ҳарфро ба хотири ба ҳайрат омаданам аст аз қавме, ки ботини хабис дошта ва худро ба мазҳаби сайиди ҷалил Имом Аҳмад нисбат медиҳанд. Ба Худо савганд, ки онҳо бар хилофи он мазҳаб амал мекунанд. Аҷиб аст, ки онҳо Имом Аҳмадро байни мардум бузург мешуморанд, вале дар пинҳониҳо ӯ ва бақияи имомонро гумроҳ мехонанд. Онҳо кофиртар аз касоне ҳастанд, ки такаббур варзида, ҳақиқатро инкор мекунанд. Мардуми авом ва толибилмҳои нотавону беилмро бо фиребҳои шайтонӣ ва изҳори ибодат ва содазистӣ ва хондани аҳодис, гумроҳ мекунанд. Ин фиребкории онҳоро баъзе мардуми авом низ мутаваҷҷеҳ шуданд. Пас бо ин чанд ҳарфе, ки менависам, ҳақиқати онҳо равшантар мешавад иншоаллоҳ, магар барои касе, ки Худованд гумроҳӣ ва дар азоби абУдай боқӣ монданашро хоста бошад”. (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с 20).

    Боз ҳам ӯ мегӯяд: “Ҳар ки азоби абадии ҷаҳаннамро инкор кунад (ки Ибни Таймия аз ҷумлаи онҳост), бо Худованд мухолифат кардааст. Чун Худованд дар Қуръон мефармояд: “Мехоҳанд, ки аз оташ хориҷ шаванд, вале онҳо хориҷ нахоҳанд шуд ва барои онҳо азоби ҳамешагист”. (Моида 37) Оятҳо дар ин бора хеле зиёд аст. . . ” (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”-и Тақиюддини Ҳасанӣ, с 20).

    Боз ҳам ӯ мегӯяд: “Ҳар ки истиво бар Аршро ба маънои мустақар ва ҷойгиршудан дар Арш бигирад, ҳатман байни Худо ва бандагонаш баробариро қоил шудааст”. (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с 39).

    Ин нависанда хитоб ба Ибни Таймия ва пайравонаш мегӯяд: “Шумо мазҳабатонро бо таассуб барои Язид ибни Муовия зинат додед, дар ҳоле, ки соҳиби мазҳаб (Аҳмади Ҳанбал) лаънат кардани Язидро ҷоиз донистааст”. (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с 26).

    Ў дар бораи аҳодисе, ки дар онҳо омадааст: “Худованд ҳар шаб ба осмони дунё фуруд меояд. . . ” мегӯяд: “Ин ҳадисро 20 нафар аз саҳоба ривоят кардаанд. Дар гузашта баён кардем, ки барои Худованд ҳаракат ва тағйир маҳол аст. Чун ин аз сифатҳои ҳодис аст ва ҳар ки ин чизро дар ҳаққи Худованд гӯяд, Худоро ба махлуқоташ монанд карда ва ин куфри равшан аст. . . ” (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с 39).

    Баъд, аз Ибни Ҷавзӣ нақл мекунад, ки гуфтааст: “Ҳар ки “Истиво алал-Арш”-ро ба маънои қарор гирифтани Худованд бар Арш донад, мо аз ӯ безор ҳастем. Онҳо мазҳаби моро паст карданд ва ба хотири сухани онҳо мардум бар мо айб мегиранд”. (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с 44).

    Ёдовар мешавем, ки қабл аз Ибни Таймия, Ибни Абӯяъло низ ҳамин эътиқодро дошта ва сухани Ибни Ҷавзӣ мутаваҷҷеҳи ӯ будааст.

    Боз ҳам Ҳасании Дамишқӣ мегӯяд:

    وسئل الأمام الشافعي عن الاستواء؟ فقال: (آمنت بلا تشبيه وصدقت بلا تمثيل واتهمت نفسي في الأدراك وأمسكت عن الخوض فيه كل الأمساك). وسئل الأمام أبو حنيفة عن ذلك؟ فقال: (من قال: لا أعرف الله أفي السماء أم في الارض فقد كفر لأن هذا القول يؤذن أن لله سبحانه وتعالى مكانا ومن توهم أن لله مكانا فهو مشبه. وسئل الأمام مالك عن الاستواء؟ فقال: (الاستواء معلوم والكيف مجهول والأيمان به واجب والسؤال عنه بدعة. فنفى العلم بالكيف فمن استدل بكلامه على أنه -سبحانه وتعالى- فوق عرشه فهو لجهله وسوء فهمه.

    “Аз Имом Шофеӣ дар бораи “истиво” савол шуд ва ӯ чунин посух дод: “Имон овардам ба истиво бидуни (он ки истивои Худовандро ба монанди қарор гирифтани махлуқоташ) ташбеҳ намоям ва онро тасдиқ намудам бидуни он ки онро монанд созам. Худамро дар ин ки наметавонам дарк кунам, муттаҳам кардам ва аз фурӯ рафтан дар фикри он худдорӣ кардам”. Аз Абӯҳанифа дар ин бора савол шуд ва ӯ гуфт: “Ҳар ки бигӯяд, ки намедонам, ки Худо дар осмон аст, ё дар замин” ҳатман кофир шуда. Чун чунин сухан дар бораи Худо, ҷой ва макон қоил шудан аст ва ҳар ки хаёл кунад, ки Худованд дорои ҷой ва макон аст, ӯ аз мушаббиҳа аст”. Аз Имом Молик низ савол шуд ва ӯ гуфт: “Истиво маълум аст ва чигунагии он маҷҳул мебошад ва имон ба он воҷиб аст ва савол дар борааш бидъат ба шумор меравад”. Пас Имом Молик илм ба чигунагии истиворо нафй мекунад. Ва ҳар ки ба василаи ин сухани Молик истидлол бар ин кунад, ки Худо бар болои Арш қарор дорад, чунин истидлоли ӯ, ба хотири нодонӣ ва бадфаҳмии вай аст”. [35] (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с 48).

    Боз ҳам Ҳасании Дамишқӣ мегӯяд: “Дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим аз Алӣ чунин ривояте нақл шудааст, ки мегӯяд: “Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳи) ва саллам) шунидам, ки мефармуданд: “Ба зудӣ дар охири замон қавме хориҷ мешаванд, ки аҳмақ ва камақланд. Онҳо ҳарчанд ширинзабон буда ва беҳтарин суханонро ба забон оварда ва Қуръон ҳам мехонанд, вале имон аз ҳулқумашон поинтар намеравад. Аз дин ба монанди берун омадани тир аз камон, хориҷ мешаванд. . . Дар Саҳеҳи Муслим аз Алӣ ривоят шуда, ки мегӯяд: “Аз Паёмбар шунидам, ки мефармуданд: “Қавме аз умматам хориҷ мешаванд, ки Қуръон ва намоз мехонанд, вале он арзише надорад. Рӯза мегиранд, аммо ҳеҷ арзише надорад. Қуръон мехонанд ва гумон мекунанд, ки ба фоидаашон аст, вале он Қуръон хондан низ бар зарарашон аст. Намозашон аз синаашон поинтар намеравад ва чунон ки тир аз камон берун меояд, онҳо аз Ислом хориҷ мешаванд”. Ва низ дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим аз Ибни Умар ривоят шудааст, ки Паёмбар дар минбар фармуданд: “Огоҳ бошед, ки ҳатман фитна аз ин ҷо барпо мехезад” – ишора намуданд ба машриқ – аз ҳамон ҷое ки шохи шайтон аз он ҷо берун меояд”. (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с 81).

    Сипас Ҳасанӣ мегӯяд: “Ин бидъатгузор (Ибни Таймия) аз Ҳаррон аст. Шарқ сарзаминест, ки ҳамеша аҳли бидъат аз он берун меоянд, монанди Ҷаъд ва ғайра”. Дар ҳадиси дигаре омадааст: “Ба зудӣ дар умматам ихтилоф барпо мешавад. (Он ихтилофбарангезон) сухани хуб ба забон меоранд, вале амали бад анҷом медиҳанд. Қуръон мехонанд, вале аз синаҳояшон поинтар намеравад. Аз дин хориҷ мешаванд. . . Онҳо бадтарини халқ ҳастанд. . . Онҳо ба амал ба Қуръон даъват мекунанд, вале худ аҳли Қуръон нестанд. . . Пурсиданд, ки онҳо чӣ нишонае доранд?” Фармуданд: “Нишонаи онҳо тарошидани сар аст. . . ”

    Аҳодис дар ин бора зиёд аст. Дар шинохтани ваҳҳобиҳо як ҳадис ҳам кифоят мекунад, ҷуз барои касе, киХудованд иродаи гумроҳии ӯро карда бошад”. (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с 81).

    Боз ҳам Ҳасанӣ мегӯяд: “Бидон, ки ман дар сухани ин хабис (Ибни Таймия), ки дар қалбаш марази гумроҳист, нигоҳ кардам, ки аз оятҳо ва ривоятҳои муташобеҳ барои фитнаандозӣ пайравӣ мекунад ва дар ин роҳ мардуми авом ва ғайра низ аз ӯ пайравӣ менамоянд. . . Дар он чизҳое ёфтам, ки наметавонам бар забон оварам, чун дар он такзиби Парвардигор ва ҳамчунин иҳонат ба паёмбарон ва хулафои рошидин ва пайравони муваффақи онҳост. Ман аз зикри онҳо гузаштам ва танҳо чизеро зикр мекунам, ки имомони муттақин онро зикр кардаанд”. (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с 83).

    Боз ҳам ӯ мегӯяд: “Шунидем, ки Ибни Таймия ва пайравонаш дар бораи Худованд мегӯянд: “Худованд ҷисм аст ва бо ҳарф ва овоз сухан мегӯяд ва. . . ” Он гоҳ мо дар Миср ва Шом барпо хестем ва ҳар инсони бофаҳме сухани Ибни Таймияро мешунид, ин оятро мехонд: “Лақад ҷиъта шайъан нукро” (Ҳамоно чизе мункар овардӣ). Абуҳасан Алии Дамишқӣ аз падараш нақл мекунад: “Дар маҷлиси Ибни Таймия нишаста будем. Пас ӯ сухан ронда, мавъиза кард ва ояти “истиво”-ро ба забон оварда, гуфт: “Қарор гирифт Худо бар Аршаш монанди ин қарор гирифтани ман”. Мардум ӯро аз минбар поин оварда, бо мушт ва кафш ва чизҳои дигар шурӯъ ба заданаш намуданд, то ин ки ӯро ба назди баъзе аз ҳокимон бурданд. . . Дар бораи ин оят: “Худо ҳамроҳи мост” мегӯяд: “Худо ҳамроҳи мост ва ӯ болои Аршаш аст ба маънои ҳақиқӣ (на маҷозӣ). . . ” (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с 88).

    Фатвое, ки бо хатти қозиҳои ҳар чаҳор мазҳаб дар Қоҳира содир шуд, дар муқобили суханоне буд, ки дар бораи зиёрати қабри Паёмбар (Ибни Таймия) гуфтааст, ки зиёрати анбиё ва солеҳин бидъат аст. . . Ин суханони Ибни Таймия ботил ва мардуд аст. Ҷамоате аз олимон нақл кардаанд: “Зиёрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳи) ва саллам) ҳатман фазилат ва суннатест ва мавриди иттифоқи ҳамагон мебошад. Лозим аст ин муфтии номбурдашуда (Ибни Таймия) ба хотири чунин фатвое, ки назди имомон ва уламо ботил аст, азоб дода шавад ва аз фатвоҳои ғариб ва бегона, боздошта шавад ва агар аз он худдорӣ накард, ҳабс ва зиндонӣ шавад”. Ин фатворо Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Саъдуллоҳ ибни Ҷамоати Шофеӣ навишт. Ва Қозӣ Муҳаммад ибни Ҷурайрии Ҳанафӣ низ онро таъйид намуда, изофа кард: “Бояд аз ҳамин ҳозир зиндонӣ шавад”. Ва ҳамчунин Муҳаммад ибни Абӯбакри Моликӣ низ онро таъйид карда, гуфт: “Дар заҷру азобаш зиёдаравӣ шавад, то бо ин амал фасоди рафтори ӯ аз ҷомеа дур карда шавад”. Ва Аҳмад ибни Умари Мақдисии Ҳанбалӣ низ онро таъйид кард”. (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с 96).

    Дар фатвои дигаре Ибни Таймия гуфтааст: “Зиёрати қабри Паёмбар ва дигар паёмбарон ба иҷмои қатъӣ гуноҳ ва ҳаром аст”. Ба ҷиҳати чунин фатвое ғайрати Қозӣ Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Абдураҳмони Қазвинӣ ҷӯшид. . . ва он гоҳ ба бидъатгузорӣ ва залилӣ ва гумроҳии Ибни Таймия иттифоқ карданд ва ӯро зиндонӣ карданд. Заҳабӣ баъд аз зикри саргузашти Ибни Таймия мегӯяд: “Сипас дар Дамишқ нидо карданд, ки ҳар ки дар ақидаи Ибни Таймия бошад, молу хунаш ҳалол аст”. [36] (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с 96).

    Ҳамчунин Ҳасанӣ ба ин сухани Ибни Таймия, ки гуфтааст: “Азоби ҷаҳаннам ба охир мерасад” ва “олам худ аз аввал буда на ин ки Худо оламро халқ карда бошад” низ ишора карда, мегӯяд:

    “Ҳамоно Ибни Таймия, ки ба дарёи илм васф шудааст, набояд ба он мағрур шуд. Ин сухани баъзе аз имомон дар бораи ӯ ғариб нест, ки гуфтаанд: “Ў мутлақан зиндиқ аст”. Чунин суханеро ба ин хотир гуфтаанд, ки ӯ ба Паёмбар ва Абӯбакру Умар иҳонат карда ва Ибни Аббосро такфир карда ва Ибни Умарро муҷрим ва гумроҳ ва бидъатгузор хондааст ва инро дар китоби “Сиротул мустақим” ва “Ар-Радду ало аҳлил ҷаҳим”-аш гуфтааст. Ман суханонеро аз ӯ хондам, ки дар он имомони чаҳоргона (Абӯҳанифа, Молик, Шофеӣ ва Аҳмад)-ро кофир хондааст (Ибни Фарҳони ваҳҳобӣ низ суханоне монанди инро аз ӯ ва ваҳҳобиҳо нақл кардааст, ки дар оянда хоҳад омад). (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с 116-118).

    Боз ҳам ӯ мегӯяд: “Ба ман хабар расид, ки марде баъд аз дафни Ибни Таймия гуфт: “Дар бораи ин мард суханони мухталифе гуфта шудааст. Ба Худо савганд, инак худ бубинам, ки Худо бо ӯ чӣ кард?” Пас қабрашро кофт ва дид, ки бар синааш мори бузургест. Аз он манзара тарсид. Ин мард мардумро аз эътиқоди Ибни Таймия барҳазар медошт ва ин достонеро, ки худ дида буд, ба онҳо бозгӯ мекард”. (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с 159).

    Ҳасанӣ баъд аз ин ки Ибни Таймия тавассул ва истиғосаро инкор карда (ва гуфта, ки ба иттифоқи мусулмонон намешавад аз мурда талаби ёрӣ кард), намунаҳои зиёде аз истиғоса ва талаби ёрӣ и бузургони аҳли суннат аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)-ро зикр карда, мегӯяд:

    “Ва ту (эй хонанда) агар бо баъзе аз он чӣ гузашт ошно шуда ва онҳоро бо сухани ин шахси пасту залил баррасӣ кунӣ (ки мегӯяд: “Мусулмонон иттифоқ доранд бар ин ки аз мурда савол ва талаби ёрӣ намешавад, чӣ он мурда паёмбар бошад ва чӣ шайх ва ғайра”), ба фуҷур, дурӯғу бӯҳтонгӯӣ ва ба хабистарини мардум буданаш ва ба ин ки ӯ ҳеҷ эътиқоде надорад, яқин хоҳӣ кард. Ва ин одати ӯст, ки (ба дурўғ) иддаоҳои иттифоқ ва иҷмои яқинӣ мекунад. . . ” (“Дафъуш шубаҳи ман шаббаҳа ва тамаррада”, с164).

    43. Қозии қузот Наҷмуддин Умар ибни Ҳаҷҷӣ ибни Аҳмади Саъдии Шофеӣ (вафотёфтаи 830 ҳ. )

    Ў дар посух ба суоле, ки дар бораи Ибни Таймия буд, гуфт: “Вай як олими диндоре буд, вале дар масъалаҳои гуногуне аз роҳи ҳақ хориҷ шуд ва ба ҳукми шариат зиндонӣ шуд. Уҷбу худбоварияш ӯро ба таҷсим (ҷисм донистани Худованд) кашонид; таҷсиме, ки яҳуд онро поярезӣ карданд ва ба Худои ягона (бо ҷисм донистани ӯ) шарик қоил шуданд. Пайравонаш дар ҳаққи ӯ ғулув карда ва ӯро аз ҳамаи имомон ва уламои уммати исломӣ муқаддастар донистанд. Ҳокимони исломӣ ӯро зиндонӣ карданд. Дар Дамишқ нидо дода шуд, ки ба сухану китобҳои ӯ нигоҳ накунед. Сипас пайравони ӯ ва ҳар ки ҳамраъю ақидаи ӯ буд фирор кард. Хеле ҷои тааҷҷуб аст аз ҷоҳилони ҳанбалии ин замон, ки агар ба онҳо гуфта шавад: “Ибни Таймия хато кард” ғазабнок мешаванд. Вале агар гуфта шавад: “Шофеӣ, Абӯҳанифа, Молик ва Аҳмад” хато карданд, ғазабнок намешаванд. Худоё! Шоҳид бош, ки ман аз тамоми касоне, ки туро ҷисм медонанд ва ташбеҳ мекунанд ва аз муаттила, ҳулулӣ, иттиҳодӣ ва зиндиқ ва мулҳид безорӣ меҷӯям! Ва ман безорам аз ҳар касе, киаз зиёрати қабри сарварамон Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳи) ва саллам) ва аз бори сафар бастан барои зиёрати он ҳазрат ва зиёрати қубури анбиё ва авлиё ва солеҳин манъ мекунад!” (“Ал-фатовос саҳмия”-и гурӯҳе аз уламо, с 45).

    44. Алоуддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Бухории Ҳанафӣ (вафотёфтаи 841 ҳ. )

    Шавконӣ мегӯяд: “Алоуддини Ҳанафӣ Ибни Таймияро кофир ва бидъатгузор хонда ва дар маҷолисаш мегуфт: “Ҳар ки Ибни Таймияро шайхул ислом гӯяд, бо ин суханаш кофир мешавад”. [37] Ибни Ҳаҷар мегӯяд: “Ў шадидан бо Ибни Таймия мухолифат мекард”. (“Дурар-ул-комина”-и Ибни Ҳаҷар, ҷ 3, саҳ 40).

    45. Аҳмад ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (вафотёфтаи 852 ҳ. )

    Ў мегӯяд: “Сипас асҳобаш дар бораи ӯ ғулув карданд, ки ин сабаби уҷбу худхоҳии вай шуд ва гумон кард, ки муҷтаҳид шудааст. Он гоҳ шурӯъ кард бар радди хурду бузург ва гузаштаву оянда аз уламо, то ҷое ки ба Умар расид. Дар бораи Алӣ гуфт: “Дар 17 чиз хато карда ва дар он бо Қуръон низ мухолифат кард”. Ибни Таймия ба хотири таассубаш ба мазҳаби ҳанбалиҳо, ашъариҳоро дашном медод, то ҷое ки Ғаззолиро дашном дод ва мардум барпо хестанд ва наздик буд ӯро бикушанд. . . ” (“Дурарул комина”-и Ибни Ҳаҷар, ҷ 1, саҳ 153).

    Боз ҳам Ибни Ҳаҷар менависад:

    وافترق الناس فيه)في ابن تيمية) شيعا فمنهم من نسبه إلى التجسيم لما ذكر في العقيدة الحموية والواسطية وغيرهما من ذلك كقوله: إن اليد والقدم والساق والوجه صفات حقيقية لله وأنه مستو على العرش بذاته. . . ومنهم من ينسبه إلى الزندقة لقوله: النبي لا يستغاث به وأن في ذلك تنقيصا ومنعا من تعظيم النبي . . . ومنهم من ينسبه إلى النفاق لقوله في علي ما تقدم -أي قضية أنه أخطأ في سبعة عشر شيئا- ولقوله: إنه كان مخذولا حيثما توجه وأنه حاول الخلافة مرارا فلم ينلها وإنما قاتل للرئاسة لا للديانة ولقوله: إنه كان يحب الرئاسة ولقوله: أسلم أبو بكر شيخا يدري ما يقول وعلي أسلم صبيا والصبي لا يصح إسلامه علي قول وبكلامه في قصة خطبة بنت أبي جهل وأن عليا مات وما نسيها. فإنه شنع في ذلك فألزموه بالنفاق لقوله: ولا يبغضك إلا منافق.

    “Мардум дар бораи Ибни Таймия чанд даста шуданд: “Гурӯҳе ӯро ба таҷсим (ва он ин ки Худо ба ҷисм будан васф шавад) нисбат додаанд, ба далели он чӣ ӯ дар китобҳои “Ақидатул ҳамавия ва восития” ва ғайра зикр намудааст. Аз ҷумла ӯ гуфтааст: “Ҳамоно даст, қадам, соқ ва сурат сифатҳои ҳақиқӣ барои Худованд ҳастанд ва Худованд зотан болои Арш қарор дорад”.

    Гурӯҳе ӯро зиндиқ (мункири Худо) хондаанд, ба хотири ин суханаш, ки гуфта: “Ба Паёмбар намешавад истиғоса намуд”. Дар ин гуфтораш кӯтоҳ кардан ва манъ аз таъзими Паёмбар аст”.

    Гурӯҳе ӯро мунофиқ хондаанд, ба хотири ин суханонаш, ки гуфта: “Алӣ дар 17 чиз хато кард. Алӣ ба ҳар ҷо ки рӯ овард, он ҷоро хор кард. Алӣ борҳо саъй кард, ки хилофатро соҳиб шавад, вале ба он нарасид. Ў танҳо ба хотири риёсатталабӣ ҷангид, на барои дин. Алӣ риёсатро дӯст дошт. Абӯбакр дар бузургсолӣ имон овард ва медонист чӣ мегӯяд, вале Алӣ дар кӯдакӣ ислом овард ва исломи кӯдак бар асоси қавле саҳеҳ нест”. Ва низ ба хотири суханаш дар бораи хостгории Алӣ аз духтари Абӯҷаҳл ва ин ки Алӣ мурд ва он духтар аз ёдаш нарафт. . . ӯро мунофиқ донистанд, ба далели ин ҳадиси набавӣ, ки Паёмбар фармудаанд: “Касе ғайр аз мунофиқ Алиро душман намедорад”. (“Дурар-ул-комина”-и Ибни Ҳаҷар, ҷ 1, саҳ 154).

    Ин аст сухани олими бузурги аҳли суннат ва эътирофи ӯ бар душмании Ибни Таймия бо Имом Алӣ.

    Боз ҳам Ибни Ҳаҷар мегӯяд: “Ибни Таймия аз минбар ду пилла поин омада, гуфт: “Худо ин гуна, яъне ба монанди поин омадани ман, поин меояд”. [38] Дар 15 Рабиулаввали соли 707 ҳ. дар ҳузури қозӣ аз Ибни Таймия хостанд, ки аз ин суханаш, ки Худоро ҷисм муаррифӣ карда тавба кунад”.

    Боз ҳам Ибни Ҳаҷар мегӯяд: “Ибни Залмиконӣ ва Ибни Ҳайён (ду шогирди Ибни Таймия) аз ӯ ҷудо шуданд”. (“Дурарул комина”-и Ибни Ҳаҷар, ҷ 1, саҳ 150).

    Боз ҳам ӯ мегӯяд: “Ибни Таймия дар ин китоби “Минҳоҷ-ус-сунна”-аш бисёре аз аҳодиси хубро рад карда ва чӣ қадар дар зиёдаравии худ дар радди сухани нависандаи мухолифаш, ба Алӣ иҳонат карда, ки ин ҷо ҷои зикри онҳо нест”. [39]

    Ибни Ҳаҷар шахсиятест, ки китобҳои ӯ мавриди истифодаи ҳамаи мазоҳиби аҳли суннат аст ва ӯ лақаби шайхулисломиро гирифта ва ваҳҳобиҳо низ наметавонанд дар бораи ӯ сухани норавое бигӯянд.

    46. Ҳамидуддин Муҳаммад ибни Аҳмади Фарғонии Ҳанафӣ (вафотёфтаи 867 ҳ. )

    Ў китобе дар эътиқодот бар радди Ибни Таймия навиштааст. [40]

    47. Аҳмад ибни Умар ибни Усмони Шофеӣ (вафотёфтаи 868 ҳ. )

    Саховӣ мегӯяд: “Ў олими диндору солеҳ буд ва пайравони Ибни Таймияро ба сахтӣ сарзаниш мекард”. (“Аз-зуул ломеъ”-и Саховӣ, ҷ 7, саҳ 47).

    48. Аҳмад Заруқи Шофеӣ (вафотёфтаи 899 ҳ. )

    Ў мегӯяд: “Ибни Таймия шахси мусулмон ва дорои ҳифз ва итқон буд. Аммо дар имон ва ақида мавриди таъна қарор гирифт. Ў ақлаш норасо буд, чӣ расад ба ирфону маърифаташ”. [41]

    Уламое, ки то ин ҷо исмҳояшон ёд шуд, дар қарни 8 ва 9 ҳ. зиста ва аксари онҳо бо Ибни Таймия ҳамзамон будаанд ва чунон ки мулоҳиза намудед, ҳамагӣ ба авсофе чун имом, қозӣ, муҳаддис ё фақеҳ васф шудаанд. Ҳамчунин мулоҳиза кардед, ки аз ҳамаи мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат, уламое буданд, ки бо Ибни Таймия ва ақоиди вай мухолифат карда ва бар ӯ рад навиштаанд.



    [1]. Зайли “Таърихи Ислом”-и Заҳабӣ, с 76.

    [2]. “Дурарул комина”-и Ибни Ҳаҷар, ҷ 1, саҳ 147.

    [3]. Таърихи Ибни Касир, ҷ 14, саҳ 43.

    [4]. Зайли “Таърихи Исломи Заҳабӣ, с 92.

    [5]. “Бадрут толеъ”-и Шавконӣ, ҷ 1, саҳ 79.

    [6]. “Табақотуш шофеия”-и Ибни Қозӣ Шаҳба, ҷ 3, саҳ 66.

    [7]. “Ан-нуҷумуз зоҳира”, ҷ 9, саҳ 213. Таърихи Ибни Касир, ҷ 14, саҳ 67.

    [8]. “Рафъул иср ан қузотил Миср”-и Ибни Ҳаҷар, с 42. “Дурарул комина”, ҷ 1, саҳ 28.

    [9]. “Дурарулкомина”-и Ибни Ҳаҷар, ҷ 3, саҳ 29.

    [10]. “Дурарул комина”, ҷ 3, саҳ 79.

    [11]. “Табақотуш шофеиятул кубро”-и Субкӣ, ҷ 5, саҳ 92. Дурарул комина, ҷ 2, саҳ 19.

    [12]. “Табақоту шофеия”-и Субкӣ, ҷ 5, саҳ 141.

    [13]. Таърихи Ибни Касир, ҷ 14, саҳ 92.

    [14]. “Дурарул комина”-и Ибни Ҳаҷар, ҷ 1, саҳ 147-154.

    [15]. “Дурарул комина”-и Ибни Ҳаҷар, ҷ 1, саҳ 146. Таърихи Ибни Касир, ҷ 14, саҳ 79.

    [16]. Зайли “Таърихи Ислом”-и Заҳабӣ, с 204.

    [17]. “Миръотул ҷинон”-и Ёфиӣ, ҷ 4, саҳ 104. Зайли “Таърихи Ислом”-и Заҳабӣ, с 216. Таърихи Ибни Касир, ҷ 14, саҳ 80.

    [18]. “Сайфус сақил”-и Субкӣ, с 152. “Ал-салафиятул ваҳҳобия, афкоруҳул асосия”-и Ҳасани Саққоф, с 135.

    [19]. Таърихи Ибни Касир, ҷ 14, саҳ 152.

    [20]. Дурарул коминаи Ибни Ҳаҷар, ҷ 1, саҳ 34.

    [21]. “Дурарул комина”, ҷ 1, саҳ 34.

    [22]. Заркалии ваҳҳобӣ мегӯяд: “Қунавӣ фақеҳи шофеӣ ва қозии Шом буд”. (Ал-аълом, ҷ 4, саҳ 264).

    [23]. “Ас-салафиятул ваҳҳобия”-и Ҳасани Саққоф, с 136.

    [24]. “Шазуротуз заҳаб”-и Ибни Аммоди Ҳанбалӣ, ҷ 6, саҳ 282.

    [25]. “Ас-салафиятул ваҳҳобия”-и Саққоф, с 136.

    [26]. Ал-Аълону бит тавбихи лиман заммат таърих”-и Саховӣ с307. Сайфус сақили Субкӣ с 217. Тавфиқур раббонӣ с 206. Маҷмўъатул ақида ва илмул калом”-и Муҳаммадзоҳид Кавсарӣ с 555. Ал-Фатово Саҳмия с 66. Ҳошияи “Зайли Тазкиратул ҳуффози Заҳабӣ”-и Абўлмаҳосини Дамишқӣ, саҳ 320 ва дигарон.

    [27]. “Сияру аъломун нубало”-и Заҳабӣ, ҷ 11, саҳ 211-212.

    [28]. “Ал-аълом”-и Заркалӣ, с 72.

    [29]. “Табақотуш шофеиятул кубро”, ҷ 5, саҳ 444.

    [30]. “Табақотуш шофеиятул кубро”, ҷ 5, саҳ 310-311.

    [31]. “Мавоҳибул ладунния”-и Қасталонӣ, ҷ 8, саҳ 317. “Шарҳи мавоҳиб”-и Зарқонӣ, ҷ 12, саҳ 219.

    [32]. “Ар-реҳлат”-и Ибни Батута, с57-58. “Сайфус сақил”-и Субкӣ, с 6 ва 91 ва 93.

    [33]. “Ал-фатовос саҳмия” (навишта ҷамоате аз уламо) с 49.

    [34]. “Ал-аҷвибатул марзия ало асъилатил маккия” (аз нусхаи хаттӣ).

    [35]. “Дафъу шубҳатут ташбеҳ”-и Ибни Ҷавзӣ, с 275-277.

    [36]. “Дурарул комина”-и Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ҷ 1, саҳ 147.

    [37]. “Бадрут толеъ”-и Шавконӣ, ҷ 2, саҳ 260.

    [38]. “Дурарул комина”-и Ибни Ҳаҷар, ҷ 1, саҳ 154. “Реҳлат”-и Ибни Батӯта 95.

    [39]. Лисонул мизони Ибни Ҳаҷар, ҷ 6, саҳ 319.

    [40]. Аз-Зуул ломеъ”-и Саховӣ, ҷ 8, саҳ 87.

    [41]. Шавоҳидул ҳақ фил истиғоса бисаййидил халқ”-и Юсуфи Набаҳонӣ с 453.

    Баргирифта аз китоби “Ошноӣ бо раҳбаронисалафӣ-ваҳҳобият“, Илёс Қосимов