Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Шахси мӯъмин ва мусалмон ҳамеша аз Худованд метарсад

    Шахси мӯъмин ва мусалмон ҳамеша аз Худованд метарсад

    Шахси мӯъмин ва мусалмон ҳамеша аз Худованд метарсад
    Rate this post

    Қиссаи Ҷавоне,ки ҳамеша ба духтарон менигарист.
    Ҷавоне ба назди олими исломе омад ва аз Ӯ чунин савол намуд:

    “Ман писари ҷавоне ҳастам вале рағбату хоҳишотам хеле зиёд аст ва наметавонам хоҳишоти нафсониамро аз нигоҳ намудан ба сӯйи духтарҳо манъ намоям ҳангоме,ки дар бозор ва ҷойҳои оммави қарор мегирам чикор кунам то аз ин ҳолат наҷот ёбам ?.

    Олим гуфт: “Ман ба саволи ту амали посух мегуям то ба он посухи ман худат қаноъатбахш гарди.

    Олим як истакон ё ҷомеро лабрез аз шир намуда ба дасти он ҷавон дод.Ба Ӯ чунин гуфт ин ҷоми пур аз ширро ба дастат мегири ва оғози бозор то ҷой муъаяне мерави ва коре мекуни,ки аз ин ҷом як қатра шир ба замин нарезад.

    Ин чунин он олим яке аз шогирдонашро бо он ҷавон ҳамроҳ бо Ӯ фиристод то мувозиб бошанд,ки як қатра шир аз ин ҷом нарезад агар ҳангоми роҳ рафтанаш резад дар назди ҳамагон Ӯро бо чубе зананд.

    Ҷавон ҷоми пур аз ширро бар даст гирифт ва хело моҳирона бо он ҷоми пур аз шир аз аввали бозор то ҷойи муаян намудаи он олим ба хуби расид ва қатрае шире аз он ҷом ба замин нарехт.

    Ҳангоме,ки ба назди он Олим расиданд ва аз Ӯ Олим пурсид: “Чандто духтареро дар ин масири роҳ диди ҳангоми роҳ рафтанат?”

    Гуфт ҷавон :”Олими гиромӣ ман дар аснои роҳ рафтанам духтар он тараф истад чизеро дар атрофам мушоҳида нанамудам.Ҳамеша дар тарсу бими он будам,ки агар қатрае шир аз ин ҷом резад дар назди мардуми дар атрофам буда шарманда мешавам аз он чубе,ки бо он маро муроқиби ман маро бо у мезанад”

    Олим гуфт: ” Бале акнун фаҳмиди чунин аст ҳоли шахси муъмин дар ин дунё.Шахси муъмин ва мусалмон ҳамеша метарсад аз Худованд ва хории рӯзи қиёмат ҳангоме,ки иртикоби гуноҳ мегардад дар дунё.”

    Пас бидон ва огоҳ бош писарам ҳамеша,ки ин муъминони ҳақиқи ҳимоя менамоянд нафсҳои саркаши худро аз иртикоби гуноҳон. Зеро ҳамеша рӯзи қиёмат ва ҳисобу китоби онро пеши назар мегузоранд қабл аз даст задан ба гуноҳ ва ё нигаристан ба духтари номаҳрами бегона.

    Муҳаммадиқболи Садриддин

    Манбаъ : Сомонаи Васатият