Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Шароити истиҷобати дуо

    Шароити истиҷобати дуо

    Rate this post

    “Ҳар гоҳ бандагонам аз ту дар бораи ман пурсиданд, (бигӯ) ҳамоно ман наздикам дуои ниёишгарро онгоҳ, ки маро мехонад, посух мегӯям. Пас бояд даъвати маро бипазиранд ва ба ман имон оваранд, бошад, ки ба рушд расанд (ва ба саодат роҳ ёбанд)”. (Сураи Бақара, ояти 186).
    Дуо дар луғат ба маънои хондан омада ва дар истилоҳи фарҳанг ва улуми исломӣ, дуо хондани Худо ва хостани ҳоҷот аз Ӯ аст.
    Дар Қуръони Карим дар сураи Бақара ояти 186 омадааст, ки Худованд мефармояд:
    “Ҳар гоҳ бандагонам аз ту дар бораи ман пурсиданд, (бигӯ) ҳамоно ман наздикам (а онон ва) дуои ниёишгарро онгоҳ, ки маро мехонад, посух мегӯям. Пас бояд даъвати маро бипазиранд ва ба ман имон оваранд, бошад, ки ба рушд расанд (ва ба саодат роҳ ёбанд)”. (Сураи Бақара, ояти 186).
    Ҳамон тавр, ки дида мешавад Худованд ҳеҷ гуна қайду шарте барои дуокунанда нагузоштааст ҷуз ин ки гуфта аз ман савол кунад, яъне бихонад. Оё воқеан ҳамин ки дуокунанда аз Худо дархост кунанд иҷобат мекунад ва ҳеҷ қайди дигаре надорад? Ин тавр ҳам ки сода ба назар мерасад нест, балки шароитеро дар ривоёт баён карданд ва муфассирин ва уламо назарияи худро гуфтаанд ва мо саъй мекунем бархе аз он шароитро баён кунем.
    Маърифат
    Яке аз шароити қабулии дуо маърифат ва шинохти Худованд аст, ки банда аз даргоҳи Ӯ умеди иҷобат дорад зеро, ки ҳар кас ба қадри маърифаташ аз ҳазраташ файз мебарад, пас ҳар қадар маърифати дуокунанда зиёдтар бошад касби файз аз хазонаи раҳматаш бештар хоҳад буд.
    Ҷамъе аз Имом Содиқ (р) савол карданд, ки чаро мо дуо мекунем, аммо мустаҷоб намешавад, ҳазрат фармуданд: Шумо касеро мехонед, ки ӯро намешиносед; вақте ки Худовандро тавре бишносем, ки ҳамаи ҳоҷатҳои моро ба танҳои метавонад бароварда гардонад ӯро мухлисона мехонем, ҳамонгунае ки Қуръон мефармояд:
    Худоро бо ихлос мехонанд.
    Ситоиши Худованд пеш аз дуо
    Дуввумин шароити истиҷобати дуо ин ки пеш аз дуо, Худованди Мутаолро ба бузургӣ, аззамат, карам ва ҷуд, ситоиш кунад ва неъматҳои ӯро ба ёд оварад ва шукри онҳоро баҷо оварад, ки Ҳақ Таоло дар сураи муборакаи Ҳамд ин одобро ба бандагони худ таълим фармудааст, ки пеш аз арзи ҳоҷат ва хостани ҳидоят Худовандро аввал ҳамду сано кунанд.
    Салавот бар Муҳаммаду оли Муҳаммад
    Яки аз дигар шароити мустаҷоб шудани дуо ин аст, ки се салавот бар ҳабиби Худо Муҳаммад ва оли поки ӯст, аз ҳазрати Содиқ манқул аст, ки: “Ҳар кас дуо кунад ва Пайғамбарро(с) ёд нанамояд дуо бар болои сараш истода бол мезанад, чун салавот фиристод боло меравад”.
    Салавот ҳамон калимоте аст, ки ҳазрати Одам (а) аз тарафи Худованди бузург дарёфт кард ва ба василаи он тавба кард, ки пазируфта шуд ва дигар ин ки салавотро худаш амр фармудааст: “Худованд ва малоикаҳо бар паёмбар дуруд мефиристанд, эй муъминон, шумо низ дуруд бифиристед” – пас вақте ки бандаи Худо дуо мекунад ва салавот мефиристад, маҳол аст ё ба таъбири дигар Худованд карим аст аз он ки салавотеро, ки худаш амр карда қабул кунад ва аммо дуоро қабул накунад.
    Истиғфор
    Чаҳорум шароити истиҷобати дуо ин ки чун гуноҳон сабаби маҳрумият аз хайру саодат аст, бояд аз гуноҳон истиғфор кард, то муҷиби рафи мавонеъ гардад, бо истиғфор он монеаҳоро бартараф кунад ва ба зудӣ ҳоҷаташ бароварда шавад. Дар дуои ҳазрати Алӣ(р) ҳам мехонем: “Худоё биёмурз гуноҳеро, ки монеи дуои ман шуда”.
    Аз ҳазрати Содиқ (р) нақл шудааст, ки: “Дар вақти ҳоҷат аввал Худоро ба сифоти камол мадҳ кун, сипас уро дар муқобили неъматҳояш сано бидеҳ ва шукр кун онгоҳ иқрор ба гуноҳон карда, баъд аз он савол кун ва албатта ҳеҷ бандае аз гуноҳ берун намеояд, магар бо иқрор ба гуноҳон”.
    Аз дигар шароити истиҷобати дуо итбидо намудан ба Бисмиллоҳ ва гуфани “Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим аст”.
    Касби ҳалол
    Дигар аз шароити дуо касби ҳалол аст, ки бояд дуокунанда диққат кунад, ки касби ӯ аз роҳи ҳалол ва шиками ӯ аз ҳаром оганда ва пур набошад. Дар ҳадисе аз Имом Ҳусайн (р) ворид аст ки ҳар кас, ки бихоҳад дуояш мустаҷоб шавад, бояд касбашро ҳалол намояд, вақте ки луқма ҳалол набошад, на танҳо дуо мустаҷоб намешавад, балки кор то ҷое мерасад, ки инсон дар баробари имоми худ ва фарзанди Паёмбар (с) меистад ва қасди қатли ӯро мекунад ва ҳеҷ насиҳати ҳақро намепазирад; ҳамон гуна ки намунаи инро мо дар торих мехонем, ки Имом Ҳусайн (а) ба лашкари муқобил дар Карбало, ки қасди ҷони ӯ ва хонадонашро карда буданд, мегуяд:
    Шикамҳои шумо аз ҳаром пур шудааст (ва ин аст иллати хуруҷи шумо алайҳи ман); аз Паёмбари Акрам (с) ҳам аҳодиси зиёде вуҷуд дорад, ки ба ҳамин маъно ишора дорад.
    Риояти вақт ва замон
    Риояти замон яке аз шароити дигари мустаҷоб шудани дуост зеро, ки Худованд баъзе аз замонҳо ва ҳолотро дахили дар қабулии дуо қарор додааст.
    Аз қабили вақти вазидани бодҳо, вақти зуҳр, вақти тулуъ, ҳангоми нузули борон, баъд аз субҳ ва дар вақти намозҳо, ҳангоми хондани Қуръон, ҳангоми азон ва баъд аз он ва дар ҳоли саҷда, ки банда дар ҳоли саҷда аз ҷамии аҳвол ба Худованд наздиктар аст ва ҳангоми риққати қалб ва ҷорӣ шудани ашк, дар дили шаб, ҳангоми рехтани аввалин қатраи хуни муъмин дар роҳи Худо, ки Имом Ҳусайн(а) ҳангоме ки Ҳармалаи малъун бо тир гардани Алии Асғар (фарзанди шашмоҳаи эшон)-ро шикофт, Имом хунро ба осмон пошид ва онҳоро нафрин кард ва аз Худованди Мутаол дархост кард интиқоми маро аз ин қавм бигир.
    Васила
    Шароити дигаре, ки мехоҳем зикр бикунем васила аст, васила яъне: восита қарор додани касе байни худ ва Худо, ки он кас назди Худованди Мутаол азиз ва маҳбуб бошад. Мисли паёмбарон имомон, солеҳин, шуҳадо, авлиё ва бандагони холиси Худованд, ки бахотири онҳо Худованд дуои моро қабул мекунад, ҳамон гуна ки худ мефармояд:
    وابتغوا الیه الوسیله
    Васила дар аҳодис ва Қуръон ба мақоми Набавӣ (с) дар рӯзи қиёмат ва мисли инҳо аст ва ин мунофот бо он надорад, ки дуое, амали хайре ё ҳар сифати ҳамидае, ки муҷиби қурби илоҳӣ мешавад, васила ба сӯи даргоҳи илоҳӣ қарор бигирад.
    Хотима
    Бале ҳамон тавр, ки медонем дуо мағзи ибодат аст ва ҳамин дуо робитаи байни холиқ ва махлуқ, обид ва маъбуд аст, бинобар ин, бо таваҷҷуҳ ба шароите, ки зикр кардем, бояд мудовим дуо кунем. Чизи аҷиб ин аст, ки шароитҳое, ки зикр кардем, ҳама қобили ҷамъ ҳастанд, яъне мешавад як нафар дар як они воҳид ҳам ибтидояш бо Бисмиллоҳ бошад ҳам салавот бифристад, ҳам замонаш муносиб бошад, ҳам маконаш ва…, вале баъзе аз шароитҳо мурооти ҳамешагиро металабанд, мисли касби ҳалол ва маърифат Худо, аммо бояд таваҷҷуҳ дошта бошем, ки бо набудани шароит ҳам бояд дуо кард. Қаблан дониста шуд, ки дуо худ ибодат аст ва дар оёт ва ахбор ба он амр шудааст ва шароит ва мавонее, ки зикр шуд, агарчи дахолати комил дар қабулии дуо доранд, лекин ҳатмӣ нест ва мумкин аст, ки Худованди Мутаол ба фазлу карами худ онро ифобат намояд, албатта бо вуҷуди шароит ва набудани мавонеъ ба иҷобат наздиктар аст, на ин ки ҳатман қабул нахоҳад шуд; зеро ки алтофи илоҳӣ болотар аз он аст, ки битавон тасаввур кард.
    Пас дар ҳар ҳол банда набояд аз дуо ва таваҷҷуҳ ба ҳазрати Қозиюлҳоҷот ғафлат варзида ва кутоҳӣ намояд; ва мабодо нафси аммора ва шайтон ба ӯ ғолиб оянд, ки ин дуоҳои ту бефоида аст ва ҳаргиз қабул нахоҳад шуд, чун яъсу ноумедӣ аз раҳмати Ҳақ, худ гуноҳи кабира аст. Умедворем бародарони имонӣ аз он чи зикр кардем комилан баҳраманд гарданд ва ин бандаи заифро низ дар дуоҳои хайри худ ёд фармоянд.
    yosin.org