Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Шабоҳати ваҳҳобиҳо ба Хавориҷ дар хушунат

    Шабоҳати ваҳҳобиҳо ба Хавориҷ дар хушунат

    Rate this post

    Яке дигар аз шабоҳатҳое, ки байни салафиҳо ва хавориҷ дида мешавад, ин хушунати фавқулодаи ин ду гурўҳ аст дар муомила бо мухолифони худ. Хавориҷ пас аз интихоби Абдуллоҳ ибни Ваҳби Росибӣ, ба Наҳравон рафта ва ба қатлу ғорати мусалмонон пардохтанд. Аввалин қурбонии онҳо Ибни Хаббоб ва ҳамсараш буд, ки ба таври фаҷеонае ба дасти ин бехирадон ба қатл расонида шуданд. Дар замони Нофеъ ибни Азрақ (яке аз раҳбарони хавориҷ) низ онҳо ба куштори мусалмонон дар бахшҳое аз Эрон даст заданд.

    Аммо хушунати пайравони Ибни Абдулваҳҳоб чизе нест, ки бар касе пўшида ва пинҳон бошад. Кушторе, ки онҳо дар тўли умри худ аз мусалмонон кардаанд бисёр ваҳшатнок аст. Аз ҷумлаи аъмоли бисёр ваҳшатноке, ки дар таърихи онон сабт шуда ва ҳатто таърихнигорони салафӣ низ ба он эътироф кардаанд, қатли омми аҷиби мардуми Тоиф ва аз он ваҳшатноктар қатли омми мардуми Ироқ буд.

    Бино бар навиштаи муаррихон, салафиҳо тақрибан баъди даҳ сол аз фавти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, ба манзури ҷалби ғаноим ва кишваркушоӣ ва бо иддаои нашри тавҳид (албатта тавҳид ба гумони худашон) чанд бор ба Карбало ва Наҷаф ҳамла карданд. Онҳо дар ин ҳамла ба шаҳри Карбало ворида шуда ва ҳазорон нафар аз мардуми кўча ва бозор ва занону кўдаконро ба қатл расонданд ва ҳар чи бар сари роҳи худ ёфтанд ғорат карданд. Баъзе аз муаррихон адади кушташудагонро 150000 тан навиштаанд ва мегўянд ҷўи хун дар кўчаҳои Карбало ба роҳ афтод. Ҷолиб ин ки салафиҳо исми ин корро “Ҷиҳод фи сабилил‒лоҳ” ва мубориза барои нашри тавҳид мегузоранд. (Барои огоҳии бештар аз таърихи пурмоҷаро ва ақоиди ваҳҳобият, метавонед аз китобҳои зерин баҳра гиред: “Ал‒ислом фил‒қарн‒ил‒ишрин”, “Ҷазират‒ул‒араб фил‒қарн‒ил‒ишрин”, “Таърих‒ул‒мамлака ас‒саудия”, “Таърихи Наҷд”‒и Олусӣ, “Кашф‒ул‒иртиёб” ва “Таърихи ваҳҳобиён”).

    Лозим ба ёдоварист, ки решаҳои хушунати салафиҳо дар таълимоти пешвояшон Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб нуҳуфта. Мутолиа ва баррасии китоби “Кашф‒уш‒шубуҳот” барои пай бурдан ба решаҳои хушунат дар ақоиди онҳо кофӣ аст:

    1. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бардошти нодурусте дар бораи “тавҳид” ва “ширк” дорад, ки дар фасли сеюми ҳамин китоб перомуни он баҳс ба амал овардем. Вай тамоми касонеро, ки аз Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шафоат назди Худо биталабад, дар ҳоле ки мувофиқи сареҳи Қуръон ва ривоятҳо аст, мушрик ва кофир медонад ва ҷону молу номуси онҳоро мубоҳ мешумурад.

    2. Аз ин ҳам фаротар рафта ва босароҳат мегўяд: Мушрикони замони мо аз мушрикони асри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ки он ҳазрат бо онҳо ҷангид бадтаранд, ба ду далел:

    Аввалан: Мушрикони замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) танҳо дар ҳоли оромиш, ба ғайри Худо рў меоварданд, вале тибқи оятҳои Қуръон ҳангоме ки гирифтори бало мешуданд (масалан гирифтори амвоҷи хурўшони дарёӣ мешуданд), Худоро холисона мехонданд… Вале мушрикони замони мо дар ҳар ду ҳол ғайри Худоро мехонанд, ҳам дар оромиш ва ҳам дар бало.

    Сониян: Мушрикони ҷоҳилият санг ва чўберо мепарастиданд, ки махлуқ ва мутеи Худо аст, вале мушрикони асри мо афроди фосиқро мепарастанд (ки манзураш сарони сўфия аст).

    (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Кашф‒уш‒шубуҳот, ҷ.1, саҳ.27). Ӯ чунин мегўяд:

    فاعلم أن شرك الأولين أخف من شرك أهل زماننا بأمرين: أحدهما: أن الأولين يشركون ويدعون الملائكة والأولياء والأوثان مع الله في الرخاء، وأما في الشدة فيخلصون لله الدعاء… الأمر الثاني: أن الأولين يدعون مع الله أناسا مقربين عند الله. إما أنبياء، وإما أولياء، وإما ملائكة، أو يدعون أشجارا أو أحجارا مطيعة لله ليست عاصية. وأهل زماننا يدعون مع الله أناسا من أفسق الناس…(

    Албатта пас аз ин, хуну молу номуси мусалмононе, ки дар бораи тавҳид бардоште ғайр аз бардошти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ва пайравонашро доранд мубоҳ мегардад. Ин дар ҳолест, ки Қуръон ба сароҳат мегўяд: “Ба он касе, ки ба шумо салом кунад, магўед ту мўъмин нестӣ, то (бо ин баҳона) колои зиндагии дунёро биҷўед, чаро ки ғаниматҳои фаровон назди Худо аст”. (Сураи Нисо, ояти 94).

    Аз он чи дар боло омад метавон фаҳмид, ки чаро “Алқоида”, “Сипоҳи саҳоба” ва соири мутаассибони салафӣ ба осонӣ хуни дигар мусалмононро дар нуқоти мухталифи ҷаҳон мерезанд ва амволи онҳоро ба яғмо мебаранд?

    Куштори “Алқоида” дар Ироқ ағлаб аз мусалмонон буд (чи шиа ва чи суннӣ) ва куштори мутаассибони салафӣ дар Покистон ҳама аз мусалмонон буд.

    Чӣ касе сабаб шуд, ки ин гурўҳҳо ин ҳама бераҳм бошанд? Оё ҷуз ҳамон кас, ки гуфт ғайри салафиҳо мушриканд ва хуну моли мушрик мубоҳ аст? Набояд тааҷҷуб кард, ки хунҳое, ки тарафдорони ин мазҳаб рехтанд, ағлаб хуни мусалмонон буд ва тамоми амволе, ки ба ғорат рафт, амволи мусалмонон буд.

    Ислом ‒ дини раҳмат

    Дар тўли таърих камтар касе ба андозаи салафиҳои мутаассиб ба Ислом зарба задааст. Исломе, ки дини раъфат ва раҳмат буд ва тавсия мекард, ки ҳар коре ба номи “Раҳмон” ва “Раҳим”, ки баёнгари раҳмати омму хосси Худо аст шурўъ шавад.

    Исломе, ки мегўяд: Ҳатто мушрикон агар барои таҳқиқ назди шумо омаданд, онҳоро паноҳ диҳед то оятҳои Қуръонро бишнаванд, сипас онҳоро солим ба ватани худашон бирасонед, хоҳ Исломро бипазиранд ё на:

    “Агар яке аз мушрикон аз ту паноҳ хост, ўро паноҳ деҳ то сухани Худоро бишнавад, сипас ўро ба ҷои амнаш бирасон. Ин (паноҳ додан) аз он рўст, ки онон огоҳӣ надоранд”. (Сураи Тавба, ояти 6).

    Исломе, ки мегўяд: Дар баробари бадиҳо некӣ кунед то душманони сарсахти шумо аз ин ҳама муҳаббат ба хиҷолат омада ва дўсти шумо гарданд:

    “Некӣ ва бадӣ баробар нест. (Бадии дигаронро) ба шевае, ки некўтар аст дур кун, ки (агар чунин кунӣ) он гоҳ он касе, ки миёни ту ва ў душманист, ҳамчун дўсти наздик ва меҳрубон гардад”. (Сураи Фуссилат, ояти 34).

    Исломе, ки мегўяд: “Оё дин чизе ҷуз муҳаббат аст?” (Хисол, саҳ.21).

    Оре, чунин Исломи латиф, зебо ва пур аз муҳаббатро он чунон хашин нишон доданд, ки дўсту душманро аз он безор сохтанд.

    Эй кош ин ғайратҳо дар ҷои худаш мебуд!

    Ин салафиҳое, ки ба ин андоза нисбат ба тавҳид, аз худ ғайрат нишон медиҳанд ва хуну молу номуси дигар мусалмононро ба хотири аъмоли ширколуд (албатта ба гумони худашон) мубоҳ мешуморанд, кош ғайрати худро нисбат ба душманони воқеии Ислом, ки аҳаде шакке дар адовати онҳо надорад, ба кор мегирифтанд!

    Ҳама ба хотир доранд, ки ҳангоме ки Саҳюнисти хуношом тобистони соли 2006 ба кишвари Лубнон таҷовуз намуд ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баробари вай муқовимати беназире аз худ нишон дода ва дар ниҳоят дар зарфи 33 рўз таҷовузгаронро аз по даровард, яке аз муфтиёни ваҳҳобӣ ба номи Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин фатвое ба ин мазмун содир кард, ки набояд касе ба Ҳизбуллоҳ кўмак кунад ва ҳатто ҷоиз нест касе барои пирўзии Ҳизбуллоҳ алайҳи “Исроил” дуо кунад.

    (Манбаъ ‒ http://www.ibnjebreen.com/controller?action=FatwaView&fid=4174)

    Чаро? Чун Ҳизбуллоҳ ҳарчанд мусалмон, вале як ҳизби шиа аст ва “Исроил” ба назари салафиҳо беҳтар аз мусалмонони шиа ҳастанд.

    Бо ин ки бархе аз уламои салафӣ ҳазорон ҷавони содалавҳро бо исдори фатвоҳои худ таҳрик мекунанд то ба Ироқ рафта ва байни мусалмонони шиа худро мунфаҷир кунанд то шиаён маҳв гарданд (чун шиаён ба назари онҳо “мушрик” ба ҳисоб мераванд), вале дар робита бо амалиётҳои шаҳодатталабона дар Фаластин дар баробари саҳюнисти ғосиб назари дигаре доранд.

    Шайх Албонӣ яке аз машҳуртарин уламои салафӣ дар асри ҳозир фатво додааст, ки амалиётҳои шаҳодатталабона дар Фаластин дар баробари “Исроил” ҷоиз нест ва корест ҳаром.

    (Метавонед фатвои Шайх Албониро аз забони худаш дар ин пойгоҳи интернетӣ бишнавед: http://www.youtube.com/watch?v=cwlUYWPZL-M)

    Яке дигар аз уламои муосири салафӣ ба номи Шайх Усмон Хамис низ шабеҳи чунин фатвое дорад.

    (Насси фатвои Шайх Усмон Хамис ин аст:

    إن العمليات التي يقوم بها الشباب الفلسطينيون ليست من الجهاد فإن الجهاد له طريقه المعروف ولا يجوز للإنسان بأي حال من الأحوال أن يقتل نفسه فنفسه ليست ملكا له بل هي ملك الله سبحانه وتعالى وقد جاء في الحديث الشريف عن المصطفى صلى الله عليه وسلم أنه قال من قتل نفسه فهو في النار. وهؤلاء الشباب نحسب أنهم يريدون الخير في أمثال هذه العمليات فنسأل الله أن يعاملهم على أنهم جهال فيعذرون بالجهل أما الشهادة فليس هذا طريقها. والله أعلم.(

    Аз ҳама аҷиб он аст, ки бо вуҷуди иҷмои фуқаҳои исломӣ аз ҷамии мазоҳиб бар ин ки агар қитъае аз замини мусалмонон мавриди ишғоли куффор қарор бигирад, бар ҳамаи мусалмонони ҷаҳон фарз мегардад, ки ишғолгаронро аз он берун ронанд, вале бархе аз уламои салафӣ дар мавриди сарзамини ишғолшудаи Фаластин, ки тавассути саҳюнистҳои ғосиб ишғол гардидааст, назари дигаре доранд.

    Муфтии собиқи Арабистони Саудӣ ва яке аз бузургтарин уламои салафият дар асри ҳозир Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз дар посух ба саволе, ки рўзномаи “Ал‒муслимун” аз ў дар бораи сулҳу созиш бо ҳукумати ғосиби яҳуд пурсида буд мегўяд: “Созиш бо душманон чи ба сурати мутлақ ва чи муваққат ҷоиз аст агар ҳоким дар он маслиҳат бинад, ба далели фармудаи Худованди Мутаол, ки мефармояд: “Ҳаргоҳ рў ба сулҳу созиш оваранд, ту низ ба он рў овар”. Низ ба ин далел, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳар як аз ин ду навъ созишро анҷом додааст, ҳамчунон ки бо аҳли Макка бар тарки ҷанг ба муддати даҳ сол созиш намуд, ки мардум дар амон бимонанд ва даст аз якдигар бардоранд…”

    (Барои огоҳии бештар ба маҷаллаи “Ал‒муҷтамаъ”, шумораи 516, таърихи 21 / 7 / 1415 ҳиҷрӣ муроҷиа шавад.)

    Ин дар ҳолест, ки ҳеҷ як аз уламои исломӣ ба ҳеҷ далеле сулҳу созиш бо ишғолгарони яҳудро ҷоиз намедонанд. Аз ин рўст, ки чунин мавзеъгирии Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз мавриди ғазаби уламои дигар қарор гирифта ва баъзе аз онон посухҳои дандоншикане бар вай додаанд. Аз ҷумла Аллома Юсуф Қарзовӣ бо овардани далелҳои бисёр қавӣ бар чунин дидгоҳи Шайх посух гардондааст.

    (Барои ошноӣ бо дидгоҳи Аллома Юсуф Қарзовӣ ба ин пойгоҳ муроҷиа шавад: http://qaradawi.net/site/topics/article.asp?cu_no=2&item_no=1860&version=1&template_id=105)

    Сиёсат тобеи фатво, ё фатво тобеи сиёсат?

    Рози ин ки аҳёнан чунин фатвоҳое ба суди душманони Ислом ба вижа Амрико ва яҳуди хуношом аз ҷониби шайхҳои салафӣ, ки яксара ҳамаро мушрику фақат худашонро муваҳҳид ҷилва медиҳанд чист?

    Даранге барои ҳар оқиле кофист, ки ба ин роз пай бубарад. Бояд ин розро дар сиёсатҳои бузургтарин ҳампаймони Амрико дар минтақаи Ховари наздик яъне Мамлакати Арабистони Саудӣ, ки дар сояи ҳамин маслаки салафият рўи кор омадааст ҷуст.

    Чаро Шайх Абдулазиз, бо ин ки аз ин қабл мавзеи дигаре дар баробари ишғолгарони яҳуд дошт. дар ин рўзгор фатво медиҳад, ки сулҳу созиш бо яҳуд ишколе надорад. Посухаш хеле равшан аст. Чаро ки ҷаноби Ходимул‒ҳарамайн Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд соли 2002 мелодӣ дар нишасти ҷомеаи кишварҳои арабӣ дар Бейрут (пойтахти Лубнон) тарҳе бар ин асос пешниҳод кард, ки агар ишғолгарони яҳуд аз сарзаминҳои ишғолшуда дар соли 1967 берун раванд, ҳамаи кишварҳои арабӣ, минҷумла Арабистони Саудӣ расман “Исроил”‒ро ба унвони як кишвари мустақил ва ҳамсояи Фаластин эътироф намуда ва билофосила сафоратхонаҳои худро дар “Исроил” боз хоҳанд кард.

    Баъд аз ин мавзеъгирии сиёсии Арабистони Саудӣ, оё Шайх Абдулазиз ба худ ҷуръат хоҳад дод, ки фатво диҳад сулҳу созиш бо “Исроил” дуруст нест?

    Намунаи дигар: Ҳангоми ҷанг миёни ду кишвари мусалмони Ироқ ва Эрон, аксари кишварҳои арабӣ ва дар раъси онҳо Арабистони Саудӣ ва Кувайт, аз Саддом Ҳусайн ба унвони қаҳрамони арабӣ ва фотеҳи Қодисия, ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи моддӣ ва маънавӣ мекарданд. Ба табаи чунин мавзеъгирӣ, ағлаби уламо ва шайхҳои салафӣ низ пушти сари ҳам фатво содир мекарданд, ки ин набард ҷиҳоди фи сабилиллоҳ алайҳи “маҷус” аст ва бояд Саддом Ҳусайн ‒ ин қаҳрамон ва Саъд ибни Абўваққоси замон ҳимоят шавад.

    Вале дар ҷанги аввали халиҷ, он замон ки нерўҳои Ироқ ба сарзамини Кувайт таҷовуз карданд ва Амрико ба баҳонаи ҳимоят аз Кувайт алайҳи Ироқ ҷанг эълом намуд, ҳамин касоне, ки чанде пеш ба Саддом Ҳусайн номи Саъд ибни Абўваққос ва фотеҳи Қодисияро дода буданд, як дафъа назарашон иваз шуда ва ўро “Абраҳа” (ки дар замони падарбузурги ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба Макка ҳуҷум кардааст) хонданд.

    Ҷаноби Шайх Ибни Боз фатво содир кард, ки Саддом Ҳусайн душмани Худо аст, (Манбаъ: http://www.binbaz.org.sa/mat/8382)кофир аст ва лаъни ў ҷоиз мебошад, (Манбаъ: http://www.binbaz.org.sa/mat/259) ҳатто кофиртар аз яҳуду насоро, (Манбаъ: http://www.binbaz.org.sa/mat/256) ҳамкорӣ бо Амрико алайҳи Ироқ ҷоиз аст, (Манбаъ: http://www.binbaz.org.sa/mat/256) ҷанг алайҳи Саддом ҷиҳод дар роҳи Худо аст (Манбаъ: http://www.binbaz.org.sa/mat/257), ва аз ин қабил фатвоҳо, ки аз ҷониби ў ва дигарон аз уламои салафӣ содир гардид.

    Рози ин ки як дафъа “Саъд ибни Абўваққос”‒и замон ва “Фотеҳи Қодисия”, ба “Абраҳа” ва душмани Худо ва кофире, ки куфраш аз яҳуду насоро бадтар аст табдил мегардад чист?

    Оё ҷуз ин ки сиёсатҳои Мамлакати Арабистони Саудӣ ва дар пушти ў Амрико дар баробари сиёсатҳои ҳокими Ироқ тағйир ёфтанд? Оё ҷуз ин аст, ки ин дўсти самимӣ ба душмани сарсахт аз назари сиёсат табдил гардид?

    Дар ин гуна маворид набояд ба дунболи далел аз Қуръон ва ё суннат рафт, ки ҷаноби Шайх чӣ далеле бар куфру илҳоди Саддом доранд? Балки бояд далелро аз манбаи дигаре ҷуст, ки ҷуз сиёсатҳои Арабистони Саудӣ ва Амрико чизи дигаре намебошад.

    Намунаи сеюм: Ҳангоми ҷанги муҷоҳидини Афғонистон бар алайҳи Шўравии ишғолгар, ҷамии уламо ва шайхҳои салафӣ ин набардро ҷиҳод фи сабилиллоҳ хонда (ки шакке дар он нест ва ҳатман чунин буд) ва ҳазорон ҷавонони салаҳшўрро аз манотиқи гуногуни Халиҷ ва соири кишварҳои арабӣ бо таъмини мояҳтоҷи онҳо ба сўи майдони набард гусел карданд. Кор ба ҷое расида буд, ки ҷавонони дар Афғонистон аз ин кишварҳо гирдомада барои худ як гурўҳи муназзаме ташкил доданд. Раҳбарии ин гурўҳро пас аз шаҳодати марҳум Абдуллоҳ ибни Аззом, як миллиардери саудӣ ба номи Шайх Усома ибни Лодан бар ўҳда гирифт ва ин гурўҳ баъдҳо ба номи танзими “Алқоида” маъруф гардид.

    Дар оғоз, яъне он ҳангом ки ҳадафи силоҳи ин гурўҳ ба тарафи Шўравӣ равона буд, уламо ва шайхҳои салафӣ ин шахсро ба унвони муҷоҳид ва қаҳрамон месутуданд ва дар таъйиду ҳимояти ў ҳеҷ кўтоҳӣ намекарданд. Вале ин гурўҳ, ки дар оғоз ба ҳимояти молҳои кишварҳои халиҷӣ, хусусан Мамлакати Арабистони Саудӣ ва аз варои онҳо Амрико рўи кор омада буд, баъд аз хуруҷи нерўҳои Шўравӣ аз Афғонистон, рафта‒рафта аз зери назорати онҳо берун гашта ва ба фикри ин афтод, ки дигар ҳадафро аз Шўравӣ ба ҷиҳати Амрико ва ҳампаймонони ў тағйир диҳад.

    Дар таърихи 11 сентябри соли 2001 ҷаҳониён шоҳиди ҳамла ба биноҳои дугоник дар Амрико шуданд. Билофосила тўҳмат ба сўи гурўҳи “Алқоида” равона карда шуд, ки онҳо дар пушти ин ҳамла қарор доранд. Дере напойид, ки саркардаҳои “Алқоида” низ ин ҳамларо бар зиммаи худ гирифтанд. Ин ҷо буд, ки дигар сиёсати Мамлакати Арабистони Саудӣ дар баробари фарзанди барўмандаш Усома ибни Лодан ва гурўҳи “Алқоида” як дафъа тағйир гардид.

    Чун шайхҳои салафӣ, ки ягона манбаашон дар фатво, кайфияти мавзеъгирии ин мамлакат ва аз варои он Амрико мебошад, бидуни ҳеҷ муқаддимае шурўъ карданд ба исдори фатвоҳое ба ин маъно, ки Усома ибни Лодан “хориҷӣ” ва гурўҳаки ў, яъне танзими “Алқоида” хавориҷ ҳастанд, ки бояд қалъу қамъ гарданд.

    (Барои огоҳӣ бо фатвоҳои уламои ваҳҳобӣ дар бораи “Алқоида” ва Усома ибни Лодан ба ин пойгоҳи интернетӣ муроҷиа шавад:

    http://www.sohari.com/nawader_v/fatawe/fatawe.htm)

    Баҳси баъдӣ: Шабоҳати ваҳҳобиҳо ба Хавориҷ дар таассуби манфӣ

    Манбаъ:Кимиёисаодат