Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Шабоҳати ваҳҳобиҳо ба Хавориҷ дар такфири мусалмонон

    Шабоҳати ваҳҳобиҳо ба Хавориҷ дар такфири мусалмонон

    Rate this post

    Ҳамон тавре ки дар мақолаи якум гузашт, хавориҷ ҳар мусалмонеро, ки дар андеша ва равиш бо онҳо ихтилоф дошта бошад, кофир ва дар баъзе маворид ҳатто мушрик медонистанд. Дар ҷаҳони Ислом то зуҳури хавориҷ, дида нашудааст, ки ҳеҷ мусалмоне, мусалмони дигареро ба маҳзи ихтилоф дар дидгоҳ, ба куфру ширк нисбат диҳад. Ҳатто ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу), ки хавориҷро аз реша барканд, ҳаргиз онҳоро кофир ё мушрик ва ё аз миллат хориҷшуда эълом накард.

     

    Ваҳҳобиҳо низ мусалмононеро, ки дар ақида ва назар бо онҳо ихтилоф доранд, мушрик ва кофир қаламдод мекунанд. Инак намунаҳое аз такфири пешвоёни маслаки ваҳҳобият:

    1. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳар мусалмонеро, ки паёмбар ва ё валиеро бихонад, кофир мешуморад. Ӯ мегўяд: “Ҳар касе, ки паёмбар ё саҳобӣ ва ё валиеро бихонад мисли он ҷо мегўяд: “Эй хоҷаи ман фалон! Маро кўмак кун ва ё маро ёрӣ деҳ”, ба иҷмои уламо ў кофир хоҳад буд”. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.229).

     

    2. Ҳам ў дар китоби “Кашф‒уш‒шубуҳот” аз мусалмонони замони худ, касонеро, ки дар бораи авлиё эътиқодоти хоссе доштанд ва онҳоро мавриди эҳтиром қарор дода ва ба лафзи “саййид” (яъне “хоҷа”) хитобашон менамуданд, мушрик ба ҳисоб меоварад. Ӯ дар фасли сеюм аз ин китоб, дар баёни ҳақиқати тавҳид дар ибодат мегўяд: “Муроди онҳо (яъне кофирони замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)) ин набуд, ки “илоҳ” ҳамон зоти холиқ, раззоқ ва мудаббир аст. Зеро онон хуб медонистанд, ки ҳамаи ин сифот (аз халқу ризқу тадбир) фақат махсуси Худо аст… Балки муродашон аз “илоҳ” он чизест, ки мушрикони замони мо бо лафзи “саййид” ирода мекунанд”. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Кашф‒уш‒шубуҳот, ҷ.1, саҳ.1).

    3. Ҳам ў боз дар ҳамин китоб, яке аз уламои замони худро, ки эътирозоте бар ақоиди вай навишта буд, мушрик хонда мегўяд: “Он чи ту, эй мушрик, аз Қуръон ва каломи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бароям зикр намудӣ, ман маънои онро намедонам…” (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Кашф‒уш‒шубуҳот, ҷ.1, саҳ.15).

    4. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар номае ба яке аз уламои замони худ Шайх Сулаймон ибни Суҳайми Ҳанбалӣ, ўро чунин хитоб мекунад: “Бароят ёдовар мешавам, ки ту ва падарат тасреҳ ба куфр, ширк ва нифоқ мекунед… Ту ва падарат шабу рўз дар душманӣ бо ин дин кўшиш мекунед… Ту марде ҳастӣ огоҳона якрав, гумроҳ ва баргузинандаи куфр бар Ислом… Ин китоби шумо дар пеши ман аст, ки дар он куфри шумо ошкор аст”. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.226‒228).

    5. Ҳамчунин Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб уламое чун Ибни Арабиро на танҳо кофир, балки кофиртар аз Фиръавн медонад. Ӯ мўътақид аст касе, ки Ибни Арабиро кофир надонад ва ё ҳатто шак дар кофир буданаш дошта бошад кофир аст. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.72).

    6. Боз ҳам ў, бино бар он чи дар китоби “Ад‒дурар” омадааст, муфассири бузург Фахри Розиро ҳам такфир намудааст. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.222).

    7. Ба ақидаи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҷамии мутакаллимон кофиранд. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.263).

    8. Аз назари ў фиқҳ айни куфр аст. Вай дар номае ба яке аз фуқаҳои замонаш Ибни Исо, ояти “(Яҳуд ва насоро) уламо ва донишмандони худро арбобоне ба ғайри Худо гирифтаанд”‒ро зикр намуда мегўяд: “Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва имомонои баъд аз ў ин оятро ба ҳамин илме, ки шумо имрўз номашро “фиқҳ” гузоштаед тафсир кардаанд…” (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.277).

    9. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мегўяд: “Муаттил бадтар аз мушрик аст”. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ақидатуш‒Шайх Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.174).

    Ба гуфтаи Ҳасан ибни Фарҳони Моликӣ, назди салафиҳо фирқаҳои зерин дар зумраи муаттила дохил мешаванд: ашоира, Ибни Ҳазми Зоҳирӣ, бештари зоҳирия, сўфия, шиа, ҳанафиҳо ва бештари пайравони мазоҳиби чаҳоргона магар касоне, ки пайрави ғулоти ҳанбалиҳо, ё пайрави Ибни Таймия ва Ибни Қаййим бошанд. (Доиятун ва лайса набиян, Ҳасан ибни Фарҳони Моликӣ, Риёз, Дор‒ур‒розӣ, соли 2004, саҳ.102.)

    10. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб шиаёнро на танҳо кофир медонад, балки мўътақид аст ҳар он кас, ки дар куфри шиаён шак кунад ҳам кофир аст. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.230).

    11. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳар касеро, ки саҳобиеро дашном диҳад кофир медонад. (Ад‒дурар, 10/369, ба нақл аз китоби “Доиятун ва лайса набиян”, Ҳасан ибни Фарҳони Моликӣ, Риёз, Дор‒ур‒розӣ, соли 2004, саҳ.86)

    Албатта ба назари мо ҳар кӣ саҳобиеро дашном диҳад, чи шиа бошад ва чи суннӣ, кори ношоисте анҷом дода ва набояд чунин бикунад, вале агар ин эътиқоди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро дуруст бидонем, дар он сурат, дар навбати аввал, бархе аз худи саҳобагон кофир маҳсуб мегарданд. Масалан Аҳмад дар “Муснад”‒и худ чунин ривоятеро дар бораи саҳобии маъруф Муғира ибни Шуъба нақл мекунад:

    “Муғира Алиро дашном дод. Зайд ибни Арқам ба ў гуфт: “Ту медонӣ, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз саббу дашноми мурдагон наҳй фармудааст. Пас чаро Алиро дашном кардӣ? Ӯ, ки мурдааст”. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муснади Аҳмад, ҷ.39, саҳ.285).

    12. Шайх Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон Бобтин (ё Абобтин) зимни такфири Давлати Усмонӣ бар ин назар буд, ки ҳар ки ин давлатро такфир нанамуд, кофирест, ки маънои “Ло илоҳа иллаллоҳ”‒ро надониста. (Ад‒дурар, 10/429, ба нақл аз китоби “Доиятун ва лайса набиян”, Ҳасан ибни Фарҳони Моликӣ, Риёз, Дор‒ур‒розӣ, соли 2004, саҳ.114.)

    Албатта он чи овардем, фақат намунаҳоест аз такфири уламои ваҳҳобият мусалмононеро, ки дар ақида бо онҳо мувофиқ нестанд. Агар бихоҳем тамоми дидгоҳҳои такфирии онҳоро зикр намоем, шояд ба таълифи китобе дар даҳ ҷилд ниёз бошад.

    Баҳси баъдӣ: Шабоҳати ваҳҳобиҳо ба Хавориҷ дар хушунат

    Манбаъ:Кимиёисаодат