Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Шабоҳати ваҳҳобиҳо ба Хавориҷ дар густохӣ ва беадабӣ

    Шабоҳати ваҳҳобиҳо ба Хавориҷ дар густохӣ ва беадабӣ

    Rate this post

    Монандӣ ва шабоҳати салафиҳо бо хавориҷ дар густохӣ ва беадабӣ, барои ҳеҷ фарде, ки бо фарҳанги онҳо ошноӣ дорад пўшида нест. Дар оғоз намунае аз густохии хавориҷ зикр мекунем.
    Дар ибтидои кор то он замон, ки хавориҷ даст ба қатлу куштор назаданд, ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) коре бо онҳо надошт. Онҳо дар ин марҳала аз замон, бо суистифода аз адолат ва бурдбории Алӣ, ҳар чи дилашон мехост анҷом медоданд. Таърих назири беадабиҳое, ки ин густохон дар баробари Алӣ ва ёронаш аз худ нишон медоданд суроғ надорад. Ибни Касир дар китоби “Ал‒бидоя ван‒ниҳоя” аз Ибни Ҷарир ва ў аз Шофеӣ (раҳматуллоҳи алайҳи) нақл мекунад: “Ҳангоме ки Алӣ дар намоз буд, яке аз хавориҷ гуфт: “Агар ширк варзидӣ, амалат ба бод хоҳад рафт ва аз зиёнкорон хоҳӣ шуд”. (Сураи Зумар, ояти 65). Сипас Алӣ ин оятро хонд: “Сабр пеша кун, ки ваъдаи Худо ҳақ аст ва мабодо касоне, ки яқин надоранд туро сабуксор кунанд”. (Сураи Рум, ояти 60). (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ал‒бидоя ван‒ниҳоя, ҷ.7, саҳ.312).

    Ҳамчунин аз Ибни Ҷарир нақл мекунад: “Як рўз дар он ҳангом ки Алӣ дар минбар хутба мехонд, баногаҳ марде аз хавориҷ аз ҷо баланд шуд ва гуфт: “Эй Алӣ! Ту мардонро дар дини Худо шарик қарор додӣ, ҳукумат ҷуз Худо аз барои каси дигаре нест”. Сипас аз гўшаву канори масҷид садоҳои “Ло ҳукма илло лиллоҳ”, “Ло ҳукма илло лиллоҳ” баланд шуд. Алӣ (дар баробари беадабӣ ва густохии ин ҷамоати бехирад) мегуфт: “Ин калимае (ки ба забон меоваред), калимаи ҳаққест, вале муроди шумо аз он ботил мебошад”. Сипас фармуд: “Ба нафъи шумо бар ўҳдаи мо ин аст, ки модоме ки бо мо ҳастед, шуморо аз ғаноим бознадорем ва аз масоҷид манъатон накунем ва то шумо худ шурўъ накунед, бо шумо наҷангем”.

     

    (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ал‒бидоя ван‒ниҳоя, ҷ.7, саҳ.312).

    Мутаассифона дар салафиҳо низ назири чунин беадабиҳо ва густохиҳо дида мешавад. Поягузори салафият, ки уламо ва бузургони мухолифи замони худро “Ҷоҳилон” хитоб мекунад ва ба онҳо “Эй мушрик!” мегўяд ва ҳар кас суханони ўро напазирад, кофир ва хориҷшуда аз миллат меҳисобад, бо ин ҳол чӣ интизор аз пайравонаш метавон дошт?

    Мардуми ҳеҷ минтақа ва маконеро, ки салафиҳо дар он ҷо фаъолият доранд, суроғ надорем, ки аз беадабӣ ва густохии онҳо дар амон монда бошанд. Дар ҳар ҷое, ки по мегузоранд, корашон ин аст, ки суроғи уламо ва муллоҳои он минтақа рафта ва ақоиду афкори хешро барояш матраҳ мекунанд, ки агар пазируфт дар амон аст, вагарна шурўъ мекунанд ба таъна задан ба ў, ки “мутаассиб” аст, пойбанди суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нест, аз илм баҳрае надорад, “нодон” аст, “бидъатгузор” аст ва ғайра аз ин қабил пархошгариҳо ва густохиҳо.

    Чӣ интизор метавон дошт аз пайравони ин маслак вақте поягузорони он фатво бар аъмоли беадабона ва пархошгариҳо медиҳанд. Инак, намунаҳое аз чунин фатвоҳо:

    Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин фатво медиҳад, ки бояд бо шиаён ҷангид ва онҳоро иҳонат ва таҳқир намуд ва бар рўяшон туф кард. (Манбаъ: http://ummanas.netfirms.com/ig.htm).

    Шайх Алӣ ал‒Хузейр фатво додааст, ки барои ёрӣ ва нусрати уммат метавон дурўғ гуфт ва шаҳодати зур (ба дурўғ) дод. (Манбаъ: http://ummanas.netfirms.com/lying.htm).

    Шайх Сулаймон ал‒Харрошӣ ғорати амвол ва рехтани обрую эътибори лоикҳоро ҷоиз медонад. (Манбаъ: http://ummanas.netfirms.com/disbelievers.htm).

    Шайх Усмон Хамис фатво медиҳад, ки барои шогирдон ҷоиз нест ба ҷиҳати таъзиму эҳтироми устодашон аз ҷои худ бархезанд. (Манбаъ: http://www.dar-quran.com/vb/archive/index.php/t-1046.html).

    Бўсидани Қуръони Карим ҷоиз нест ва он навъе бидъат ба шумор меравад. (Манбаъ: http://forum.ozkorallah.com/f35/ozkorallah13203/).

    Албатта он чи овардем фақат намунаҳое аз фатвоҳои уламо ва шайхҳои салафӣ мебошад, ки дар он пайравони худро бар ин навъ беадабӣ ва густохӣ карданҳо бармеангезанд. Агар бихоҳем ҷамиъ ё аксари чунин фатвоҳоро бароятон нақл кунем, яке ду то китоб басандагӣ намекунад.

    Такмили ахлоқи писандида, ҳадафи рисолат

    Ба ҳар ҳол, сухан дар ин буд, ки яке аз мавориди монандии салафиҳо бо хавориҷ, густохӣ, беадабӣ ва бадахлоқии ин ду гурўҳ аст. Ин дар ҳолест, ки дини Ислом беш аз ҳар чизи дигар, бар ахлоқ ва одоби некў таъкид мекунад. Аслан Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар ривояте ҳадаф аз рисолат ва паёмбарии худро, комил сохтани ахлоқи писандида медонад: “Ман (ба паёмбарӣ) фиристода шудам то ахлоқи писандидаро комил созам”. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Сунан‒ул‒кубро, ҷ.10, саҳ.192).

    Худованди Таборак ва Таоло дар ҳаққи он ҷаноб (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд: “Ҳамоно ту (эй Расул) хулқи бузурге дорӣ”. (Сураи Қалам, ояти 4).

    Худованд дастур мефармояд: “(Эй Расул! Ту ва умматат) ҳамеша бадии халқро ба беҳтарин амал подош деҳ то ҳамон касе, ки (гўё) бо ту душманӣ дорад, дўст ва хеши ту гардад”. (Сураи Фуссилат, ояти 34).

    Низ Худованди Мутаол мефармояд: “(Касоне, ки) хашм ва ғазаби худ фурў нишонанд ва аз бадии мардум даргузаранд, (чунин мардуме некўкоранд)”. (Сура Оли Имрон, ояти 134).

    Ҳам мефармояд: “Эй аҳли имон! Аз бисёр пиндорҳо (ва гумони бад) дар ҳаққи якдигар дурӣ гузинед, ки баъзе гумонҳо гуноҳ аст ва низ ҳаргиз аз ҳоли дарунии якдигар ҳам ҷосусӣ макунед ва ғайбати якдигар раво мадоред”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 12).

    Саҳобии гиромиқадр Маоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) гуфтааст: “Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) маро насиҳат карда, фармуд: “Эй Маоз! Насиҳат мекунам туро ба тақво ва худотарсӣ, ростгўӣ, вафодорӣ ба аҳду паймон, амонатдорӣ, хиёнат накардан, ҳамсоядорӣ, меҳрубонӣ ба ятимон, хушкаломӣ, салом додан, кореро некў анҷом додан, орзуи кўтоҳ, имон ва огоҳии амиқ пайдо кардан ба Қуръон, дўст доштани охират, тарс аз рўзи ҳисоб ва шафқат намудан. Мабодо ҳакимеро дашном ва ё ростгўеро такзиб ва ё гуноҳкореро фармонбарӣ ва ё пешвои одилеро нофармонӣ ва ё заминеро табоҳ созӣ. Насиҳат мекунам туро ба тарс аз Худо дар мавриди ҳар санг ва дарахт ва хокрезае (яъне дар мавриди ҳар чизе чӣ хурд бошад ё калон, тақвои илоҳиро пеша кун) ва ба ин ки дар баробари ҳар гуноҳе (ки аз ту сар бизанад) тавба кунӣ. Агар махфиёна гуноҳ анҷом додаӣ, бояд тавбаат ҳам махфиёна бошад ва агар ошкоро гуноҳ карда бошӣ, бояд ошкоро тавба намоӣ”. (Ба нақл аз китоби “Ахлоқ‒ун‒нубувва вал‒имома”, саҳ.13 ва 14).

    Баҳси баъдӣ: Шабоҳати ваҳҳобиҳо ба Хавориҷ дар бардошти нодуруст аз баъзе мафоҳими исломӣ

    Манбаъ:Кимиёисаодат