Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Чаро зоти Худо қобили идрок нест?

    Чаро зоти Худо қобили идрок нест?

    Чаро зоти Худо қобили идрок нест?
    Rate this post

    Пурсиш: Ассалому алайкум, як савол доштам ба шумо ва мехостам ҷавобашро ба далели ақлӣ баён кунед. Барои чӣ Худоро мо наметавонем тасаввур кунем? Оё мешавад ба чизе ки тасаввур карда нашавад бовар ҳосил кард? Хоҳишмандам ба ин савол ҷавоби ақлӣ медодед.

    Бадриддин Хӯҷамурод

    Посух: Ва алайкум салом. Дар посух ба пурсиши шумо арз кунам, ки башар, бо ин ки қодир бар шинохтаи Худо ва сифоти ӯст, аммо қодир бар дарки зоти Ӯ Таоло намебошад. Ҳол, қабл аз баёни ин ки чаро одамӣ метавонад ба вуҷуди Худо пай бибарад, вале қодир бар дарки зоти ӯ нест, шоиста аст андаке перомуни васоили огоҳиҳои инсон баҳс намуда ва бибинем, ки чаро ин васоил аз дарки зоти муқаддаси илоҳӣ оҷизанд.

    Васоили огоҳии инсон

    Огоҳиҳои инсон аз хориҷ, ё ба воситаи яке аз ҳоссаҳои панҷгонаи ӯст – ки иборат ҳастанд аз: ҳоссаи биноӣ (чашм), ҳоссаи шунавоӣ (гӯш), ҳоссаи ломиса (мисли даст), ҳоссаи чашоӣ (забон) ва ҳоссаи бӯёӣ (бинӣ) – ва ё ба воситаи қувваи ақл аст ва ё ба воситаи илҳом ва ё ба воситаи ваҳй. Пас, васоили огоҳии инсон иборат ҳастанд аз: ҳис, ақл, илҳом ва ваҳй.

    Огоҳӣ аз тариқи ваҳй, ки фақат махсуси паёмбарон аст ва низ огоҳӣ аз роҳи илҳом, ки аз қабили огоҳиҳои ҳузурист,[1] феълан аз доираи баҳси мавриди назари мо хориҷ аст.[2] Боқӣ мемонад огоҳиҳои ҳиссӣ ва огоҳиҳои ақлӣ.

    Огоҳиҳои ҳиссӣ, ки ба онҳо маҳсусот мегӯянд, дар натиҷаи тамоси мустақими яке аз ҳоссаҳои панҷгона (биноӣ, шунавоӣ, чашоӣ, буёӣ ва ломиса) бо мавҷудоти маҳсус ҳосил меёбанд. Ин қисм аз огоҳӣ наметавонад ҳадафи моро таъмин намояд. Зеро зоти муқаддаси илоҳӣ мавҷуди маҳсус нест, ки мавриди таъаллуқи яке аз ҳоссаҳои ӯ қарор гирифта, онгоҳ тасаввуре аз зоти илоҳӣ дар пиндори инсон эҷод гардад.

    Ҳоло боқӣ мемонад нерӯи ақли инсон.

    Нерӯи ақли инсон[3]

    Инсон ҳарчанд аз тариқи нерӯи ақл метавонад пай ба вуҷуди муқаддаси Худо бубарад, вале наметавонад зоти ӯро дарк намояд, яъне инсон қодир нест ҳатто аз тариқи нерӯи ақли худ низ бар дарки зоти муқаддаси илоҳӣ ноил гардад. Инҷо чунин суоле матраҳ мешавад, ки чӣ фарқе ҳаст байни “дарки зоти Худо” ва байни “пай бурдан ба вуҷуди ӯ”, ки аввалӣ барои ақли инсон муяссар нест ва дуюмӣ барояш мумкин аст?

    Тавзеҳ ин ки тасаввури зот ва ҳақиқати ҳар чизе, навъе иҳотаи илмӣ пайдо кардан ба он чиз аст. Иҳотаи илмӣ пайдо кардан ҳам, ба ин аст, ки ҳадду марзи он чизро, ки ӯро аз дигар чизҳо ҷудо мекунад ва ташкилдиҳандаи моҳияти[4] ӯст бишносем ва битавонем ба василаи мафҳуме аз мафоҳими зеҳнии худ онро тасаввур намоем. Масалан, агар аз мо бипурсанд, ки инсон чист ва мо дар посух бигӯем, ки “инсон ҳайвони нотиқ аст”, ҳайвони нотиқ будан нишондиҳандаи ҳадду марзи инсон аст, ки ӯро масалан аз наботу ҷамод ҷудо мекунад ва мафоҳиме чун “ҳайвон” ва “нотиқ”, ки баёнкунандаи моҳияти ӯст, қобили тасаввур барои зеҳни мост.

    Ҳоло, чаро моҳияти чунин мавҷудоте бароямон қобили шинохт ва барои зеҳн қобили тасаввур ҳастанд? Посух ин аст, ки чунин мавҷудот мисли худамон мавҷудоти маҳдуд ҳастанд ва зеҳни мо (аз роҳи яке аз ҳоссаҳо) қаблан ба фард ва мисдоқи[5] онҳо расидааст.

    Аммо агар мо мавҷудеро дар назар бигирем, ки номаҳдуд ва бепоён бошад ва бо мо ҳеҷ синхияте надошта бошад ва зеҳни мо ҳам ҳеҷ роҳе барои расидан ба фард ва мисдоқи он дар ихтиёр надошта бошад, оё метавонад чунин мавҷуде қобили тасаввур барои зеҳни мо қарор гирад? Рӯшан аст, ки посух манфист.

    Аз ин ҷост, ки рӯшан мешавад, ки зоти номаҳдуд ва бепоёни Худо ҳаргиз мавриди тасаввури зеҳни инсони маҳдуд ва поёнёб, ки сару кораш ҷуз бо мавҷудоти ҳамсинхи худаш намебошад қарор намегирад.

    Худои Субҳон мефармояд:

    Халқро абадан ба ӯ (Худо) иҳота ва огоҳӣ нест”.[6]

    Имом Алӣ (алайҳис салом) мегӯяд:

    Ҳимматҳо ҳар андоза дурпарвозӣ кунанд, Худоро намеёбанд ва зиракиҳо ҳар андоза дар умқи дарёи андеша фурӯ раванд, ба ӯ ноил намегарданд”.[7]

    Ва ҳам ӯ мегӯяд:

    Ҳамоно Ту он Худое ҳастӣ, ки на дар ақлҳо гунҷӣ то дар маърази вазиши андешаҳо нақшпазири кайфийот бишавӣ ва на таҳти муроқибати фикр даройӣ то маҳдуд ва қобили тағйир бошӣ”.[8]

    Дар баъзе аз осори динӣ омадааст:

    (Худо) ҳамчунон ки аз чашмҳо пинҳон аст, аз ақлҳо низ пинҳон аст”.

    Монанди чунин суханон ҳикоят аз ин мекунанд, ки ақли башар ҳудуди муайяне дорад, ки аз он ҳудуд наметавонад таҷовуз кунад, ҳатто комилтарин афроди башар, ки ӯ ҷуз хотами паёмбарон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) намебошад, ҳақ дорад бигӯяд:

    Ман натавонам Туро он чунон ки боист тавсиф кунам, Ту он чунонӣ, ки худ тавсиф кардаӣ”.

    Аммо бо ин ки инсон ба хотири маҳдудият қодир бар иҳотаи илмӣ бар зоти Худои Субҳон нест, вале метавонад пай ба вуҷуди муқаддаси Худои Субҳон бубарад; зеро чи басо инсон аз моҳият ва ҳақиқати чизе ҳеҷ хабаре надошта бошад, вале ба далеле аз далелҳо вуҷуди ӯро тасдиқ намояд. Ин як масъалаи бадеҳӣ ва хеле рӯшан аст ва ҳатто ниёзе надорад барои исботи он далеле оварда шавад. Мисоли рӯшани он ҳам вуҷуди худи Худои Субҳон аст, ки аз роҳи далелҳои қатъӣ ва тардиднопазир (ё аз роҳи дил, ё аз роҳи табиат ва ё аз роҳи ақл) мавриди тасдиқи мо қарор гирифтааст, вале бо ин вуҷуд, ҳақиқаташ бароямон пӯшида мебошад.

    Ишкол ва посух

    Шояд дар ин миён чунин суоле худнамоӣ кунад: магар мо Худои Субҳонро бо мафоҳиме чун “вуҷуд”, “илм”, “қудрат” ва “номаҳдуд будан” тавсиф намуда, намегӯем: “Худо вуҷуд дорад”, “Худо олим аст”, “Худо қодир аст”, “Худо номаҳдуд аст”? Магар ин мафоҳим мафоҳими зеҳнӣ нестанд? Магар тамоми мафоҳими зеҳнӣ, баъд аз дастрасии зеҳн (аз роҳи яке аз ҳоссаҳо) ба фард ва мисдоқи онҳо пайдо нашудаанд? Агар чунин аст, пас ба чӣ далел Худоро, ки вуҷуди номаҳдуд ва бепоён аст, бо ин мафоҳими зеҳнӣ, ки реша дар мавҷудоти маҳдуд доранд, тавсиф менамоем?

    Посухи чунин ишколе ин аст, ки тасаввуроти зеҳнии инсон ва ё ҳамон мафҳумҳои зеҳнӣ, гоҳе мафҳумҳое ҳастанд, ки баёнгари ҷиҳати нақси мисдоқи худ мебошанд ва гоҳе мафҳумҳое ҳастанд, ки ҳикояткунандаи ҷанбаи камолии мисдоқашон мебошанд. Масалан, агар мо инсонро чунин тавсиф намоем, ки “Инсон ҷисме аст ҳаракаткунанда, нумӯкунанда, огоҳ, тавоно ва соҳиби ирода”, дар ин мисол, мафоҳиме чун “ҳаракаткунанда”, “нумӯкунанда” ва “ҷисм” баёнгари ҷиҳати нақс ва камбуди ӯ мебошанд, вале мафоҳиме чун “огоҳ”, “тавоно” ва “боирода” ҳикоятгари ҷанбаи камолияш ҳастанд.

    Ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки тамоми камолоти махлуқ аз Худои Таолост ва ҷанбаҳои нуқсон бархоста аз худи махлуқ мебошад, бинобар ин мафоҳимеро, ки ҳикоят аз сифати камолӣ мекунанд, метавон ба Худо ҳам нисбат дода ва бо онҳо Худоро васф кард. Вале чун мисдоқи аввалияи ин мафоҳим мавҷудоти маҳдуд ҳастанд (яъне зеҳн барои аввалин бор ин мафоҳимро аз мисдоқи маҳдуд дарёфт кардааст, масалан мафҳуми камолие чун “илм”−ро аввалин бор аз як нафар инсоне, ки дорои сифати илм аст дарёфт кардаем), вақте бихоҳем Худоро бо сифате аз сифатҳои камолӣ васф кунем, ба он сифат ҷанбаи мутлақиятро изофа мекунем. Масалан, вақте бихоҳем Худоро бо сифати вуҷуд васф карда бигӯем: “Худо вуҷуд дорад” ва ё бо сифати илм тавсиф намуда бигӯем: “Худо дорои илм аст”, бояд “вуҷуди мутлақ” ва “илми мутлақ”−ро дар мавриди Худои Субҳон дар назар бигирем.

    Пас маълум мешавад, дар айни нотавонии ақлҳо аз расидан ба кунҳи маърифати Худои Субҳон, як миқдор дар кор аст, ки дар он миқдор на танҳо мамнуият нест, балки таҳқиқ лозим аст.

    Аз ҳамин ҷост Имом Алӣ (алайҳис салом) мегӯяд:

    (Худо) ақлҳоро иҷозат надода, ки ҳудуди сифатҳои ӯро мушаххас кунанд, аммо дар айни ҳол онҳоро аз миқдори лозими маърифат (ки ҳамон пай бурдан ба вуҷуд ва сифатҳои ӯст) мамнӯъ насохтааст ва пардае миёни ақлҳо ва он миқдори лозим қарор надодааст”.[9]

    Кимиёи саодат


    [1]−Илм ё огоҳии инсон (ба як тақсим) ду гуна аст: илми ҳузурӣ ва илми ҳусулӣ. Илми ҳузурӣ, яъне илме, ки айни воқеияти маълум (яъне ончӣ инсон мехоҳад аз он огоҳӣ ёбад) пеши инсон ҳозир аст ва инсон воқеияти маълумро меёбад, монанди огоҳии инсон ба худ ва ҳолоти виҷдонияш (мисли ғазаб, муҳаббат, нафрат, хушҳолӣ ва аз ин қабил), ки худи ғазаб, ё муҳаббат, ё нафрат, ё хушҳолӣ бо вуҷудии хориҷияш пеши инсон ҳозир аст. Ва аммо илми ҳусулӣ, яъне илме, ки воқеияти маълум пеши инсон ҳозир нест, фақат сурате аз маълум пеши инсон ҳозир аст, мисли огоҳии инсон ба мавҷудоти хориҷӣ аз қабили осмон, замин, дарахт, инсонҳои дигар ва ғайра. Дар илми ҳузурӣ илм ва маълум якест, яъне вуҷуди илм айни вуҷуди маълум аст ва инкишофи маълум пеши олим ба воситаи ҳузури худи маълум аст дар назди олим ва аз ин ҷиҳат ин илмро “ҳузурӣ” меноманд, ба хилофи илми ҳусулӣ, ки воқеияти маълум ғайр аз воқеияти илм аст ва инкишофи маълум пеши олим ба воситаи суратест, ки вай дар пеши худ дорад ва ба иборати дигар: ба воситаи ҳусули суратест аз маълум дар назди олим ва аз ин ҷиҳат ин илмро “ҳусулӣ” меноманд.

    [2]−Зеро баҳси мо дар ин аст, ки оё зоти муқаддаси илоҳӣ қобили дарк барои инсон аст ва ба иборати дигар: оё зоти илоҳӣ дар зарфи пиндори инсон ҷой мегирад, ё на? Ва зарфи пиндор, олами зеҳн аст ва ҳар ончӣ зеҳн зарфи онро ташкил диҳад, аз қабили огоҳиҳои ҳусулист, на ҳузурӣ. Ва гуфтем, ки илҳом аз қабили илми ҳузурист. Ва аммо ваҳй, ки махсуси паёмбарон аст ва инсони оддӣ ба он роҳ надорад, худ аз худ аз доираи баҳс хориҷ аст.

    [3]−Сазовор аст қабл аз ҳар чиз миқдоре дар бораи худи нерӯи ақл ва огоҳиҳои ақлӣ баҳс намоем. Тавзеҳ ин ки яке аз имтиёзҳои инсон аз ҳайвон, ки инсон будани инсон ба он аст, бархӯрдории ӯст аз нерӯи ақл. Инсон дар огоҳиҳои ҳиссӣ бо ҳайвон муштарак аст. Ҳам инсон ва ҳам ҳайвон ба василаи ҳоссаҳои худ аз маҳсусот огоҳ мегарданд. Вале инсон як даста огоҳиҳое ҳам дорад, ки ба воситаи ҳоссаҳояш онҳоро ба даст наовардааст. Ва ин огоҳиҳо, огоҳиҳои ақлист. Масалан, инсон шакке надорад, ки ҳар обе агар дар дараҷаи 80% гузошта шавад, ба ҷӯш меояд ва агар аз ӯ пурсида шавад, ки оё обе, ки фардо бароят биёварем, он ҳам дар ҳамин дараҷа ба ҷӯш хоҳад омад? Ба қотеият посух хоҳад дод, ки оре. Агар аз ӯ бипурсем далелат чист, хоҳад гуфт, ки далелаш ақл аст, яъне ин ақл аст, ки чунин мегӯяд.

    Натиҷае, ки аз ин мисол ба даст меояд, ин аст, ки мо як даста огоҳиҳое дорем, ки аз синхи огоҳиҳои ҳиссӣ нест ва мо онҳоро на дидаем ва на шунидаем ва на ламс кардаем, вале бо ин вуҷуд, кучактарин шакке дар ҳаққонияташон надорем.

    Аммо дар бораи ин ки огоҳиҳои ақлӣ чӣ гуна ва ба чӣ тартиб ҳосил мешаванд, худ ба як баҳсе тӯлонӣ ниёз дорад, вале мо ба гунаи мухтасар дар ин ҷо ба баёни он мепардозем. Тавзеҳ он ки зеҳни инсон пас аз дарки чанд сурати ҷузъӣ (аз тариқи яке аз ҳоссаҳояш) қодир аст як маънои куллӣ бисозад, ки қобили интибоқ бар афроди зиёд бошад, ба ин тартиб, ки пас аз он ки чанд фардро дарк намуд, илова бар сифатҳои хусусии ҳар як аз афрод, ба порае аз сифатҳои муштарак ноил мешавад, яъне як маъноро, ки дар як фард дида, ду мартаба мутаваҷҷеҳ мешавад, ки айни ҳамин маъно дар фарди дуюм низ ҳаст ва ҳамчунин дар сеюм, дар чаҳорум ва… Ин ба такрор дидани як маъно дар афроди мухталиф, зеҳни инсонро омода мекунад, ки аз ҳамон маъно як сурати куллӣ бисозад, ки бар афроди номаҳдуде қобили интибоқ бошад. Ин қисм аз тасаввурро “тасаввури куллӣ” ва ё “мафҳуми куллӣ” меноманд ва ақл, ҳамон нерӯест, ки чунин мафҳумҳои куллиро дарк мекунад. Дар таърифи “мафҳуми куллӣ”, ки дар муқобили “мафҳуми ҷузъӣ” ба кор меравад, гуфтаанд: “Мафҳуми куллӣ” мафҳумест, ки қобили интибоқ бар беш аз як маврид бошад (мисли мафҳуми зеҳнии “инсон”, ки қобили татбиқ бар Зайд, Бакр, Содиқ, Саид ва ғайра аз инсонҳост) ва аммо “мафҳуми ҷузъӣ” мафҳумест, ки бар беш аз як маврид қобили интибоқ набошад (мисли мафҳуми зеҳнии Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ки фақат бар як маврид, ки ҳамон паёмбари хотам аст татбиқ мешавад).

    [4]−Моҳияти ҳар чиз, ки гуфта мешавад дар посух ба суол аз “чистӣ”−и он чиз оварда мешавад таъйинкунандаи ҳадду марзи он мебошад. Масалан, агар “инсон” ё “асп” ва ё “дарахт” бароямон ношинохта бошад, ба ин маъност, ки мо як тасаввури комиле аз ҳақиқати онҳо надорем ва ҳадду марзашон, ки онҳоро аз чизҳои дигар ҷудо мекунад бароямон маҷҳул аст.

    [5]−Дар истилоҳ он чиро ки мафҳуми зеҳнӣ аз он ҳикоят мекунад, мисдоқ гӯянд. Масалан, дар тасаввури инсоне ба номи “Зайд” сурати зеҳнии онро мафҳум, вале Зайди хориҷиро, ки мафҳуми мазкур аз он ҳикоят мекунад, мисдоқ мегӯянд.

    [6]−Сураи Тоҳо, ояти 110.

    [7]−Наҳҷул−балоға, хутбаи аввал.

    [8]−Наҳҷул−балоға, хутбаи 87.

    [9]−Наҳҷул−балоға”, хутбаи 48.