Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Фотимаи Заҳро(р.з) пораи тани Паёмбар(с)

    Фотимаи Заҳро(р.з) пораи тани Паёмбар(с)

    Rate this post

    Фотимаи Заҳро (р), духтаре аст аз падаре ҳамчун Паёмбар (с) ва модаре фидокор ҳамчун Хадиҷа (р). Бо таваллуд ёфтани ӯ, таъну сарзанишҳои мушрикон, ки Паёмбарро бидуни насл мепиндоштанд, нақши бар об шуд ва ба мазмуни сураи “Кавсар”, Фотимаи Заҳро (р) чашмаи ҷӯшоне барои идомаи дудмони Паёмбар (с) ва хайри фаровоне дар тӯли қарнҳо ва асрҳо то рӯзи қиёмат шуд.

    Ин бонуи биҳиштӣ даҳ ном дошт, ки ҳар кадом аз дигаре пурмаънотар ва баёнгари авсофу баракоти вуҷуди пурбаракати ӯст: Фотима, Сиддиқа, Тоҳира, Муборака, Закия, Розия, Марзия, Муҳаддаса, Заҳро, Батул.

    Ҳамаи торихнигорон ва арбоби ҳадис навиштаанд, ки Паёмбар (с) нисбат ба духтараш Фотима (р) алоқаи аҷибе дошт ва Фотима дорои фазоили фаровоне буд.

    Рӯшан аст, ки алоқаи Паёмбар (с) танҳо ба хотири робитаи падарӣ ва фарзандӣ набуд, ҳарчанд ин отифа дар вуҷуди Паёмбар (с) мавҷ мезад, аммо таъбирот ва суханоне, ки он ҳазрат ҳангоми изҳори муҳаббат нисбат ба духтараш Фотима (р) баён мекард, нишон медод, ки дар ин ҷо, меъёрҳои дигаре матраҳ аст:

    Ин муҳаббат аз муҳаббатҳо ҷудост,

    Ҳубби маҳбуби Худо, ҳубби Худост.

    Аз миёни ривоёти фаровоне, ки дар ин замина расида, кофист фақат ба чанд то аз онҳо ишора кунем:

    1. Паёмбар Акрам (с) фармудаанд: “Нахустин касе ки дар биҳишт бар ман ворид мешавад, Фотима духтари Муҳаммад аст.”[1]

    2. Паёмбари Акрам (с) фармудааст: “Бартарин занони биҳишт Хадиҷа духтари Хувайлид ва Фотима духтари Муҳаммад ва Марям духтари Имрон ва Осия духтари Музоҳим (ҳамсари Фиръавн) мебошанд.”[2]

    3. Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз забони Умм-ул-муъминин Оиша (р) мехонем: Рӯзе Фотима (р) назди Паёмбар (с) омад, роҳ рафтанаш дуруст монанди роҳ рафтани ӯ буд, Паёмбари Акрам (с) фармуд: Хуш омадӣ духтарам! Сипас ӯро дар канори худ нишонд, баъд розе дар гӯши ӯ гуфт ва баъд аз он Фотима гирён шуд.

    Ман (Оиша (р)) гуфтам: Чаро гиря мекунӣ?

    Бори дигар Паёмбари Акрам (с) рози дигаре ба ӯ гуфт, Фотима (р) хандон шуд. Гуфтам: Ман то имрӯз шодие, ки ин чунин бо ғам наздик бошад, надида будам ва аз иллати он савол кардам.

    Фотима (р) гуфт: Ман сирри Расули Худоро фош намекунам. Ва ин матлаб идома дошт, то Паёмбар (с) аз дунё рафт, он гоҳ аз Фотима (р) савол кардам. Гуфт: Бори аввал Паёмбар (с) ба ман фармуд, Ҷабраил ҳар сол як бор Қуръонро бар ман арза медошт, имсол ду бор арза дошт ва ман фикр мекунам фақат ба ин далел аст, ки аҷали ман наздик шуда ва ту нахустин касе хоҳӣ буд, ки ба ман мулҳақ мешавӣ, ман ҳангоме ки ин суханро шунидам, гиря кардам. Сипас фармуд: “Оё ту розӣ нестӣ, ки бонуи занони аҳли биҳишт ё занони боимон бошӣ?” Ҳангоме ки ин суханро шунидам шоду хандон шудам.[3]

    4. Паёмбари Акрам (с) хитоб ба духтари гиромияш Фотимаи Заҳро (р) мефармояд: “Худованд ба хотири хашми ту хашмгин мешавад ва ба хотири ризои ту розӣ.”[4]

    5. Дар Саҳеҳи Бухорӣ чунин мехонем: Паёмбари Акрам (с) фармуд: “Фотима пораи тани ман аст, ҳар кас ӯро ба хашм оварад, маро ба хашм овардааст.”[5]

    http://tojikon.org
    ————————————————————————————————————————
    [1] Барои иттилои бештар ба китобҳое чун Канз-ул-уммол ва Мизон-ул-эътидол ва ғайри он руҷӯъ шавад.

    [2] Ин ҳадис дар Мустадрак-ус-саҳеҳайни Ҳокими Нишопурӣ (2/497) нақл шуда ва Ҳоким тасреҳ мекунад, ки санади ин ҳадис саҳеҳ аст.

    [3] Саҳеҳи Бухорӣ, китоби “Бадъ-ул-халқ”.

    [4] Мустадрак-ус-саҳеҳайн (3/153). Ин ҳадисро Ибни Ҳаҷар дар Ал-исоба ва Ибни Асир дар Усд-ул-ғоба низ овардаанд.

    [5] Саҳеҳи Бухорӣ, китоби “Бадъ-ул-халқ”.