Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Панде ахлоқӣ аз устоди ахлоқ

    Панде ахлоқӣ аз устоди ахлоқ

    Rate this post

    Ҳамон тавр ки ҷисм, гоҳ аз дарун ва гоҳ аз берун дучори офат мешавад, руҳ низ чунин аст. Шинохт, дармон ва маҳори оташи дарунӣ бисёр душвор аст… Гоҳе инсон аз берун осеб мебинад ва гоҳ аз дарун. Оташи берун, бар ҷисм асар мекунад ва ҳамаи мо ба хубӣ ин оташ ва роҳи фирор аз онро мешиносем, аммо оташи дарун ҷону руҳи моро ба оташ мекашад. Ҷони мо дар даруни худ, ё офатзост ё нур ба ҳамроҳ дорад.

    Худои Субҳон дар Қуръони Маҷид дар бораи сӯхтани ҷисму ҷон сухан гуфтааст, ҳамчунин дар бораи пурфурӯғ будани ҷисму ҷон ҳам сухан ба миён овардааст. Дар бораи сӯхтани ҷисм фармуда, ки иддае ҳезуми ҷаҳаннам ҳастанд, онҷо ки фармуда: “Ва аммо қоситҳо, ҳезуми ҷаҳаннам хоҳанд буд.” (Ҷин, 15) Қосит, яъне касе ки аҳли “қаст” аст. “Қаст” ба маънии зулму ҷавр аст. Ин калима дар муқобили калимаи “қист” ба маънои адлу миёнаравӣ аст. Яъне Худо дар Қуръони Карим фармудааст, золимон ҳезуми ҷаҳаннам ҳастанд, яъне худи инҳо оташи ҷаҳаннамро таъмин мекунанд ва маводди хоми оташи ҷаҳаннам ҳастанд.

    Иддае ҳам аз даруни худ оташ тавлид мекунанд, ки Қуръон аз онҳо ба “вақуд” ёд мекунад. Онҳо раҳбарону пешвоёни ситампеша ҳастанд, ки Худои Субҳон дар мавриди онҳо фармудааст: “Он оташе, ки сӯхташ мардумон ва сангҳо ҳастанд.” (Бақара, 24) Инҳо оташзана ва оташгираанд ва аз худ оташ доранд. Дар бораи руҳу ҷон ҳам фармуда, иддае дилҳояшон чунин аст: “Оташи афрӯхтаи Худо аст; оташе, ки ба дилҳо мерасад.” (Ҳумаза, 6 ва 7) Оташи онҳо аз дили онҳо шӯъла мекашад.

    Худованд ҳеч касро ҳезум халқ накардааст

    Албатта, Худои Субҳон ҳеч касро ба сурати ҳезум ё назири санги чахмоқ, ки аз дарун оташ дошта бошад, наёфаридааст. Ӯ ҳамаро пок ва шаффоф халқ кардааст. Аммо адами мувозибат ва муроқибат аз хӯрдани ҳар ғизо, нигоҳ кардан ба ҳар чиз, рафтан ба ҳар ҷо, гуфтани ҳар ҳарф ё шунидани он, кам-кам ба мушавваш шудани даруни инсон меанҷомад.

    Ҷони инсон дарёи зулоле аст, ки агар бо аъмол ва афкори ношоист олуда нашавад, асрори олами ҳастӣ дар он мунъакис ва мутаҷаллӣ мешавад.

    Худои Субҳон ба мо фармуда, ман ба шумо сармояе додаам, ки монанди оби пок, шаффоф ва зулол аст. Агар тадаббур кунед, масъала барои шумо рӯшан мешавад. Таъбироте чун “яъқилун”, “ятафаккирун”, “ятазаккарун” ва “ятадаббарун” низ ба ҳамин далел омадааст; аммо агар онро олуда ё мушавваш кардед, чизе намебинед: “Каранд, лоланд, кӯранд бинобар ин ба роҳ намеоянд.” (Бақара, 18)

    Агар касе битавонад муроқиби нафси худ бошад ва на бади касеро бихоҳад ва на ба фикри табоҳ кардани худ бошад, зулол боқӣ мемонад ва аз бисёре асрор огоҳ мешавад. Ғизои ҳаром, фикри ботил, чоҳ кандан барои дигарон, зишт гуфтан ба дигарон ва ҳатки ҳайсияти дигарон, ҳам оташи дарун аст ва ҳам олудакунандаи кавсари ҷон.

    Ба ҳар ҳол, агар мо аз чунин сармояе муҳофизат кунем, дар ҳамаи улум (инсонӣ ва таҷрубӣ) комёб мешавем. Аз Паёмбари Акрам (с) нақл шудааст: “Дар шабонарӯз, инсон бояд замони кӯтоҳе бо худ халват кунад ва ба ҳисоби худ расидагӣ кунад.”

    Барои мисол, кишоварзеро дар назар бигиред, ки пас аз 40 соли талошу кӯшиш, рӯз дари анборро боз кунад, чизе дар он набинад, ва он рӯз бифаҳмад, ки муше дар анбор буда ва ҳамаи маҳсулро бурдп. Вақте дари анбор қуфл аст ва касе наметавонад аз берун ба он даст бизанад, маълум мешавад, ки дар дарун мушкиле вуҷуд дорад. Сухани ҷаноби Мавлавӣ ин аст:

    Гарна муше дузд дар анбори мост,

    Гандуми аъмоли чилсола куҷост?

    Инсон бояд ба гунае заҳмат бикашад, ки вақте аз ӯ мепурсанд, чӣ дорӣ?, битавонад посух бидиҳад: Худоё! Ман ин корҳоро барои ту анҷом додаам?! Аммо мутаассифона баъзе аз мо фалон корро барои ин ки номе пайдо кунем, анҷом додем, ва вақте чанд нафар аз мо таъриф карданд, хушҳол шудем ё вақте ба мо эътироз карданд, аз саҳна хориҷ шудем. Ҳамаи инҳо барои худамон буд. Ҳол, оё амали нақдӣ дар даст дорем, то бигӯем: Худоё! Ин корро барои ризои ту анҷом додаем?

    Мо муваззафем ҳар рӯз ҳисобрасе дошта бошем, зеро дар завоёи даруни мо мушҳо бисёранд; ришва, ишва, ғайбат, тӯҳмат, кибр ё дигар бемориҳо.

    Албатта ҳамаи инҳо ислоҳшуданӣ аст, бахусус дар даврони ҷавонӣ; барои мисол, агар яке аз дӯстони мо дар олимпиёд муваффақ шуд ва гуфтем, Худоё, туро шукр; Худоё! Бар тавфиқоти ӯ бияфзой ва ба мо ҳам тавфиқ бидеҳ, ки беҳтар аз ӯ ё мисли ӯ бошем ва саҷдаи шукр ба ҷой биёварем, бояд бидонем, ки дар анбори вуҷуди мо муш роҳ наёфтааст; аммо агар бадгӯӣ кардем ё тӯҳмат задем, бояд бидонем, ки муш ба анбори даруни мо роҳ ёфтааст. Ин муш аъмолро аз дарун мепӯсонад ва аз байн мебарад.

    Агар дигаре тараққӣ кард ва мо хушҳол шудем ва “Лакалҳамд” гуфтем, маълум мешавад, ки қалби мо шаффоф аст ва ин истахри зулолро на олуда кардаем ва на шӯрондаем.

    Аллома Ҷаводии Омулӣ, файласуф ва устоди ахлоқ

    Кимиёи саодат