Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Оё шиъаён қоил ба таҳрифи Қуръон ҳастанд?

    Оё шиъаён қоил ба таҳрифи Қуръон ҳастанд?

    Rate this post

     

    Посухи пурсиш:

    1. Эътиқод ба ин ки Қуръони Карим таҳриф нашуда аст ва Худованди Мутаол худ ҳифз ва нигаҳдории ин китоби осмониро бар ӯҳда гирифта, аз мусалламот миёни ҳамаи тавоифи исломӣ аз ҷумла шиъаён аст.

    2. Ҳол, бо вуҷуди ин ва бо таваҷҷӯҳ ба тасреҳи уламои бузурги шиъа мабнӣ бар ин ки дар Қуръони Карим кучактарин дигаргунӣ ва таҳрифе роҳ наёфтааст, пас чаро бархеҳо исрор доранд ин тӯҳматро ба шиъаён ворид созанд? Далелаш порае аз ривоёт дар манобеи ривоии шиъаён аст.

    Ва аммо суол ин аст, ки оё ривоёт ба танҳоӣ ва бидуни таваҷҷӯҳ ба бардошт ва тафсири уламои мазҳаб аз онҳо, метавонад далел барои тӯҳмат задан ва бӯҳтон бофтан гардад?

    Посухаш манфист. Чаро ки агар ривоёт бидуни таваҷҷӯҳ ба назар ва дидгоҳи уламои мазҳаб мустанад қарор бигирад, дар ин сурат, ҳатто аҳли суннат ва ҷамоатро низ метавон муттаҳам ба ин тӯҳмати нораво кард.

    Ҳол, дар зайл ду намуна аз ривоёти саҳеҳ аз манобеи ривоии аҳли суннат ва ҷамоат пиромуни масъалаи мавриди назар ёдовар хоҳам шуд, ки агар касе бидуни илтифот ба бардошт ва назари уламои азимушшаъни аҳли суннат дар бораи онҳо қазоват кунад, ба хато рафтааст; зеро аҳаде аз уламои аҳли суннат қоил ба таҳриф нестанд ва ривоёти мазбурро тавҷеҳ мекунанд, ки тавҷеҳоти дурусте ҳам ҳаст. Ҳол, ба ин ду ривоят таваҷҷӯҳ бифармоед:

    а) Дар Саҳеҳи Бухорӣ, Саҳҳеҳи Муслим, Сунани Абӯдовуд, Сунани Тирмизӣ, Сунани Ибни Моҷа, Сунани Доримӣ ва ғайра омадааст: “Ҳазрати Умар (р) дар ҳоле ки бар минбар буд фармуд: “Ҳамоно Худо Муҳаммад (с)-ро ба ҳақиқат фиристод ва бар ӯ китоб нозил фармуд, ки аз ҷумлаи он чи Худо нозил карда, ояти “раҷм” буд. Мо онро хондем ва фаҳмидем ва бар асоси он ҳад ҷорӣ сохтем. Расули Худо (с) раҷм намуд ва баъд аз ӯ мо ҳам раҷм намудем. Ман метарсам, ки агар замони дарозе бар мардум гузарад, гӯяндае бигӯяд: “Ба Худо савганд, дар китоби Худо ояти раҷмро пайдо намекунем”, ки он гоҳ ба сабаби тарки фаризаи Худо, ки Худо онро нозил карда гумроҳ гардем. Раҷм дар китоби Худо бар ҳар каси муҳсине, ки зино кунад ҳақ мебошад. Сипас мо аз китоби Худо чунин мехондем:

    ان لا ترغبوا عن آباءكم فانه كفر بكم ان ترغبوا عن آباءكم…[1]

    Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки имрӯз ҳамчунин ояте дар Қуръони Карим вуҷуд надорад, агар касе ин ривоятро бидуни таваҷҷӯҳ ба назари уламои азимушшаън, ки ба иттифоқ онро аз оёти мансуха (аз назари лафз) медонанд, бихонад, чӣ бардоште ҳосил хоҳад кард? Оё нахоҳад гуфт, ки пас ояте аз Қуръон кам шуда?

    б) Муслим дар Саҳеҳи худ ривоятеро аз Ҳарб ибни Абуласвад аз падараш нақл мекунад, ки ровӣ мегӯяд, Абумусои Ашъарӣ (р) ба қориёни Басра фиристодае фиристод, он гоҳ се сад қорӣ бар ӯ ворид шуданд ва Қуръон хонданд. Абумӯсо фармуд: Шумо беҳтарини аҳли Басра ва қориёни он ҳастед ва замон бар шумо ба дарозо макашад, ки он гоҳ дилҳоятон сахт бишавад чунон ки дилҳои касоне ки пеш аз шумо буданд сахт шуда. Мо сураеро мехондем, ки дар тӯл ва шиддат ба сураи Бароат (Тавба) шабеҳаш медонистем, ки фаромӯшам шуда, вале аз он ин оятро дар ёд дорам, ки:

    لَوْ كَانَ لِابْنِ آدَمَ وَادِيَانِ مِنْ مَالٍ لَابْتَغَى وَادِيًا ثَالِثًا وَلَا يَمْلَأُ جَوْفَ ابْنِ آدَمَ إِلَّا التُّرَابُ

    … мебошад, ва ҳамчунин сураеро мехондем, ки онро ба яке аз сураҳои “Мусаббиҳа” (яъне сураҳое, ки бо “Субҳона, Саббиҳи ва Юсаббиҳу…” шурӯъ мешаванд) монандаш медонистем, ки фаромӯшам шуда, вале аз он ин оятро дар ёд дорам, ки:

    يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لِمَ تَقُولُونَ مَا لَا تَفْعَلُونَ فَتُكْتَبُ شَهَادَةً فِي أَعْنَاقِكُمْ فَتُسْأَلُونَ عَنْهَا يَوْمَ الْقِيَامَةِ

    мебошад.”[2]

    Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки имрӯз ҳамчунин сура ва оёте дар Қуръон ёфт намешавад, агар касе ривояти мазкурро бидуни илтифот ба тавзеҳи уламои кибори аҳли суннат дар бораи он бихонад, оё барои ӯ чунин бардоште ҳосил нахоҳад шуд, ки сураҳое аз Қуръон будааст, ки саҳобии ҷалилқадр Абӯмусои Ашъраӣ (р) медониста ва фаромӯшаш шуда? Ин яъне эътиқод ба кам будани Қуръон. Касе ҳам наметавонад муддаӣ бишавад, ки Абумӯсо (р) дурӯғ мегӯяд.

    Пас, шахси боинсоф ҳаргиз дар бораи эътиқодоти мазҳабе муайян танҳо бо мустанад қарор додани ривоёт ва бидуни дар назар гирифтани дидгоҳҳо ва тафсирҳо ва тавҷеҳоти уламои бузурги он мазҳаб қазоват ва доварӣ намекунад.

    Бинобар ин, бояд бибинем уламои бузурги шиъа дар бораи Қуръони Карим чӣ мегӯянд, ки дар зайл ба он ишора хоҳад шуд.

    3. Он чи дар ин миён бояд мустанад қарор бигирад, дидгоҳ ва назари уламои бузурги шиъа амсоли Шайх Садуқ, Шайх Муфид, Шайх Тӯсӣ ва Сайиди Муртазо аст, ки аз қудамои шиъа ба шумор мераванд, на ривоятҳои ворида дар китобҳои ҳадисӣ ва ривоӣ; чаро ки шиъаён бар ин боваранд, ки ҳеч китобе аз китобҳои ривоӣ, чи китобҳои шиъа ва чи китобҳои аҳли суннат, холӣ аз ривоятҳои заъифу сақим (ва ҳатто мавзӯъ) нестанд. Шиъаён ҳатто дар мавриди кутуби арбаъаи худ (китобҳои чаҳоргонаи ривоӣ) низ чунин эътиқодеро доранд.

    Инак, назари қудамои шиъа дар бораи Қуръони Карим:

    а) Шайх Садуқ мегӯяд: “Эътиқоди мо ин аст, ки Қуръоне, ки Худои Таоло бар паёмбараш Муҳаммад (с) нозил кардааст, ҳамин аст, ки имрӯз мутадовал аст. Он, ҳамин аст, ки дар дасти оммаи мардум қарор дорад, на бештар аз он… Ҳар он касе ки ба мо (шиъаён) нисбат медиҳад, ки мо эътиқод дорем, ки Қуръон беш аз ин аст, ӯ дурӯғгӯст…”[3]

    б) Шайх Муфид дар китоби “Авоилул‒мақолот” мегӯяд: “Ҷамоате аз аҳли имомия бар он аст, ки Қуръон чунин аст, ки на як калима аз он кам шуда, на як сура ва на як оят. Оре, он чи дар нусхае, ки дар дасти Амири мӯъминон Алӣ (а) аз таъвилу тафсири маъноҳои Қуръон сабт шуда буд ҳазф гардида. Ва онҳо аз ҷумлаи каломи илоҳӣ, ки Қуръони эъҷозкунанда аст намебошанд”.[4]

    Аллома Сайидмуртазо Аскарӣ, аз уламои муосири шиъа, пас аз нақли суханони Шайх Муфид мегӯяд: “Ҳамон тавре ки мулоҳиза мекунед, ҷамоате аз шиъаёни имомия мӯътақид будаанд, ки дар нусхае, ки дар дасти ҳазрати Алӣ (а) будааст, таъвилот ва тафсироте аз оятҳои қуръонӣ будааст, ки баъдҳо ҳазф гардида. Ин ҷост, ки ин эътиқоди гурӯҳе аз имомия (на ҳамаашон) сабаб гардида, ки бархеҳо (мисли муҳаддиси Нурӣ) чунин бардошт намоянд, ки дар Қуръон зиёдату нуқсон ворид шудааст”.

    Он гоҳ Аллома Аскарӣ ин сухани Шайх Муфидро меоварад, ки гуфтааст: “Ба назари ман, ин сухан (сухани ин ҷамоат аз имомия) наздиктар ба сухани касе аст, ки иддаои нуқсони калимаҳое аз худи Қуръон (на таъвилоти он)‒ро кардааст… Аммо ман (Муфид) бар он ҳастам, ки бешак қавл бар зиёдат, сухане аст фосид ва беасос. Вале агар муроди ин ҷамоат, зиёдати сурае аз Қуръон бошад ба ҳадде, ки бар фасеҳон хам иштибоҳ шуда бошад, чунин дидгоҳ бар хилофи муборизаталабии Қуръон аст…”[5]

    Шайх Муфид дар идома меафзояд: “Агар бар мо гуфта шавад, ки чӣ гуна дуруст бошад ин сухан, ки Қуръоне, ки дар байни оммаи мардум аст, ҳамон каломи Худои Субҳон аст бе каму костӣ, дар ҳоле ки шумо аз имомонатон ривоят мекунед, ки онҳо дар мавриди оятҳое хилофи он чиро дар Қуръон аст гуфтаанд? Мо (дар посух) мегӯем: Ривоятҳое, ки бо чунин мазмун ворид шудаанд, ривоятҳои оҳод ҳастанд, ки қатъ ба дурустияшон вуҷуд надорад…”[6]

    в) Сайиди Муртазо, аз қудамои уламои шиъа мегӯяд: “Бовари қатъӣ ба саҳеҳ будани нақли Қуръон (ба ҳамин сурате ки имрӯз миёни мардум мутадовал аст) мисли бовари қатъӣ ба вуҷуди кишварҳо, воқеаҳои бузург ва китобҳои машҳур аст, ки (ба тавотур расидаанд)”.[7]

    г) Шайх Тӯсӣ, яке дигар аз қудамои шиъа мегӯяд: “Аммо эътиқод ба ин ки дар Қуръон зиёда ва нуқсон ворид шудааст, чунин эътиқоде, эътиқоде аст, ки аслан дар мавриди Қуръон сазовор нест. Чун ки иҷмоъ ҳаст бар бутлони зиёдат дар Қуръон. Ҳамчунин роҷеъ ба қавл ба нуқсон дар Қуръон, зоҳир аз ойини мусулмонон, хилофи он аст. Ин аст он чи лоиқтар ба мазҳаби мо (шиъаён) мебошад…”[8]

    Сайидюнуси Истаравшанӣ

    Кимиёи саодат
    ——————————————————————————————————————————————————————————-

    [1] Саҳеҳи Бухорӣ, китоби ҳудуд, боби раҷми ҳабло аз зино; Саҳеҳи Муслим, китоби ҳудуд, боби раҷми саййиб дар зино ва ғайра

    [2] Саҳеҳи Муслим, 5/266.

    [3] Садуқ, китоби “Эътиқодот”, ба нақл аз китоби “Қуръон ва ривоятҳои ду мактаб”, Аллома Аскарӣ, ҷ.3, саҳ.89.

    [4] Муфид, “Авоил‒ул‒мақолот”, ба нақл аз китоби “Куръон ва ривоятҳои ду мактаб”, Аллома Аскарӣ, ҷ.3, саҳ.90

    [5] Ҳамон манбаъ.

    [6] Ҳамон манбаъ.

    [7] Ба нақл аз китоби “Куръон ва ривоятҳои ду мактаб”, Аллома Аскарӣ, ҷ.3, саҳ.91.

    [8] Ҳамон манбаъ, ҷ.3, саҳ.92.