Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Ончи Юсуфро Юсуф кард, сифоти ахлоқии ӯ буд

    Ончи Юсуфро Юсуф кард, сифоти ахлоқии ӯ буд

    Rate this post

    Ончи Юсуфро Юсуф кард, сифоти ахлоқии ӯ буд, на чеҳраи дилрубояш…

    Дар ин ки чеҳраи Юсуф (а) зебо буд, ҳарфе нест; ҳамон чеҳрае, ки вақте занон диданд, дасти худро ба ҷои мева буриданд ва гуфтанд: “Муназзаҳ аст Худованд! Ин башар нест, ин ҷуз фариштае бузургвор намебошад”. Аммо ончи ӯро Юсуфи Қуръон кард, сифоти ахлоқии фавқулодаи ӯ буд, на чеҳраи дилрубояш.

    Ҷамоли Юсуф (а) дар ин аст, ки вай ҳеч гоҳ он зулмеро, ки бародарони ҷафокор дар ҳаққаш карданд, ба рӯяшон наёвард ва ҳамвора аз Худо ва лутфу раҳмати беинтиҳояш сухан гуфт.

    Дар ҷараёни кашфи ҷоми султон аз бори Бинёмин, дар ҳузураш ба ӯ тӯҳмати дуздӣ заданд ва гуфтанд: Агар ин писар дуздӣ карда чизи аҷибе нест; чаро ки бародараш (Юсуф) низ қаблан муртакиби чунин коре шуда буд.[1]

    Аммо Юсуф (а) дар чунин фазои сахт ва ҷонсӯз ҳам, лаб ба тавбехи бародарон нагушуд ва танҳо дар дил онҳоро сарзаниш кард,[2] ва бо худ гуфт: “Манзилати шумо бадтар аст (ки зоҳиратон нишон медиҳад) ва Худо ба ончи баён мекунед донотар аст”.[3]

    Онҷо ҳам, ки бародарон ӯро мешиносанд ва ибрози шармандагӣ мекунанд, ӯ на танҳо ҳарфе, ки бӯи таъну сарзаниш бидиҳад бар забон ҷорӣ намекунад, балки ба гунае бо онон сухан мегӯяд, ки гӯё эшон аслан хатое накардаанд; ба онҳо мегӯяд: “Ҳеч маломате бар шумо нест.”[4]

    Ҳангоме ҳам, ки дар маҳзари падар шурӯъ ба шарҳи ҷараёноти гузашта мекунад, аз зиндон шурӯъ мекунад, сипас ишорае ба биёбоне карда ва шайтонро муттаҳам мекунад.

    Дар ин саҳна ҳам сӯҳбате аз чоҳ ва зулми бародарон ба миён намеоварад:[5]

    Ваъдаи истиғфор

    Баъд аз ошкор шудани он хиёнате, ки бародарони Юсуф (а) дар солҳои дур муртакиб шуданд, назди падар омаданд ва зимни хатокор хондани худ, аз ӯ хостанд то барояшон аз Худо талаби омурзиш кунад.[6]

    Падар, ки руҳе ҳамчун уқёнуси васеъ ва пурзарфият дошт, бе он ки онҳоро маломат ва сарзаниш кунад, ба онҳо ваъда дод, ки ман ба зудӣ барои шумо аз Парвардигорам талаби омурзиш мекунам ва умедворам ӯ тавбаи шуморо бипазирад ва аз гуноҳонатон сарфи назар кунад; чаро ки ӯ ғафур ва раҳим аст.

    Ин нукта ҳам аз ин оёти шарифа қобили истифода аст, ки тақозои истиғфор аз дигарӣ, на танҳо мунофот бо тавҳид надорад, балки роҳе аст барои расидан ба лутфи Парвардигор, вагарна чӣ гуна мумкин буд Яъқуби паёмбар (а), тақозои фарзандон дар бораи истиғфор барои ононро бипазирад ва ба тавассули онҳо посухи мусбат диҳад.

    Ин нишон медиҳад, ки тавассул ба авлиёи илоҳӣ, иҷмолан амре ҷоиз аст ва онҳо, ки онро мамнӯъ ва мухолиф бо асли тавҳид мешуморанд, бо маъорифи Қуръон бегонаанд ва ё таъаҷҷубҳои ғалат монеъи диди онҳо мешавад.

    Дуои Юсуф (а)

    Ояти 101, ки марбут ба бахшҳои поёнии достони Юсуф (а) аст, муноҷоти он ҳазрат бо Худои Мутаолро баён мекунад. Юсуф дар оғоз Худовандро барои неъматҳое, ки ба ӯ арзонӣ дошта шукргузорӣ мекунад: “Парвардигоро! Бахше аз як ҳукумати васеъро ба ман марҳамат фармудӣ ва аз илми таъбири хоб ба ман омӯхтӣ.”

    Баъд, ба таъриф ва тамҷид аз Худованди Мутаол мепардозад: “Туӣ ки осмонҳо ва заминро эҷод намудӣ.”

    Баъд аз он, ба иртиботи худ бо Ӯ ва ин ки Ту ҳамакора ҳастӣ, эътироф мекунад, ки ин эътироф ба азамати Худо ва лаззати худ аст.

    Дар поён арз мекунад: “Маро мусалмон ва таслим дар баробари фармонат аз ин ҷаҳон бибар ва маро ба солеҳон мулҳақ кун.”

    Ин гуна дуо кардан, ки Қуръони Карим аз як паёмбари илоҳӣ нақл мекунад, дарбардорандаи нукоте аст, ки ба ду нуктаи он ишора мекунем:

    1. Дар дуо шоиста аст ба ҳамин тартиб, ки он ҳазрат дуо кард ва Қурони Карим нақл кард, амал шавад, яъне:

    а) баршумурдани неъматҳое, ки Худо ба мо арзонӣ доштааст;

    б) тавассул ба номҳое аз асмои илоҳӣ, ки баёнгари камолоти бениҳояти Худованди Мутаол аст;

    в) эътироф ба азамат ва қудрати илоҳӣ аз тарафе, ва заъф ва нотавонии худ аз тарафи дигар;

    г) баёни дархости худ.

    2. Бо имон аз дунё рафтан ва мулҳақ шудан ба некон дар сарои дигар, ва дар як калом, оқибат ба хайрӣ, аз беҳтарин дуоҳост, ки дар айни кӯтоҳӣ, бисёр амиқ ва васеъ аст, ки ҳам дунёи инсонро танзим мекунад ва ҳам охирати ӯро таъмин.

    Касе ки ба дунболи ин хоста аст, худро муваззаф медонад дар роҳи расидан ба он талош кунад, ки ҳамин сабаб мешавад тавфиқи оқибат ба хайрӣ насибаш шавад.

    Бинобар ин, шоиста аст дуо ба гунае бошад, ки дар айни ҷомеияти дунёву охират, дар навъи рафтори амалии инсон низ таъсиргузор бошад.

    Аксари мардум имонбиёвар нестанд

    Ояти 103 эълом мекунад, ки аксари мардум имонбиёвар нестанд: “Ва бештари мардум, гарчи ҳарис бошӣ, имонбиёвар нестанд”, ва ояти 10 мӯъмининро мушрик ҳам мехонад: “Ва бештари онҳо ба Худо имон намеоваранд магар дар ҳоле ки мушрик ҳастанд.”

    Ҳарчанд маънои ин ду оят дар нигоҳи аввал аҷиб ва фаҳми он душвор ба назар меояд, аммо бояд донист, ки мурод аз имон дар ин оёт, он имони холис ва холӣ аз ҳар гуна ширк байни холиқу махлуқ аст.

    Касоне ки мӯъмин ҳастанд, вале бо огоҳӣ ва аз рӯи амд гуноҳ мекунанд, олуда ба ширканд; зеро назари худ бар анҷоми он корро дар арзи назари Худо бар тарки он медонанд, ва ин яъне ширк; мунтаҳо ширк дар тоъат ва амал, на ширк дар ибодат ва эътиқод.

    Ва ё касоне ки Худоро аввал ва дигаронро, ки лутфе дар ҳаққашон карда ё қарор аст лутф кунанд дуввум қарор медиҳанд низ мӯъминони мушриканд, ки дар амал – на дар ибодат – барои Худо шарик ва дуввуме додаанд ва мегӯянд, аввал Худо ва дуввум шумо; ё агар фалонӣ набуд, ман мемурдам ва ё мушкилам ҳал намешуд ва монанди он.

    Ба ҷои ин таъобир бояд гуфт: “Худоё шукр, ки ба воситаи фалонӣ хатарро аз мо дафъ ва ё мушкили моро бартараф кардӣ!”

    Мӯъмин вазифа дорад, ҳам дар эътиқод ва ҳам дар амал ва ҳам дар сухан гуфтан, ба гунае бошад, ки мунофоте бо тавҳиди ноб надошта бошад, ки агар ба чунин тавфиқе даст пайдо кард, ҷузъи он андаке хоҳад шуд, ки ояти 103 ва 106 ба онҳо ишора доранд.

    Худованд мӯҳтоҷи ибодати халқ нест

    Ояти 8-и сураи Иброҳим (а) посухи равшан ба касоне аст, ки Худоро мӯҳтоҷи ибодатҳое медонанд, ки ба он амр кардааст ва гумон мекунанд, агар имон наоварданд ва ӯро ибодат накунанд ва бемуҳобо кунанд, Худованд дучори камбуд мешавад ва осебе мебинад; бе хабар аз он ки Худованд, бениёзи маҳз аст ва ниёзманд ба ҳеч чиз нест, то чӣ расад ба имон ва ибодати бандагонаш!

    Аз ин рӯ, бо сароҳати тамом мефармояд, ҳатто агар тамоми мардуми рӯи замин кофир шаванд, Худованд дучори заррае камбуди мушкил намешавад, чаро ки аз ҳар кас ва ҳар чизе бениёз аст: “Агар куфр варзед шумо ва тамоми касоне ки дар рӯи замин ҳастанд, (Худо заррае камбуди мушкил намешавад, зеро) ҳамоно Худо бениёзи ҳамид аст.”

    Ва агар амру наҳй ҳаст, барои парвариши худи инсон аст ва риояти он ба нафъи худи ӯст. Қуръони Карим мефармояд: “Касе ки кори шоиста анҷом диҳад, ба суди худи ӯст, ва касе ки муртакиби зиштӣ шавад, ба зиёни худи ӯст, ва Парвардигорат ситамкор ба бандагон нест.”[7]

    Кимиёи саодат

    ————————————————————————————————————–

    [1] Ояти 77-и сураи Юсуф (а).

    [2] Ҳамон.

    [3] Ҳамон.

    [4] Ояти 92-и сураи Юсуф (а).

    [5] Ояти 100-и сураи Юсуф (а).

    [6] Ояти 92-и сураи Юсуф (а).

    [7] Ояти 46-и сураи Фуссилат.