Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Нигоҳе ба мактаби каломӣ ва эътиқодии Имом Абӯҳанифа (р)

    Нигоҳе ба мактаби каломӣ ва эътиқодии Имом Абӯҳанифа (р)

    Rate this post

     

    Имом Абӯҳанифа (р) дар тӯли торихи исломӣ, бештар ба унвони як фақеҳи аҳли раъй матраҳ буда ва аз дерзамон номи эшон дар канори Имом Молик ва Имом Шофеӣ ба унвони яке аз бузургтарин фақеҳони аҳли суннат зикр гардидааст. Аммо бар хилофи Молик ва Шофеӣ, мактаби Имом Абӯҳанифа (р) дар бурҳаҳое аз торих, ба унвони мактаби дуҷанбаӣ шинохта мешудааст; мактабе, ки ҳам аз низоми эътиқодӣ ва ҳам аз низоми фиқҳӣ бархӯрдор буда ва дар замони худ андешаҳои каломии Имом Абӯҳанифа (р) аз аҳаммияту шӯҳрати бештар бархӯрдор будааст ва илҳомбахши макотиби мухталифи каломӣ гардидааст.[1]

    Дар иртибот бо андешаҳои каломии Имом Абӯҳанифа (р) бояд ёдовар шуд, ки ақоиди эшон ба сурати дастнахӯрда ба дасти мо нарасидааст. Ончи имрӯза ба унвони андешаҳои каломии Имом Абӯҳанифа (р) дар ихтиёри мост, гузоришоти ноҳамгун ва нисбатан мутазодде аст, ки таҳти таъсири гароиши ровиён ва ноқилони гуногун, ба сурати рангхӯрда ба мо мунтақил шудааст.

    Ҳамон тавр ки аз лобалои манобеи торихӣ ошкор мегардад, ҳатто дар замони ҳаёти Имом Абӯҳанифа (р), изҳори назарҳо дар бораи афкори эшон ноҳамгун будааст ва равшан аст, ки ин ноҳамгунӣ пас аз гузашти солҳо ва қарнҳо, беш аз пеш мегардид.

    Аммо ончи ба сурати қатъӣ метавон дар бораи ин шахсият изҳори назар кард, ин аст, ки ӯ бо афкор ва ақоидаш, чӣ дар заминаи эътиқодот ва чӣ дар заминаи фиқҳ, дуруст дар муқобили аҳли ҳадис қарор дошт ва мактабаш ба унвони мактаби аҳли раъй маъруф буд.

    1. Гузоришгарони андешаҳои каломии Имом Абӯҳанифа (р)

    Имом Абӯҳанифа (р) илҳомбахши макотиби мухталифи каломӣ буда ва осори зиёде бо низомҳои фикрии гуногун ба эшон мансуб гаштааст. Ҳарчанд худи эшонро ба сурати дақиқ наметавон дар қолиби як мазҳаби каломии низомёфта ва мунсаҷим донист, аммо метавон эшонро фарди соҳибназар дар масоили каломӣ ба ҳисоб овард, ки феълан аносуре аз андешаҳои каломии вай дар макотиби мансуб ба эшон ва бархе осори ғайриҳанафӣ боқӣ мондааст. Дар маҷмӯъ, радди пои андешаҳои каломии Имом Абӯҳанифа (р)-ро дар ду даста аз манобеъ метавон радёбӣ намуд:

    1. Дар манобеи мактаби ҳанафӣ-мотуридӣ, ки пайравони ин мактаб, ҳам дар фиқҳ пайрави Имом Абӯҳанифа (р) ҳастанд ва ҳам дар калом, муддаӣ ҳастанд, ки аз андешаҳои Имом Абӯҳанифа (р) пайравӣ мекунанд;

    2. Манобеи ғайри ҳанафӣ ва ғайри мотуридӣ, аз ҷумла манобеи торихӣ, кутуби маноқиб, манобеи ривоӣ, манобеи каломӣ ва фиқҳии мухолифи андешаҳои Имом Абӯҳанифа (р) ва ғайра.

    Аммо дар иртибот бо мактаби ҳанафӣ-мотуридӣ бояд ёдовар шуд, ки ин мактаб танҳо мактабе нест, ки мансуб ба Имом Абӯҳанифа (р) аст, балки пеш аз он, мактаби ақлгаротари дигаре муддаии пайравӣ аз андешаҳои Имом Абӯҳанифа (р) будааст.

    Ба ҳар ҳол, низомҳои эътиқодии мансуб ба Имом Абӯҳанифа (р)-ро метавон дар ду мактаби умда табақабандӣ намуд:

    а) Мактабе, ки аз шеваҳои каломӣ ва андешагаро пайравӣ мекард ва бо наздик шудан ба афкори мӯътазила дар масоиле чун «қадар», дар ҷабҳаи мухолифи асҳоби ҳадис қарор мегирифт;

    б) Мактабе, ки бо поя қарор додани тафаккури Имом Абӯҳанифа (р) дар бораи имон, дар масоили мухталифи дигаре чун сифоти Борӣ Таоло, қадар, имомат ва хилофат, ба назароти асҳоби ҳадис гароиш пайдо намуда ва пайравони он ба унвони «аҳли суннат ва ҷамоат» шинохта мешуданд,[2] ва андаке баъд, дар қолиби мактаби ҳанафӣ-мотуридӣ зуҳур ва намуд ёфт. Бе муносибат нахоҳад буд, то тавзеҳе дар мавриди ин ду даста пайравони Имом Абӯҳанифа (р) ироа шавад.

    1-1. Мактаби каломӣ ва адлгарои ҳанафӣ:

    Дар канори он даста аз шогирдони Имом Абӯҳанифа (р), ки умдаи ҳиммати худро дар тарвиҷи фиқҳи Имом Абӯҳанифа (р) масруф доштанд, гурӯҳи дигаре буданд, ки эшонро ба унвони як мутафаккири динӣ дар калом матраҳ сохтанд. Ақоиди ин ҳанафиёни мухолифи асҳоби ҳадис, ҳаргиз дар Ироқ шукуфо нагардид ва равнақи онро дар машриқ, бавижа Балх бояд ҷустуҷӯ кард. Илова бар Ҳаммод фарзанди Имом Абӯҳанифа (р), Абӯмутеъи Балхӣ (қозии Балх), Силм ибни Солими Балхӣ ва Абӯмуқотили Балхӣ аз ин дастаанд.[3]

    Мардуми Хуросон, ки дар замони ҳаёти Имом Абӯҳанифа (р) аз муҳимтарин дӯстдорону муроҷиони эшон буданд, пас аз даргузашти эшон ҳамчунон вафодории худро ҳифз карданд. Балх аз он рӯ, ки конуни дӯстдорони Имом Абӯҳанифа (р) ва ошиқону пайравони эшон буд, аз сӯи асҳоби ҳадис «Мурҷиобод» хонда мешуд.[4] Дар даҳаҳои миёнии садаи севвуми қамарӣ дар Хуросон, аз сӯи ҳамин даста аз ҳанафиёни мулаққаб ба “Мурҷӣ”, равишҳои дерини ҳанафӣ чун ақлгароӣ, мубориза бо тақлид ва дидгоҳи интиқодӣ нисбат ба аҳодиси манқул аз Паёмбар (с) дида мешавад ва ҳатто бархе аз саҳоба чун Абӯҳурайра (р) мавриди нақд қарор гирифтаанд.[5]

    Дар садаҳои 4 ва 5 қамарӣ, таблиғи васеъи мактаби «аҳли суннат ва ҷамоат» аз равнақи мактаби ҳанафии адлгаро коста буд, вале ҳанӯз гурӯҳҳое аз ин мактаб дар Хуросон ва Мовароуннаҳр ҳузур доштанд. Дар Рай низ дар ҳудуди садаи панҷи қамарӣ, гурӯҳе дар усул ва фурӯъ пайрави Имом Абӯҳанифа (р) буданд.[6]

    Гузашта аз баҳси ирҷоъ дар миёни ҳанафиёни мутакаллим ва адлгаро, ба назар мерасад, ки заминаи ихтилофи камтаре байни эшон ва ташайюъ вуҷуд доштааст, то байни ташайюъ ва мактаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоат. Ақлгароӣ ва парҳез аз тақлид, дидгоҳи эшон дар бораи қазову қадар ва адлгароӣ ва дурӣ аз ҷумуд бар мутуни аҳодис, заминаи камтаре барои ихтилоф боқӣ мегузошт. Аммо ғалабаи мактаби аҳли суннат ва ҷамоат, заминаи ихтилоф байни шиъаён ва ҳанафиёнро бештар намуд ва худи унсури ҳадисгароӣ дар ин мактаб, дар канори авомили сиёсӣ ва иҷтимоии дигар, ба тадриҷ ба домана ва умқи ихтилофот афзуд.

    1-2. Мактаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоат:

    Дар садаҳои 2 ва 3 қамарӣ, дар Хуросон мактабе дар ҳоли шакл гирифтан буд, ки низоми эътиқодии худро баргирифта аз орои Имом Абӯҳанифа (р) медонист ва бархе шогирдони ироқии эшон чун Абӯюсуф, Муҳаммад ибни Ҳасан, Зуфар ибни Ҳузайл ва Ҳасан ибни Зиёди Луълуӣ-ро ба унвони пешқадамони мактаби худ қаламдод мекард, ки метавон онро «мактаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоат» номид.[7]

    Ин мактаб, сарфи назар аз тафаккури ирҷоъ, дар дигар масоили эътиқодӣ ихтилофи вижае бо аҳли ҳадис надошт ва муҳимтарин конуни ривоҷи ин мактаб, сарзамини Мовароуннаҳр ва ба вижа ду шаҳри Самарқанд ва Бухоро буд ва авҷи шукуфоии он ба давраи Сомониён (261-389.қ) бозмегашт.[8]

    Бар асоси китоби Ас-савод-ул-аъзам-и Самарқандӣ, Абӯамр ва Зарири Нишопурӣ, Ибни Мубораки Марвазӣ, олими асҳоби ҳадис, Абӯсулаймони Ҷузҷонӣ (ки наздикии афкораш ба аҳли ҳадис машҳур будааст), Ибни Халаф ибни Аюби Балхӣ (м.250.қ), Исом ибни Юсуфи Балхӣ (м.215.қ), Шаддод ибни Ҳакими Балхӣ (м.220.қ), Аҳмад ибни Ҳарби Нишопурӣ (м.234.қ), Абӯҳафси Кабири Бухорӣ (м.264.қ) ва Муҳаммад ибни Салмаи Балхӣ (м.278.қ) доиядорони ин мактаб дар садаҳои 2 ва 3 қамарӣ будаанд.[9]

    Истилоҳи «аҳли суннат ва ҷамоат» дар осори хуросониёни он рӯзгор, бар ҳанафиёни адлгаро итлоқ намегашт.[10] Ончи дар ақоидномаҳои ин мактаб пеш аз миёнаи садаи севвуми қамарӣ омадааст, ин аст, ки бештар ба нишон додани тазодди ин мактаб бо макотиби мухолиф, ба вижа шиъа ва хавориҷ ва мӯътазила такя доранд ва барои ҳусули ин мақсуд, назаргоҳҳои фиқҳӣ ва эътиқодиро бо якдигар даромехтаанд. Дар яке аз ин ривоятҳо Абӯасама Нӯҳ ибни Марям аз Имом Абӯҳанифа (р) дар бораи аҳли суннат ва ҷамоат пурсиш кардааст ва Имом Абӯҳанифа (р) дар посух вижагии ононро тафзили шайхайн, ҳубби хатанайн, масҳи бар хуффайн, такфир накардани аҳаде ба ҷиҳати иртикоби гуноҳ, имон ба «ал-қадари хайриҳи ва шарриҳи миналлоҳ» ва сухан нагуфтан дар бораи Худованд ба шеваи мутакаллимон донистааст.[11] Дар мутуни мушобеҳи дигар низ ифтироқи фиқҳии ҳанафиён аз шиъаён ва шофеиён зикр гардидааст.[12]

    Куҳантарин мутуни эътиқодии мактаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоат, китоби «Ал-васият»-и мансуб ба Имом Абӯҳанифа (р) аст, ки дар он аз ҷумла тафзили хулафои чоргона (р) ба тартиби хилофати онон дида мешавад.[13]

    Дар давраи ҳукумати Амир Исмоили Сомонӣ (279-295.қ), олимони ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоат, ӯро бар он доштанд, то аз пойгирии макотиби мухталиф дар ҳавзаи Мовароуннаҳр ҷилавгирӣ намояд ва дар ҷиҳати таҳаққуқи ин амр, амири сомонӣ аз Ҳакими Самарқандӣ хост, то дар китобе ақоиди аҳли суннат ва ҷамоатро гирд оварад ва ба ин тартиб, китоби «Ас-савод-ул-аъзам»-и Ҳакими Самарқандӣ навишта шуд.[14]

    Дар ҳамин даврон, Абӯҷаъфари Таҳовӣ (м.321.қ), олими ҳанафии дигаре дар Миср, китоби «Ал-ақида»-и худро навишт, ки бисёр шабеҳ ба китоби Ас-савод-ул-аъзам ва дар тавзеҳи ақоиди ҳанафиёни аҳли суннат ва ҷамоат аст. Ду китоби Ас-савод-ул-аъзам-и Ҳакими Самарқандӣ ва Ал-ақида-и Таҳовӣ вуҷуҳи иштироки зиёде доранд ва масоиле мисли такя бар хушбинӣ нисбат ба ҷамиъи асҳоби Паёмбар (с), биҳиштӣ будани ашараи мубашшара, намоз гузоридан дар пайи имоми фоҷир, лузуми итоати султон ва тарки шамшер ва ғайра.., дар ҳар ду матраҳ гардидааст ва ҳар ду асар, дар оғози сухан, ақоиди худро ба Имом Абӯҳанифа (р) мансуб сохта ва онро мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат донистаанд.[15]

    Дар замони муқорин бо таълифи Ас-савод-ул-аъзам, гароиши каломӣ низ дар миёни ҳанафиёни аҳли суннат ва ҷамоат дар Самарқанд падид омад, ки бо гароиши каломии Абулҳасани Ашъарӣ дар Ироқ қобили муқоиса буд. Оғозгари ин гароиш, Абӯмансури Мотуридӣ (м.333.қ) буд, ки назарияи ирҷоъ ва афкори суннатгароёнаи ҳанафиёнро дар қолиби як низоми каломӣ шакл дод.

    Бо шаклгирии эътиқодоти мактаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоат чун матни қадими «Ал-фиқҳ-ул-акбар», ки дар Хуросон тадовул дошт, аз ҷиҳати сохтори эътиқодӣ наметавонист бо ин мактаб созгор бошад, аз ин рӯ, ба тадриҷ матни ҷадиде бо ҳамон номи Ал-фиқҳ-ул-акбар ҷойгузини он гардид, ки ба манзури шарҳ кардани Ал-фиқҳ-ул-акбар-и нахуст, бештар ба тавҷеҳи он пардохтааст.[16]

    Шоёни таваҷҷӯҳ аст, ки нависандагони ғайриҳанафӣ то авохири давраи Сомониён, Имом Абӯҳанифа (р)-ро дар шумори «мурҷиъон» ном мебурданд ва аз давраи Ғазнавиён бо камранг шудани ирҷоъи ҳанафӣ, фирқашиносон Имом Абӯҳанифа (р)-ро мурҷиӣ надониста, дар шумори аҳли суннат ва ҷамоат ва саводи аъзам шумурдаанд.[17] Дар осори ғайриҳанафии ин давра, талоши ошкоре барои аз байн бурдани фосилаҳои мавҷуд миёни ҳанафиён ва дигар гурӯҳҳои аҳли суннат дида мешавад.[18] Ин талош бо истиқболи ҳанафиён рӯ ба рӯ шуд ва дар амал ба заъфи мактаби эътиқодии ҳанафӣ ва пайвастани бисёре аз ҳанафиён ба пайравони каломи ашъарӣ анҷомид. Авҷи ин наздикии таъолими ҳанафӣ ва каломи ашъарӣ, дар шарҳи севвум дар «Фиқҳи Акбар» дида мешавад, ки дар он асаре аз ирҷоъи ҳанафӣ нест ва дохил шудани қайди «амал ба аркон» дар таърифи имон,[19] як эътиқоди зидди ҳанафӣ аст, ки ҳатто дар каломи мотуридӣ дида намешавад.[20]

    Бинобар ин, ончи акнун ба унвони андешаҳои каломии Имом Абӯҳанифа (р) дар дастраси мо қарор дорад, ривоятҳои ҳанафиёни аҳли суннат ва ҷамоат аст, ки пас аз талвини мӯътақадоти Имом Абӯҳанифа (р), ба шакли мӯътақадоти мактаби Мотуридия ва Таҳовия ва то андозае шабеҳи ақоиди мактаби ашъарӣ, дар кутуби ҳанафиёни аҳли суннат ва ҷамоат ғунҷонида шудааст ва ба Имом Абӯҳанифа (р) нисбат дода мешавад. Ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон итминон ёфт, ки назариёти каломии Имом Абӯҳанифа (р) ҳамонҳое аст, ки ҳанафиёни аҳли суннат ва ҷамоат барои мо ривоят мекунанд. Ба назар мерасад, ки бахши умдае аз андешаҳои каломӣ ва гароишҳои воқеъии Имом Абӯҳанифа (р), монанди худи эшон беш аз ҳафтод сол умр накардааст ва дар воқеъ ҳамроҳ бо даргузашти шахси Имом Абӯҳанифа (р) дар соли 150 ҳиҷрӣ, шахсияти илмӣ ва гароишоти фикрии ӯ низ бо вай ба хок супурда шуд. Ончи аз андешаҳои Имом Абӯҳанифа (р) ба вижа андешаҳои каломии эшон тавассути мактаби аҳли суннат ва ҷамоат нақл шудааст, маҳсули талоши пайравони ҳадисгаротари эшон аст, ки ба манзури созиш ва наздикӣ бо соири аҳли суннат ва ҳадисгароён сомон дода шудааст. Ҳанафиёни аҳли суннат ва ҷамоат ба далели бадбинии аҳли ҳадис ба Имом Абӯҳанифа (р) ба ҷиҳати эътимоди бештари эшон ба ақлу раъй, ва ба заъми аҳли ҳадис, беэътиноии эшон ба ҳадис ва манқулот, талош намуданд, ки ихтилофоту тамойузоти андешаҳои Имом Абӯҳанифа (р)-ро бо аҳли ҳадис коҳиш диҳанд ва эшонро аз ақоид, гароишҳо ва равишҳои мухолифи аксарияти аҳли суннат табриъа намуда ва дар зумраи олимони аҳли суннат ва ҷамоат қарор диҳанд.

    Ҳанафиёни аҳли суннат ва ҷамоат, бо таваҷҷӯҳ ба аҳдофи мазкур, ҳамаи кутуби мансуб ба Имом Абӯҳанифа (р)-ро бозбинӣ намуда ва аносуре аз андешаҳои эшонро, ки бо ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат созгор набуд, ҳазф ва ё ба нафъи ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат тағйир дода ва ё ба тавҷеҳу тафсири онҳо пардохтанд. Кутубу рисолаҳое монанди Фиқҳи Акбар, Олим ва мутааллим, Васият ва ғайра, ки дар асл низ таълифи мустақими шахси Имом Абӯҳанифа (р) набуд ва тавассути шогирдони эшон танзим шуда буд, дар адвори баъдӣ тавассути ҳанафиёни аҳли суннат ва ҷамоат тағйироти бештаре пайдо кард; ба гунае ки имрӯза масоили каломии матраҳ дар ин кутуб ва рисолаҳо, дақиқан бар мабнои андешаҳои каломии мотуридӣ аст ва ҳатто истилоҳоту таъбироти ба кор рафта дар ин кутуб ва рисолаҳо (истилоҳ ва назарияи касб, таъбири билокайф дар мавриди сифоти хабарӣ ва…) ҳамон истилоҳот ва таъбироте аст, ки дар се мактаби мотуридӣ, таҳовӣ ва ашъарӣ истифода мешавад ва дар ҳудуди як қарн пас аз асри Имом Абӯҳанифа (р) ин истилоҳот тавассути Абулҳасани Ашъарӣ, Абӯмансури Мотуридӣ ва Абӯҷаъфари Таҳовӣ ба вуҷуд омадааст.

    Дар ин миён, худи истилоҳи «аҳли суннат ва ҷамоат» истилоҳе аст, ки дар замони Имом Абӯҳанифа (р) марсум набудааст ва пас аз асри эшон тавассути афроде ба вуҷуд омад, ки ақлгароии мӯътазилиён ва андешаҳои шиъиро намепазируфтанд ва дар зумраи онон бархе аз пайравони Имом Абӯҳанифа (р) қарор доштанд, ки баъдҳо ин афрод ба пайравӣ аз мактаби ашъарӣ, мотуридӣ ва таҳовӣ рӯй оварданд ва истилоҳи «аҳли суннат ва ҷамоат» ва ё таъбири «саводи аъзам»-ро барои шиносоии худ аз дигар фирақ писандида ва баргузиданд.

    Бинобар ин, истилоҳи «аҳли суннат ва ҷамоат» таъбире аст, ки шомили се мактаби ашъарӣ, мотуридӣ ва таҳовӣ мешавад, то онҳоро аз мӯтазила, шиъа, мурҷиъа, хавориҷ ва ғайра мутамойиз намояд.[21] Ин дар ҳоле аст, ки ҳанафиёни аҳли суннат ва ҷамоат ин таъбирро ба замони Имом Абӯҳанифа (р) сироят дода ва эшонро олиме аз олимони аҳли суннат ва ҷамоат талаққӣ намудаанд. Ба унвони намуна, дар оғози китоби Ал-васият (мансуб ба Имом Абӯҳанифа (р)) омадааст:

    “Он гоҳ ки Имом Абӯҳанифа (р) дар бемории мушриф ба марг қарор дошт, шогирдонаш назди вай гирд омаданд ва аз ӯ бар асоси равиши «аҳли суннат ва ҷамоат» дархости васият намуданд. Имом Абӯҳанифа (р), ки хобида буд, ба ходимаш дастур дод, ки ӯро бинишонад ва пушти сараш бинишинад, то Имом Абӯҳанифа (р) ба ӯ такя диҳад. Сипас гуфт: Ёрон ва бародарон! Худои Мутаол шуморо муваффақ бидорад. Бидонед, ки мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат дорои дувоздаҳ вижагӣ аст…”[22]

    Ба кӯшиши Ҳакимҷон Камолов, коршиноси аршади фиқҳ ва усул

    Кимиёи саодат

    ——————————————————————————————————————————————————

    [1] Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 5, мадхали «Абӯҳанифа», саҳ. 381.

    [2] Ҳамон.

    [3] Ниг: Муҳаммад ибни Саъд, Ат-табақот-ул-кубро, ҷ. 6, саҳ. 273-274; Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҳамон, саҳ. 387-388.

    [4] Сафиюддини Балхӣ, Фазоили Балх, саҳ. 28-29; Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҳамон.

    [5] Ниг: Абдулҷалили Қазвинии Розӣ, Ан-нақз, саҳ. 304; Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҳамон.

    [6] Абдулҷалили Қазвинии Розӣ, ҳамон, саҳ. 551-552; Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҳамон, саҳ. 388.

    [7] Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҳамон, саҳ. 389.

    [8] Ҳамон.

    [9] Ҳакими Самарқандӣ, Ас-савод-ул-аъзам, саҳ. 146-147; Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҳамон.

    [10] Усмон ибни Саиди Дорамӣ, Ар-радду ало Бишр Ал-марисӣ, саҳ. 108, ба нақл аз Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҳамон.

    [11] Абӯлайси Самарқандӣ, Бустон-ул-орифин, саҳ. 187; Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҳамон.

    [12] Ҳакими Самарқандӣ, ҳамон, саҳ. 142-152; Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҳамон.

    [13] Ниг: Ал-васият, саҳ. 11; Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҳамон.

    [14] Ниг: Ҳакими Самарқандӣ, Ас-савод-ул-аъзам, саҳ. 17-20.

    [15] Абӯҷаъфари Таҳовӣ, Ал-ақидат-ут-таҳовия, саҳ. 17; Ҳакими Самарқандӣ, ҳамон, саҳ. 22.

    [16] Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҳамон, саҳ. 390.

    [17] Ниг: Абдулқоҳири Бағдодӣ, Ал-фарқ байнал фирақ, саҳ. 21; Тоҳир ибни Муҳаммади Исфароинӣ, Ат-табсиру фид-дин, саҳ. 164; Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, ҷ. 1, саҳ. 126-127.

    [18] Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҳамон, саҳ. 391.

    [19] Мулло Алиқории Ҳиравӣ, Шарҳи Фиқҳи Акбар, саҳ. 26.

    [20] Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҳамон.

    [21] Дар иртибот бо истилоҳи «аҳли суннат» ин тавзеҳ зарурӣ ба назар мерасад, ки ин истилоҳ дорои корбурдҳои мутааддиде аст ва он чӣ дар боло ишора шуд, яке аз корбурдҳои ин истилоҳ аст. Дар маҷмӯъ чанд корбурдро метавон барои истилоҳи «аҳли суннат» ном бурд:

    1. Аҳли суннат: ҳамаи мусулмонони ғайри шиӣ. Дар ин корбурд, ки гоҳе аз он ба «аҳли суннат ба маънои ом» таъбир мешавад, гурӯҳи қасими аҳли суннат аз миёни мусулмонон, ҳамаи мусулмонони шиӣ ва ғайри суннӣ аст ва сабабу милоки нахустин дастабандӣ ҳам ихтилоф бар сари масъалаи имомат ва хилофат аст. Аҳли суннат касе аст, ки ба вуҷуди нас бар имомат аз сӯи Худо ва расулаш бовар надорад. Ва шиа касе аст, ки мӯътақид ба вуҷуди нас бар имомати Аҳли Байт (а) мебошад. Дар паи ин ихтилоф, равишҳо ва дидгоҳҳои шиа ва суннӣ дар масоили ҷузъии гуногуни каломӣ ва фиқҳӣ тафовут пайдо мекунад.

    2. Аҳли суннат: ҳамаи мусулмонони ғайри шиӣ ва ғайри хориҷӣ. Ин дастабандӣ дар асари ихтилофоти даврони хилофати Усмон (р) ва Имом Алӣ (а) ба вуҷуд омад. Сабаби аслии ин дастабандӣ ва иншиқоқ, масъалаи «имомат ва хилофат» ва баҳси «ҳақиқати имон» буд, ки ба ҷудоии хавориҷ аз соири мусулмонон мунҷар шуд. Хавориҷ хилофати Усмон (р) ва Имом Алӣ (а)-ро зери савол бурданд. Аммо аҳли суннат он дуро ба унвони халифаи севвум ва чорум пазируфтанд. Дастаи севвум шиаён буданд, ки аз оғоз бар хилофати билофасли Имом Алӣ (а) таъкид доштанд.

    3. Аҳли суннат: аҳли ҳадис. Дар ин корбурд, ки гоҳе аз он ба унвони «аҳли суннат ба маънои хос» таъбир мешавад, аҳли суннат ё аҳли ҳадис касонеро дар бар мегирад, ки бо корбурди ақл ё раъй дар фиқҳ мухолифанд ва такяву таъкидашон бар ҳадис ва манобеи манқул аст ва бар ахзи завоҳири манқулот исрор меварзанд. Ин дастабандӣ бештар дар арсаи фиқҳ корбурд дорад ва аз пайравони мактаби фиқҳи нақлӣ ва ҳадисгаро ба марказияти Мадина ё мактаби Ҳиҷоз ва умдатан ба раҳбарии Молик ибни Анас, бо унвони аҳли ҳадис ва аҳли суннат ёд мешавад. Дар муқобили ин даста, пайравони мактаби фиқҳии Кӯфа ё мактаби Ироқ, ба унвони мактаби «аҳли раъй» қарор дорад, ки фарди шохис ва барҷастаи он Имом Абӯҳанифа (р) аст. Албатта аҳли ҳадис равиши худ дар фиқҳро ба калом ва ақоид ҳам сироят доданд ва асосан бо илми калом сари созиш надоштанд ва онро бидъат медонистанд. Ба назари онон ҳарчӣ дар Қуръон ва суннат омадааст, бояд бидуни баррасии ақлонӣ, тааббудан пазируфта шавад ва ҳар гуна баҳси ақлӣ бидъат ва инҳироф аст.

    4. Аҳли суннат: ашоира, мотуридия ва таҳовия (аҳли суннат ва ҷамоат, саводи аъзам). Дар ин корбурд, ҷаноҳи муқобили аҳли суннат умдатан шиа ва мӯътазила ҳастанд, (ҳарчанд мурҷиа, хавориҷ ва ғайра низ хориҷ аз қаламрави аҳли суннат ва ҷамоат шумурда мешаванд). Милок ё сабаби дастабандӣ дар ин ҷо, ихтилоф дар равиш ва масоили гуногуни каломӣ аст. Собиқаи ин дастабандӣ ҳаддиаксар аз қарни чоруми ҳиҷрӣ бештар таҷовуз намекунад ва бунёнгузорони се мактаби каломии ашъарӣ, мотуридӣ ва таҳовӣ ва пайравонашон фақат худро «аҳли суннат ва ҷамоат» ё «саводи аъзам» номиданд.

    5. Аҳли суннат: ҳамаи мусулмонони ғайри шиӣ ва ғайри ваҳҳобӣ. Ахиран пас аз пайдоиши кеши ваҳҳобият, ба манзури тафкики ваҳҳобият аз аҳли суннат, истилоҳи аҳли суннат фақат бар мусулмонони суннии ғайри ваҳҳобӣ итлоқ мешавад. Ҳарчанд ваҳҳобиҳо аз ин дастабандӣ хурсанд нестанд ва худро бештар аз ҳамагон шоистаи итлоқи номи «аҳли суннат» медонанд. Аммо олимону нависандагони суннӣ ва шиӣ, дар ҳангоми баҳс аз ақоиду дидгоҳҳои се ҷараёни аҳли суннат, шиа ва ваҳҳобият, ин дастабандиро зарурӣ дониста ва мавриди назар қарор медиҳанд. Зеро агар ба ваҳҳобият «аҳли суннат» итлоқ шавад, байни ҳамаи мазоҳиби аҳли суннат бо ваҳҳобият халт сурат хоҳад гирифт, дар ҳоле ки байни нигариши ваҳҳобӣ бо нигариши аҳли суннат бояд тафкик қоил шуд.

    [22] Имом Абӯҳанифа (р), Ал-васият, саҳ. 4.