Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Назари мавлавӣ Абдулҳамид дар мавриди қиёми имом Ҳусайн(рз)

    Назари мавлавӣ Абдулҳамид дар мавриди қиёми имом Ҳусайн(рз)

    Rate this post

    Суханрони Имом ҷумъаи Аҳли суннати Зоҳидон мавлоно Абдулҳамид дар бораи ҳодисаи Ошӯро

    Бояд аз қиём, рашодат, ва аз худгузаштагии имом Ҳусайн (разияллоҳу анҳу) улгу бигирем!

    Мавлоно Абдулҳамид бо васф кардани ҳодисаи Ошӯро ва шаҳодати имом Ҳусайн (разияллоҳу анҳу) ба унвони як ҳодисаи бисёр талх, бар лузуми улгугири аз қиём, рашодат, далерӣ, шуҷоат ва худгузаштагии имом Ҳусайн (разияллоҳу анҳу) таъкид кард.

    Имом ҷумъаи Аҳли суннати Зоҳидон дар Хутбаҳои рӯзи ҷумъа ( 21.11.2013 ) хотир нишон кард: дар моҳи муҳаррам Худованди мутаол ҳазрати Ҳусайн (разияллоҳу анҳу)-ро бо Язиди золим мавриди озмоиш қарор дод, ва нишон дод, ки Язид фарди нотавон, нолоиқ ва ношойист буд ва лиёқати раҳбарии мусалмононро надошт. Ин озмоиши бузурге барои мусалмонони он замон буд.

    Вай афзуд: вақте, ки Язидиён хостанд Ҳусайн (разияллоҳу анҳу)-ро асир кунанд эшон сари таслим фуруд наёвард ва гуфт , мо зиллат ва хориро намепазирем. Бигзоред ба Мадина баргардам ва агар намегузоред то охирин қатраи хун бо шумо меҷангам ва асири шумо намешавам. язидиҳо   дар ҷавоби имом Ҳусайн (рз) гуфтанд: танҳо роҳи наҷоти шумо асорат аст.

    Эмом ҷумъаи Аҳли суннати Зоҳидон: идома дод:

    Дар Карбало чунон воқеаи рух дод, ки то қиёмат касе онро фаромуш намекунад ва дар ин воқеа  имом Ҳусайн (разияллоҳу анҳу) ва ёронаш мазлумона дар саҳрои Карбало шаҳид шуданд ва Худованд имом Ҳусайн (разияллоҳу анҳу)-ро сар буланд кард, ки шаҳодатро насибашон гардонд.

    Раиси шурои ҳамоҳанги мадориси улуми динии Аҳли суннати Систону Балучистон гуфт: шаҳодат мояи иззат ва ифтихори инсон аст ва шаҳид мақоми бисёр болое дорад. Имом Ҳусайн (разияллоҳу анҳу) бо ҳама ҳамроҳонаш ба дараҷаи буланди шаҳодат ноил омаданд ва баъд аз ин зиндагӣ ва ҳаёт, зиндагии шаҳидонро касб карданд, аммо Язид ва пайравони Язид монданд ва расво шуданд. Обуруи худ ва дигаронро бурданд.

    Мавлоно Абдулҳамид бо ёдовари сарнавишти Язид гуфт:

    Язид мудати зиёде намонд ва ҳукуматаш зиёд давом наёвард ва ба маризи мубтало гашт ва мурд ва тамоми касоне ки ба ҳазрати Ҳусайн ( разияллоҳу анҳу)  зулм карда буданд Худованд онҳоро бо зиллат ва хори аз дунё бурд ва расво шуданд, чун онҳо инсонеро шаҳид карда буданд ки дар дили ҳама ҷой дошт.

    Эмом ҷумъаи Зоҳидон гуфт:

    Ҳамаи мардум ба имом Ҳусайн (разияллоҳу анҳу)  ифтихор мекарданд зеро чеҳраи ӯ чеҳрае буд, ки Расули Худо ( саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) онро бусида буд ва ӯ фарзанди ҳазрати Расул(с) ва ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу вачҳаҳу) ва ҳазрати Фотимаи заҳро (рз) буд.

    Мавлно Абдулҳамид афзуд:

    Кадом мусалмон метавонад бо Ҳусайн ва ҳамроҳони поки ӯ меҳр ва маҳаббат надошта бошад! Язид ва пайравонаш барои ҳукумат ва қудрат ҷиноят карданд ва хун рехтанд, нифрин ва лаънат бар чунин қудрат ва зиндагӣ ва дунёе, ки инсон бихоҳад аз рӯи он чунин хунҳои покеро бирезонад.

    Эмом ҷумъаи Аҳли суннати Зоҳидон изҳор дошт:

    Мо эътиқод дорем, ки имом Ҳусайн ( разияллоҳу анҳу) барои иҷрои адолат , барқарории дин ва хизмат ба мардум буд. Ва замоне, ки ишон диданд қудрат ба дасти афроди ноаҳл ва нолоиқ афтода аст, қиём карданд. Имом Ҳусайн ҳаргиз барои кишвар гушои ва гирифтани ҳукумат  ва қудрат қиём накард, балки мехост дар дунё инсоф  ва адолат барқарор шавад ва Исломи ҳақиқӣ аз байн наравад ва мусалмонон зарар накунанд.

    Қиёми Имом Ҳусайн ( разияллоҳу анҳу) барои амри ба маъруф ва наҳи аз мункар ва хизмат ба ислом ва дар ҷиҳати хайр буд,

    Ва қиём дар муқобили зулм ва истибдод ва дактатори буд, қиём дар муқобили касе, ки ҳозир набуд овози мардумро бишнавад ва бо касе машварату маслиҳат кунад, қиём дар муқобили фарди худраъй ва худхоҳ, мустабид ва диктаторе, ки дар ҳақиқат як подшоҳи золим буд, як зарра ҳам дилаш ба мардум намесӯхт. Имом Ҳусайн ( разияллоҳу анҳу) дар чунин шароите қиём кард ва ба мақоми шаҳодат расид.

    Мавлоно Абдулҳамид гуфт: ҳамаи Аҳалибайт хусусан касоне ки саҳоба ҳам буданд, ҷойгоҳи вежаи дар дилҳои мусалмонон доранд. Аҳли суннат ва ҷамоат ба Аҳлубайт ишқ меварзанд ва ҳамаи аҳлу байтро дустдоранд. Дар байни аҳли суннат касоне нестанд ки нисбат ба аҳли байт бетафовут бошанд ва бо онҳо маҳаббат надошта бошанд. Аҳлу байт ҷузви муштаракоти ҳамаи мусалмонон ҳастандки шиа ва суни онҳоро дуст доранд. Эмом ҷумъаи аҳли суннати зоҳидон афзуд: ҳамонгуна ки саҳоба ҷузви муқаддасоти аҳли суннат ҳастанд, аҳлу байт низ аз муқадасоти аҳли суннатанд ва ҳурмати ин бузургон барои мо дин ва ҳидоят аст. Вай низ изҳор дошт: ончи ки барои мусалмонон муҳим аст ин аст, ки мо ба сирати ин бузургворон амал кунем бешак ин бузургон барои мо улгу ва намуна ҳастанд ва онҳо раҳбарони мо ҳастанд.

    Баргирифта аз basirattj.blogfa