Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Мўътақидон бар масҳи поҳо аз тобеин(3)

    Мўътақидон бар масҳи поҳо аз тобеин(3)

    Rate this post

    Аз ривоятҳо ва  ахбори зиёде фаҳмида мешавад , ки чамъе касире аз тобиин ҳам муътақид ба масҳ кашидани поҳо дар  вузӯ будаанд намунаи аз он ривоятҳо ва хабархоро дар зер зикр мекунем.

    1-عن أبي جعفر قال: امسح على رأسك وقدميك.

    Имом Боқир(р.з) фармуданд: “Бар сар ва поҳоят масҳ бикаш”.[1]

    Фахри Розӣ(р) мегўяд:

    اختلف الناس في المسح علي الرجلين وفي غسلهما فنقل القفال في تفسيره عن ابن عباس وانس بن مالك وعكرمة وابي جعفر الباقر: ان الواجب فيهما المسح وهو مذهب الامامية من الشيعة.

    Мардум дар бораи масҳ ё шустани поҳо ихтилоф кардаанд. Қаффол дар тафсираш нақл карда, ки Ибни Аббос, Анас, Икрима, Шаъбӣ ва Абўҷаъфари Боқир масҳи бар поҳоро фарз медонистанд ва ин мазҳаби шиаи имомия аст”.[2]

    2-عن المنذر بن يعلي قال كنا مع بن الحنفية فأراد أن يتوضأ وعليه خفان فنزع خفيه ومسح على قدميه

    Мунзир мегўяд: “Ҳамроҳи Муҳаммади Ҳанафия (фарзанди Имом Алӣ) будем ва ў хост вузў гирад ва дар пояш кафш ва хуфайн буд, пас онҳоро аз пояш баровард ва он гоҳ бар поҳояш масҳ кашид”.[3]

    Санади ин хабар комилан саҳеҳ мебошад ва ин хабар илова бар ин ки далолат бар фарз будани масҳи по мекунад, ба ин ҳақиқат низ ишора дорад, ки ба кафш ва масҳӣ намешавад масҳ намуд. Ва ҳамчунин бар беасос будани ин иддао, ки гуфта шуда, ки Имом Алӣ аз ин дидгоҳ баргашта аст низ далолат мекунад, ки баъд аз аҳодиси масҳ бар по, ин мавзўъ низ баррасӣ хоҳад шуд.

    3-عن عكرمة قال: ليس على الرجلين غسل إنما نزل فيهما المسح.

    Акрама мегўяд: “Чунин нест, ки (дар вузў) лозим бошад поҳо шуста шава, балки Қуръон масҳ бар онҳоро фарз кардааст”.[4]

    Юнус мегўяд: Касе, ки Икримаро то шаҳри Восит ҳамроҳӣ карда ба ман хабар дод, ки: “Ман Икримаро надидам, ки поҳояшро шуста бошад ва танҳо масҳ мекашид, то вақте, ки аз Восит хориҷ шуд”.[5]

    Ровиёни ин хабар сиқаанд ва мурсал будани он хадшае ворид намекунад.

    4-عن أيوب قال: رأيت عكرمة يمسح على رجليه وكان يقول به

    “Акрамаро дидам, ки ба поҳояш масҳ мекашид ва мўътақид бар масҳ буд”.[6]

    Ин хабар саҳеҳ аст.

    Ва ҳамчунин Қутода аз Икрима ва Ҳасан нақл мекунад, ки дар бораи ояти вузў гуфтаанд: “Поҳоро масҳ мекунӣ”.[7]

    Санади ин хабар комилан саҳеҳ аст.

    Акрама шахсест, ки ҳамаи муҳаддисони аҳли суннат аз ў ҳадис ривоят карда ва ривояти ўро қабул кардаанд, вале ў дар воқеъ шахсест, ки хелеҳо монанди Абдуллоҳ ибни Умар, Саид ибни Мусаййиб ва Алӣ ибни Абдуллоҳ ва … ба каззоб будани вай шаҳодат дода ва таъкид кардаанд, вале дар ин баҳс ў танҳо ин назарияро нагуфта ва бар он нарафта аст бинобар ин мешавад ба сухану амали ў дар ин мавзўъ истидлол кард.

    5-عن الحسن أنه كان يقول إنما هو المسح على القدمين وكان يقول: يمسح ظاهرهما وباطنهما.

    Ҳасани Басрӣ ҳамеша мегуфт: “Лозим масҳи поҳо аст”. Ва низ ҳамеша мегуфт: “Бар зоҳиру ботини поҳо масҳ мекашад”. Мусаннафи Ибни Абўшайб, 1/30.

    Албатта асл ин аст, ки ў масҳро воҷиб медонад ва аммо ин ки мегўяд: “Бар зоҳиру ботини поҳо масҳ мекашад”, касе чунин суханеро нагуфта ва назари шахсии ўст, ки бо дигарон мухолиф аст.

    6-عن الشعبي قال: نزل جبريل بالمسح ألا ترى أن التيمم أن يمسح ما كان غسلا ويلغي ما كان مسحا؟

    Шаъбӣ мегўяд: “Ҷабраил масҳи (бар поҳоро) нозил карда. Оё намебинӣ, ки дар таяммум, лозим масҳ кашидани он ҷоҳоест, ки дар вузў шуста мешавад ва аммо он ҷоҳое, ки дар вузў масҳ мешаванд, дар таяммум аз миён бардошта мешаванд”.[8]

    Санади ин ҳадис комилан саҳеҳ аст ва ин сухан ва истидлол ҳам як сухани мантиқӣ ва уқалоӣ аст ва ҳам дар гузашта ошно шудем, ки пеш аз Шаъбӣ, Ибни Аббос низ ҳамин суханро гуфта ва чунин истидлол карда буд.

    7-عن الشعبي قال: أمر بالتيمم فيما أمر به بالغسل.

    Боз аз Шаъбӣ ривоят шуда: “Он ҷоҳое, ки дар вузў шустани он воҷиб аст, дар тайммум масҳи он лозим гаштааст”.[9]

    Дар санади ин ҳадис Ибни Ҳумайд аст, ки баъзеҳо ўро тазъиф кардаанд, вале Аҳмад ибни Ҳанбал, Яҳё ибни Муин ва баъзеи дигарон ўро сиқа гуфаанд. Бо шоҳид қарор додани ҳадиси қаблӣ, ба саҳеҳ будани ин сухан низ аз Шаъбӣ пай мебарем.

    8-عن الشعبي قال: نزل جبرائيل بالمسح على القدمين.

    Шаъбӣ мегўяд: “Ҷабраил масҳи бар поҳоро аз ҷониби Худованд нозил кардааст”.[10]

    Ибни Абўшайба ин хабарро бо ду санад аз Шаъбӣ ривоят кардааст.

    9-إسماعيل قال قلت لعامر إن ناسا يقولون: إن جبريل نزل بغسل الرجلين فقال: نزل جبريل بالمسح.

    Исмоил ба Шаъбӣ гуфт: “Ҳамоно мардум мегўянд: “Ҷабраил шустани поҳоро нозил кардааст”. Шаъбӣ гуфт: “Ҷабраил масҳи поҳоро нозил кардааст”. Тафсири Табарӣ, 6/176.

    Табарӣ се ҳадиси дигар ба ҳамин маъно аз Шаъбӣ ривоят карда, ки дар маҷмўъ қатъӣ будани ин ахбор аз ў собит мегардад.

    10-عن قتادة قوله: يا أيها الذين آمنوا إذا قمتم إلى الصلاة فاغسلوا وجوهكم وأيديكم إلى المرافق وامسحوا برءوسكم وأرجلكم إلى الكعبين افترض الله غسلتين ومسحتين.

    Қутода низ дар бораи ояти вузў гуфт: “Худованд ду ғасл (шустан) ва ду масҳро воҷиб кардааст”.[11]

    Ин айни ҳамон сухан ва ақидаест, ки Ибни Аббос ҳамеша мегуфтааст.

    11-عن يحيى بن وثاب عن علقمة أنه قرأ: وأرجلكم مخفوضة اللام روي عن الاعمش مثله

    Алқама (ки замони Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро дарк карда) “арҷуликум” (бо касраи лом) тиловат мекард, яъне масҳро воҷиб медонист.[12]

    Ин хабарро ду нафар: Ибни Ҳумайд ва Ибни Вакиъ аз Ҷурайр ривоят кардаанд. Чунон, ки гузашт Ибни Ҳумайдро Аҳмад, Яҳё ва баъзе дигарон сиқа гуфтаанд. Ибни Вакиъро низ Аҳмад сиқа гуфта ва Ибни Ҳаҷар дар Тақриб гуфтааст: “Садуқ буд ва баъд баъзеҳо ба аҳодиси ў чизҳоеро дохил карданд ва ў аз он пешгирӣ накард”. Хабари ин ду бо гувоҳии якдигар шояд мешавад.

    12-عن مجاهد أنه كان يقرأ: وأرجلكم.

    Муҷоҳид низ ин оятро касра мехонд ва қоил ба масҳи поҳо буд.[13]

    Дар санади ин ҳадис Суфён ибни Вакиъ аст, ки дар гузашта ба ў ишора шуд.

    13-ثنا إسماعيل بن أبي خالد قال: كان الشعبي يقرأ: وأرجلكم بالخفض

    Шаъбӣ низ ин оятро касра мехонд. Яъне қоил бар вуҷуби масҳи поҳо буд.[14]

    Санади ин ҳадис заиф аст, вале ин назария аз Шаъбӣ собит аст ҳамон гуна, ки гузашт.

    14-عن غالب عن أبي جعفر أنه قرأ: وأرجلكم بالخفض.

    Имом Боқир низ ин оятро касра тиловат мекардаанд, яъне мўътақид бар масҳи поҳо будаанд.[15]

    Ибни Вакиъ ин хабарро аз падараш Вакиъ нақл кардааст.

    15-عن الضحاك أنه قرأ: وأرجلكم بالكسر.

    Заҳҳок низ ин оятро касра тиловат мекард, яъне мўътақид бар масҳи поҳо буд.[16]

    Ин хабарро низ Ибни Вакиъ аз падараш нақл кардааст.

    Табарӣ мегўяд:

    وقرأ ذلك آخرون من قراء الحجاز والعراق: وامسحوا برؤوسكم وأرجلكم  بخفض الأرجل -وتأولوا أن الله إنما أمر عباده بمسح الأرجل في الوضوء دون غسلها وجعلوا الأرجل عطفا على الرأس فخفضوها لذلك

    Дигарон аз қориёни Ҳиҷоз ва Ироқ ояти вузўро касра хонданд ва мўътақид буданд, ки Худованд ба бандагонаш, танҳо масҳи бар поҳоро дастур дода на шустани онро ва поҳоро атфи бар “раъс” (сар) қарор додаанд ва ба ҳамин хотир онро бо касра тиловат кардаанд.[17]

    Абўбакр Ҷассоси Ҳанафӣ мегўяд:

    16-17-قرأ ابن عباس والحسن وعكرمة وحمزة وابن كثير: (وأرجلكم) -بالخفض- وتأولوها على المسح.

    Ибни Аббос, Ҳасани Басрӣ, Икрима, Ҳамза ва Ибни Касир “арҷуликум” (бо касра) тиловат карда ва мўътақид буданд, ки Қуръон масҳи поҳоро воҷиб кардааст.[18]

    −18ان أحمد والأوزاعي والثوري وابن جبير يقولون بالتخيير بين المسح والغسل

    Мулло Алӣ Қорӣ мегўяд: “Аҳмади Ҳанбал, Авзоӣ, Суфёни Саврӣ ва Саид ибни Ҷубайр қоил ба тахйиранд, яъне инсон ихтиёр дорад байни масҳ ва шустани поҳо ва ҳар ду ҷоиз аст”.[19]

    Албатта хелеҳо ин назарияро ихтиёр кардаанд, вале чун бо Қуръон мухолиф аст, мо аз зикри онҳо худдорӣ мекунем.



    [1]-Тафсири Табарӣ, 6/175.

    [2]-Тафсири Фахри Розӣ, 11/161.

    [3]-Табақотул куброи Ибни Саъд, 5/115. Сияру аъломин нубалои Заҳабӣ, 4/127 р36. Ал-исобаи Ибни Ҳаҷар, 1/551 р1037.

    [4]-Тафсири Табарӣ, 6/175. Тафсири Қуртубӣ, 6/92. Тафсири Ибни Касир, 2/27.

    [5]-Тафсири Табарӣ, 6/176.

    [6]-Мусаннафи Ибни Абўшайба, 1/30.

    [7]-Мусаннафи Ибни Абўшайба, 1/15. Мусаннафи Абдураззоқ, 1/18 р53.

    [8]-Мусаннафи Ибни Абўшайба, 1/30. Тафсири Табарӣ, 6/175.

    [9]-Тафсири Табарӣ, 6/176.

    [10]-Мусаннафи Ибни Абўшайба, 1/30

    [11]-Тафсири Табарӣ, 6/176.

    [12]-Тафсири Табарӣ, 6/176.

    [13]-Тафсири Табарӣ, 6/177.

    [14]-Тафсири Табарӣ, 6/177.

    [15]-Тафсири Табарӣ, 6/177.

    [16]-Тафсири Табарӣ, 6/177.

    [17]-Тафсири Табарӣ, 6/177.

    [18]-Аҳкомул Қуръони Абўбакри Ҷассос, 2/433.

    [19]-Ал-мирқот фи шарҳи Мишкоти Али Қории Ҳанафӣ, 1/315.