Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Иртиботи муассир бо ҳамсар(1)

    Иртиботи муассир бо ҳамсар(1)

    Rate this post

    Кисмати аввал:
    Ҳар зану шавҳаре бидуни истино мехоҳанд зиндагии муштарак ва бо сафо ва саодатманде дошта бошанд. Ва барои ёфтани чунин саодате ба дунболи авомили хушбахтӣ мераванд, суол мекунанд, меандешанд, ва машварат мекунанд то ба мақсуди худ бирасанд. Барои доштани равобити муваффақ бо ҳамсар нукоти зайл бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад:

    1-Садоқат
    Зану мард аз лаҳзаи хостгорӣ то поини умр бояд бидонанд, ки ҳеч кас дилсӯзтар аз шарики зиндагии онҳо нест. Дилсӯзӣ вақте муҳаққақ мегардад, ки садоқат ва ростӣ дар кор бошад.

    2-Хостаҳо ва таваққӯоти муносиб

    Мусаллам аст, ки инсон дар авоили ҷавонӣ аз таҷруба ва даромад ва дороии андак ва эҳтимолан аз сатҳи ташхиси поини каме бархӯрдор аст. Лизо таваққӯъ доштани манзили шахсӣ ва васоили боло ва рифоҳи дилхоҳ дар ибтидои зиндагӣ хостаи маъқуле нест. Аз ин рӯ зану марди оқил аз ибтидои зиндагӣ зимни пазируфтани ин воқеият, бо матонат ва талош ва улгу қарор додани таҷоруби бузургон ва хирадмандон ва бо ҳамфикрӣ ва дарки авзоъ, зиндагии худро ба сатҳи матлуб мерасонанд.

    3-Машварат бо якдигар

    Машварат дар умури мухталифи зиндагӣ бо ҳамсар зимни эъломи эҳтиром ба андеша ва фикри вай, боиси тақвияти иртибот ва ташдиди алоқа ва ҳамдилӣ мешавад. Ҳазрати Алӣ (а) дар ин робита мефармояд: «Ҳеч пуштибоне чун машварат нест».[1]

    4-Хуб садо задани ҳамдигар

    Ҳар як аз зану мард бояд ҳамсари худро ба номе садо кунад, ки ӯ бештар дӯст дорад чӣ исми кӯчак бошад ва чӣ номи хонаводагӣ. Дар садо задан навъи баён хеле муҳим аст. Ҳазрати Алӣ (а) дар ҳамин робита мефармояд: «Баёни ҳар инсоне ҳикоят кунандаи аз маротиби қуввати нафс ва дараҷаи нерӯи равонии ӯст»[2]. Ва ҳамчунин дар ҷои дигар мефармояд: «Бо мухотаби худ муаддаб сухан бигӯед то ӯ низ ба шумо бо эҳтиром ҷавоб диҳад».[3]

    5-Салом кардан ба якдигар

    Салом кардан эҷоди унсу улфат мекунад. Кинаҳо ва кудуратҳоро мезудояд. Гирифтагии  пешониҳоро боз мекунад. Салом бояд бо садои баланд ва возеҳ бошад. На оҳиста ва на пинҳон. Зану шавҳар набояд ин нуктаро, ки ислом ба он аҳаммият дода кӯчак шуморанд ва бигӯянд салом кардан барои бегонаҳост на барои зану шавҳар, ки бо ҳам наздиканд. Пас дар салом кардан бар якдигар сибқат биҷӯед.

    6. Сухани муҳаббатомез

    Гуфтугӯ ва суолу ҷавоби зану мард бояд муаддабона бошад на хасмона ва нафратангез. Як матлаби собитро метавон ба гунае адо кард ки шунаванда хушаш ояд ва посухи некӯ диҳад. Ва ҳамон матлабро мешавад тавре баён кард, ки мухотаб ҷавоб надиҳад ё ҷавоби зишт ва тунд бидиҳад. Аз сӯе зану шавҳар боисти саъй кунанд, дар баробари калимоти тунд ва хашени тарафи муқобил, матонат ва сиъаи садр нишон диҳанд ва саҳнаи низоъро ба маҷлиси мизоҳ табдил кунанд. Чизе ки дар эҷоди муҳаббат ё нафрат муҳимтар аз калимот ва вожаҳо аст, лаби хандон ва чеҳраи боз, мухотабро ҷалб мекунад. Чунон ки туршрӯӣ ва пешони гирифтагӣ ҳангоми сухан гуфтан, мухотабро дилсард ва афсурда мекунад. Зану шавҳар дар муколимоти рӯзмарраи худ бояд ин нукотро риоят кунанд.

    Барои гарм нигаҳ доштани конуни меҳр ва сафо дар зиндагӣ танҳо анҷоми вазифа ва муҳаббати қалбӣ кофӣ нест изҳори муҳаббат ва ташаккур нисбат ба ҳам таъсири равонии амиқе дар руҳи тарафи муқобил боқӣ мегузорад.

    Иртиботи муассир бо ҳамсар (2)

    Манбаъ: сомонаи Китобхонаи Исломии Қалам

    ——————————————————————————————

    [1]Равоншиносии иҷтимоӣ бо нигариш ба манобеи исломӣ, с 137

    [2]Мустадракул-васоил, боби 24 ва 389.

    [3]Туҳафул-уқул, ҷ 23/ с 189.