Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Зартушт ва ойини зартуштӣ аз нигоҳи уламои исломӣ

    Зартушт ва ойини зартуштӣ аз нигоҳи уламои исломӣ

    Зартушт ва ойини зартуштӣ аз нигоҳи уламои исломӣ
    Rate this post

    Пештар ваъда дода будам, дар бораи дидгоҳи Ислом роҷеъ ба Зартушт ва ойини вай матлабе бинависам. Дар ин навиштор, бо такя бар манобеъи исломӣ ва дидгоҳи уламои мусалмон, ҳамин муҳим анҷом шудааст.

    Аммо дар оғоз шоиста аст, нигоҳе биандозем ба торихчаи худи ин шахсият.
    Торихчаи Зартушт
    Дар бораи Зартушт, ба лиҳози торихӣ, ихтилофи ороъ ва ривоёти торихӣ ба қадре шадид аст, ки аслан намешавад байни онҳо ҷамъ кард. Ин ақвол аз 600 сол қабл аз милоди Масеҳ (а) то 6000 сол пеш аз милод давр мезанад. Аммо бар асоси дидгоҳҳои машҳур, Зартушт дар соли 660 қабл аз милод ба дунё омада ва бар асоси гуфтаи зартуштиён, дар 630 қабл аз милод (дар синни 30 солагӣ) ба паёмбарӣ мабъус шуд. Вай дар соли 583 пеш аз милод дар синни 77 солагӣ дар оташкадае дар Балх (Афғонистон) ба дасти сипоҳи муҳоҷим ба шаҳодат расид. (Тавфиқӣ, Ҳусайн, Ошноӣ бо адёни бузург, с. 63).
    Дидгоҳи муаррихони исломӣ дар бораи паёмбарии Зартушт
    Бештари муаррихони исломӣ аз ҷумла Табарӣ (Торихи Табарӣ, ҷ.1, с.282 ва 402 ва 403), Балъамӣ (Торихи Балъамӣ, с.206), Ибни Асир (Алкомил фит таърих, ҷ.1, с.145 ва 146) Зартуштро паёмбар надониста, балки ӯро шогирди Армиёи Набӣ ё Узайри Набӣ донистаанд.
    Аммо бархе дигар монанди Масъудӣ (Муруҷуз заҳаб, ҷ.1, с.229), Диневарӣ (Алахборут тивал, с.28), Ҳамзаи Исфаҳонӣ (Тасанни мулукил арз вал-анбиё, с.27), Абӯрайҳони Берунӣ (Алосорул-боқия, тарҷума, с.25) ва муаллифи Табсиратул-авом бар ин эътиқоданд, ки Зартушт пайғамбари Маҷус будааст. Баъзе аз нависандагони фарҳанги порсӣ, Зартуштро ҳамон Иброҳими Халил (а) донистаанд. (Асадӣ, Луғату фурс, с.7)
    Довуди Илҳомӣ, аз муҳаққиқони муъосир, баъд аз зикри ақволи мухталиф ва ороъи мутазод дар бораи Зартушт мегӯяд: “Иллати ин ҳама тазод ва таноқуз дар бораи Зартушт ин аст, ки вай торихи дурусте надорад ва радди пойи ин шахсияти эронӣ дар торих гум шудааст ва дар ҳеч як аз ривоёти исломӣ ва Қуръони Карим ва ҳамчунин дар китобҳои муқаддасе чун Инҷил ва Таврот, зикре аз Зартушт ва китоби Авасто ба миён наёмадааст, балки ҳар ҷо, ки хостаанд аз диёнати куҳани эрониён номе ба миён оваранд, танҳо ба лафзи Маҷус иктифо кардаанд.” (Илҳомӣ, Довуд, Эрон ва Ислом).
    Маҷус дар Қуръони Карим
    Дар Қуръони Карим ҳеч ҷо сухан аз Зартушт ва паёмбарии ӯ ва ё китоби Авасто, ки мансуб ба ӯст, наёмада. Бале, танҳо як бор лафзи “Маҷус” дар Қуръон омадааст. Вожаи “Маҷус” дар забони арабӣ ба зартуштиён итлоқ мешавад. Қуръон онҳоро дар канори пайравони адёни дигар қарор дода ва мефармояд:
    إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَالَّذِينَ هَادُوا وَالصَّابِئِينَ وَالنَّصَارَى وَالْمَجُوسَ وَالَّذِينَ أَشْرَكُوا إِنَّ اللَّهَ يَفْصِلُ بَيْنَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ …
    “Онон, ки имон оварданд ва онон, ки яҳудӣ шуданд ва собеъин ва насоро ва маҷус ва онон, ки ширк варзидаанд, Худованд рӯзи қиёмат миёни онон ҳукм мекунад…” (Сураи Ҳаҷ, ояти 17)
    Дар ин оят мардум ба се даста тақсим шудаанд:
    Дастаи аввал: Мӯъминон (мусалмонон);
    Дастаи дуюм: Яҳуд, насоро (масеҳиён), собеъин ва маҷус;
    Дастаи сеюм: Мушрикон.
    Дар ин оят ин се тоифа бо исми мавсул (“аллазина” – касоне ки) аз ҳам ҷудо шудаанд, аммо чаҳор гурӯҳи дастаи дуюм (яҳуд, насоро, собеъин ва маҷус) бо ҳарфи васл (“ва”) ба ҳам пайвастаанд. Ба сухани дигар, ояти мавриди назар, маҷусро аз мушрикон ҷудо карда ва дар радифи яҳуд, насоро ва собеъин қарор додааст. Пас маълум мешавад, ки маҷус дар ҳукми он се гурӯҳи дигарӣ (яъне яҳуд, насоро ва собеъин) будааст, яъне Аҳли китоб будааст.
    Бо ин ҳисоб, метавон гуфт, Зартушт бе тардид як паёмбар ва ойини ӯ як ойини осмонӣ ва илоҳӣ буда, вале ин ойин бо мурури замон мисли яҳудият ва масеҳият таҳриф гардида ва ончи аз таълимоти Зартушт, ки имрӯз дар пеши пайравонаш мавҷуд аст, аз нигоҳи мо мусалмонон, омӯзаҳои таҳрифшуда ба ҳисоб меояд.
    Дидгоҳи Ибни Ҳазм дар бораи Зартушт ва ойини вай
    Алӣ ибни Ҳазми Андалусӣ, донишманд ва фақеҳи барҷастаи зоҳирӣ, дар бораи Зартушт ва ойини зартуштӣ мегӯяд: “Ва аммо Зартушт, бисёре аз мусалмонон қоил ба нубувват ва паёмбарии ӯ ҳастанд… Нубувват ва паёмбарии касе пеш аз зуҳури Расули Акрам (с) – агар аз ӯ мӯъҷизае дида шуда ва сиҳҳати он мӯъҷиза бароямон собит бишавад – мардуд нест. Худованд фармудааст: “Ҳеч уммате набуд магар онки дар миёнашон бимкунандае (паёмбаре) гузашт.” (Фотир, 24) ва ҳамчунин фармудааст: “Ва паёмбароне (фиристодем), ки саргузашти эшонро пеш аз ин бар ту гуфтаем ва паёмбароне, ки достонашонро бар ту нагуфтаем…” (Нисо, 164). Ва аммо ончи аз дурӯғҳо, ки маҷус (маҷуси замони Ибни Ҳазм) ба Зартушт нисбат медиҳанд, инҳо ҳама ботил ва тӯҳмат аз сӯйи онон ба Зартушт аст…” (Алфасл фил-милали вал-аҳво ван-ниҳал, ҷ.1, с.67 ва 68 аз Ашшомила)
    Сипас Ибни Ҳазм, бо ишора ба инки ингуна дурӯғҳо ба дигар паёмбарон низ мисли ҳазрати Мӯсо (а) аз сӯйи яҳуд ва ҳазрати Исо (а) тавассути масеҳият нисбат дода шуда ва таҳриф дар китобҳои онон низ роҳ ёфтааст, ва бо таъкид бар инки мӯъҷизаҳои зиёде аз Зартушт собит ва нақл шудаанд, мегӯяд: “Ва аз ҷумлаи касоне ки қоил ба ин ҳастанд, ки маҷус аз Аҳли китоб ба шумор мераванд, Алӣ ибни Абӯтолиб, Ҳузайфа, Саъид ибни Мусайиб, Қатода, Абӯ Савр ва ҷумҳури аҳли зоҳир мебошанд. Ва мо (Ибни Ҳазм) далоил ва бароҳине бар сиҳҳат ва дурустии ин қавл дар китоби худ ба номи “Исол” баён кардаем…” (Алфасл фил-милали вал-аҳво ван-ниҳал, ҷ.1, с.68 аз Ашшомила).
    Назари Аллома Таботабоӣ дар бораи Зартушт ва ойини зартуштӣ
    Аз донишманди шиъа Аллома Таботабоӣ, муфассири Қуръон низ зартуштиёнро Аҳли китоб медонад. Ӯ, дар зайли ояти 17 сураи Ҳаҷ (ояте, ки дар боло оварда шуд), маҷусро Аҳли китоб дониста ва мегӯяд: “Мурод аз маҷус қавми маъруфе ҳастанд, ки ба Зартушт гаравида, китоби муқаддасашон Авасто ном дорад. Чизе ки ҳаст, торихи ҳаёти Зартушт ва замони зуҳури ӯ бисёр мубҳам аст; ба тавре ки метавон гуфт, ба куллӣ мунқатеъ аст. Ин қавм китоби муқаддаси худро дар достони истилои Искандар бар Эрон ба куллӣ аз даст доданд ва ҳатто як нусха аз он боқӣ намонд, то онки дар замони мулуки Сосонӣ муҷаддадан ба риштаи таҳрир даромад, ва ба ҳамин ҷиҳат, мумкин нест, ки бар воқеъияти мазҳаби эшон вуқуф ёфт…”
    Назари фуқаҳои исломӣ дар мавриди ойини Зартушт
    а) Назари фуқаҳои аҳли суннат:
    Бино бар гуфтаи доиратулмаорифи фиқҳии Кувайт (яке аз бузургтарин доиратулмаорифҳои фиқҳӣ дар ҷаҳони Ислом), аксари фуқаҳои аҳли суннат маҷусро аз Аҳли китоб намедонанд. Дар ин китоб омадааст: “Аммо дар мавриди маҷус, ҷумҳури фуқаҳо иттифоқи назар доранд, ки онон аз Аҳли китоб нестанд, ҳарчанд бо онон муъомилаи Аҳли китоб мешавад. Ва дар ин масъала, миёни фуқаҳо ихтилофе нест ба ҷуз Имом Абӯ Савр, ки маҷусро дар ҳамаи аҳком дар радифи Аҳли китоб қарор додааст. Далели ҷумҳури фуқаҳо, ҳадиси Паёмбари Акрам (с) аст, ки фармуда: “Ба онон суннати Аҳли китобро ҷорӣ бисозед…”; чаро ки ин ривоят далолат бар ин дорад, ки маҷус ғайр аз Аҳли китоб (яҳуд ва насоро) будаанд; зеро агар аз Аҳли китоб мебуданд, ҳаргиз халифа Умар ибни Хаттоб (р) дар хусуси ҷизя гирифтан аз онон – то замоне ки барояш ин ҳадис ривоят нашуд – таваққуф намекард.” (Доиратулмаорифи фиқҳии Кувайт, ҷ.7, с.140 ба нақл аз Ашшомила)
    Ва ин дар ҳоле аст, ки бар пояи гуфтори Имом Ибни Ҳазм – имоми зоҳириҳо, бузургоне чун: Алӣ ибни Абӯтолиб, Ҳузайфа, Саъид ибни Мусайиб, Қатода, Абӯ Савр ва ҷумҳури зоҳириҳо, маҷусро аз ҷумлаи Аҳли китоб медонистаанд, чунон ки дар боло аз ӯ ин гуфторро нақл кардем.
    Ва ҳамчунин, бино бар гуфтаи соҳиби китоби “Алмабсут” (аз кутуби фиқҳии мӯътабари ҳанафиҳо), ҳазрати Алӣ никоҳ ва заношӯӣ бо занҳои маҷусиро ҷоиз медониста. Соҳиби китоби “Албаҳрур-роиқ”, онҷо ки дар бораи адами ҷавози заношӯӣ бо занони маҷус сухан ба миён меоварад, мегӯяд: “Дар китоби Алмабсут аз Алӣ нақл шудааст, ки ӯ никоҳ ва заношӯӣ бо занҳои маҷусиро ҷоиз медониста; ба ин далел, ки маҷус дорои китоб ҳастанд (яъне аз Аҳли китоб ҳастанд)…” (Албаҳрур-роиқ, ҷ.8, с.54 ба нақл аз Ашшомила). Сипас, соҳиби “Албаҳрур-роиқ”, бо ишора ба дидгоҳи ҷумҳури фуқаҳои аҳли суннат (мабнӣ бар адами ҷавози никоҳ бо занони маҷус), мегӯяд: “Ин назар (назари Алӣ) арзише надорад; зеро ҷоиз набудани никоҳ бо занони маҷусӣ бад-ин ҷиҳат аст, ки онон оташпараст ва дохил дар зумраи мушрикон ҳастанд, ва аммо инки онон пештар китобе доштаанд, чизеро тағйир намедиҳад; чаро ки имомони ҷаҳоргонаи аҳли суннат (ҳанафӣ, моликӣ, шофеъӣ ва ҳанбалӣ) иҷмоъ ва иттифоқ доранд бар ҷоиз набудани якчунин никоҳе…” (Ҳамон манбаъ).
    Ҳамчунин, соҳиби китоби “Алмабсут” ба Имом Шофеъӣ ин нисбатро дода, ки ӯ маҷусро аз Аҳли китоб мешумуруда. Дар ин китоб омадааст: “Шофеъӣ пиндоштааст, ки маҷус Аҳли китоб ҳастанд; бар мабнои ин хабар аз ҳазрати Алӣ (р), ки ӯ гуфтааст: онон китобе доштанд…” (Алмабсут, ҷ.12, с.274 ба нақл аз Ашшомила). Сипас, соҳиби “Алмабсут” дар мақоми радди ин пиндор баромада, мегӯяд: “Далели мо (дар радди ин пиндор) он аст, ки ҷизя аз маҷус ба иттифоқи назари фуқаҳо гирифта мешавад (яъне бо онон муъомилаи Аҳли китоб мешавад), вале онон китобе надоранд. Ва аммо инки бо онон муъомилаи Аҳли китоб мешавад, ба ин далел аст, ки Паёмбари Акрам (с) фармудаанд: “Ба маҷус суннати Аҳли китобро ҷорӣ бисозед…”; ки ин ҳадис далел бар он аст, ки онон китобе надоранд… (то охири матлаб).” (Ҳамон манбаъ)
    б) Назари фуқаҳои шиъа:
    Бар хилофи назари фуқаҳои аҳли суннат, бештари фуқаҳои шиъа зартуштиёнро Аҳли китоб медонанд, ҳарчанд дар миёни ин фуқаҳо низ касоне ёфт мешаванд, ки зартуштиёнро Аҳли китоб намешуморанд ва ҳамон дидгоҳи юештари фуқаҳои аҳли суннат дар бораи ононро иброз доштаанд.
    Ҳол, ба унвони намуна, дар китоби “Аҷвибатул-истифтоот”, Оятуллоҳ Хоманаӣ, марҷаъи шиъаён ва раҳбари кунунии Эрон, дар посух ба пурсише мабнӣ бар инки “мақсуд аз Аҳли китоб чӣ касоне ҳастанд? Меъёре, ки ҳудуди муъошират бо онҳоро мушаххас кунад чист?” мегӯяд:
    “Мақсуд аз Аҳли китоб ҳар касе аст, ки эътиқод ба яке аз адёни илоҳӣ дошта ва худро аз пайравони паёмбаре аз паёмбарони илоҳӣ (алайҳимус салом) бидонад ва яке аз китобҳои илоҳиро, ки бар анбиё (алайҳимус салом) нозил шуда, дошта бошад, монанди яҳуд, насоро, зартуштиҳо ва ҳамчунин собеъин, ки бар асоси таҳқиқоти мо, аз Аҳли китоб ҳастанд ва ҳукми онҳоро доранд. Муъошират бо пайравони ин адён, бо риояти завобит ва ахлоқи исломӣ, ишкол надорад.” (Аҷвибатул-истифтоот, посух ба пурсиши шумораи 316).
    Назари соири донишмандони исломӣ:
    Ончи аз дидгоҳҳо, ки оварда шуд, танҳо назари фуқаҳои умматро нишон медиҳад; касоне, ки мусалмонон дар амал ба дастуроти шаръ, пойбанд ба суханони яке аз ин дидгоҳҳо ҳастанд. Аммо агар фаротар аз ин дидгоҳҳо нигоҳ бишавад, дар ин миён бо назари фалосифаи исломӣ, шуаърои барҷастаи ҷаҳони Ислом, мутасаввифа ва урафои исломӣ дар ин хусус рӯбарӯ мешавем, ки умадатан зартуштиёнро Аҳли китоб медонанд, бахусус мутасаввифа ва урафо, ки пойро ҳатто аз Аҳли китоб донистани зартуштиён фаротар ҳам гузоштаанд; ки албатта реша дар андешаҳои плюролистии онон дар бораи макотиб ва адён дорад. Онон мӯътақид ҳастанд, ҳар дине метавонад баҳрае аз ҳақиқат дошта бошад (ки албатта шарҳу тавзеҳ ва нақди ин дидгоҳ инҷо нест, бояд дар ҷои худаш арзёбӣ ва баррасӣ бишавад).
    Аммо, аз онҷо ки мусалмонон дар амал ба дастуроти шаръ, ба суханони ин бузургон худро пойбанд насохта ва намесозанд, бинобар ин нақли қавли так-таки онон инҷо чандон фоидае надорад. Зеро, ҳадафи мо дар ин мақола, бештар баёни дидгоҳи фуқаҳои исломӣ роҷеъ ба Зартушт ва ойини зартуштӣ аст.
    Натиҷагирӣ
    Хулоса ин шуд, ки дар мавриди Зартушт ва зартуштиён, чунонки мулоҳиза фармудед, уламо ва фуқаҳои исломӣ, чӣ шиъа ва чӣ суннӣ, бар як назар набудаанд; балки бархе аз онон зартуштиёнро аз Аҳли китоб медонистааанд, мисли: Алӣ ибни Абӯтолиб, Ҳузайфа, Саъид ибни Мусайиб, Қатода, Абӯ Савр, Имом Абӯҳазм ва ҷумҳури аҳли зоҳир (бино бар иддаои Имом Абӯҳазм) ва ҳамчунин Имом Шофеъӣ (бино бар иддаои соҳиби китоби Алмабсут) ва бештари фуқаҳои шиъа. Ва бархе аз ин фуқаҳо ҳам зартуштиёнро аз Аҳли китоб намедонистаанд, ки бино бар иддаои доиратлумаорифи фиқҳии исломӣ, ҷумҳури аҳли суннат бар ҳамин ақида будаанд.

    Сайидюнуси Истаравшанӣ
    Кимиёи саодат