Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Георгий Валентинович Плеханов

    Георгий Валентинович Плеханов

    Rate this post

    Г.В.Плеханов бунёнгузори аслии марксизми созмонёфта дар Русия, дар соли 1856, наздики шаҳри Тамбов дар бахши марказии он кишвар ба дунё омад. Падараш аз заминдорон ва моликони тавонгар ва модараш аз хешовандони дури Блинский нақдкунандаи маъруф буд. Худаш дорои таҳсилоти миёнаи писарони ҳамтабақаи худ шуд. Ибтидо дар мактаби низомие, ки махсуси фарзандони афроди барҷаста буд ва сипас дар мактаби маъдан дар Санкт­Петербург таълим гирифт. Дар мактаби маъдан Плеханов ба гурӯҳе аз донишҷӯёни инқилобӣ пайваст.

    Дар миёнаҳои даҳаи 1870 Плеханов низ монанди дигар ҷавонони он рӯзгор «народник (халқгаро)» шуда буд, ба ин маъно, ки эътиқод дошт, ҳукумати подшоҳӣ (тезорӣ) фосид ва аблаҳ ва ситамгар аст ва умеде ба ислоҳи он наметавон баст ва танҳо сарпечии қаҳромез ва хашин, мумкин аст адолат ва озодӣ ба бор биёварад. Ақида бар ин буд, ки душман ҳамоно давлат аст на табақаи хос ва гурӯҳи мушаххасе аз афрод ва халоси аз чанги он танҳо ба кушиши худи халқ мумкин аст. Плеханов дар соли 1876 дар тазоҳуроти ғайриқонунии донишҷӯён ва коргарон дар майдони Казан дар Санкт­Петербург суханронии оташине кард ва пас аз он барои парҳез аз дастгирӣ, маҷбур шуд ба хориҷ аз Русия бигурезад. Аз он пас зиндагии Плеханов нисори ормони инқилоби Русия шуд.[1]

    Аммо муҳоҷирати ӯ ба Аврупо сабаб шуд иртиботе бо ҷунбиши сотсиал-демократи ғарби Аврупо барқарор кунад ва ба мутолиаи осори Маркс ва Энгелс бипардозад ва ба марксизм рӯй биёварад ва сипас бо ҷунбиши «народник ва халгаро» ба мухолифат пардохт ва чунин истидлол кард, ки: аввал бояд авзои иқтисодии Русия беҳбуд ёбад ва ба шукуфоӣ бирасад ва баъд сотсиализм дар он кишвар иҷро шавад.

    Идеяҳои инқилобӣ ва дигаргунии Плеханов шакли тозае ба худ гирифт ва як сол баъд аз муҳоҷират, «иттиҳодияи озодии кор»ро таъсис кард, ки маркази аслии ҳизби сотсиал-демократи Русия шуд. Плеханов дар воқеъ поягузори ҳизби сотсиал-демократи Русия буд, ки баъдҳо ба ду шохаи болшевику меншевик тақсим шуд. Ӯ муддате баъд аз муҳоҷират ба дархости сотсиал-демократҳои Олмон китоби «Анархизм ва сотсиализм»ро навишт, ки дар соли 1894 мунташир шуд. Бархе китобҳои дигари ӯ аз ҷумла «Мушкилоти бунёдини марксизм» ва «Дар бораи таърихи материализм» дар заминаи назарияпардозии марксистӣ китобҳои муҳиме ба шумор меоянд. Плеханов дар ду китоби «Сотсиализм ва муноқишаи сиёсӣ» ва «Тафовути мо» низ як барномаи инқилобии ду марҳилаиро шарҳ медиҳад, ки бар марксизми русӣ таъсири зиёде дошт.

    Дар соли 1903 Плеханов ба сафи ҳимоят аз меншевикҳо пайваст ва бо вуҷуди он ки бо сотсиалистҳои ислоҳталаб дар Олмон ва Фаронса мухолиф буд, аммо бо меншевикҳои рус бар зидди Ленин ҳамсадо шуд. Дар ҷанги ҷаҳонии аввал низ бо мавзеи натсионалистӣ, тарафи иттифоқкунандагонро гирифт ва хоҳони муқобила бо Олмон шуд. Ба ҳамин хотир буд, ки Ленин ба мухолифати ошкор бо ӯ пардохт ва Плеханов ва дигар мунтақидонашро ба «шовинизми (милаттчигии ашаддӣ) иҷтимоӣ» мутаҳҳам кард ва ин дар ҳоле буд, ки Плеханов пешбинӣ карда буд, ки агар Ленин ва ҳалқаи ҳаводоронаш ба қудрат бирасанд, диктатории коммунистиро дар кишвар иҷро хоҳанд кард[2]. Плеханов пас аз суқути ҳукумати Тсарҳо ба Русия бозгашт. Дар сармо ва гуруснагӣ соли 1917 дар Петрогрод, бемории деринаи сил ӯро аз по дароварда буд ва ба бистари беморӣ рафт ва дар рӯзи 30 майи 1918 дар осоишгоҳе дар Финляндия даргузашт.[3]
    Қурбоналӣ Саттор
    Манбаъ: Нақди фишурда бар усули марксизм
    ——————————————————————————————————————————————————————-
    [1] ­ Исайя Берлин, падари марксизми русӣ, тарҷумаи Изатуллоҳи Фулодванд, нашрияи Бухоро, шумораи 72-73.

    [2] ­ , Фарзонаи Солимӣ, падари сотсиалдемократияи Русия бо Ленин ҳамсадо набуд маҷаллаи Шаҳрванд, шумораи 48, 1387 ҳиҷрии шамсӣ (2008 милодӣ).

    [3] ­ Исайя Берлин, падари марксизми русӣ, тарҷумаи Изатуллоҳи Фулодванд, нашрияи Бухоро, шумораи 72-73