Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Васиятномаи сиёсӣ-илоҳии Имом Хумайнӣ (7)

    Васиятномаи сиёсӣ-илоҳии Имом Хумайнӣ (7)

    Васиятномаи сиёсӣ-илоҳии Имом Хумайнӣ (7)
    Rate this post

    Қисмати ҳафтум ва поёнӣ

    16. Васияти инҷониб ба он тоифа аз рӯҳониён ва рӯҳонинамоҳо, ки бо ангезаҳои мухталиф бо Ҷумҳурии Исломӣ ва ниҳодҳои он мухолифат мекунанд ва вақти худро вақфи барандозии он менамоянд ва бо мухолифони тавтиагар ва бозигарони сиёсӣ кӯмак ва гоҳе ба тавре, ки нақл мешавад бо пули газофе, ки аз сармоядорони бехабар аз Худо барои ин мақсад дарёфт мекунанд, кӯмакҳои калон менамоянд, он аст, ки шумоҳо лаҳзае аз ин ғалаткориҳо то кунун даст набардоштед ва баъд аз ин ҳам гумон надорам, ки даст бардоред, беҳтар он аст, ки агар барои дунё ба ин амал даст задаед – ва Худованд нахоҳад гузошт, ки шумо ба мақсади шуми худ бирасед – то дари тавба боз аст аз пешгоҳи Худованд узр бихоҳед ва бо миллати мустаманди мазлум ҳамсадо шавед ва аз Ҷумҳурии Исломӣ, ки бо фидокориҳои миллат ба даст омадааст, ҳимоят кунед, ки хайри дунёву охират дар он аст. Гарчӣ гумон надорам, ки муваффақ ба тавба шавед.

    Ва аммо ба он даста, ки аз рӯи баъзе иштибоҳот ё баъзе хатоҳо, чӣ амдӣ ва чӣ ғайри амдӣ, ки аз ашхоси мухталиф ё гурӯҳҳо содир шуда ва мухолиф бо аҳкоми Ислом будааст, бо асли Ҷумҳурии Исломӣ ва ҳукумати он мухолифати шадид мекунанд ва барои Худо дар барандозии он фаъолият менамоянд ва бо тасаввури худашон ин ҷумҳурӣ аз режими салтанатӣ бадтар ё мисли он аст, бо нияти содиқ дар хилват тафаккур кунанд ва аз рӯи инсоф бо ҳукумат ва режими собиқ муқоиса намоянд. Ва боз таваҷҷӯҳ намоянд, ки дар инқилобҳои дунё ҳарҷу марҷҳо ва ғалатравиҳо ва фурсатталабиҳо иҷтинобнопазир аст ва шумо агар таваҷҷӯҳ намоед ва гирифториҳои ин ҷумҳуриро дар назар бигиред – аз қабили тавтиаҳо ва таблиғоти дурӯғин ва ҳамлаи мусаллаҳонаи хориҷи марз ва дохил ва нуфузи иҷтинобнопазири гурӯҳҳое аз муфсидону мухолифони Ислом ва ҳукумати исломӣ ва тозакор будани аксар ё бисёре аз мутасаддиёни умур ва пахши шойиаҳои дурӯғин аз касоне, ки аз истифодаҳои калони ғайри машрӯъ бозмонда ё истифодаи онон кам шуда ва камбуди чашмгири қуззоти шаръ ва гирифториҳои иқтисодии камаршикан ва ишколоти азим дар тасфия ва таҳзиби мутасаддиёни чанд миллионӣ ва камбуди мардумони солеҳи кордону мутахассис ва даҳҳо гирифториҳои дигар, ки то инсон вориди гуд набошад аз онҳо бехабар аст – ва аз тарафе ашхоси ғаразманд ва салтанатталаби сармоядори ҳангуфт, ки бо рибохорӣ ва судҷӯӣ ва бо ихроҷи арз ва гаронфурӯшӣ ба ҳадди сарсомовар ва қочоқу эҳтикор, мустамандону маҳрумони ҷомеаро то ҳадди ҳалокат дар фишор қарор дода ва ҷомеаро ба фасод мекашанд, назди шумо оқоён ба шикояту фиребкорӣ омада гоҳе ҳам барои бовар овардан ва худро мусалмони холис нишон додан ба унвони «саҳм» маблағе медиҳанд ва ашки тимсоҳ мерезанд ва шуморо асабонӣ карда ва мухолифат бармеангезанд, ки бисёре аз онон бо истифодаҳои номашрӯъ хуни мардумро мемаканд ва иқтисоди кишварро ба шикаст мекашонанд.

    Инҷониб насиҳати мутавозионаи бародарона мекунам, ки оқоёни мӯҳтарам таҳти таъсири ин гуна шойиасозиҳо қарор нагиранд ва барои Худо ва ҳифзи Ислом ин ҷумҳуриро тақвият намоянд. Ва бояд бидонанд, ки агар ин Ҷумҳурии Исломӣ шикаст бихӯрад, ба ҷои он як режими исломии дилхоҳи Бақиятуллоҳ – руҳӣ фидоҳ – ё пайрави амри шумо оқоён таҳаққуқ пайдо нахоҳад кард, балки як режими дилхоҳи яке аз ду қутби қудрат ба ҳукумат мерасад ва маҳрумони ҷаҳон, ки ба Ислом ва ҳукумати исломӣ рӯ оварда ва дил бохтаанд, маъюс мешаванд ва Ислом барои ҳамеша мунзавӣ хоҳад шуд. Ва шумоҳо рӯзе аз кирдори худ пушаймон мешавед, ки кор гузашта ва дигар пушаймонӣ суде надорад. Ва шумо оқоён агар таваққӯъ доред, ки дар як шаб ҳамаи умур бар тиқби Ислом ва аҳкоми Худованди Таоло мутаҳаввил шавад, як иштибоҳ аст ва дар тамоми тӯли таърихи башар чунин мӯъҷизае рӯй надодааст ва нахоҳад дод. Ва он рӯзе, ки иншоаллоҳу Таоло муслиҳи кул (ҳазрати Имом Маҳдӣ(а)) зуҳур намояд, гумон накунед, ки як мӯъҷиза шавад ва як рӯза олам ислоҳ шавад, балки бо кӯшишҳо ва фидокориҳо ситамкорон саркӯб ва мунзавӣ мешаванд. Ва агар назари шумоҳо мисли назари баъзе оммиҳои мунҳариф, он аст, ки барои зуҳури он бузургвор бояд кӯшиш дар таҳаққуқи куфру зулм кард, то оламро зулм фаро гирад ва муқаддимоти зуҳур фароҳам шавад, фаинно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун.

    17. Васияти ман ба ҳамаи мусалмонон ва мустазъафони ҷаҳон ин аст, ки шумоҳо набояд бияндешед ва мунтазири он бошед, ки ҳокимон ва дастандаркорони кишваратон ё қудратҳои хориҷӣ биёянд ва барои шумо истиқлолу озодиро тӯҳфа биёваранд. Мо ва шумоҳо лоақал дар ин сад соли ахир, ки ба тадриҷ пои қудратҳои бузурги ҷаҳонхор ба ҳама кишварҳои исломӣ ва дигар кишварҳои кӯчак кушода шудааст, мушоҳида кардем ё таърихҳои саҳеҳ барои мо бозгӯ карданд, ки ҳеҷ як аз дували ҳоким бар ин кишварҳо дар фикри озодиву истиқлол ва рафоҳи миллатҳои худ набуда ва нестанд, балки аксарияти қариб ба иттифоқи онон ё худ ба ситамгариву ихтиноқи миллати худ пардохта ва ҳар чӣ кардаанд барои манофеи шахсӣ ё гурӯҳӣ намудаанд ё барои рафоҳи қишри мураффаҳ ва болонишин буда ва табақоти мазлуми кӯху капарнишин ва аз ҳама неъматҳои зиндагӣ ҳатто мисли обу нон ва қути лоямут маҳрум буда ва он бадбахтонро барои манофеи қишри мураффаҳу айёш ба кор гирифтаанд ва ё он ки дастнишондагони қудратҳои бузург будаанд, ки барои вобаста кардани кишварҳо ва миллатҳо ҳар чӣ тавон доштаанд ба кор гирифта ва бо ҳилаҳои мухталиф кишварҳоро бозоре барои шарқу ғарб дуруст карда ва манофеи ононро таъмин намудаанд ва миллатҳоро ақибмонда ва масрафӣ бор овардаанд ва акнун низ бо ин нақша дар ҳаракатанд.

    Ва шумо эй мустазъафони ҷаҳон ва эй кишварҳои исломӣ ва мусалмонони ҷаҳон, ба по хезед ва ҳақро бо чангу дандон бигиред ва аз ҳаёҳуи таблиғотии абарқудратҳо ва уммоли сарсупурдаи онон натарсед. Ва ҳуккоми ҷинояткор, ки дастранҷи шуморо ба душманони шумо ва душманони Исломи азиз таслим мекунанд аз кишвари худ биронед ва худ ва табақоти хидматгузори мутааҳҳид зимоми умурро ба даст гиред ва ҳама дар зери парчами пурифтихори Ислом муҷтамаъ ва бо душманони Ислом ва маҳрумони ҷаҳон ба дифоъ бархезед ва ба сӯи як давлати исломӣ бо ҷумҳуриҳои озоду мустақил ба пеш равед, ки бо таҳаққуқи он, ҳамаи мустакбирони ҷаҳонро ба ҷои худ хоҳед нишонд ва ҳамаи мустазъафонро ба имомату виросати замин хоҳед расонд. Ба умеди он рӯз, ки Худованди Таоло ваъда фармудааст.

    18. Як мартабаи дигар дар хотимаи ин васиятнома ба миллати шарифи Эрон васият мекунам, ки дар ҷаҳон ҳаҷми таҳаммули заҳматҳову ранҷҳо ва фидокориҳову ҷоннисориҳо ва маҳрумиятҳо муносиби ҳаҷми бузургии мақсуд ва арзишмандӣ ва улувви рутбаи он аст, он чӣ ки шумо миллати шариф ва муҷоҳид барои он ба по хостед ва дунбол мекунед ва барои он ҷону мол нисор карда ва мекунед, волотарину болотарин ва арзишмандтарин мақсаде аст ва мақсуде аст, ки аз садри олам дар азал ва аз паси ин ҷаҳон то абад арза шудааст ва хоҳад шуд ва он мактаби улуҳият ба маънии васеъи он ва ақидаи тавҳид бо абъоди рафеи он аст, ки асоси хилқат ва ғояти он дар паҳновари вуҷуд ва дар дараҷоту маротиби ғайбу шуҳуд аст. Ва он дар мактаби Муҳаммадӣ – саллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам – ба тамоми маънӣ ва дараҷоту абъод мутаҷаллӣ шуда (аст). Ва кӯшиши тамоми анбиёи изом – алайҳим саломуллоҳ – ва авлиёи муаззам – саломуллоҳи алайҳим – барои таҳаққуқи он буда ва роҳёбӣ ба камоли мутлақ ва ҷалолу ҷамоли бениҳоят ҷуз бо он муяссар нагардад, он аст, ки хокиёнро бар малакутиён ва бартар аз онон шарофат дода ва он чӣ барои хокиён аз сайр дар он ҳосил мешавад, барои ҳеҷ мавҷуде дар сарсари хилқат дар сирру алан ҳосил нашавад.

    Шумо эй миллати муҷоҳид, дар зери парчаме меравед, ки дар саросари ҷаҳони моддӣ ва маънавӣ дар эҳтизоз аст, биёбед онро ё наёбед, шумо роҳеро меравед, ки танҳо роҳи тамоми анбиё – алайҳим саломуллоҳ – ва як то роҳи саодати мутлақ аст. Дар ин ангеза аст, ки ҳамаи авлиё шаҳодатро дар роҳи он ба оғӯш мекашанд ва марги сурхро «ширинтар аз асал» медонанд. Ва ҷавонони шумо дар ҷибҳаҳо ҷуръае аз онро нӯшида ва ба ваҷд омадаанд ва дар модарону хоҳарон ва падарону бародарони онон ҷилва намуда ва мо бояд ба ҳақ бигӯем «ё лайтано кунно маакум фанафуза фавзан азимо». Гуворо бод бар онон он насими дилоро ва он ҷилваи шӯрангез.

    Ва бояд бидонем, ки гӯшае аз ин ҷилва дар киштзорҳои сӯзон ва дар корхонаҳои тавонфарсо ва дар коргоҳҳо ва дар марокизи санъату ихтироу ибдоъ ва дар миллат ба таври аксарият дар бозорҳо ва хиёбонҳо ва рустоҳо ва ҳамаи касоне, ки мутасаддии ин умур барои Ислом ва Ҷумҳурии Исломӣ ва пешрафту худкифоии кишвар ба хидмате иштиғол доранд, ҷилвагар аст.

    Ва то ин рӯҳи таовун ва тааҳҳуд дар ҷомеа барқарор аст, кишвари азиз аз осеби даҳр иншоаллоҳу Таоло маҳфуз аст. Ва биҳамдиллоҳи Таоло ҳавзаҳои илмия ва донишгоҳҳо ва ҷавонони азизи марокизи илму тарбият аз ин нафхаи илоҳии ғайбӣ бархӯрдоранд. Ва ин марокиз дуруст дар ихтиёри онон аст ва ба умеди Худо дасти табаҳкорону мунҳарифон аз онҳо кӯтоҳ.

    Ва васияти ман ба ҳама он аст, ки бо ёди Худои Мутаол ба сӯи худшиносӣ ва худкифоӣ ва истиқлол бо ҳамаи абъодаш ба пеш ва бешак дасти Худо бо шумо аст, агар шумо дар хидмати ӯ бошед ва барои тараққӣ ва таолии кишвари исломӣ ба рӯҳи таовун идома диҳед.

    Ва инҷониб бо он чӣ дар миллати азиз аз бедориву ҳушёрӣ ва тааҳҳуду фидокорӣ ва рӯҳи муқовимату салоҳ дар роҳи ҳақ мебинам ва умеди он дорам, ки ба фазли Худованди Мутаол ин маонии инсонӣ ба аъқоби миллат мунтақил шавад ва наслан баъда насл бар он афзуда гардад.

    Бо диле ором ва қалбе мутмаин ва рӯҳе шод ва замире умедвор ба фазли Худо аз хидмати хоҳарону бародарон мураххас ва ба сӯи ҷойгоҳи абадӣ сафар мекунам. Ва ба дуои хайри шумо эҳтиёҷи мубрам дорам. Ва аз Худои Раҳмону Раҳим мехоҳам, ки узрамро дар кӯтоҳии хидмат ва қусуру тақсир бипазирад.

    Ва аз миллат умедворам, ки узрамро дар кӯтоҳӣ ва қусуру тақсирҳо бипазиранд ва бо қудрат ва тасмиму ирода ба пеш бираванд ва бидонанд, ки бо рафтани як хидмат гузор дар садди оҳанини миллат халале ҳосил нахоҳад шуд, ки хидматгузорони боло ва волотар дар хидматанд. Ва Аллоҳ нигаҳдори ин миллат ва мазлумони ҷаҳон аст.

    Вассалому алайкум ва ало ибодиллоҳис-солиҳин ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

    26 баҳмани 1361 / 1 ҷумодиюл-уло 1403.

    Рӯҳуллоҳ Мӯсавии Хумайнӣ

    Бисмиҳи Таоло

    Ин васиятномаро пас аз марги ман Аҳмади Хумайнӣ барои мардум бихонад ва дар сурати узр, раиси мӯҳтарами ҷумҳур ё раиси мӯҳтарами шӯрои исломӣ ё раиси мӯҳтарами девони олии кишвар ин заҳматро бипазиранд. Ва дар сурати узр, яке аз фуқаҳои мӯҳтарами нигаҳбон ин заҳматро қабул намояд.

    Рӯҳуллоҳ Мӯсавии Хумайнӣ

    Бисмиҳи Таоло

    Дар зери ин васиятномаи 29 саҳифаӣ ва муқаддима, чанд матлабро тазаккур медиҳам:

    1-Акнун, ки ман ҳозирам, баъзе нисбатҳои бевоқеият ба ман дода мешавад ва мумкин аст пас аз ман дар ҳаҷми он афзуда шавад. Бинобар ин арз мекунам он чӣ ба ман нисбат дода шуда ё мешавад мавриди тасдиқ нест, магар он ки садои ман ё хатту имзои ман бошад бо тасдиқи коршиносон ё дар симои Ҷумҳурии Исломӣ чизе гуфта бошам.

    2-Ашхосе дар ҳоли ҳаёти ман иддао намудаанд, ки эъломияҳои инҷонибро менавиштаанд. Ин матлабро шадидан такзиб мекунам. То кунун ҳеҷ эъломияеро ғайри шахси худам касе таҳия накардааст.

    3-Аз қарори мазкур, баъзеҳо иддао кардаанд, ки рафтани ман ба Париж ба василаи онон буда (аст), ин дурӯғ аст. Ман пас аз баргардонданам аз Кувайт, бо машварати Аҳмад Парижро интихоб намудем, зеро дар кишварҳои исломӣ эҳтимоли роҳ надодан буд. Онон таҳти нуфузи шоҳ буданд, вале Париж ин эҳтимол набуд.

    4-Ман дар тӯли муддати наҳзат ва инқилоб ба воситаи солусӣ ва исломнамоии баъзе ашхос, зикре аз онон карда ва тамҷиде намудаам, ки баъд фаҳмидам аз дағалбозии онон иғфол шудаам. Он тамҷидҳо дар ҳоле буд, ки худро ба Ҷумҳурии Исломӣ мутааҳҳид ва вафодор менамоёнданд. Ва набояд аз он масоил сӯистифода шавад. Ва мизон дар ҳар кас ҳоли кунунии ӯ аст.

    Рӯҳуллоҳ Мӯсавии Хумайнӣ

    Бо диле ором ва қалбе мутмаин ва рӯҳе шод ва замире умедвор ба фазли Худо аз хидмати хоҳарону бародарон мураххас ва ба сӯи ҷойгоҳи абадӣ сафар мекунам.

    Имом Хумайнӣ

    Ҳусни хитом

    Ало ё айюҳас-соқӣ, зи май пур кун ҷомамро,

    ки аз ҷонам фурӯ резад, ҳавои нангу номамро.

    Аз он май рез дар ҷомам, ки ҷонамро фано созад,

    бурун созад зи ҳасти ҳастаи найрангу домамро.

    Аз он май деҳ, ки ҷонамро зи қайди худ раҳо созад,

    ба худ гирад зимомамро фурӯ резад мақомамро.

    Аз он май деҳ, ки дар хилватгаҳи риндони беҳурмат,

    баҳам кӯбад суҷудамро, баҳам резад қиёмамро.

    Набуде дар ҳарими қудси гулрӯёни майхона,

    ки аз ҳар равзане оям, гуле гирад лиҷомамро.

    Равам дар ҷаргаҳи пирони аз худ бехабар шояд,

    бурун созанд аз ҷонам ҳаме афкори хомамро.

    Ту эй пайки сабук борони дарёи адам аз ман,

    ба дарёдорӣ он водӣ расон мадҳу саломамро.

    Ба соғар хатм кардам ин адам андар адам нома,

    ба пири савмаа баргӯ бибин ҳусни хитомамро

    Баргардон: Сайидюнус Истаравшанӣ

    Манбаъ:Кимиёи саодат

    /p