Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Васиятномаи сиёсӣ-илоҳии Имом Хумайнӣ (6)

    Васиятномаи сиёсӣ-илоҳии Имом Хумайнӣ (6)

    Васиятномаи сиёсӣ-илоҳии Имом Хумайнӣ (6)
    Rate this post

    Қисмати шишум

    14. Насиҳат ва васияти ман ба гурӯҳҳо ва гурӯҳакҳо ва ашхосе, ки дар зиддият бо миллат ва Ҷумҳурии Исломӣ ва Ислом фаъолият мекунанд, аввал ба сарони онон дар хориҷу дохил он аст, ки таҷрибаи тӯлонӣ ба ҳар роҳе, ки иқдом кардед ва ба ҳар тавтиае, ки даст задед ва ба ҳар кишвару мақоме, ки тавассул пайдо кардед, ба шумоҳо, ки худро олиму оқил медонед, бояд омӯхта бошанд, ки масири як миллати фидокорро намешавад бо даст задан ба террор ва инфиҷору бомба ва дурӯғпардозиҳои бесару по ва ҳисобнашуда мунҳариф кард. Ва ҳаргиз ҳеҷ ҳукумат ва давлатеро наметавон бо ин шеваҳои ғайри инсонӣ ва ғайри мантиқӣ соқит намуд, ба вижа миллате мисли Эронро, ки аз баччаҳои хурдсолаш то пиразанҳо ва пирамардҳои бузургсолаш дар роҳи ҳадаф ва Ҷумҳурии Исломӣ ва Қуръон ва мазҳаб ҷонфишонӣ ва фидокорӣ мекунанд. Шумоҳо, ки медонед «ва агар надонед, бисёр соддалавҳона фикр мекунед», ки миллат бо шумо нест ва артиш бо шумоҳо душман аст. Ва агар фарз бикунед бо шумо буданд ва дӯсти шумо буданд, ҳаракатҳои ношиёнаи шумо ва ҷиноятҳое, ки бо таҳрики шумо рух дод ононро аз шумо ҷудо кард ва ҷуз душмантарошӣ кори дигаре натавонистед бикунед.

    Ман дар ин охири умр васияти хайрхоҳона ба шумо мекунам, ки аввалан бо ин миллати тоғутзадаи ранҷкашида, ки пас аз 2500 сол ситамшоҳӣ бо фидо кардани беҳтарин фарзандону ҷавононаш худро аз зери бори ситами ҷинояткороне ҳамчун режими паҳлавӣ ва ҷаҳонхорони шарқу ғарб наҷот дода ба ҷангу ситез бархостаед, чӣ тавр виҷдони як инсон ҳар чӣ палид бошад, розӣ мешавад барои эҳтимоли расидан ба як мақом бо ватани худ ва миллати худ ин гуна рафтор кунад ва ба кӯчаку бузурги онҳо раҳм накунад? Ман ба шумо насиҳат мекунам, аз ин корҳои бефоида ва ғайри оқилона даст бардоред ва гӯли ҷаҳонхоронро нахӯред. Ва дар ҳар ҷо ҳастед, агар ба ҷинояте даст назанед, ба ватани худ ва домани Ислом баргардед ва тавба кунед, ки Худованд Арҳамур-Роҳимин аст. Ва Ҷумҳурии Исломӣ ва миллат аз шумо иншоаллоҳ мегузаранд. Ва агар даст ба ҷинояте задед, ки ҳукми Худованд таклифи шуморо муайян кардааст, боз аз нимаи роҳ баргашта ва тавба кунед. Ва агар шаҳомат доред тан ба муҷозот дода ва бо ин амал худро аз азоби алими Худованд наҷот диҳед. Ва илло дар ҳар ҷо ҳастед умри худро беш аз ин ҳадар надиҳед ва ба кори дигар машғул шавед, ки салоҳ дар он аст.

    Ва баъд, ба ҳаводорони дохилӣ ва хориҷии онон васият мекунам, ки бо чӣ ангеза ҷавонии худро барои онон, ки акнун собит аст, ки барои қудратмандони ҷаҳонхор хидмат мекунанд ва аз нақшаҳои онҳо пайравӣ мекунанд ва надониста ба доми онҳо афтодаанд ба ҳадар медиҳед? Ва бо миллати худ дар роҳи чӣ касе ҷафо мекунед? Шумо бозихӯрдагони дасти онҳо ҳастед. Ва агар дар Эрон ҳастед ба аён мушоҳида мекунед, ки тӯдаҳои миллионӣ ба Ҷумҳурии Исломӣ вафодор ва барои он фидокоранд. Ва ба аён мебинед, ки ҳукумат ва режими кунунӣ бо ҷону дил дар хидмати халқ ва мустамандон ҳастанд ва онон ки ба дурӯғ иддиои «халқӣ» ва «муҷоҳид» ва «фидоӣ» будан барои халқ мекунанд, бо халқи Худо ба душманӣ бархоста ва шумо писарон ва духтарони соддадилро барои мақосиди худ ва мақосиди яке аз ду қутби қудрати ҷаҳонхор ба бозӣ гирифта ва худ ё дар хориҷ дар оғӯши яке аз ду қутби ҷинояткор ба хушгузаронӣ машғул ва ё дар дохил ба хонаҳои муҷаллали тимӣ бо зиндагии ашрофӣ, назири манозили ҷинояткорони бадбахте ба ҷинояти худ идома медиҳанд ва шумо ҷавононро ба коми марг мефиристанд.

    Насиҳати мушфиқонаи ман ба шумо навҷавонон ва ҷавонони дохилу хориҷ он аст, ки аз роҳи иштибоҳ баргардед ва бо маҳрумони ҷомеа, ки бо ҷону дил ба Ҷумҳурии Исломӣ хидмат мекунанд муттаҳид шавед ва барои Эрони мустақиллу озод фаъолият намоед, то кишвару миллат аз шарри мухолифон наҷот пайдо кунад ва ҳама бо ҳам ба зиндагии шарофтамандона идома диҳед. То чӣ вақт ва барои чӣ гӯш ба фармони ашхосе медиҳед, ки ҷуз ба нафъи шахсии худ фикр намекунанд ва дар оғӯшу паноҳи абарқудратҳо бо миллати худ дар ситез ҳастанд ва шуморо фидои мақосиди шум ва қудратталабии худ менамоянд? Шумо дар солҳои пирӯзии инқилоб дидед, ки иддаоҳои онон бо рафторҳову амалашон мухолиф аст ва иддаоҳо фақат барои фиреби ҷавонони софдил аст. Ва медонед, ки шумо қудрате дар муқобили сели хурӯшони миллат надоред ва корҳоятон ҷуз ба зарари худатон ва табоҳии умратон натиҷае надорад. Ман таклифи худро, ки ҳидоят аст адо кардам ва умед аст ба ин насиҳат, ки пас аз марги ман ба шумо мерасад ва шоибаи қудратталабӣ дар он нест, гӯш фаро диҳед ва худро аз азоби алими илоҳӣ наҷот диҳед. Худованди Маннон шуморо ҳидоят фармояд ва сироти мустақимро ба шумо бинамояд.

    Васияти ман ба чапгароён, мисли коммунистҳо ва чирикҳои фидоии халқ ва дигар гурӯҳҳои мутамоил ба чап он аст, ки шумоҳо бидуни баррасии саҳеҳ аз мактабҳо ва мактаби Ислом назди касоне, ки аз мактабҳо ва махсусан аз Ислом иттилои саҳеҳ доранд, бо чӣ ангеза худатонро розӣ кардед ба мактабе, ки имрӯз дар дунё шикаст хӯрдааст, рӯй овардед ва чӣ шудааст, ки дили худро ба чанд «исм», ки мӯҳтавои онҳо пеши аҳли таҳқиқ пуч аст, хуш кардаед? Ва шуморо чӣ ангезае водор кардааст, ки мехоҳед кишвари худро ба домани Шӯравӣ ё Чин бикашед ва бо миллати худ ба исми «тӯдаи дӯстӣ» ба ҷанг бархоста ё ба тавтиаҳое барои нафъи аҷнабӣ ба зидди кишвари худ ва тӯдаҳои ситамдида даст задед? Шумо мебинед, ки аз аввали пайдоиши коммунизм, муддаиёни он диктатортарин ва қудратталаб ва инҳисорталабтарин ҳукуматҳои ҷаҳон буда ва ҳастанд. Чӣ миллатҳое зери дасту пои Шӯравии муддаии тарафдори тӯдаҳо хурд шуданд ва аз ҳастӣ соқит гардиданд. Миллати русия, мусалмонон ва ғайри мусалмонон то кунун дар зери фишори диктатории ҳизби коммунист дасту по мезананд ва аз ҳар гуна озодӣ маҳрум ва дар ихтиноқи болотар аз ихтиноқҳои диктаторҳои ҷаҳон басар мебаранд. Сталин, ки яке аз чеҳраҳои ба истилоҳ «дурахшон»-и ҳизб буд, вуруду хуруҷашро ва ташрифоти он ва ашрофияти ӯро дидем. Акнун, ки шумо фиребхӯрдагон дар ишқи он режим ҷон медиҳед, мардуми мазлуми Шӯравӣ ва дигар ақмори ӯ чун Афғонистон аз ситамгариҳои онон ҷон месупоранд. Ва он гоҳ, ки шумо муддаии тараффдорӣ аз халқ ҳастед, бар ин халқи маҳрум дар ҳар ҷо ки дастатон расидааст, чӣ ҷиноятҳое анҷом додед ва бо аҳолии шарифи Омул, ки ононро ба ғалат тарафдори пару по қурси худ муаррифӣ мекардед ва гурӯҳи бисёреро ба фиреб ба ҷанги мардум ва давлат фиристодед ва ба куштан додед, чӣ ҷиноятҳо, ки накардед. Ва шумо «тарафдори халқи маҳрум» мехоҳед халқи мазлум ва маҳруми Эронро ба дасти диктатори Шӯравӣ диҳед ва чунин хиёнатеро бо сарпӯши «фидоии халқ» ва тарафдори маҳрумин дар ҳоли иҷро ҳастед, мунтаҳо «ҳизби тӯда» ва руфақои он бо тавтиа ва зери ниқоби тарафдорӣ аз Ҷумҳурии Исломӣ ва дигар гурӯҳҳо бо аслиҳа ва террору инфиҷор.

    Ман ба шумо аҳзоб ва гурӯҳҳо чӣ онон, ки ба чапгароӣ маъруф – гарчӣ баъзе шавоҳид ва қароин далолат дорад, ки инон коммунисти Амрикоӣ ҳастанд – ва чӣ онон, ки аз ғарб иртизоқ мекунанд ва илҳом мегиранд ва чӣ онҳо, ки бо исми «худмухторӣ» ва тарафдорӣ аз курду балуч даст ба аслиҳа бурда ва мардуми маҳруми Курдистон ва дигар ҷоҳоро аз ҳастӣ соқит намуда ва монеъ аз хидматҳои фарҳангӣ ва беҳдоштӣ ва иқтисодӣ ва бозсозии давлати ҷумҳурӣ дар он устонҳо мешаванд, мисли ҳизби «демократ» ва «камула» васият мекунам, ки ба миллат бипайванданд. Ва то кунун таҷриба кардаанд, ки коре ҷуз бадбахт кардани аҳолии он манотиқ накардаанд ва наметавонанд бикунанд, пас маслиҳати худ ва миллати худ ва манотиқи худ он аст, ки бо давлат ёрӣ ва ҳамкорӣ намуда ва аз ёғигарӣ ва хидмат ба бегонагон ва хиёнат ба миҳани худ даст бардоранд ва ба сохтани кишвар бипардозанд ва мутмаин бошанд, ки Ислом барои онон ҳам аз қутби ҷинояткори ғарб ва ҳам аз қутби диктатори шарқ беҳтар аст ва орзуҳои инсонии халқро беҳтар анҷом медиҳанд.

    Ва васияти ман ба гурӯҳҳои мусалмон, ки аз рӯи иштибоҳ ба ғарб ва аҳёнан ба шарқ тамоюл нишон медиҳанд ва аз мунофиқон, ки акнун хиёнаташон маълум шуд, гоҳе тарафдорӣ мекарданд ва ба мухлифони бадхоҳони Ислом аз рӯи хатову иштибоҳ гоҳе лаън мекардан ва таън мезаданд, он аст, ки бар сари иштибоҳи худ пофишорӣ накунанд ва бо шаҳомати исломӣ ба хатои худ эътироф ва бо давлату маҷлис ва миллати мазлум барои ризои Худованд ҳамсадо ва ҳамроҳ шуда ва ин мустазъафони таърихро аз шарри мустакбирон наҷот диҳед. Ва каломи марҳум Мударрис, он рӯҳонии мутааҳҳиди поксирату покандешро ба хотир бисупоред, ки дар маҷлиси афсурдаи он рӯз гуфт: Акнун, ки бояд аз байн биравем чаро бо дасти худ биравем.

    Ман ҳам имрӯз ба ёди он шаҳиди роҳи Худо ба шумо бародарони мӯъмин арз мекунам, ки агар мо бо дасти ҷинояткори Амрико ва Шӯравӣ аз сафҳаи рӯзгор маҳв шавем ва бо хуни сурхи шарофатмандона бо Худои худ мулоқот кунем, беҳтар аз он аст, ки дар зери парчами артиши сурхи шарқ ва сиёҳи ғарб зиндагии ашрофии мураффаҳ дошта бошем. Ва ин сираву тариқаи анбиёи изом ва аиммаи муслимин ва бузургони дини мубин будааст ва мо бояд аз он табаият кунем ва бояд ба худ бибоваронем, ки агар як миллат бихоҳанд бидуни вобастагиҳо зиндагӣ кунанд метавонанд ва қудратмандони ҷаҳон бар як миллат наметавонанд хилофи ақидаи ононро таҳмил кунанд.

    Аз Афғонистон бояд ибрат гирифт, бо он ки давлати ғосиб ва аҳзоби чаппӣ бо Шӯравӣ буда ва ҳастанд, то кунун натавонистаанд тӯдаҳои мардумро саркӯб намоянд. Илова бар ин акнун миллатҳои маҳруми ҷаҳон бедор шудаанд ва тӯле нахоҳад кашид, ки ин бедориҳо ба қиём ва наҳзату инқилоб анҷомида ва худро аз таҳти султаи ситамгарони мустакбир наҷот хоҳанд дод. Ва шумо мусалмонони пойбанд ба арзишҳои исломӣ мебинед, ки ҷудоӣ ва инқитоъ аз шарқу ғарб баракоти худро нишон медиҳад. Ва мағзҳои мутафаккири бумӣ ба кор афтода ва ба сӯи худкифоӣ пешравӣ мекунад ва он чӣ коршиносони хоини ғарбӣ ва шарқӣ барои миллати мо маҳол ҷилва медоданд, имрӯз ба таври чашмгире бо дасту фикри миллат анҷом гирифта ва иншоаллоҳу Таоло дар дарозмуддат анҷом хоҳад гирифт. Ва сад афсӯс, ки ин Инқилоб дер таҳаққуқ пайдо кард ва лоақал дар аввали салтанати ҷобиронаи касифи Муҳаммадризо таҳаққуқ наёфт. Ва агар шуда буд, Эрони ғоратзада ғайр аз ин Эрон буд.

    Ва васияти ман ба нависандагону гӯяндагон ва равшанфикрону ишколтарошон ва уқдадорон он аст, ки ба ҷои он ки вақти худро дар хилофи масири Ҷумҳурии Исломӣ сарф кунед ва ҳар чӣ тавон доред дар бадбинӣ ва бадхоҳӣ ва бадгӯӣ аз маҷлису давлат ва дигар хидматгузорон ба кор баред ва бо ин амал кишвари худро ба сӯи абарқудратҳо савқ диҳед, бо Худои худ як шаб хилват кунед ва агар ба Худованд ақида надоред бо виҷдони худ хилват кунед ва ангезаи ботинии худро, ки бисёр мешавад, худи инсонҳо аз он бехабаранд баррасӣ кунед, бибинед, ки бо кадом меъёр ва бо чӣ инсоф хуни ин ҷавонони қалам-қалам шударо дар ҷибҳаҳо ва дар шаҳрҳо нодида мегиред ва бо миллате, ки мехоҳад аз зери бори ситамгарону ғоратгарони хориҷиву дохилӣ хориҷ шавад ва истиқлолу озодиро бо ҷони худ ва фарзандони азизи худ ба даст оварда ва бо фидокорӣ мехоҳад онро ҳифз кунад, ба ҷанги аъсоб бархостаед ва ба ихтилофангезӣ ва тавтиаҳои хоинона доман мезанед ва роҳро барои мустакбирону ситамгарон боз мекунед. Оё беҳтар нест, ки бо фикру қалам ва баёни худ давлату маҷлис ва миллатро барои ҳифзи миҳани худ роҳнамоӣ намоед? Оё сазовор нест, ки ба ин миллати мазлуми маҳрум кӯмак кунед ва бо ёрии худ ҳукумати исломиро истиқрор диҳед? Оё ин маҷлис ва раиси ҷумҳур ва давлат ва қувваи қазоияро аз он чӣ дар замони режими собиқ буд бадтар медонед? Оё аз ёд бурдаед ситамҳое, ки он режими лаънатӣ бар ин миллати мазлуми бепаноҳ раво медошт? Оё намедонем, ки кишвари исломӣ дар он замон як пойгоҳи низомӣ барои Амрико буд ва бо он амали як мустаъмара мекарданд ва аз маҷлис то давлат ва қувваҳои низомӣ дар қабзаи онон буд ва мусташорон ва санъатгарон ва мутахассисони онон бо ин миллат ва захоири он чӣ мекарданд? Оё ишоаи фаҳшо дар саросари кишвар ва марокизи фасод, аз ишраткадаҳо ва қиморхонаҳо ва майхонаҳо ва мағозаҳои машрубфурӯшӣ ва синамоҳо ва дигар марокиз, ки ҳар як барои табоҳ кардани насли ҷавон сабаби бузурге буд, аз хотиратон маҳв шудааст? Оё расонаҳои гурӯҳӣ ва маҷаллоти саросар фасодангез ва рӯзномаҳои он режимро ба дасти фаромӯшӣ супурдаед? Ва акнун, ки аз он бозорҳои фасод асаре нест, барои он ки дар чанд додгоҳ ё чанд ҷавон, ки шояд аксар аз гурӯҳҳои мунҳариф нуфуз карда ва барои бадном намудани Ислом ва Ҷумҳурии Исломӣ корҳои инҳирофӣ анҷом медиҳанд ва куштани гурӯҳе, ки муфсиди фил-арз ҳастанд ва қиём бар зидди Ислом ва Ҷумҳурии Исломӣ мекунанд шуморо ба фарёд дароварда ва бо касоне, ки бо сароҳат Исломро маҳкум мекунанд ва бар зидди он қиёми мусаллаҳона ё қиём бо қаламу забон, ки асафноктар аз қиёми мусаллаҳона аст, намудаанд пайванд мекунед ва дасти бародарӣ медиҳед ва дар канори бозигароне, ки фоҷиаи чаҳордаҳи исфандро барпо карданд ва ҷавонон бегуноҳро бо зарбу шатм кӯбиданд, нишаста тамошогари маърака мешавед, як амали исломӣ ва ахлоқӣ аст! Ва амали давлат ва қувваи қазоия, ки муонидин ва мунҳарифин ва мулҳидинро ба ҷазои аъмоли худ мерасонанд шуморо ба фарёд дароварда ва доди мазлумият мезанед? Ман барои шумо бародарон, ки аз савобиқатон то ҳадде мутталеъ ва алоқаманд ба баъзе аз шумо ҳастам мутаассиф ҳастам, на барои онон, ки ашроре буданд дар либоси хайрхоҳӣ ва гургҳое дар пӯшиши чӯпон ва бозигароне буданд, ки ҳамаро ба боди бозиву масхара гирифта ва дар садади табоҳ кардани кишвару миллат ва хидматгузорӣ ба яке аз ду қутби чаповулгар буданд – онон, ки бо дасти палиди худ ҷавонону мардони арзишманд ва уламои мураббии ҷомеаро шаҳид намуданд ва ба кӯдакони мазлуми мусалмон раҳм накарданд, худро дар ҷомеа расво ва дар пешгоҳи Худованди Қаҳҳор махзул намуданд ва роҳи бозгашт надоранд, ки шайтони нафси аммора бар онон ҳукумат мекунад.

    Локин шумо бародарони мӯъмин бо давлату маҷлис, ки кӯшиш дорад ба маҳрумину мазлумин ва бародарони сару по бараҳна ва аз ҳамаи неъматҳои зиндагӣ маҳрум, хидмат намояд, чаро кӯмак намекунед ва шикоят доред? Оё миқдори хидмати давлат ва бунёдҳои ҷумҳуриро бо ин гирифториҳо ва нобасомониҳо, ки лозимаи ҳар инқилоб аст ва ҷанги таҳмилӣ бо он ҳама хасорат ва миллионҳо овораи хориҷӣ ва дохилӣ ва коршиканиҳои берун аз ҳадро дар ин муддати кӯтоҳ муқоиса бо корҳои умронии режими собиқ намудаед? Оё намедонед, ки корҳои умронии он замон ихтисос дошта тақрибан ба шаҳрҳои он ҳам ба маҳаллаҳои мураффаҳ. Ва фуқаро ва мардумони маҳрум аз он умур баҳраи ночиз дошта ё надоштанд. Ва давлтаи кунунӣ ва бунёдҳои исломӣ барои ин тоифаи маҳрум бо ҷону дил хидмат мекунанд? Шумо мӯъминон ҳам пуштибони давлат бошед, то корҳо зуд анҷом гирад ва дар маҳзари Парвардигор, ки хоҳед нахоҳед рафт, бо нишони хидматгузорӣ ба бандагони ӯ биравед.*

    * – Чунон ки дар нусхаи хаттӣ машҳуд аст, Имом Хумайнӣ дар ин қисмат марқум фармудаанд: «Ин миқдор буридашударо худам анҷом додаам».

    15. Яке аз умуре, ки лозим ба тавсия ва тазаккур аст, он аст, ки Ислом на бо сармоядории золимонаву беҳисоб ва маҳрумкунандаи тӯдаҳои таҳти ситам ва мазлум мувофиқ аст, балки онро ба таври ҷиддӣ дар китобу суннат маҳкум мекунад ва мухолифи адолати иҷтимоӣ медонад – гарчӣ баъзе каҷфаҳмони беиттилоъ аз низоми ҳукумати исломӣ ва аз масоили сиёсии ҳоким дар Ислом дар гуфтору навиштори худ тавре вонамуд кардаанд «ва боз ҳам даст барнадоштаанд», ки Ислом тарафдори бемарзу ҳадди сармоядорӣ ва моликият аст ва бо ин шева, ки бо фаҳми каҷи худ аз Ислом бардошт намудаанд, чеҳраи нуронии Исломро пӯшонида ва роҳро барои муғризон ва душманони Ислом боз намудаанд, ки ба Ислом битозанд ва онро режиме чун режими сармоядории ғарб мисли режими Амрико ва Ингилистон ва дигар чаповулгарони ғарб ба ҳисоб оваранд ва бо иттикол ба қавлу феъли ин нодонон ё ғаразмандона ва ё аблаҳона бидуни муроҷиат ба исломшиносони ҳақиқӣ бо Ислом ба муориза бархостаанд – ва на режиме монанди режими коммунизм ва марксизми ленинизм аст, ки бо моликияти шахсӣ мухолиф ва қоил ба иштирок мебошанд, бо ихтилофи зиёде, ки давраҳои қадим то кунун ҳатто иштирок дар зан ва ҳамҷинсбозӣ буда ва як диктаторӣ ва истибдоди кӯбанда дарбар доштааст.

    Балки Ислом як режими мӯътадил бо шинохти моликият ва эҳтиром ба наҳви маҳдуд дар пайдо шудани моликият ва масраф, ки агар ба ҳақ ба он амал шавад, чархҳои иқтисод солим ба роҳ меафтад ва адолати иҷтимоӣ, ки лозимаи як режими солим аст, таҳаққуқ меёбад. Дар ин низ як даста бо каҷфаҳмиҳо ва беиттилоӣ аз Ислом ва иқтисоди солими он дар тарафи муқобили дастаи аввал қарор гирифта ва гоҳе бо тамассук ба баъзе оятҳо ё ҷумалоти Наҳҷ-ул-балоға, Исломро мувофиқ бо мактабҳои инҳирофии Маркс ва амсоли он муаррифӣ намудаанд ва таваҷҷӯҳ ба соири оятҳо ва фақароти Наҳҷ-ул-балоға нанамудаанд ва сархуд ба фаҳми қосири худ ба по хоста ва «мазҳаби иштирокӣ»-ро таъқиб мекунанд ва аз куфру диктаторӣ ва ихтиноқи кӯбанда, ки арзишҳои инсониро нодида гирифта ва як ҳизби ақаллият бо тӯдаҳои инсонӣ мисли ҳайвонот амал мекунанд, ҳимоят мекунанд.

    Васияти ман ба маҷлису шӯрои нигаҳбон ва давлату раиси ҷумҳур ва шӯрои қазоӣ он аст, ки дар муқобили аҳкоми Худованди Мутаол хозеъ буда ва таҳти таъсири таблиғоти бемӯҳтавои қутби золими чаповулгари сармоядорӣ ва қутби мулҳиди иштирокӣ ва коммунистӣ воқеъ нашавед ва ба моликияту сармоҳои машрӯъ бо ҳудуди исломӣ эҳтиром гузоред ва ба миллат итминон диҳед, то сармояҳо ва фаъолиятҳои созанда ба кор афтанд ва давлат ва кишварро ба худкифоӣ ва санъатҳои сабуку сангин бирасонанд.

    Ва ба сарватмандону пулдорони машрӯъ васият мекунам, ки сарватҳои одилонаи худро ба кор андозед ва ба фаъолияти созанда дар мазореъ ва рустоҳо ва корхонаҳо бархезед, ки ин худ ибодати арзишманде аст.

    Ва ба ҳама дар кӯшиш барои рафоҳи табақоти маҳрум васият мекунам, ки хайри дунёву охирати шумоҳо расидагӣ ба ҳоли маҳрумони ҷомеа аст, ки дар тӯли таърихи ситамшоҳӣ ва хон-хонӣ дар ранҷу заҳмат будаанд. Ва чӣ некӯ аст, ки табақоти тамаккундор ба таври довталаб барои оғулнишинону чайланишинон хонаву дар таҳия кунанд. Ва мутмаин бошанд, ки хайри дунёву охират дар он аст. Ва аз инсоф ба дур аст, ки яке бехонумон ва яке дорои опортмонҳо (хонаи чанд этажа) бошад.

    Рӯҳуллоҳ Мӯсавии Хумайнӣ‌
    Баргардон: Сайидюнус  Истаравшанӣ
    Идома дар қисматҳои баъдӣ
    Манбаъ:Кимиёи саодат