Манобеи исломӣ

    1. Саҳифаи асосӣ

    2. article

    3. Аҳодиси мактаби Аҳли байт(а) дар мавриди масҳ бар по (4)

    Аҳодиси мактаби Аҳли байт(а) дар мавриди масҳ бар по (4)

    Rate this post

    Аҳодиси мактаби Аҳли Байт
    Акнун бо баъзе аз аҳодиси мактаби Аҳли Байт дар ин мавзўъ ошно хоҳем шуд.
    1-عن غالب بن هذيل قال: سألت أبا جعفر رضى الله تعالى عنه عن المسح على الرجلين فقال: هو الذى نزل به جبريل عليه السلام
    Ғолиб ибни Ҳузайл мегўяд: “Имом Боқирро аз масҳи бар поҳо савол кардам, фармуд: “Масҳи бар поҳо ҳамон чизест, ки Ҷабраил онро нозил кардааст”.
    Мулоҳиза мекунед, ки хеле аз ахбори аҳли суннат ва саҳоба ва тобеин низ ҳамин ҳақиқатро гуфтаанд, ки дар гузашта ишора шуд. Олусӣ низ дар тафсираш ин ҳадисро бо санад ривоят карда. Ровиёни ин ҳадис ҳама сиқаанд ва ин ҳадис аз ҷиҳати санад саҳеҳ мебошад.
    2-عن أبي الحسن الرضا عليه السلام قال سألته: عن المسح على القدمين كيف هو؟ فوضع كفه على الاصابع فمسحها إلى الكعبين إلى ظاهر القدم ، فقلت: جعلت فداك لو أن رجلا قال بإصبعين من أصابعه هكذا؟ فقال: لا إلا بكفه.
    Бизантӣ мегўяд: “Аз Имом Ризо савол кардам, ки масҳи бар поҳо чӣ гуна аст?” Имом каффи дастонашро бар рўи ангуштони поҳояш гузошта ва онро то каъбайн (буҷулаки по) то рўи поҳо масҳ намуд”. Гуфтам: “Фидоят шавам, агар марде бо ду ангушташ масҳ кунад чӣ?” Фармуд: “Не, магар ин ки бо каффи дастонаш”.
    Санади ин ҳадис саҳеҳ аст.
    3-عن محمد بن مروان ومحمد بن سهل قالا: قال أبو عبد الله عليه السلام: إنه يأتي على الرجل ستون وسبعون سنة ما قبل الله منه صلاة قلت: وكيف ذاك؟ قال: لانه يغسل ما أمر الله بمسحه.
    Имом Содиқ фармуданд: “Чунин ҳам мешавад, ки 60-70 сол бар умри инсон мегузарад, вале ҳеҷ намозеро Худованд аз ў қабул намекунад”. Гуфтам: “Чӣ гуна чунин чизе мумкин аст?” Фармуд: “Чун ў он ҷоеро, ки Худованд фармуда, ки масҳ бикашад, мешўяд”.
    Санади ин аҳдис саҳеҳ аст.
    4-عن بكير وزرارة ابني اعين انهما سألا أبا جعفر عليه السلام عن وضوء رسول الله صلى الله عليه وآله فدعا بطشت أو بتور فيه ماء فغسل كفيه ثم غمس كفه اليمنى في التور فغسل وجهه بها واستعان بيده اليسرى بكفه على غسل وجهه ثم غمس كفه اليمنى في الماء فاغترف بها من الماء فغسل يده اليمنى من المرفق إلى الاصابع لا يرد الماء إلى المرفقين ثم غمس كفه اليمنى في الماء فاغترف بها من الماء فافرغه على يده اليسرى من المرفق إلى الكف لا يرد الماء إلى المرفق كما صنع باليمنى ثم مسح رأسه وقدميه إلى الكعبين بفضل كفيه لم يجدد ماء
    Букайр ва Зурора аз Имом Боқир чигунагии вузўи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро савол карданд. Он гоҳ Имом Боқир тасте хостанд ва ду каффи дастони хешро шустанд… − то ин ки ровӣ мегўяд: − Сипас бар сар ва поҳояшон то каъбайн ба василаи боқимондаи оби дастҳо масҳ кашиданд…”
    Санади ин ҳадис низ комилан саҳеҳ аст.
    5-عن زرارة قال: قلت: لابي جعفر عليه السلام ألا تخبرني من أين علمت وقلت: أن المسح ببعض الرأس وبعض الرجلين؟ فضحك ثم قال: يا زرارة قاله: رسول الله صلى الله عليه وآله ونزل به الكتاب من الله لان الله يقول: اغسلوا وجوهكم فعرفنا ان الوجه كله ينبغي له أن يغسله ثم قال: وأيديكم إلى المرافق ثم فصل بين الكلامين فقال: وأمسحوا برؤسكم فعرفنا حين قال برؤسكم أن المسح ببعض الرأس لمكان الباء ثم وصل الرجلين بالراس كما وصل اليدين بالوجه فقال: وارجلكم إلى الكعبين فعرفنا حين وصلهما بالرأس ان المسح ببعضهما ثم سن ذلك رسول الله صلى الله عليه وآله للناس فضيعوه ثم قال: فلم تجدوا ماء فتيمموا صعيدا طيبا فامسحوا بوجوهكم وأيديكم منه فاما وضع الوضوء عمن لم يجد الماء اثبت بعض الغسل مسحا لانه قال: بوجوهكم وايديكم منه ثم وصل بها وايديكم ثم قال: منه أي من ذلك التيمم لانه علم ان ذلك اجمع لا يجري على الوجه لانه يعلق من ذلك الصعيد ببعض الكف ولا يعلق ببعضها ثم قال: (ما يريد ليجعل عليكم في الدين من حرج) والحرج الضيق
    Зурора мегўяд: Ба Имом Боқир гуфтам: “Оё ба ман хабар медиҳед, ки аз куҷо донистед ва фармудед, ки вазифа масҳ бар баъзе аз сар ва поҳост?” Имом хандид ва фармуд: “Эй Зурора! Инро Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуда ва Қуръон низ бар он нозил шуда, чун Худованд мефармояд: “Сурататонро бишўед”. Аз ин фаҳмидем, ки бояд ҳамаи сурат шуста шавад. Сипас Худо фармуд: “Дастонатонро то оринҷҳо бишўед”. Баъд байни ин ду калом ҷудоӣ андохт ва фармуд: “Ба саратон масҳ бикашед”. Аз ин ҷо фаҳмидем, ки вақте фармуда: “Ба саратон”, бояд ба баъзе аз сар масҳ кашид, ба хотири вуҷуди “бо” (бои табъиз). Сипас поҳоро бар сар васл кард ҳамон гуна, ки дастҳоро ба сурат васл карда буд ва фармуд: “Ва поҳоятонро то каъбайн”. Аз ин ҷо вақте поҳоро ба сар васл кард, донистем, ки масҳи ба баъзе аз поҳоро хоста. Сипас Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) инро суннати худ қарор дод ва мардум онро зойеъ карданд ва аз байн бурданд… (то охири ривоят).
    Санади ин ҳадис саҳеҳ аст.
    Аҳодиси фаровони дигар дар ин мавзўъ вуҷуд дорад, вале чун метавон гуфт, ки аҳодисе, ки дар ин мавзўъ дар китобҳои аҳли суннат ворид шуда ба танҳои низ дар ин мавзўъ кофӣ ва басанда аст, бинобар ин мо ба ҳамин миқдор аз аҳодиси мактаби Аҳли Байт басанда мекунем